Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2018 № 22 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 1997 "Дар бораи Сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1997, № 15-16, мод. 254; № 23-24, мод.333) тағйироту иловаҳои зерин дохил карда шаванд:

1. Ба қисми сеюми моддаи 13 баъди калимаҳои "мақомоти корҳои дохилӣ" калимаҳои "ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд;

2. Дар моддаи 26:

дар қисми дуюм калимаҳои "мақомоти гумрук" бо калимаҳои "мақомоти гумруку Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

ба қисми сеюм баъди калимаҳои "Қӯшунҳои сарҳадӣ" калимаҳои "Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

3. Дар моддаи 31:

Ба модда банди 5 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"5. Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- дар ҳамкорӣ бо Қушунҳои сарҳадӣ фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро бо мақсади ошкору пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳои бо қочоқи маводи нашъаовар вобаста бударо дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар қаламрави давлатҳои ҳамсарҳад ба амал мебарорад;

- дар доираи ваколатҳои худ оиди ирсоли назоратшавандаи воситаҳои нашъаовар чора мебинад";

банди 5 мутобиқан банди 6 ҳисобида шавад.

4. Банди 9 қисми дуюми моддаи 33 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"9) қочоқи аз тариқи Сарҳади давлатӣ интиқолдодашаванда ва дигар молҳо, борҳо ва воситаҳои нақлиётии ғайриқонунӣ интиқолдодашавандаро, ки онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои ба зиммаашон гузошташудаи вобаста ба ҳифзи Сарҳади давлатӣ дар доираи қаламрави назди сарҳадӣ ошкор намудаанд, ба мақомоти гумрук супоранд, дар сурати мавҷуд набудани мақомоти гумрук онҳоро боздоранд, маводи нашъаоварро бошад, ба ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоранд".

5. Дар сарлавҳа, ба қисми дуюм ва сеюми моддаи 35 баъд аз калимаҳои "кӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шаванд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон     Э.Раҳмонов

 

ш.Душанбе, 12 майи соли 2001 № 22

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О Государственной границе Республики Таджикистан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Закон Республики Таджикистан от 1 августа 1997 года "О Государственной границе Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1997г., №15-16, ст.254, №23-24, ст.333) следующие изменения и дополнения:

1. В части третьей статьи 13 после слов "Органов внутренных дел" добавить слова "подразделений Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан

 2. В статье 26: в части второй слова "и таможенных органов" заменить словами "таможенных органов и Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан".

В части третьей после слов "пограничных войск" добавить слова "Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан.

3. В статья 31: дополнить статью пунктом 5 следующего содержания:

- "5. Агентство по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан:

- во взаимодействии с Пограничными войсками осуществляет оперативно-розыскную деятельность с целью выявления, пресечения и раскрытия преступлений, связанных с контрабандой наркотиков в приграничных районах Республики Таджикистан, а также на территории сопредельных государств;

- предпринимает меры в пределах своей компетенции по осуществлению контролируемой поставки наркотических средств";

- пункт 5 соответственно считать пунктом 6.

4. Пункт 9 частя второй статьи 33 изложить в следующей редакции:

"9) Перемещаемую через Государственную Гранину контрабанду и другие незаконно перемещаемые товары, грузы и транспортные средства, обнаруженные ими при выполнении возложенных на них задач по защите Государственной границы в пределах приграничной территории передавать таможенным органам, а в отсутствии таможенных органов задерживать, а наркотические средства передавать подразделениям Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан".

5. В наименовании, в частях второй и третьей статьи 35 после слов "внутренних войск Министерства внутренних дел Республики Таджикистан" добавить слова "подразделений Агентства по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан".

Президент

Республики Таджикистан             Э.РАХМОНОВ

г. Душанбе,

от 12 мая 2001 года, №22