Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июни соли 2018,
№ 331НИЗОМНОМАИ ШУРОИ МИЛЛИИ СУБОТИ МОЛИЯВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 24.06.2025
№ 369)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шуро) мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратие мебошад, ки бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо доир ба коҳиш додани онҳо, инчунин додани пешниҳоду тавсияҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳо ва мушкилиҳои рушди низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст (№ 369).
2. Шуро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳо, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (№ 369).
3. Шуро дар фаъолияти худ принсипҳои зеринро дар амал татбиқ менамояд (№ 369):
- масъулиятнокӣ - иштирокчиёни Шуро барои амалҳои худ ҷавобгар буда, мутаносибан уҳдадориҳои дар Низомномаи мазкур муайяншударо иҷро менамоянд (№ 369);
- шаффофият - иштирокчиёни Шуро дар иҷрои вазифа ва уҳдадориҳои муайяншудаи худ шаффофона фаъолият менамояд (№ 369);
- самаранокӣ - иштирокчиёни Шуро ба такроршавии вазифаҳо роҳ надода, бояд барои самаранокӣ ва натиҷабахшии фаъолияти Шуро кушиш ба харҷ диҳанд (№ 369);
- саривақти - иштирокчиёни Шуро мубодилаи саривақтии иттилооти расмӣ ва босифатро таъмин менамоянд (№ 369).
2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШУРО
4. Вазифаҳои асосии Шуро иборатанд аз (№ 369):
- гузаронидани арзёбии мунтазами суботи молиявӣ;
- ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсатҳои макро ва микропруденсиалӣ (маҷмӯи тадбирҳои ба коҳиш додани хавфҳои низоми молиявӣ равонагардида) барои бартараф намудани осебпазирии имконпазир;
- муайянсозӣ ва баҳодиҳии сатҳи хавфҳои ҷойдошта ва таъсири эҳтимолии хавфҳои пешомад ба устувории низоми молиявӣ;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба тадбирҳои ба барқарорсозии суботи молиявӣ равонагардида;
- таҳияи пешниҳоду тавсияҳо вобаста ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва татбиқи технологияҳои муосири пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 369);
- таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба такмил додани қонунгузорӣ дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- таҳия ва манзур намудани пешниҳод ва тавсияҳои мувофиқашуда ба мақомоти танзимкунанда ва назоратӣ, инчунин иштирокчиёни низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмил ва рушди низоми пардохтӣ, афзудани бехатарӣ, самаранокӣ ва сифати хизматрасонии пардохтӣ (№ 369);
- пешбурди ҳамоҳангсозии мубодилаи иттилоот дар байни иштирокчиёни Шуро (№ 369);
- машваратдиҳӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати мутобиқати сиёсати меъёрии танзимкунанда дар доираи таъмини суботи молиявӣ;
- таҳия, баррасӣ ва амалисозии нақшаҳои фавқулодда ҷиҳати идоракунӣ ва бартарафсозии таъсири буҳронҳои иқтисодию молиявӣ;
- баланд бардоштани дараҷаи иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ вобаста ба таъмини суботи молиявӣ;
- омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани сиёсати пешқадам дар соҳаи танзим ва назорати бахши молиявӣ;
- дархости иттилоот аз иштирокчиёни Шуро дар доираи амалисозии вазифаҳояшон (№ 369).
3. ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ШУРО
(№ 369)
5. Шуро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияташ ҳуқуқ дорад (№ 369):
- ба мақомоти ҳокимияти иҷроия ва Бонки миллии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои назорати ҳолати устувории низоми молиявӣ, хавфу хатарҳои низоми суботи молиявӣ, инчунин хусусият ва низоми татбиқи чораҳои ба коҳиш додани хавфҳои мазкур аз ҷумла дар қисматҳои алоҳидаи бозори молиявӣ равонагардида тавсияҳо диҳад;
- аз мақомоти ҳокимияти иҷроия ва ташкилотҳои дигар маълумоти заруриро оид ба масъалаҳои мансуб ба вазифаҳои Шуро дархост намояд (№ 369);
- бо қарори раиси Шуро намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои илмӣ ва ташкилотҳои дигар, инчунин коршиносони мустақилро барои иштирок дар ҷаласаҳои Шуро даъват намояд (№ 369);
- барои иҷрои вазифаҳои Шуро гурӯҳҳои кории идоравӣ ва байниидоравӣ таъсис диҳад ё коршиносони мустақилро ҷалб намояд (№ 369);
- ҷиҳати такмили қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигаре, ки масъалаҳои суботи молиявӣ ва низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамоянд, тавсияҳо манзур намояд (№ 369);
- амалисозии лоиҳаҳои байниидоравии низоми пардохтиро ҳамоҳанг намояд (№ 369);
- дар конференсия ва семинарҳои дохилию байналмилалӣ оид ба масъалаҳои суботи низоми молиявӣ иштирок намояд.
6. Ба уҳдадориҳои Шуро дохил мешаванд (№ 369):
- пешбурди идоракунии хавфҳо дар бахшҳои дахлдори низоми молиявӣ;
- ҳифзи манфиатҳои амонатгузорон, сармоягузорон, суғуртакунандагон ва дигар манфиатдорон ҷиҳати пешгирӣ ё коҳиш додани зарар;
- самаранок ё ба қадри имкон зуд бартараф намудани ҳолати буҳронӣ;
- андешидани чораҳо ҷиҳати ба ҷавобгарии дахлдор кашидани саҳмиядорон, аъзои шурои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи ташкилотҳои молиявӣ, ки дар вазъияти мураккаб ё дар ҳолати муфлисшавӣ қарор доранд (№ 369);
- ҳадди аксар коҳиш додани зарари маънавӣ ва сарбории андозсупорандагон, ки бо чораҳои бартараф намудани буҳрони молиявӣ алоқаманданд;
- манзур намудани пешниҳодҳо ҷиҳати дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва татбиқи технологияҳои муосири пардохтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 369);
- пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати тавсеаи инфрасохтори низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фарогирии молиявии аҳолӣ бо хизматрасониҳои муосири пардохтӣ (№ 369);
- нигоҳ доштани интизоми дахлдор дар бозори молиявӣ.
4. ҲАЙАТИ ШУРО
7. Ҳайати Шуроро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳое, ки ба нигоҳ доштани суботи молиявӣ, аз ҷумла омодагӣ ба ҳолати буҳронӣ ва андешидани чораҳои саривақтӣ бевосита дахлдоранд, тасдиқ менамояд (№ 369).
5. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШУРО
8. Вазифаи раисӣ дар Шуро ба зиммаи вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад (№ 369).
9. Шакли фаъолияти Шуро ҷаласа мебошад (№ 369).
10. Шуро на камтар аз як маротиба дар шаш моҳ ҷаласа мегузаронад (№ 369).
11. Ҷаласаҳои ғайринавбатии Шуро метавонанд аз ҷониби раиси Шуро бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо пешниҳоди аксарияти аъзои Шуро даъват карда шаванд (№ 369).
12. Дар ҷаласаҳои Шуро раиси Шуро ва дар ҳолати набудани ӯ муовини он раисӣ мекунад (№ 369).
13. Аъзои Шуро дар кори он шахсан иштирок менамоянд (№ 369).
14. Қарорҳои Шуро бо протоколҳои ҷаласаҳо, ки аз ҷониби раиси Шуро ва аъзои он имзо мегарданд, ба расмият дароварда мешаванд (№ 369).
15. Нусхаҳои протоколҳо ва иттилооти дигари марбут ба фаъолияти Шуро дар давоми 10 рӯз пас аз гузаронидани ҷаласа ба маълумоти ҳамаи аъзои Шуро ва идораҳои дигари манфиатдор расонида мешаванд (№ 369)<>№ 369 e="font-size: 1rem;">.
