Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2018 № 296 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, № 441 "Дар бораи тасдиқи Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар бандҳои 3, 36, 46, 49, ҷумлаи сеюми банди 50, бандҳои 77, 85, 95 ва сархати якуми банди 96 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;

- дар сархати сеюми банди 6 калимаҳои "Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии берунии давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Евразия" ба калимаҳои "номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- зербандҳои "б", "в" ва "г" банди 11 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"б) воситаҳои нақлиётеро, ки аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, таҳти низомҳои гумрукии дахлдор ба расмият медароранд;

в) воситаҳои нақлиётеро, ки ба ҷумҳурӣ бо шарти содироти бозпас, аз он ҷумла бо шарти лизинг ворид шудаанд, ба қайди муваққати гирифта, муҳлати онро назорат мекунанд;

г) супоридани пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тарафи соҳибони воситаҳои нақлиёт назорат мебаранд.

Пардохти андоз ва боҷу хироҷҳо бо квитансия (супоришномаи пардохт) ва (ё) пойгири квитансия ба ордери даромад тасдиқ карда мешавад. Ҳуқуқи озод шудан аз пардохти гумрукӣ ва хироҷи гумрукӣ бо ҳуҷҷатҳои дахлдори дар санадҳои қонунӣ зикршуда тасдиқ карда мешавад. Дар бораи пардохти андоз ва боҷу хироҷи муқарраргардида дар декларатсия ва гувоҳномаи гумрукӣ, ки бо имзо ва муҳри корманди гумрук тасдиқ шудааст, қайд гузошта мешавад;";

- дар сархати якуми зербанди "д" банди 11 пас аз калимаҳои "муваққатан оварда мешаванд," калимаҳои "аз он ҷумла бо шарти лизинг ворид шудаанд," илова карда шаванд;

- сархати сеюми зербанди "д" банди 11 хориҷ карда шавад;

- дар банди 12 калимаҳои "гувоҳномаи дахлдори гумрукӣ (Замимаи №1)" ба калимаҳои "декларатсия ва гувоҳномаи гумрукӣ, ки ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ буда, дорои на кам аз 3 дараҷаи муҳофизавӣ мебошанд (Замимаи №1)," иваз карда шаванд;

- дар зербандҳои "б" ва "г" банди 13 калимаҳои "гувоҳномаи гумрукӣ" ба калимаҳои "декларатсия ва гувоҳномаи гумрукӣ" иваз карда шаванд;

- дар банди 15 калимаҳои "рақамҳои бақайдгирӣ ва асноди техникӣ" ба калимаҳои "рақамҳо ва асноди бақайдгирӣ" иваз карда шаванд;

- дар зербанди "г" банди 18 пас аз калимаи "мегузаронанд," калимаҳои "ба истиснои воситаҳои нақлиёте, ки дар асоси гувоҳномаи гумрукӣ ба қайд гирифта мешаванд," илова карда шаванд;

- зербанди "д" банди 18 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"д) мавҷуд будани квитансия ва ҳуҷҷатҳои дигари пардохтиро, ки супоридани андоз ва хироҷи гумрукиро тасдиқ менамоянд, инчунин ҳангоми воридоти муваққатии воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди ҷумҳурӣ бо шарти содироти бозпас, рақами мушаххаси андозсупорандаро (РМА)ро санҷиш менамоянд;";

- зербанди "е" банди 18 хориҷ карда шуда, зербанди "ж" зербанди "е" ҳисобида шавад;

- дар зербанди "а" банди 23 пеш аз калимаҳои "гувоҳномаи гумрукие" калимаҳои "декларатсияи гумрукӣ ва дар ҳолатҳои зарурӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати якуми зербанди "б" банди 23 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад;

- банди 26 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"26. Бақайдгирӣ ва азқайдбарории воситаҳои нақлиёт, ворид намудани тағйирот ба амалҳои бақайдгирӣ (ба истиснои додани нусхаи дуюми шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва аломатҳои қайди давлатӣ, аз он ҷумла нисбати воситаҳои нақлиёте, ки муваққатан ё бо шарти лизинг ворид шудаанд) дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилӣ, новобаста аз ҷои истиқомати соҳиби воситаи нақлиёт ба амал бароварда шуда, маълумот оид ба амалҳои бақайдгирии чунин воситаҳои нақлиёт ба мақомоти андоз ирсол карда мешавад.";

- бандҳои 37, 37(1) , 37(2), 37(3) ва 37(4) дар таҳрири зерин илова карда шаванд:

"37. Воситаҳои нақлиёте, ки таҳти соҳибмулкии шахсони воқеӣ ё шахсони ҳуқуқӣ қарор доранд ва ба онҳо дар асоси шартномаи лизинг (иҷораи молиявӣ) ё шартномаи сублизинг (зериҷораи молиявӣ) барои соҳибӣ ва ё истифодабарии муваққатӣ дода шудаанд, тибқи созишномаи хаттии тарафҳо ба номи лизинггиранда ё лизингдиҳанда дар асосҳои умумӣ ба қайд гирифта мешаванд.

