Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 № 89 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31 "Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд" тасдиқ шудаанд, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати ҳаштуми банди 6 калимаҳои "ва "ХС2"" ба аломат ва калимаҳои ", "ХС2" ва "ХСЗ"" иваз карда шаванд.

2. Банди 17 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"17. Раводиди навъи "ХСЗ" танҳо ба шаҳрвандони хориҷие дода мешавад, ки падару модари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва ин шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандиро аз рӯи таваллуд ба даст овардаанд.".

3. Бандҳои 17-93 мутаносибан бандҳои 18-94 ҳисобида шаванд.

4. Дар банди 33 калимаҳои ", ба истиснои ҳолатҳои дар банди 36 қоидаҳои мазкур пешбинишуда," хориҷ карда шаванд.

5. Дар зербанди д) банди 35 рақами "22" ба рақами "23" иваз карда шавад.

6. Дар банди 38:

- рақами "35" ба рақами "36" иваз карда шавад;

- дар зербанди д) пас аз калимаҳои "корҳои дохилӣ" калимаҳои "ва дар меҳмонхонаҳое, ки иҷозат барои бақайдгирии шаҳрвандони ҳориҷиро доранд," илова карда шавад;

...

"и) муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди навъи "ХСЗ"-ро ба шаҳрвандони хориҷии то 25-сола ба муҳлати дархостшуда, вале на зиёда аз 3 сол медиҳанд. Агар шаҳрванди хориҷӣ хоҳиши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ истиқомат намуданро дошта бошад, ба ӯ раводиди навъӣ "ИД" тибқи тартиби муайяннамудаи Қоидаҳои мазкур дода мешавад. Барои гирифтани раводиди навъи "ХСЗ" ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:

- шаҳодатномаи таваллуд;

- нусхаи шиносномаи падару модари муроҷиаткунанда;";

- зербандҳои и) - о) мутаносибан зербандҳои к) - п) ҳисобида шаванд.

7. Дар банди 75 пас аз калимаҳои "корҳои дохилӣ" калимаҳои "ва дар меҳмонхонаҳо, ки шаҳрвандони хориҷиро ба қайд мегиранд," илова карда шаванд.

8. Замима ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 1 марти соли 2018 № 89

ш. Душанбе

Замима

ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани

раводид ва раводиди электронии

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони

хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд

Номгӯи давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд

1. Австралия

2. Ҷумҳурии Австрия

3. Ҷумҳурии Албания

4. Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир

5. Аморати Муттаҳидаи Араб

6. Иёлоти Муттаҳидаи Америка

7. Шоҳзодагии Андорра

8. Антигуа ва Барбуда

9. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ

10. Ҷумҳурии Аргентина

11. Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ

12. Ҷазираҳои Багам

13. Барбадос

14. Шоҳигарии Баҳрайн

15. Шоҳигарии Белгия

16. Белиз

17. Боливия

18. Босния и Ҳертсоговина

19. Ҷумҳурии Федеративии Бразилия

20. Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ

21. Бруней-Доруссалом

22. Ҷумҳурии Булғористон

23. Ҷумҳурии Боливиарии Венесуэла

24. Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам

25. Вотикон

26. Гайана

27. Ҷумҳурии Гватемала

28. Ҷумҳурии Федеративии Германия

29. Гренада

30. Шоҳигарии Дания

31. Доминика

32. Ҷумҳурии Доминикан

33. Зеландияи Нав

34. Ҷумҳурии Индонезия

35. Ҷумҳурии Ирландия

36. Ҷумҳурии Исландия

37. Шоҳигарии Испания

38. Давлати Исроил

39. Ҷумҳурии Италия

40. Канада

41. Ҷумҳурии Кипр

42. Ҷумҳурии Колумбия

43. Ҷумҳурии Корея

44. Ҷумҳурии Коста Рика

45. Ҷумҳурии Куба

46. Давлати Кувайт

47. Давлати Қатар

48. Ҷумҳурии Латвия

49. Ҷумҳурии Лаҳистон

50. Ҷумҳурии Литва

51. Шоҳзодагии Лихтенштейн

52. Ҷумҳурии Лубнон

53. Гертсогии Бузурги Люксембург

54. Ҷумҳурии Маврикий

55. Ҷумҳурии Македония

56. Малайзия

57. Ҷазираҳои Малдив

58. Ҷумҳурии Малта

59. Шоҳигарии Марокаш

60. Маҷористон

61. Иёлоти Муттаҳидаи Мексика

62. Ҷумҳурии Мисри Араб

63. Шоҳзодагии Монако

64. Муғулистон

65. Шоҳигарии Нидерландия

66. Шоҳигарии Норвегия

67. Ҷумҳурии Панама

68. Папуа Гвинеяи Нав

69. Ҷумҳурии Парагвай

70. Ҷумҳурии Перу

71. Ҷумҳурии Исломии Покистон

72. Ҷумҳурии Португалия

73. Руминия

74. Ҷумҳурии Салвадор

75. Ҷумҳурии Сан Марина

76. Ҷазираҳои Сейшел

77. Сент Винсент ва Гренадин

78. Сент Китс ва Невис

79. Сент Люсия

80. Ҷумҳурии Сербия

81. Ҷумҳурии Сингапур

82. Ҷумҳурии Словакия

83. Ҷумҳурии Сенегал

84. Ҷумҳурии Словения

85. Ҷумҳурии Суринам

86. Шоҳигарии Тайланд

87. Ҷумҳурии Тринидад ва Тобаго

88. Ҷумҳурии Тунис

89. Ҷумҳурии Туркия

90. Туркманистон

91. Ҷумҳурии ӯзбекистон

92. Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

93. Ҷумҳурии Уругвай

94. Ҷумҳурии Филиппин

95. Ҷумҳурии Финляндия

96. Ҷумҳурии Фиҷӣ

97. Ҷумҳурии Франсия

98. Ҷумҳурии Халқии Хитой

99. Ҷумҳурии Хорватия

100. Ҷумҳурии Ҳиндустон

101. Черногория

102. Ҷумҳурии Чехия

103. Ҷумҳурии Чили

104. Конфедератсияи Швейтсария

105. Шоҳигарии Шветсия

106. Шри Ланка

107. Ҷумҳурии Эквадор

108. Ҷумҳурии Исломии Эрон

109. Ҷумҳурии Эстония

110. Ҷумҳурии Юнон

111. Ямайка

112. Япония

Шахсони бешаҳрванд, собиқ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукуқи бо тартиби содда гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд.

Давлатҳое, ки ба номгӯи зикргардида дохил нашуданд, метавонанд дар асоси шартномаҳои дуҷониба ё дар асоси рафтуомади бераводиди мутақобилаи шаҳрвандони ду кишвар тартиби соддаи гирифтани раводидро ба роҳ монанд.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ, инчунин принсипи мутақобила, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тартиби соддакардашударо муваққатан боздошт намояд.