16. Вазифаи котиботро дар ҷаласаҳои Шуро Бонки миллии Тоҷикистон иҷро мекунад (№ 369).
17. Шуро якҷо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон усули арзёбии самаранокии шаклҳои мухталифи дастгирии давлатии молиявиро таҳия менамояд (№ 369).
18. Ин арзёбӣ бояд асосан ба муқоисаи хароҷот, талаботи ҳуқуқӣ, соддагардонии қонунгузорӣ, таъсир ба барқарорсозии боварии аҳли ҷомеа ва суръати ҳалли масъалаҳо равона карда шавад.
19. Шуро ҷиҳати дастгирии давлатии молиявӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабул гардидани қарори дахлдор ҳисоботи таҳлилӣ пешниҳод менамояд (ҷадвали 1) (№ 369).
Ҷадвали 1. Таҳлили дастгирии давлатии молиявӣ
Дастгирии давлатӣ
|
Барқарорсозии боварӣ
|
Суръати иҷро
|
Соддагӣ
|
Арзиш
|
Сармоягузорӣ
(ба
сармояи асосӣ)
|
|
|
|
|
Маблағгузорӣ барои таъсиси бонки мутавассит
|
|
|
|
|
Маблағгузорӣ барои ташкилоти идоракунии
дороиҳо
|
|
|
|
|
Додани
қарз ё грантҳо
|
|
|
|
|
Додани
кафолат аз рӯи уҳдадориҳо
|
|
|
|
|
6. МУБОДИЛАИ ИТТИЛООТ ДАР ДОИРАИ ШУРО
20. Аъзои Шуро бо мақсадӣ идоракунии самараноки ҳолати буҳронӣ, ки аз дастрасии саривақтии иттилооти боэътимод ва баҳодиҳии сабабҳои ба вуҷуд омадан ва вусъат ёфтани буҳрони молиявӣ вобастагии калон дорад, ҷамъоварии иттилоотро ҳамоҳанг месозанд. Бо мақсади гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи суботи молиявӣ ва баррасии минбаъдаи он аз ҷониби аъзои Шуро ҳар моҳ мунтазам дар асоси иттилооти зарурӣ ҳисоботи таҳлилиро оид ба хавфҳои соҳавии ҷойдошта ба Бонки миллии Тоҷикистон (котиби ҳамоҳангсози Шуро) пешниҳод менамоянд (№ 369).
21. Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо Вазорати молия Шуроро бо иттилооти зарурӣ таъмин менамоянд, аз ҷумла (№ 369):
- нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ва пешгӯӣ (мисолҳои ҷадвалҳои 2 ва 3) бо таҳлили тамоюлҳо;
- омилҳои берунӣ ва дохилие, ки ба иқтисодиёт таъсир расонида метавонанд;
- маълумот оид ба иҷрои қисми даромад ва хароҷоти буҷети давлатӣ (аз рӯи бахшҳо);
- вомбаргу векселҳои давлатии пардохтнашуда (маблағ, меъёри фоиз) бо тартиби гузаштани муҳлати пардохт;
- пешгӯиҳо оид ба меъёрҳои фоизӣ ва интизории минбаъда дар мавриди мушкилоти нав ва ақидаҳо дар мавриди оқибатҳои имконпазири устувории қарз;
- қарзи давлатии пардохтнашуда барои додани имконият ба тарафҳо ҷиҳати ба қадри зарурат андешидани чораҳои иловагӣ (баланд бардоштани касри буҷет, муносибгардонӣ ё боздоштани хароҷоти маблағҳои буҷетӣ, додани кафолатҳои давлатӣ, ҷустуҷӯи манбаъҳои иловагии беруна, таҷдиди назар намудани сиёсати молиявӣ ва ғайра);
- ҳолати дороиҳои зудфурӯши буҷети давлатӣ (тавозуни пули нақд ва пешгӯиҳо);
- муҳокимаҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва хулосаи онҳо;
- номгӯи хароҷоте, ки дар ҳолати зарурӣ метавонад мутобиқи қонунгузорӣ боздошта шавад ва ғайра.