37(1). Воситаҳои нақлиёте, ки аз тарафи лизингдиҳанда ба номи лизинггиранда барои соҳибӣ ва ё истифодабарии муваққатӣ дар асоси шартномаи лизинг ё сублизинг дода шудаанд, ба муҳлати амали шартнома ба номи лизинггиранда ва аз рӯи суроғаи лизинггиранда ё воҳиди алоҳидаи он дар асоси шартномаи воситаи нақлиёт ба қайд гирифта мешаванд. Бақайдгирии воситаҳои нақлиёт ба номи лизинггиранда бо додани шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёт ва аломати қайди давлатӣ ба муҳлати дар шартномаи лизинг ё сублизинг нишондодашуда амалӣ карда мешавад.

37(2). Тагйироти маълумоти бақайдгирӣ оид ба лизинггиранда дар асоси шартномаи гузашти ҳуқуқ ва уҳдадорӣ ба лизинггирандаи дигар тибқи шартномаи лизинг ва санади қабулу супоридан амалӣ карда мешавад, агар дар шартномаи лизинг тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

37(3). Воситаҳои нақлиёте, ки ба муҳлати амали шартномаи лизинг ба номи лизинггиранда ба қайд гирифта шудаанд, ба номи соҳибмулки нав дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи гузашти ҳуқуқи моликият ё дар сурати бекор гардидани шартномаи лизинг ва ё ба охир расидани муҳлати амали шартнома, аз нав ба номи лизингдиҳанда ба қайд гирифта мешаванд.

37(4). Дар сурати бекор кардани шартномаи лизинг, амалҳои бақайдгирии воситаи нақлиёте, ки ба номи лизинггиранда ба муҳлати амали шартномаи лизинг ба қайд гирифта шудааст, тибқи аризаи лизинггиранда бекор карда мешаванд.";

- банди 42 хориҷ карда шавад;

- дар банди 53 пас аз калимаҳои "дар асоси" калимаҳои "аризаи соҳиби (ё шахси боваринок) воситаи нақлиёт дар доираи шартномаи амалкунанда бо корхонаи истеҳсолкунандаи аломатҳои бақайдгирӣ ва ҳамчунин дар асоси" илова карда шаванд;

- дар банди 73 пас аз калимаҳои "вазифадоранд, ки" калимаҳои "дар ҳолатҳои зерин" илова карда шаванд;

- дар ҷумлаи сеюми банди 74 пас аз калимаҳои "сохта, мешаванд" калимаҳои "(ба истиснои аломатҳои бақайдгирии дар музояда бурдкардашуда, ки муҳлати нигоҳдориашон аз лаҳзаи супоридан 12 моҳ пешбинӣ шудааст)" илова карда шаванд;

- дар банди 74 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар асоси аризаи соҳиби воситаи нақлиёт аломатҳои қайди давлатии аз қайд баровардашуда ва супоридашуда метавонанд барои такроран вобаста намудан ба воҳидҳои бақайдгирӣ-имтиҳонотӣ супорида шаванд.";

- дар банди 76 калимаҳои "ё қарори судҳо (қарори мақомоти гумрук)" ба калимаҳои ", қарори мақомоти гумрук ё қарори суд" иваз карда шаванд;

- банди 81 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"81. Дар сурати тағйир ёфтани ҷойи таваққуфи воситаи нақлиёт ё маҳалли истиқомати соҳиби он, тағйирот дар ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ инъикос карда шуда, дар махзани ягона ва дафтарҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт қайдҳои дахлдор ворид карда мешаванд.";

- сархати дуюми банди 96 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандоне, ки дорои душаҳрвандӣ мебошанд, мутобиқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшавандае, ки дар асоси онҳо шаҳрвандони мазкур воситаи нақлиётро соҳибӣ, истифода ё ихтиёрдорӣ мекунанд, вале на зиёда аз муҳлати дар ваколатномаи нотариалӣ тасдиқнамуда ва (ё) муҳлати ниҳоӣ барои низоми гумрукии "воридоти муваққатӣ" муқарраршуда;";

- дар банди 97 пас аз калимаҳои "муваққатан ворид карда шудаанд," калимаҳои "аз он ҷумла бо шарти лизинг," илова карда шуда, пеш аз калимаҳои "гувоҳномаи гумрукӣ" калимаҳои "декларатсияи гумрукӣ ва" илова карда шаванд;

- бандҳои 107 ва 108 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

"107. Ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, маълумот дар бораи онҳо ба махзани ягона ва дафтари бақайдгирии воситаҳои нақлиёт сабт қарда мешавад.

-108. Маълумот оид ба воситаҳои нақлиёти бақайдгирифташуда ва аз қайд бароварда;шуда" дар муҳлати муқаррарнамудаи Тартиби мазкур ба Бозрасии давлатии автомобилии ҷойи истиқомати соҳиби воситаи нақлиёт дар шакли электронӣ ирсол карда мешавад.";

- ҷумлаи дуюми банди 113 хориҷ карда шавад;

- дар банди 117 калимаи "се" ба калимаи "ду" иваз карда шавад;

- замимаи №1 ба Тартиби бақайдгирии давлатии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 октябри соли 1999, №441 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 майи соли 2018 № 296

ш.Душанбе