Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" марти соли 2018, № 161
тасдиқ шудааст
Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2020 № 128)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби таҳияи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва амалӣ намудани Барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) мақсад, вазифаҳо, таркиб, тартиби тарҳрезӣ, марҳилаҳои ташаккул ва баррасии Барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минба - Барнома), қоидаҳои тарҳрезӣ, арзёбӣ ва интихоби лоиҳаҳои сармоягузориро ҷиҳати ворид намудан ба Барнома, инчунин тартиби ташаккул ва мувофиқасозии номгӯи сохтмон ва иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолиро (сохтмони нав, васеъшавӣ, азнавсозӣ ва иншооти сохтмонашон нотамом) (минбаъд - Номгӯй), ки маблағгузории онҳо аз ҳисоби маблағгузориҳои асосии мутамаркази буҷети давлатӣ анҷом дода мешаванд, муайян менамояд.
2. Мақсади тартиби мазкур баланд бардоштани сатҳи самаранокии амалӣ намудани Барнома, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ ҳангоми ҷалби сармоягузориҳои хориҷиву дохилӣ барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва дар ин замина амалигардонии чорабиниҳои ҳуҷҷатҳои стратегии рушди кишвар, барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.
3. Мақсади Барнома - иҷрои маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати интихоб ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятнок, грантҳо, лоиҳаҳои рушди институтсионалӣ (кӯмаки техникӣ) ва сохтмони асосӣ мебошад.
4. Вазифаҳои Барнома:
- такмил додани вазифа ва ваколатҳои мақомоти таҳиякунандаи Барнома ҷиҳати амалисозии афзалиятҳои дарозмуҳлати сармоягузориҳои давлатӣ;
- таъмини минбаъдаи шаффофияти сармоягузориҳои давлатӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои донорҳо;
- муайян намудани расмиёти стандартӣ оид ба таҳия, интихоб ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузории давлатӣ;
- таъмини раванди тарафайни таҳияи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби давлат барои рушди кишвар кафолат дода мешавад ва банақшагирии буҷети давлатӣ ҷиҳати амалисозии барномаҳои дарозмуҳлати буҷетӣ.
5. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода шудаанд:
- лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ - лоиҳаҳое, ки аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ бо мақсади ҷалби ҳама гуна сармоягузориҳо ба муҳлати муайян ва бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои иқтисодӣ таҳия мегарданд, ки амалӣ намудани онҳо барои рушди бахшҳои муайяни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
- мақомоти иҷрокунанда - мақомоти идоракунии давлатӣ, ташкилоти давлатӣ ё ғайриҳукуматӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ, ки ба мақомоти ваколатдори соҳавӣ ё минтақавӣ бо пешниҳоди лоиҳавӣ муроҷиат намудааст;
- хулосаи соҳавии мақомоти дахлдори марказӣ - хулосае, ки аз ҷониби вазорату идораҳои соҳавӣ нисбати ҳар як лоиҳаи сармоягузорӣ ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
6. Сарчашмаҳои маблағгузории лоиҳаҳои Барномаи сармоягузориҳои дохилӣ ва хориҷӣ, аз ҷумла қарз, грантҳо ва маблағҳои буҷети давлатӣ маҳсуб меёбанд.
7. Барномаи мазкур миёнамуҳлати панҷсола мебошад, ки дар давраи амалӣ намудани он, дар ҳолати зарурат, ба он тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд.
8. Раванди тарҳрезии Барнома пурра бо муҳлатҳо ва силсилаи тарҳрезии буҷети давлатӣ, Барномаи давлатии қарзгирии беруна ва силсилаи идораи кумаки беруна мутобиқ мебошад.
9. Ҳаҷми сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои минбаъда тибқи нишондиҳандаҳои дурнамо муайян карда шуда, ҳангоми тасдиқи буҷети давлатӣ барои солҳои дахлдор дақиқ мегардад.
2. ТАРКИБИ БАРНОМАИ САРМОЯГУЗОРИҲОИ ДАВЛАТӢ
10. Барнома аз қисми таҳлилӣ ва номгӯи лоиҳаҳо иборат мебошад.