Ҷадвали 2. Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ
Нишондиҳандаҳо
|
Муҳлати пешниҳоди онҳо
|
Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ
|
Ҳар семоҳа
|
Суръати
афзоиши воқеӣ (бо фоиз)
ММД-и
номиналӣ
бо
миллиард сомонӣ
бо
миллиард доллари ИМА
Дефлятори
ММД (бо фоиз)
ММД ба
ҳар сари аҳолй
бо
сомонӣ
бо
доллари ИМА
|
|
Савдои
беруна
|
Ҳармоҳа
|
Содирот
(FOB)
бо
миллиард доллари ИМА
Афзоиши
ҳарсола (бо фоиз)
Воридот
(CIF)
бо
миллиард доллари ИМА
Афзоипш
ҳарсола (бо фоиз)
Тавозуни
савдо
бо
миллиард доллари ИМА
Ҳиссаи
содирот (бо фоиз)
Таносуби
воридот нисбати содирот (бо фоиз)
|
|
Бахши воқеии
иқтисодиёт
|
|
Истеҳсоли
саноатӣ
бо нархҳои
ҷорӣ (миллиард сомонӣ)
Истеҳсоли
воқеии саноатӣ
(суръати
афзоиш (ҳарсола, %)
Индекси
нархи молҳои саноатӣ
|
Ҳармоҳа
|
Истеҳсоли
кишоварзӣ
бо нархҳои
ҷорӣ
(миллиард
сомонӣ)
Истеҳсоли
воқеии саноатӣ
(суръати
афзоиш (ҳарсола, %)
|
Ҳар
семоҳа
|
Сармоягузорӣ ба воситаҳои асосӣ бо нархҳои ҷорӣ (миллиард сомонӣ) Ҳисса нисбати ММД (%)
Суръати
афзоиши ҳарсолаи иқтисодиёти воқеӣ (%)
Индекси нархҳо дар сохтмон
|
Ҳар
семоҳа
|
Нишондиҳандаҳои
иҷтимоӣ
|
|
Шуғли
умумӣ
Шуғли
умумӣ
(ҳазор нафар)
Сатҳи
шуғлнокӣ
(%)
|
Ҳар
семоҳа
|
Бекорӣ
Бекорӣ (ҳазор нафар)
Сатҳи бекорй
(%)
|
Ҳар
семоҳа
|
Ҷадвали 3. Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ
Нишондиҳандаҳо
|
Солҳо
|
Ҳисобот
|
Дурнамо
|
ММД бо
ифодаи номиналӣ (миллиард сомонӣ)
|
|
|
|
|
|
Суръати
ҳарсолаи афзоиш (%)
|
|
|
|
|
|
Индекси
нархҳои истеъмолӣ (%)
|
|
|
|
|
|
Андозаи
миёнаи ҳарсола
|
|
|
|
|
|
Дар
охири сол
|
|
|
|
|
|
Қурби
табдил (сомонӣ/доллари ИМА)
|
|
|
|
|
|
Андозаи
миёнаи ҳарсола
|
|
|
|
|
|
Дар
охири сол
|
|
|
|
|
|
Содирот (млн
доллари ИМА)
|
|
|
|
|
|
Суръати
афзоиши ҳарсола
|
|
|
|
|
|
Воридот
(млн доллари ИМА)
|
|
|
|
|
|
Суръати
афзоиши ҳарсола
|
|
|
|
|
|
Тавозуни
савдо (млн доллари ИМА)
|
|
|
|
|
|
Истеҳсоли
ҷории
саноатӣ
бо млрд сомонӣ
|
|
|
|
|
|
Афзоиши
воқеии ҳарсола (%)
|
|
|
|
|
|
Истеҳсоли
ҷории
кишоварзӣ
бо млрд сомонӣ
|
|
|
|
|
|
Афзоиши
воқеии ҳарсола(%)
|
|
|
|
|
|
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ бо млрд сомонӣ
|
|
|
|
|
|
Афзоиши
воқеии
ҳарсола(%)
|
|
|
|
|
|
