Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018 № 1526 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУСОИДАТ БА ШУҒЛИ АҲОЛӢ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 феврали соли 2018, № 1011

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2018, № 535

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003 "Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2003, № 8, мод. 467; с. 2005, № 12, мод. 650; с. 2007, № 7, мод. 687; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1006; с. 2011, № 6, мод. 437) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар сархати нуҳуми қисми чоруми моддаи 3 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

3. Дар қисми сеюми моддаи 4, қисми дуюми моддаи 19 ва қисми дуюми моддаи 24 калимаҳои "штатҳо" ва "штат" ба калимаҳои "воҳиди корӣ" иваз карда шаванд.

4. Дар моддаи 16:

- ба қисми дуюм сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;";

- дар қисми сеюм:

- ба сархати якум пас аз калимаи "бекорӣ" калимаҳои ", ба истиснои шахсони дар қисмҳои сеюм ва шашуми моддаи 27 Қонуни мазкур зикргардида" илова карда шаванд;

- сархати чорум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ тавассути расонидани кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекори ба ҳифзи иҷтимоӣ муҳтоҷбуда;";

- сархатҳои панҷум ва ҳафтум хориҷ карда шаванд;

- қисми панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ҳуқуқ дорад хароҷоти мақсадноки маблағҳоеро, ки аз ҳисоби буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҷудо карда мешаванд, назорат карда, оид ба истифодаи онҳо ҳисобот талаб намояд.".

5. Дар қисми сеюми моддаи 25 калимаҳои "бо сабаби барҳамхӯрии ташкилотҳо ё қатъ шудани фаъолияти соҳибкорони инфиродӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандони ташкилотҳо, қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ, инчунин бо дигар сабабҳо" ба калимаҳои "бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ, тағйир ёфтани шароити меҳнат, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамхӯрии корхона, муассиса ва ташкилот" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

1. Қонуни мазкур, ба истиснои сархати сеюми қисми 4 моддаи 1, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

2. Муқаррароти сархати сеюми қисми 1 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2020 мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1526

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О СОДЕЙСТВИИ ЗАНЯТОСТИ НАСЕЛЕНИЯ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 21 февраля 2018 года, №1011

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 11 мая 2018 года, №535

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 августа 2003 года "О содействии занятости населения" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №8, ст. 467; 2005 г., №12, ст. 650; 2007 г., №7, ст. 687; 2008 г., №12, ч.2, ст. 1006; 2011 г., №6, ст. 437) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 16:

- часть вторую дополнить абзацем четвертым следующего содержания:

"- средств республиканского бюджета;";

- в части третьей:

- абзац первый после слов "пособие по безработице" дополнить словами ", за исключением граждан, указанных в абзацах третьем и шестом статьи 27 настоящего Закона";

- абзац четвёртый изложить в следующей редакции:

" - создание дополнительных рабочих мест через оказание финансовой помощи безработным гражданам, нуждающимся в социальной защите;";

- абзацы пятый и седьмой исключить;

- дополнить частью пятой следующего содержания:

"Уполномоченный государственный орган в сфере социального страхования и пенсий вправе осуществлять контроль целевого расходования финансовых средств, выделяемых из бюджета социального страхования и пенсий государственным органам занятости населения, требовать представления отчета об их использовании.".

2. В части третьей статьи 25 слова "ликвидацией организации либо в связи с прекращением деятельности индивидуальных предпринимателей, сокращением численности или штата работников организации, прекращением трудового договора, а также уволенным по другим причинам," заменить словами "сокращением штатов, изменением условий труда, реорганизацией или ликвидацией предприятия, учреждения, организации,".

Статья 2. Порядок введения в действие настоящего Закона

1. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования, за исключением абзаца третьего части 1 статьи 1.

2. Положения абзаца третьего части 1 статьи 1 настоящего Закона ввести в действие с 1 января 2020 года.

Президент

Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 17 мая 2018 года, №1526