ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҚӯШУНҲОИ САРҲАДИИ КУМИТАИ ДАВЛАТИИ АМНИЯТИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 марти соли 2018, № 1035
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 майи соли 2018, № 533
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2005 "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2005, №3, мод. 121; с. 2008, №3, мод. 186; с. 2014, №11, мод. 657; с. 2016, №3, мод.140) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми дуюми моддаи 9, сархати дуюми қисми якум ва сархати нуҳуми қисми дуюми моддаи 13 ва қисмҳои якум, чорум ва ҳафтуми моддаи 16 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
3. Ба қисми якуми моддаи 18 ҷумлаи сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1524
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ПОГРАНИЧНЫХ ВОЙСКАХ ГОСУДАРСТВЕННОГО КОМИТЕТА НАЦИОНАЛЬНОЙ БЕЗОПАСНОСТИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 19 марта 2018 года, №1035
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 11 мая 2018 года, №533
Статья 1. Часть первую статьи 18 Закона Республики Таджикистан от 1 марта 2005 года "О Пограничных войсках Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2005 г., №3, ст. 121; 2008 г., №3, ст. 186; 2014 г., №11, ст. 657; 2016 г., №3, ст. 140) дополнить третьим предложением следующего содержания:
"Военнослужащие Пограничных войск освобождаются от должности за нарушение порядка, установленного законодательством Республики Таджикистан об упорядочении традиций, торжеств и обрядов".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 17 мая 2018 года, №1524