Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 марти соли 2018 № 148 "Дар бораи Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳо"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳо

Мутобиқи моддаи 12 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом ва ба муомилоти гражданӣ баровардани онҳо тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).

2. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалисозии Қоидаҳои мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 284 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд" аз эътибор соқит дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 27 марти соли 2018 № 148

ш.Душанбе