11. Қисми таҳлилӣ ҳолати умумии иқтисодӣ, афзалиятҳои сиёсати сармоягузории давлатӣ, таҳлили иҷрои Барнома барои солҳои гузашта, таҳлили имкониятҳои молиявӣ барои сармоягузории давлатӣ, низоми ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ҷиҳати амалӣ намудани Барнома, инчунин, асосноккунии мутобиқати маҷмӯи лоиҳаҳои воридгашта бо таркиби онро бо дарназардошти нишондод ба афзалиятҳо дар бар мегирад.
12. Номгӯи лоиҳаҳои Барнома аз лоиҳаҳои сармоягузории қарзӣ, грантӣ, лоиҳаҳои рушди ниҳодӣ (кумаки техникӣ) ва сохтмони асосӣ иборат буда, бо шартҳои зерин маблағгузорӣ карда мешавад:
- дар заминаи бозгаштӣ (қарзҳои беруна дар асоси кафолати давлатӣ ва қарзҳои мустақим);
- дар заминаи бебозгашт (грантҳои хориҷии ҷалбнамудаи давлат).
3. ТАРТИБИ ТАРҲРЕЗИИ БАРНОМАИ САРМОЯГУЗОРИҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
13. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар асоси лоиҳаҳои сармоягузории (дархостҳои лоиҳавии) пешниҳоднамудаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ вобаста ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ва нишондиҳандаҳои маблағгузориҳои асосии мутамарказ лоиҳаи нишондиҳандаҳои барномаро бо дарназардошти имкониятҳои буҷети давлатӣ ва афзалиятҳои дар бандҳои дахлдори тартиби мазкур муқарраргардида бо муайян намудани маблағи умумӣ ва шумораи лоиҳаҳо таҳия намуда, дар муҳлати бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- нишондиҳандаҳои дақиқшудаи лоиҳаи Барномаро бо дарназардошти барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кумаки беруна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- лоиҳаи Барномаро бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои соҳавӣ мувофиқа намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
14. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти имкониятҳои молиявӣ ва тибқи созишномаҳои баимзорасидаи тарафайн саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва нишондиҳандаҳои маблағгузориҳои асосии мутамарказ барои давраи миёнамуҳлат ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети давлатӣ ба инобат мегирад.
4. МАРҲИЛА ВА ТАРТИБИ ТАШАККУЛИ БАРНОМАИ САРМОЯГУЗОРИҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
15. Дар шакли пурнамудаи дархости лоиҳавии сармоягузорӣ, ғайр аз мувофиқати он ба ҳадафҳо ва вазифаҳои ҳуҷҷатҳои стратегии рушди кишвар, ҳамзамон зарур аст, ки мувофиқати дархости лоиҳаи сармоягузории пешниҳодшуда ба чорабинии мушаххаси Матритсаи амалиёти барномаҳои миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои дахлдор мувофиқат карда шавад.
16. Ҳамасола аз 15 июл оғози ҷараёни ташаккули дархостҳо ҷиҳати ворид намудани иловаҳо ба барнома барои давраи миёнамуҳлат эълон карда мешавад.
17. Дархостҳои лоиҳавии сармоягузорӣ ҷиҳати ворид намудан ба барнома на дертар аз 1 августи соли ҷорӣ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мешаванд.
18. Лоиҳаҳои сармоягузории аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ тибқи тартиби муқарраршуда омода ва пешниҳодшуда ба баррасии Комиссия оид ба интихоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ (минбаъд - Комиссия) ҷиҳати ворид намудан ба барнома пешниҳод мегарданд.
19. Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ба Комиссия ҷиҳати баррасӣ ва ворид намудан ба барнома на дертар аз 1 октябри ҳар сол манзур карда мешаванд.
20. Комиссия вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- арзёбии дақиқ ва сифати интихоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ҷиҳати ворид намудани онҳо ба барнома ;
- таҳлили мувофиқати лоиҳаи сармоягузорӣ ба самти афзалиятҳое, ки тибқи муқаррароти Тартиби мазкур нишон дода шудааст;
- арзёбии муҳимият ва пешомади лоиҳаҳои сармоягузорӣ, натиҷаҳои ниҳоии он, таъсирнокии имконпазирии мусбат ба соҳа, минтақа ва аҳолӣ;
- таҳлили нишондиҳандаҳои самаранокии иқтисодии лоиҳаи сармоягузорӣ;
- арзёбии ҳаҷми банақшагирии воситаҳои ҷалбшаванда ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ, инчунин арзёбии сарчашмаҳои маблағгузории он .
