Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018 № 231 "Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ

 

Мутобиқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзими низоми иҷозатдиҳӣ вобаста ба санҷиши риояи меъёрҳои қонунгузории соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ дар мақомоти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташқилотҳое, ки дар нақшаи идоракунии онҳо пешбинӣ гардидаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ҳангоми санҷишҳо фаъолияти худро тибқи ҳамин Қоидаҳо ба роҳ монда, аз натиҷаи он дар ҷамъбасти сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 28 апрели соли 2018 № 231

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Правилах проведения проверки деятельности государственных органов по соблюдению нормативных правовых актов Республики Таджикистан в сфере регулирования разрешительной системы

В соответствии с статей 4 Закона Республики Таджикистан "О разрешительной системе" и других нормативных правовых актов по регулированию разрешительной системы в отношении проверок соблюдения норм законодательства сферы регулирования разрешительной системы в государственных органах, предприятиях, учреждениях и организациях, предусмотренных в их схеме управления, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Правила проведения проверки деятельности государственных органов по соблюдению нормативных правовых актов Республики Таджикистан в сфере регулирования разрешительной системы (прилагаются).

2. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан как уполномоченному государственному органу в сфере регулирования разрешительной системы при проведении проверок осуществить свою деятельность в соответствии с настоящими Правилами и о её результатах по итогам года представить информацию в Правительство Республики Таджикистан.

Председатель 

Правительства Республики Таджикистан  Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 28 апреля 2018 года, №231