Пардохти
номиналии миёнаи музди меҳнат бо асъори миллӣ
|
|
|
|
|
|
Суръати
ҳарсолаи афзоиш (%) номиналӣ
|
|
|
|
|
|
Воқеӣ
|
|
|
|
|
|
22. Бонки миллии Тоҷикистон ба Шуро маълумоти таҳлилиро оид ба сохтор ва вазъи низоми молиявӣ (низомҳои бонкӣ, пардохтӣ ва суғурта), бо назардошти иттилооти зерин пешниҳод менамояд (№ 369):
- сохтори низомҳои бонкӣ ва суғурта аз рӯи дороиҳо ва уҳдадориҳо;
- ҳаҷми умумии маблағи амалиётҳо дар низоми бонкӣ оид ба "пардохт ва гирифтани" асъори хориҷӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ;
- вуруд ва хуруҷи асъори хориҷӣ тавассути низоми бонкӣ;
- пардохтпазирӣ бо асъори хориҷӣ дар низоми бонкӣ;
- мавқеи кушодаи асъори хориҷӣ дар низоми бонкӣ;
- шумора ва ҳаҷми қарзҳои аз шарикони хориҷӣ ба низоми бонкӣ ҷалбгардида (бо дар назар доштани гурӯҳбандӣ аз рӯи муҳлатнокӣ ва фоизи онҳо);
- ҳаҷми коғазҳои қиматноки/вомбаргҳои давлатӣ дар низоми бонкӣ (бо дар назар доштани гурӯҳбандӣ аз рӯи муҳлатнокӣ ва фоизи онҳо);
- ҳаҷми қарзҳои аз Бонки миллии Тоҷикистон гирифташуда дар низоми бонкӣ (бо дар назар доштани гуруҳбандӣ аз рӯи муҳлатнокӣ ва фоизи онҳо;
- таносуби ҳаҷми қарзҳои аз ҷониби низоми бонкӣ пешниҳодшуда ва пасандозҳои ҷалбгардида (аз рӯи асъор ва муҳлатнокӣ);
- захираҳои ҳатмӣ дар низоми бонкӣ;
- таҳлили муфассали вазъи молиявии ташкилотҳои қарзии молиявии мушкилотдор, бо дар назар доштани ҳолати кифоятии сармоя, пардохтпазирӣ (аз рӯи муҳлатнокӣ);
- таҳлили муфассали вазъи молиявии ташкилотҳои суғуртавии мушкилотдор;
- таҳлили вазъи низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 369);
- дигар маводи таҳлилии аз ҷониби Шуро дархостшаванда (№ 369).
23. Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ бояд ба Шуро дар бораи ҳолати ҷории таъминоти низом ва оқибатҳои тағйирёбии маблағи ҳадди аксар ва/ё асосии суғуртаи пасандозҳо маълумот пешниҳод намояд. Ин ба Шуро имконият медиҳад, ки таъсири ҳар тағйирёбии маблағи таъминотро беҳтар арзёбӣ намуда, ба Ҳукумат раванди алтернативии амалҳоро бо мақсади нигоҳ доштани боварӣ ба низом, аз ҷумла вусъат додани таъминот то сатҳи корхонаҳои хурду миёна ва то сатҳи пасандозҳои корпоративӣ пешниҳод намояд (ҷадвали 4) (№ 369).
