Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 № 79 "Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022

 

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда ба имконот ва ташаккулёбии механизмҳои амалӣ ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ва нақшаи маблағгузории чорабиниҳои он тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Маблағгузории нақшаи чорабиниҳои барнома дар соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, ки ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо пешбинӣ шудаанд, таъмин карда шавад.

3. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 муайян карда шуда, оид ба натиҷаҳои амалишавии барнома ҳар сол то моҳи декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод намояд.

4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ дар солҳои 2019-2022 хароҷоти вобаста ба амалигардонии нақшаи чорабиниҳои барномаро дар сатри алоҳида пешбинӣ намояд.

5. Вазорату идораҳои дахлдор барномаҳои соҳавии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барномаҳои маҳаллии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавононро таҳия ва тибқи тартиби муқаррарнамуда амалӣ намоянд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 1 марти соли 2018 № 79

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе по воспитанию патриотизма и укреплению национального менталитета молодежи Таджикистана на 2018-2022 годы

В соответствии со статьей 8 Закона Республики Таджикистан "О молодежи и государственной молодежной политике" в целях создания благоприятных условий, воздействующих возможностям и формированию действующих механизмов по воспитанию молодежи в духе патриотизма, просвещённости, самосознания, гуманности, гордости и почитания национальных ценностей, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Государственную программу по воспитанию патриотизма и укреплению национального менталитета молодежи Таджикистана на 2018-2022 годы и план финансирования её мероприятий (приложения 1 и 2).

2. Обеспечить финансирование плана мероприятий программы на 2018 год за счет средств государственного бюджета, предусмотренных для Комитета по делам молодёжи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан, соответствующих министерств и ведомств, исполнительных органов государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов.

3. Определить Комитет по делам молодежи и спорта при Правительстве Республики Таджикистан координатором Государственной программы по воспитанию патриотизма и укреплению национального менталитета молодежи Таджикистана на 2018-2022 годы и ежегодно до декабря предоставить информацию в Правительство Республики Таджикистан о результатах реализации программы.

4. Министерству финансов Республики Таджикистан предусмотреть отдельной строкой расходы, связанные с реализацией плана мероприятий программы с учетом фактических возможностей государственного бюджета на 2019-2022 годы.

5. Соответствующим министерствам и ведомствам разработать и реализовать в соответствии с установленным порядком отраслевые программы по воспитанию патриотизма и укреплению национального менталитета молодежи, а исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения местные программы по воспитанию патриотизма и укреплению национального менталитета молодежи.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 1 марта 2018 года, №79