Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 № 161 "Дар бораи тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Ҳукумати Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади мукаммал гардонидани таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаҳои миёнамуҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаҳои сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳайати Комиссия оид ба интихоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷиҳати ворид намудан ба барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли моликияташон ҷиҳати амалӣ намудани тартиби мазкур чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаҳои сармоягузории худро барои ворид намудан ба барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2011, № 370 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва татбиқи барномаҳои миёнамуҳлати сармоягузориҳои давлатӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 483 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташаккул ва мувофиқасозии Номгӯи иншооти аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ сохташаванда" аз эътибор соқит дониста шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 марти соли 2018 № 161

ш. Душанбе