- хориҷ карда шуд .
21. Маблағгузории арзёбии озмоиши ҳар як лоиҳаи сармоягузорӣ (барои гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодӣ) аз ҳисоби воситаҳои пешбининамудаи сармояи худӣ барои ин мақсадҳо нигаронидашуда тибқи меъёрҳои амалкунанда анҷом дода мешавад.
22. Лоиҳаи ташаккулёфтаи барнома ба баррасии Комиссия ва мувофиқасозии он на дертар аз 1 ноябри ҳар сол ирсол карда мешавад.
5. ТАРТИБИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМАИ САРМОЯГУЗОРИҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
23. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз тасдиқи барнома бо мақсади дастрасии он ба вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ нашри теъдоди зарурии онро бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ то охири моҳи феврали соли минбаъда анҷом медиҳад.
24. Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ бо мақсади шиносоӣ ва дарёфти сарчашмаҳои маблағгузорӣ, барномаи тасдиқшударо дар сомонаҳои интернетии худ ҷойгир менамоянд.
25. Бо мақсади таъмини ошкорбаёнӣ ва шаффофияти расмиёти амалӣ намудани барнома, баъди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани он, Комиссия дар бораи ҷойгиркунонии матни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи барнома ва ҷойгиркунии матни пурраи барнома дар сомонаҳои интернетии тамоми вазорату идораҳои ба Комиссия шомилгардида қарор қабул менамояд.
26. Зимнан, дигар мақомоту идораҳои давлатӣ, ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва ҳам маҳаллӣ, метавонанд он қисми барномаро, ки ба ҳамин мақомот дахли бевосита дорад, дар сомонаи интернетии худ ҷойгир намоянд.
27. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ ҳангоми гузаронидани вохӯриҳо бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ танҳо лоиҳаҳои афзалиятноки ба барнома воридшударо ба онҳо пешниҳод ва муаррифӣ менамоянд.
28. Мақомоти иҷрокунандаи лоиҳа пас аз ба имзо расонидани созишнома бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва ғайридавлатӣ (шартнома миёни субъекти ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарики байналмилалии хориҷӣ) ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти расмиро бо замимаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ ирсол менамоянд.
29. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи самаранокии амалӣ намудани барнома ва муаррифии лоиҳаҳои ба он воридгардида, дар ҷамъбасти 9 моҳаи соли ҳисоботӣ бо иштироки намояндагони созмонҳои байналмилалии молиявӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ мизи мудаввар баргузор менамояд.
30. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон музокиротро бо донорҳо вобаста ба шартҳои гирифтани қарзҳо баррасӣ намуда, созишномаҳои қарзиро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида, маблағгузории лоиҳаҳои барномаро дар доираи маблағҳои пешбининамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ ба роҳ монда, назорати истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудошаванда ва ҷалбшавандаро таъмин менамояд.
31. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати амалӣ гардидани барнома чораҳои амалӣ андешида, ҳар семоҳа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал оид ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ манзур менамоянд.
32. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти амалӣ намудани барнома маълумоти таҳлилӣ ирсол менамояд.
6. ТАРҲРЕЗИИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ
33. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда лоиҳаҳои сармоягузории худро мутобиқи замимаи 1 Тартиби мазкур таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд (.
34. Ҳангоми тарҳрезии лоиҳаҳои сармоягузорӣ вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ дар навбати аввал амалӣ гардидани чорабиниҳои зеринро ба инобат мегиранд:
- чорабиниҳои мушаххаси ҳуҷҷатҳои стратегии рушди кишвар;
- дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи миёнамуҳлат;
- стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барномаҳои соҳавӣ;
- барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо.
