Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 аз 1 марти соли 2018 № 79

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 аз "1" марти соли 2018, № 79

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӯСТӢ ВА ТАҲКИМИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛИИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (минбаъд - барнома) ҷиҳати муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо, тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир ва таблиғоти ифротгароӣ таҳия гардидааст.

2. Барнома ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, ҳадафу афзалият ва тадбирҳоро оид ба тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон муайян менамояд.

3. Ташаккули давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд рушди минбаъдаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро бо инобати баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешбинӣ менамояд. Бо дар назар доштани ин омилҳо пурзӯр намудани нақши ҷомеа дар таълиму тарбияи ҷавонон, таблиғи ғояҳои асосии миллӣ, садоқат ба Ватан, нангу номуси миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон мувофиқи мақсад мебошад.

4. Тадбирҳои мунтазами Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ шудани сиёсати давлатии ҷавонон дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ ва ҳуқуқбунёд ва ташаккули шахсияти ҷавонон дар ҷомеа нақши асосӣ ва самарабахш бозида истодааст. Бахусус, қабул ва амалигардии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", Консепсияи миллии сиёсати ҷавонони Тоҷикистон, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи амалишавии сиёсати давлатии ҷавонони Тоҷикистон дастовардҳои назаррас ба бор оварданд.

5. Таҳия ва тасдиқи барнома дар самти тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва муҳаббати онҳо нисбат ба Ватан, ҳифзи амният, таҳкими истиқлолият ва ободии Ватан, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир, таблиғоти ифротгароёна, оштинопазирии милливу мазҳабӣ, пешгирӣ кардани зуҳуроти ифротгароӣ ва таассуби динӣ дар байни ҷавонон заминаи устувор мегузорад.

6. Ҳамзамон, амалишавии барномаи мазкур барои тавсеа бахшидани эҳсоси худшиносӣ, садоқат ба Ватан, нангу номуси миллӣ ва фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон мусоидат менамояд.

7. Дар доираи барномаи таҳиягардида, таблиғи ғояҳои асосии миллӣ, аз қабили садоқат ба Ватан, ифтихор аз гузаштаи шарафмандона, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият, бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ байни ҷавонон ва пос доштани чунин вазифаҳо амалӣ карда мешаванд.

8. Ҳар як кишвари олам барои рушду нумӯъ ва таҳкими давлатдорӣ, нуфуз ва эътибори баланд, пеш аз ҳама ба ақлу хирад, бунёдкориву созандагии ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони хешро бо онҳо мепайвандад.

9. Дар марҳилаи навини рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварамон ҷалби неруи ҷавонон, бахусус дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ниҳоят муҳим мебошад. Ин неруи созанда ва қувваи пешбарандаи ҷомеа имрӯз бештари аҳолии Тоҷикистонро ташкил намуда, амнияти давлату ҷомеаро таъмин намуда, марзу буми сарзамини аҷдодиамонро ҷавонмардона ва далерона ҳимоят намуда истодаанд.

10. Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беш аз 87 фоиз ҷавонон бо ҳисси баланди ватандорӣ ва номуси баланди миллӣ ба Ватан ва халқи Тоҷикистон хизмат мекунанд ва номбардорони падару модар ва халқу Ватани маҳбубамон мебошанд.

11. Бинобар ин, раванди тарбия, таваҷҷуҳи доимӣ ва такя ба ҷавонон сол аз сол вусъати тоза мегирад. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул гардидани як зумра барномаҳои соҳавӣ ва дар доираи онҳо амалӣ гардидани тадбирҳои муҳиму саривақтӣ масъулияти сохторҳои давлатиро дучанд намуда истодааст.

12. Тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон яке аз ҷузъҳои таркибии ҷараёни тарбия ба ҳисоб рафта, ҷавононро дар роҳи садоқат ба Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, худогоҳию хештаншиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҷавонон ба сифати нерӯи пуриқтидор ва ҳомии Ватан эътироф шудаанд.

13. Ҷаҳони имрӯза, ки пур аз зуҳуроти номатлуб, терроризму экстремизм, таассуби динӣ, бегонапарастӣ, ҷараёни бунёдгароӣ, амалиёти мафиозӣ, интиқолу истеъмоли маводи мухаддир, дахолати неруҳои бадхоҳ ба корҳои дохилии кишварҳои дигар, хусусан табаддулоти низомӣ ва давлатӣ дар баъзе кишварҳои ҷаҳон ва дигар омилҳои номатлуби ҷойдошта, ҳар як давлатро водор месозад, ки ҷиҳати мустаҳкам кардани марзу буми кишвар ва ҳифзу таъмини бехатарии он чораҳои қотеона ва зарурӣ андешад.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паём аз 22 декабри соли 2016 иброз намуданд: "Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ мусоидат менамояд".

