Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 285
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Банди 9 замимаи 1 "Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 285 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"9. Маҷмӯи маълумоти электронӣ мутобиқи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №358 тасдиқ шудааст, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии иҷозатдиҳанда ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ тибқи замима ба Қоидаҳои мазкур пешниҳод карда мешавад.".
2. Аз банди 6 замимаи 2 "Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 285 тасдиқ шудааст, калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Замимаи 1 ба Қоидаҳои пешбурди Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 285 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав ифода карда шавад (замима мегардад).
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 майи соли 2018 № 258
ш.Душанбе
...

Замимаи 1
ба Қоидаҳои пешбурди
Феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
Мақомоти иҷозатдиҳанда
1. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт;
6. Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Хадамоти давлатӣ оид ба назорат дар соҳаи энергетика;
7. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ;
8. Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11.Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
12. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
13. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
15. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
16. Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
17. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
18. Сарраёсат, шуъба ва бахшҳои меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокиммяти давлатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо.