Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 793
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 793 "Дар бораи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
- дар банди 17 калимаҳои "(замимаи 7) ва бунёди 20,1 ҳазор гектар боғу токзорҳои нав (замимаи 2), бунёди 6,9 ҳазор гектар боғу токзори нав дар заминҳои лалмӣ (замимаи 3), ивазкунии боғу токзорҳои кӯҳна то 6,1 ҳазор гектарро (замимаи 4), бунёди 502 гектар боғҳои интенсивӣ (замимаи 5) ва дар майдони 207 гектар рушд додани соҳаи ситруспарварӣ (замимаи 6)" ба калимаҳои "(замимаи 6) ва бунёди 17,5 ҳазор гектар боғу токзори нав дар заминҳои талу теппаҳои ба намнокӣ таъмин (замимаи 2), ивазкунии боғу токзорҳои куҳна то 6,1 ҳазор гектар (замимаи 3), бунёди 502 гектар боғҳои интенсивӣ (замимаи 4) ва дар майдони 207 гектар рушд додани соҳаи ситруспарварӣ (замимаи 5)" иваз карда шаванд;
- дар банди 34 рақами "8" ба рақами "7" иваз карда шавад.
2. Замимаи 2 ба Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 793 тасдиқ шудааст, дар таҳрири нав тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3. Замимаи 3 ба Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистом аз 30 декабри соли 2015, № 793 тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад;
- замимаҳои 4-8 мутаносибан замимаҳои 3-7 ҳисобида шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 марти соли 2018 № 165
ш.Душанбе
Замима
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2015 года, №793
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Внести в Программу развития садоводства и виноградарства в Республике Таджикистан на 2016-2020 годы, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2015 года, №793 "О Программе развития садоводства и виноградарства в Республики Таджикистан на 2016-2020 годы" следующие изменения;
- в пункте 17 слова "(приложение 7), возведение садов и виноградников на площади 20,1 тыс. гектаров (приложение 2) и провести реконструкцию старых садов и виноградников на площади 6,9 тыс. га па богарных землях (приложение 3), заменить старые сады и виноградники на новые до 6,1 тыс. га (приложение 4), возведение 502 га интенсивных садов (приложение 5) и площадь 207 га выделить для развития цитрусоводства "(приложение 6)" заменить словами "(приложение 6), возделыванию новых садов и виноградников на обеспеченных богарных землях на площади 17,5 тысяча гектаров (приложение 2), заменить старые сады и виноградники до 6,1 тысяча гектаров (приложение 3), возведение 502 гектаров интенсивных садов (приложение 4), на площади 207 гектаров выделить для развития цитрусоводства (приложение 5)";
- в пункте 34 цифры "8" заменить цифрой "7".
2. Приложение 2 к Программе развития садоводства и виноградарства в Республике Таджикистан на 2016-2020 годы, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан 30 декабря 2015 года, №793 утвердить в новой редакции.
3. Приложение 3 к Программе развития садоводства и виноградарства в Республике Таджикистан на 2016-2020 годы, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан 30 декабря 2015 года, №793 исключить;
- приложения 4-8 соответственно считать приложениями 3-7.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 27 марта 2018 года, №147
* Приложение