ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 январи соли 2017, № 31 "Дар бораи Қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд" тасдиқ шудаанд, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар сархати ҳаштуми банди 6 калимаҳои "ва "ХС2"" ба аломат ва калимаҳои ", "ХС2" ва "ХСЗ"" иваз карда шаванд.
2. Банди 17 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"17. Раводиди навъи "ХСЗ" танҳо ба шаҳрвандони хориҷие дода мешавад, ки падару модари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд ва ин шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандиро аз рӯи таваллуд ба даст овардаанд.".
3. Бандҳои 17-93 мутаносибан бандҳои 18-94 ҳисобида шаванд.
4. Дар банди 33 калимаҳои ", ба истиснои ҳолатҳои дар банди 36 қоидаҳои мазкур пешбинишуда," хориҷ карда шаванд.
5. Дар зербанди д) банди 35 рақами "22" ба рақами "23" иваз карда шавад.
6. Дар банди 38:
- рақами "35" ба рақами "36" иваз карда шавад;
- дар зербанди д) пас аз калимаҳои "корҳои дохилӣ" калимаҳои "ва дар меҳмонхонаҳое, ки иҷозат барои бақайдгирии шаҳрвандони ҳориҷиро доранд," илова карда шавад;
...