Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Номгӯйи мансабҳои хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ
Мутобиқи моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" ва моддаи 264 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номгӯйи мансабҳои хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот номи мансабҳои ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти худро ба Номгӯйи мазкур мутобиқ намоянд.
3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008 №530 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи мансабҳо ва касбҳои ҳайати техникӣ ва хизматрасонии мақомоти давлатӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 апрели соли 2018 № 194
ш.Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" апрели соли 2018, № 194
тасдиқ шудааст
Номгӯйи мансабҳои хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ
Мудири қабулгоҳ
Нозир-референт
Нозир-коргузор
Нозири шабака
Нозири сервер
Нозири сомона
Нозири бехатарии зидди сӯхтор
Нусхабардор
Корманди бойгонӣ (архивариус)
Мудири китобхона, корманди китобхона
Нозири бахши рухсатномадиҳӣ
Хазинадор
Мудири хоҷагӣ
Комендант
Хаткашон
Муқовасоз
Духтур Директор (мудир), муовини директор (муовини мудир), маъмур, навбатдор, пешхизмати меҳмонхона, бӯстонсарой, осоишгоҳ, хобгоҳ
Маъмури навбатдор, маъмури толор
Устои шабакаи гармидиҳӣ, челонгар оид ба хизматрасонии шабакаҳои гармидиҳӣ
Устои таъмири компютерҳо
Мудири анбор, коргари анбор
Техники асбобҳои тақвиятдиҳандаи овоз
Аксбардор, наворбардор
Таҳвилгар
Таъмингар
Устои таъмири дастгоҳҳои нусхабардор
Техники алоқа
Устои барқ, устои таҷҳизоти барқӣ
Коргари ёрирасон, коргари таъмири ҷории бино ва иншоот
Ходими либосхона, дарзмолкунанда
Кафшергар, кафшергари барқ, кафшергари газ
Мудири ошхона, ошпаз, пешхизмат
Мутахассиси лифт
Мудири гараж, сармуҳандис, муҳандис, сармеханик, механик, танзимгари калон, танзимгар, харрот, механик-назоратчӣ, челонгари автомобилҳо, устои муҳаррик, вулканизатор, устои аккумулятор, устои карбюратор, мисгар, равғангар, озмоишгари баллонҳо, ронанда
Устои дегхона, оташмони дегхона
Сантехник
Дуредгар
Наҷҷор
Оташмон
Посбон, дарбон
Боғбон, гулпарвар
Фаррош
Ҳавлирӯб