Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 ноябри соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 531 "а"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 ноябри соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 531 "а"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "29" сентябри соли 2017 № 129 ш. Душанбе
Дар бораи Дастурамали №227 "Оид ба корҳои хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ"
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ" ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Дастурамали №227 "Оид ба корҳои хазинавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ" тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 11 июни соли 2009, №202 "Дар бораи тасдиқи Дастурамали №173 "Оид ба корҳои кассавӣ дар муассисаҳои низоми бонкӣ", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июли соли 2009, № 531 ба қайд гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
4. Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
5. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти муомилоти пулӣ ва амалиёти хазинадорӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
...