34(1). Ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо инчунин меъёрҳои зерин ба инобат гирифта мешаванд:
- мутобиқати лоиҳаи сармоягузорӣ ба афзалиятҳои дар Тартиби мазкур нишондодашуда;
- арзёбии харҷномавии лоиҳа;
- таъсири лоиҳа ба вазъи муҳити зист ва нақшаи амалҳо ҷиҳати коҳиш додани таъсироти зараровар;
- дар сурати ҷалби маблағи қарзӣ, арзиши умумӣ ва давраи имтиёзноки лоиҳа мутобиқи талаботи Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- дар сурати ҷалби маблағ барои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, арзиши умумии лоиҳа бояд на кам аз 100 ҳазор доллари ИМА бошад .
35. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва бахши хусусӣ лоиҳаҳои сармоягузории худро бо вазорату идораҳои соҳавӣ мувофиқа намуда, пас аз гирифтани хулосаи расмӣ доир ба мақсаднокии ворид намудани лоиҳа ба барнома, таҳлили лоиҳа аз нуқтаи назари соҳа ва мувофиқати он ба барномаҳои давлатӣ ва соҳавии рушд ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд. .
36. Лоиҳаҳои сармоягузорӣ бояд аз ҷониби роҳбарияти ташкилоти дахлдор ё шахсони ивазкунандаи онҳо тасдиқ карда шаванд.
7.Хориҷ карда шуд .
8. ИНТИХОБ ВА ТАСВИБИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ
43. Хориҷ карда шуд .
44. Хориҷ карда шуд .
45. Интихоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҷониби Комиссия анҷом дода мешавад.
46. Ҳайати Комиссия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мешавад.
9. ТАРТИБИ ТАШАККУЛ ВА МУВОФИҚАСОЗИИ НОМГӯИ ИНШООТИ АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒҲОИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ СОХТАШАВАНДА
47. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ҳамчунин дигар ташкилоту муассисаҳо (минбаъдфармоишгарон) дар муҳлатҳои пешбининамудаи Тавсияҳои методологӣ "Оид ба таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ду соли минбаъда", тибқи замимаи № 2 ба Тартиби мазкур дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои соли навбатии баъди соли ҳисоботӣ ва нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бахши сохтмони асосӣ барои ду соли минбаъда, аз ҷумла Номгӯи иншооти сохташавандаро дар давраи миёнамуҳлат, ки маблағгузориашон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ба амалигардонии барномаҳои афзалиятноки давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои алоҳидаи иҷтимоию иқтисодии муҳими ба барномаҳо дохилнашуда равона гардидааст, анҷом дода мешаванд, таҳия намуда, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
48. Зимни таҳияи дурнамои иншооти сохташаванда фармоишгарон бояд маблағгузории корҳои лоиҳакашию ҷустуҷуӣ ва ташхиси иншооти навро барои солҳои минбаъда дар сатри алоҳида бо нишон додани ном ва мавзеи ҷойгиршавии иншоот ва бо дарназардошти нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳо дарҷ намоянд.
49. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки вазифаи фармоишгарро иҷро менамоянд, номгӯи иншооти сохташавандаро дар соли дахлдор, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, аз ҷумла маблағҳои махсус, инчунин маблағҳои иловагие, ки дар давоми сол тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор барои эҳтиёҷоти сохтмони асосӣ ба фармоишгарон ҷудо мегарданд, тибқи замимаи № 3 ба тартиби мазкур таҳия намуда, дар муҳлатҳои барои мувофиқа ба дар муҳлатҳои бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои мувофиқа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
50. Фармоишгарон ҳангоми зарурат дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо Номгӯи иншооти сохташаванда тағйирот ворид менамояд.
51. Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки дар доираи татбиқашон маблағгузории сохтмони иншоот аз ҳисоби саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, Номгӯйро таҳия намуда, барои мувофиқа ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
52. Ҳангоми тартиб додани Номгӯй фармоишгарон дар навбати аввал бояд афзалиятҳои зеринро ба инобат гиранд:
- иншооти нотамом, ки сохтмонашон бояд дар соли навбатӣ ба анҷом расонида шавад;
- иншооте, ки сохтмон ва барқарорсозии онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор пешбинӣ гардидааст;
- сохтмонҳо ва иншооте, ки барои сохтмонашон дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ маблағҳои муайян тасдиқ гардида, аммо бо сабаби воқеан нокифоя будани маблағҳои ҷудошуда иҷро нашуда мондаанд;
- иншооте, ки сохтмонашон дар барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудаанд.
