Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2018 № 1042 "Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонмоддаи 69 и дин

 (Фармони Президенти ҶТ аз 01.04.2025 № 1015)


Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Назорати амалӣ намудани Консепсияи мазкур ба зиммаи Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад (Фармони Президенти ҶТ аз 01.04.2025 № 1015).

3. Вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

- ҷиҳати фаҳмондани моҳият ва мақсади ҳуҷҷати мазкур корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд;

- оид ба иҷрои Консепсияи мазкур ба Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 15 январи ҳар сол гузориш пешниҳод намоянд (Фармони Президенти ҶТ аз 01.04.2025 № 1015).

4. Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шавад.

5. Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҷамъбасти ҷараёни иҷрои Консепсияи мазкур на дертар аз 15 феврали ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд (Фармони Президенти ҶТ аз 01.04.2025 № 1015).

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе, 4 апрели соли 2018 № 1042

 

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин

 

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

1. Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Назорати амалӣ намудани Консепсияи мазкур ба зиммаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

3. Вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот:

- ҷиҳати фаҳмондани моҳият ва мақсади ҳуҷҷати мазкур корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар байни ҷомеа ба роҳ монанд;

- оид ба иҷрои Консепсияи мазкур ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз 15 январи ҳар сол гузориш пешниҳод намоянд.

4. Консепсияи мазкур дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда шавад.

5. Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи ҷамъбасти ҷараёни иҷрои Консепсияи мазкур на дертар аз 15 феврали ҳар сол ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

 

ш.Душанбе, 4 апрели соли 2018 № 1042