Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2018 № 257 "Дар бораи Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо

Мутобиқи талаботи моддаҳои 21 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикнстон "Дар бораи ҳимояи рақобат" ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шавад.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июни соли 1998, № 202 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиби ташаккулдиҳӣ ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 майи соли 2018 № 257

ш.Душанбе