Бешубҳа, имрӯз терроризм ва ифротгароӣ барои пешрафт ва нумӯи тамоми кишварҳои олам монеаи бузургеро эҷод намудааст. Иттилоотнокии мунтазами ноболиғону ҷавонон аз хатарҳои терроризм ва тундгароӣ барои ояндаи орому осоиштаи кишвар мусоидат менамояд.

14. Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст, тарбияи ватанпарастӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон муҳимтарин воситаи ҳаракатдиҳандаи пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад.

15. Ватандӯстии ҷавонон дар шароити кунунӣ аз шинохти мавқеи таърихии худ, мавқеи имрӯза ва ояндаи миллати худ ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ иборат мебошад, ки хусусиятҳои рӯҳиву равонии аъзои ҷомеа ва ифтихори созандагии миллиро инъикос менамояд.

Ҳисси ватандӯстӣ, ки яке аз рукнҳои ҳувияти миллии мардуми тоҷик аст, омили асосии эмин нигоҳ доштани ҷавонон аз таҳдидҳои замони муосир ба ҳисоб меравад.

Аз ҳамин рӯ, маҳз ватандӯстӣ метавонад бар зидди таҳдидҳои замони муосир ҳамчун қувваи бузурги муҳофизатии ватану таърихи он ва рӯҳияи шикастнопазири миллат табдил ёбад.

16. Қабули барнома талаботи замони муосир буда, амалӣ намудани он аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар ҳалли мушкилоти ҷомеа саҳмгузор мебошанд, метавонанд монеаҳои мавҷударо рафъ намуда, ба мустаҳкам гардидани ҳисси муҳаббат ба Ватан, ватанпарастӣ, худшиносӣ ва нигоҳдошти ҳувияти миллии ҷавонон мусоидат намояд ва масъулияти онҳоро дар рушду инкишофи кишвар, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ баланд бардорад.

2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИЯТ

17. Барнома ҳамчун механизми амалӣ баҳри амалӣ гардидани босамари афзалиятҳои сиёсати давлатии ҷавонон бо мақсади тавсеа бахшидани ҳисси худшиносӣ, садоқат ба Ватан, нангу номуси миллӣ ва фароҳам овардани шароит барои таҳкими заминаи маърифати ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва фарҳангии ҷавонон муқаррар гардидааст.

18. Агар шумораи аҳолии Тоҷикистон дар соли 2017 8965827 нафарро ташкил намояд, аз ин шумора 5928800 ҷавони то 35-сола, яъне 70 фоиз ва ҷавонони аз 14 то 30-сола 3117200 нафар, яъне 35 фоизи аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки ниёз ба таълиму тарбия ва дастгирии ҳамарӯза доранд.

19. Дигар масъалае, ки боиси ташвиши ҷаҳониён гардидааст, ин ҳамарӯза афзоиш ёфтани омилҳои номатлуб дар байни насли ҷавон, аз қабили ҳолатҳои терорристӣ, экстремистӣ, ифротгароӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷинояткорӣ, хариду фурӯши инсон, танфурӯшӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ ва ғайра, ки ҳаёти ҷамъиятиро халалдор карда, ба амнияти миллию давлатӣ таҳдид мекунад, мебошад.

20. Гаравидани баъзе ҷавонон ба ҳизбу созмонҳои ифротиву террористӣ боиси нигаронист. Бо таъсири шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ва дигар воситаҳои иттилоотӣ иддае аз ҷавонони сустиродаву ноогоҳ ба доми гурӯҳҳои манфиатҷӯ афтида, ба миллату Ватани худ хиёнат намуда, обрӯ ва мақоми мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ паст мегардонанд.

21. Дар шароити Тоҷикистон, ки аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд, масъалаи ҷой доштани таҳдидҳои замони муосир бояд дар мадди аввал қарор дошта бошад. Барои мисол, дар солҳои 2015 ва 2016 11692 ҷинояти мухталиф аз ҷониби ҷавонон содир гардида, дар соли 2016 шумораи шомилшудагон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба 1293 нафар расидааст, ки ин вазъият ташвишовар арзёбӣ мегардад.

22. Дар баробари ин, бо дар назар доштани пешрафти замон, инкишофи техника ва технология, терроризм шакл, усул, восита ва тарзҳои навро ба худ касб менамояд. Ин ҳолат водор месозад, ки пайваста дар ҷустуҷӯи пайдо кардани шаклу усулҳои нав ва таъсирбахши муқовимат бо чунин падидаҳои ҷинояткорона, махсусан механизми иттилоотонӣ ва пешгирикунанда ҳамчун як низоми пайваста мутобиқшаванда ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шавад.

23. Вобаста ба таҳлили вазъияти имрӯза таҳия ва қабули барнома ягона механизми муассир ва ё пулест, ки дар шароити рушдёбии кишвар ва ҷой доштани таҳдидҳои замони муосир муносибати ҷавононро бо давлат ва ҷамъият мепайвандад, аз хавфу хатарҳои ҷойдошта эмин нигоҳ медорад, ташаккул медиҳад, устувор мегардонад ва меҳрашонро нисбат ба давлату миллат дучанд менамояд.

