Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2018 № 243 "Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996, № 264"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996, № 264

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996, № 264 "Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт" тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

- банди 2 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"2. Маблағи суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё зарари моддӣ дар ҷараёни истифодабарии мошину механизмҳои худгарди дигар ба андозаи яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои соҳибони воситаҳои нақлиёт ва мошину механизмҳои худгарди дигари Ҷумҳурии ӯзбекистон ба андозаи шашсаду понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шавад.";

- банди 3 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"3. Андозаи меъёрҳои пардохтҳои суғуртавии суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт мутобиқи замимаи 1 ва барои соҳибони воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии ӯзбекистон мутобиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад." (замимаи 2 замима мегардад);

- ба банди 8 зербанди дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҷуброни суғуртавӣ барои зарари аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт ва мошину механизмҳои худгарди дигари Ҷумҳурии ӯзбекистон расонидашуда ба тариқи зайл пардохта мешавад:

- барои зарари ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонидашуда ба андозаи то чорсаду даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои расонидани зарари моддӣ то дусаду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо.".

2. Дар замима ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996, № 264 "Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт" калимаи "Замима" ба калима ва рақами "Замимаи 1" иваз карда шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 майи соли 2018 № 243

ш.Душанбе

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "4" майи соли 2018, № 243

Андозаи меъёрҳои пардохтҳои суғуртавии суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва мошину механизмҳои худгарди дигари Ҷумҳурии ӯзбекистон (бо фоиз аз маблағи суғуртавӣ)

Намудҳои воситаҳои нақлиёт ва мошину механизмҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ:

1. Автомобилҳои сабукрав - 1,5

2. Микроавтобусҳо -1,8

3. Автобусҳо - 2,0

4. Автомобилҳои боркаш - 2,5

5. Тракторҳо ва мошину механизмҳои худгарди дигар - 1,0

6. Мотосиклҳо - 0,7.