Ҳукумати ҶУМҲУРИИ Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва банди 5 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2014, № 138 "Дар бораи таъсиси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро ба тамоми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба истиснои муассисаҳои таълимии мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин муассисаи давлатии "Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов" ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбии соҳаи фарҳанг ва санъат, мутобиқи талаботи Тартиби мазкур ба роҳ монад.
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҳалли масъалаҳои вобаста ба гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешанд.
4. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015, № 495 "Дар бораи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 марти соли 2018 № 81
ш.Душанбе