- иншооте, ки сохтмони онҳо тибқи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои дахлдор дар бахши сохтмони асосӣ ба нақша гирифта шудаанд.
53. Барои ворид намудани сохтмони иншооти нав ба Номгӯй мавҷудияти асосноккунии техникию иқтисодӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои лоиҳавию нархномавии аз ташхиси давлатӣ гузашта ҳатмӣ мебошад. Дар сурати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои зикршуда, иншооти пешниҳодгардида ба Номгӯй дохил карда намешаванд.
54. Ба Номгӯй дохил намудани сохтмонҳо ва иншооти нави таъиноти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолидошта баъди бо воситаҳои молиявӣ таъмин гардидани сохтмони иншоот ва иншооти гузаранда, ки дар онҳо иқтидорҳои ҳаммонанд таъсис дода мешаванд, сурат мегирад.
55. Дар баробари пешниҳод намудани Номгӯй дар соли ҳисоботӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, фармоишгарон ва марказҳо тибқи замимаи 4 ба тартиби мазкур оид ба иншооти сохтмонаш нотамоми дар тавозун баҳисобгирифташуда ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамоянд.
56. Фармоишгарон ва марказҳо рӯйхати иншооти аз ҳисоби буҷети давлатӣ сохташавандаро, ки бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа гардидааст, барои маблағгузорӣ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.
57. Фармоишгарон истифодаи самаранок ва мақсадноки маблағҳои барои сохтмони асосӣ ҷудошударо таъмин намуда, на дертар аз санаи 5-уми ҳар моҳ тибқи замимаи № 5 ба тартиби мазкур оид ба ҳаҷми маблағгузориҳои асосии мутамаркази азхудшуда доир ба иншоотҳо ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
58. Марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки дар доираи амалисозии онҳо маблағгузории сохтмони иншоот аз ҳисоби саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, тибқи замимаи № 5 ба тартиби мазкур ва дар муҳлатҳои ҳамин тартиб муқарраршуда ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот ирсол менамоянд.
59. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди таҳияи лоиҳаи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор, афзалиятҳо ва меъёрҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли навбатии ҳисоботӣ ва таклифҳои пешниҳодшудаи фармоишгарон нишондиҳандаҳои асосии маблағгузориҳои мутамарказро барои соли навбатӣ ва ду соли минбаъда таҳия намуда, ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
60. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Номгӯи мувофиқашудаи иншооти сохташавандаи фармоишгарон дар соли дахлдорро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот ирсол менамояд.
61. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни тартиб додани буҷети давлатӣ барои соли дахлдор нишондиҳандаҳои асосии маблағгузориҳои мутамарказро тибқи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои навбатӣ дар бахши сохтмони асосӣ ба асос мегирад.
62. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории мутамаркази сохтмони асосиро қатъиян дар доираи маблағҳои пешбининамудаи қонун дар бораи буҷети давлатӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии тасдиқшуда барои соли дахлдор бо риояи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ" анҷом медиҳад.
63. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали соли навбатӣ рӯйхати иншоотҳои сохтмонашон нотамомро, ки дар соли ҳисоботӣ тибқи тартиби муқарраргардида хусусӣ гардонида шудаанд, барои маълумот ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
64. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида оиди иншоотҳои сохтмонашон нотамом, ки ба ҳолати 1 январи соли навбатӣ дар тавозуни фармоишгарон ба ҳисоб гирифта шудаанд, (ғайр аз Номгӯи иншооте, ки бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст), маълумоти ҷамъбастӣ омода карда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули қарори дахлдор маълумоти муфассал пешниҳод менамояд.
Замимаҳои 1-5
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "27" марти соли 2018, № 161
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссия оид ба интихоби лоиҳаҳои сармоягузориҳои давлатӣ ҷиҳати ворид намудан ба барномаи сармоягузориҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Комиссия;
- вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси Комиссия;
- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби масъули Комиссия;
Аъзои Комиссия:
- муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.