Ҷадвали 4. Таҳлили сохтории пасандозҳо
№
|
Нишондиҳандаҳо
|
Воҳиди ченак
|
Андозаи ҷубронпулӣ
|
1
|
Маблағи
умумии пасандозҳои шахсони воқеӣ дар низоми бонкӣ
|
млн
сомонӣ
|
|
2
|
Маблағи
пасандозҳои суғурташудаи шахсони воқеӣ дар Хазина
|
млн
сомонӣ
|
|
2.1
|
Маблағи
пасандозҳо дар доираи андозаи ҷубронпулӣ
|
млн
сомони
|
|
2.2
|
Маблағи
пасандозҳои аз андозаи чубронпулӣ зиёд
|
млн
сомонӣ
|
|
2.3
|
Фоизи
маблағи пасандозҳо дар доираи андозаи ҷубронпулӣ
|
%
|
|
2.4
|
Фоизи
маблағи пасандозҳо дар доираи андозаи ҷубронпулӣ зиёд
|
%
|
|
3
|
Шумораи
умумии пасандоздорони дар Хазина суғурташуда
|
шумора
|
|
3.1
|
Шумораи
пасандоздороне, ки пасандозҳояшон аз андозаи ҷубронпулӣ зиёд нест
|
шумора
|
|
3.2
|
Шумораи
пасандоздороне, ки пасандозҳояшон аз андозаи ҷубронпулӣ зиёд аст
|
шумора
|
|
3.3
|
Фоизи
пасандоздороне, ки пасандозҳояшон аз андозаи ҷубронпулӣ зиёд нест
|
%
|
|
3.4
|
Фоизи
пасандоздороне, ки пасандозҳояшон аз андозаи ҷубронпулӣ зиёд аст
|
%
|
|
4
|
Маблағи
миёнаи пасандозҳои дар Хазина суғурташуда
|
сомонӣ
|
|
5
|
Захираи
молиявии Хазина барои пардохти ҷубронпулӣ
|
сомонӣ
|
|
6
|
Коэффитсенти
пардохти Хазина
|
|
|
24. Ҳангомн мубодилаи иттилоот иштирокчиёни Шуро бояд барои таъмин намудани истифодаи иттилоот танҳо барои иҷрои уҳдадориҳояш ва ба тарафҳои сеюм надодани он тадбирҳо андешад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузорӣ пешбинӣ гардидаанд ё аз тарафи муассисаи пешниҳоднамудаи иттилоот иҷозат дода шудааст (№ 369).
25. Аъзои Шуро, шахсони барои иштирок дар ҷаласаҳои Шуро даъватшуда, шахсоне, ки дар Шуро кор мекунанд ё кор мекарданд, набояд маълумот ё иттилоотеро, ки моҳиятан бояд ба дараҷаи махфияти касбӣ мутобиқ бошад, дар вақти фаъолияти худ, инчунин пас аз ба анҷом расонидани иҷрои уҳдадориҳояшон фош созанд (№ 369).
7. БАНАҚШАГИРИИ ФАВҚУЛОДДА
26. Дар сурати ба миён омадани ҳолати буҳронӣ ё ҳодисаҳои ғайричашмдошти номуътадилсозанда, аз ҷумла офатҳои табиӣ, Шуро бо мақсади ба қадри имкон пешгирӣ намудани онҳо ва дар ҳолати дигар бо мақсади бартарафсозӣ, идоракунӣ ва ҳаллу фасли онҳо, нақшаи фавқулодда пешниҳод менамояд (№ 369).
27. Ҳамаи тарафҳои ҷалбгардида бояд дар бораи амалҳое, ки дар ҳолати ба миён омадани буҳрон онҳо бояд иҷро кунанд, хабардор карда шаванд.
28. Ҳадафи нақшаҳои фавқулодда аз таъмини ҳифзи амалиётҳои низоми пардохт ва имконият фароҳам овардан барои амалҳои фаврӣ бо мақсади сармоягузории низоми бонкӣ, солимгардонии ташкилотҳои қарзии молиявии дорои мушкилот ва ҳалли мушкилоти дигар то мураккабшавии минбаъдаи онҳо дар ҳолати ба миён омадани буҳрон иборат мебошад.
29. Шуро ҳуқуқ дорад ба ҳамаи иштирокчиёни Шуро супориш диҳад, ки бо мақсади идоракунии самаранок дар шароити буҳрон нақшаҳои фавқулоддаи худро таҳия намоянд. Шуро ба нақшаҳои фавқулоддаи аъзои Шуро такя намуда, нақшаи асосии фавқулоддаро таҳия менамояд (№ 369).
30. Ҳангоми таҳияи нақшаи фавқулодда ҳар узви Шуро вобаста ба ваколатҳояш бояд масъалаҳои зеринро баррасӣ намояд (№ 369):
- гузаронидани шарҳи пурра ва андешидани тадбирҳо барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ба муассиса дахлдошта ҷиҳати таъмини воситаҳои дахлдор барои тачдиди пайдарҳами сохтор ва ҳалли мушкилот ва таъмини муассиса бо ваколатҳои ҳуқуқӣ барои иҷрои ин амалҳо;
- тавсифи усули гузаронидани арзёбии дурусти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва муассисаҳои дигари молиявӣ, инчунин усулҳои ҳисоб кардани сарбории имконпазир ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ ё ба Ҳукумат бо дар назар доштани таъсири мавҷҳои минбаъдаи буҳрон;
- тақсимоти хавфҳои низоми молиявӣ ва таҳияи расмиёти истифодаи натиҷаҳои стресс- тестикунонӣ ва низоми огоҳкунии пешакӣ;
- фароҳам овардани шароит барои мудохила (интервенсия) бо истифодаи нақшаи амалҳо, шароити мусоидаткунанда барои оғози дахолат, муайян намудани мундариҷа ва муҳлатҳои пешниҳоди иттилоот аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявии мавриди дахолат қароргирифта ба Бонки миллии Тоҷикистон, муассисаҳои дигар ва ғайра;
- таъмини фаъолияти муттасили низоми пардохтӣ (№ 369);
- таҳияи Дастури методӣ оид ба нақшаи фавқулодда, омодагӣ ба буҳрон ва идоракунии буҳронӣ барои кормандон ва гузаронидани курсҳои омӯзишӣ, то ки онҳо барои амалисозии он имконият дошта бошанд;
- таҳияи номгӯи барҳамдиҳандагон ва мудирони махсуси ташкилотҳои қарзии молиявӣ;
- муайян намудани мақомотҳое, ки дар сурати ба миён омадани ҳолати буҳронӣ бо онҳо ҷиҳати дастрасии маълумот, коркард ва таҳияи нақшаи фавқулодда бояд Шуро ҳамкорӣ намояд (№ 369);
- муайян намудани расмиёт ва омода намудани шаклҳои иттилооте, ки бояд ба муассисаҳои дигар пешниҳод карда шавад.
8. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
31. Ҳар узви Шуро уҳдадор аст аъзои дигарро дар бораи тағйирот дар сиёсат, ки метавонанд ба ваколатҳои аъзои дигар таъсир расонанд, хабардор созад (№ 369).
32. Ҳар узви Шуро бояд барои таҳия ва татбиқи сиёсати самараноки робита бо тарафҳои манфиатдор, ки аз таъсири буҳрон осебпазир гардидаанд, аз ҷумла аҳолӣ, пасандоздорон ва сармоягузорон ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди онҳо ба низоми молиявӣ дар доираи ваколат ва масъулияти худ мусоидат намояд (№ 369).
33. Ҳар узви Шуро агар муайян намояд, ки ҳолате рӯй додааст ва метавонад ба бахшҳои низоми молиявӣ таъсири манфӣ расонад, бояд фавран Шуроро дар ин бора хабардор кунад. Шуро вобаста ба ҳолатҳои бавуқӯъомада дар доираи ваколатҳои худ қарорҳои дахлдор қабул менамояд (№ 369).
Замимаи 2
ба карори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 июни соли 2018, № 331
Ҳайати Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Шуро (№ 369)
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон - котиби ҳамоҳангсози Шуро (№ 369)
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Шуро (№ 369)
Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - узви доимии Шуро (№ 369)
Раиси Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ - узви доимии Шуро (№ 369)
Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - иштирокчии доимӣ ба ҳайси нозири мустақил