24. Ҳамин тавр, бо дар назар доштани таҳлилҳои болои фарогири тамоми мушкилоти баамаломада, барнома таҳия гардидааст, ки амалисозии он ба иҷроиши босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон ва фароҳам овардани шароити мусоид ва имконоти муассир ҷиҳати худташаккулёбӣ, худамалигардонӣ, тарбия ва маърифатнокии комили ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ мусоидат менамояд.

3. АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ҚАБУЛ ВА АМАЛИШАВИИ БАРНОМА

25. Асосҳои ҳуқуқии барномаро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон", Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2006, №228 ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, №480 тасдиқ шудаанд, ташкил медиҳанд.

4. ҲАДАФ ВА САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ БАРНОМА

26. Ҳадафи асосии барнома ин фароҳам овардани шароити мусоид, имконоти муассир ва ташаккули механизмҳои амалӣ ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, фарҳангсолорӣ, худогоҳӣ, худшиносӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ мебошад.

27. Самтҳои афзалиятноки (вазифаҳои асосии) барнома бо дар назар доштани вазъи иҷтимоӣ ва талаботи воқеии ҷавонон дар шароити ҷомеаи муосир, ҳамчунин дар роҳи расидан ба ҳадафҳои Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ба таври зайл муқаррар гардидаанд:

- заминаҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурдиҳӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон;

- тарбияи фарҳангӣ, маънавӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии ватандӯстии ҷавонон;

- тарбияи ҷисмонӣ, варзишӣ ва ҳарбию ватандӯстии ҷавонон, омодагии дифои онҳо;

- асосҳои иттилоотӣ, тарғиботӣ, бадеӣ ва оммавӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон;

- тарбияи маърифатӣ, ахлоқӣ, маданӣ ва эстетикии ҷавонон.

5. НАҚШАИ АМАЛИШАВИИ ЧОРАБИНИҲО

28. Нақшаи чорабиниҳои амалишавии барнома бо дар назар доштани принсипҳои амалигардонии сиёсати давлатии ҷавонон ва дар доираи амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" ва Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 амалӣ мегардад.

6. ИШТИРОКИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО ДАР АМАЛИСОЗИИ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲОИ БАРНОМА

29. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барномаҳои соҳавии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавононро барои солҳои 2018-2022 қабул карда, дар доираи имкониятҳои буҷетӣ чорабиниҳоро амалӣ менамоянд.

30. Ҳамзамон, оид ба натиҷаҳои амалишавии барнома ҳар сол то моҳи ноябр ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахбор пешниҳод менамоянд.

7. МЕХАНИЗМИ МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА

31. Маблағгузории чорабиниҳо оид ба амалишавии барнома дар солҳои 2018-2022 дар доираи маблағҳои пешбинишавандаи буҷети давлатӣ барои мақомоти идораи давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дар амалишавии барнома иштироккунанда, ҳамчунин аз ҳисоби ҷалби маблағҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ карда мешавад.

32. Ҳаҷми умумии маблағузории Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 9 млн 645 ҳазор сомониро ташкил дода, аз он 7 млн 750 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва 1 млн 895 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби дигар манбаъҳои маблағгузорӣ ташкил дода мешавад.

33. Маблағгузории барнома дар асоси нақшаи амалишавии чорабиниҳо дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин роҳҳо амалӣ мегарданд:

- бевосита. Маблағҳои барнома бевосита тавассути воҳидҳои сохтории Дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва мақомоти маҳаллии кор бо ҷавонон амалӣ гардонида мешаванд. Дар ин ҳолат ҷараёни маблағгузорӣ тартиби махсус ва ё мувофиқаи иловагиро талаб намекунад ва он бевосита аз ҷониби субъектхои зикршуда амалӣ мешавад;

- бавосита. Маблағҳои барнома ба воситаи ташкилотҳои система, марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, иттиҳодияи ҷамъиятии ҷавонон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар маҳал амалӣ гардонида мешаванд.

8. ҲАМОҲАНГСОЗӢ ВА АРЗЁБИИ ҶАРАЁНИ АМАЛИШАВИИ БАРНОМА

34. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил, ҳамоҳангсозӣ, арзёбӣ, мониторинг ва назорати корҳоро оид ба амалишавии барнома амалӣ менамояд, тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дар назар доштани вазъияти иҷтимоию иқтисодии мавҷуда пешниҳод манзур намуда, ҳамчунин назорати истифодаи мақсадноки маблағҳоро таъмин менамояд.

35. Ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии ҷараёни амалишавии барнома аз ҷониби Комиссияи махсуси барнома, ки онро ҳайати мушовараи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад, ба амал бароварда мешавад.

9. НАТИҶАҲОИ НИҲОИИ БАРНОМА

36. Натиҷаҳои амалишавии барнома аз рӯи нишондиҳандаҳои муайянкунандаи сифати ҳаёти ҷавонон ва ҳамгироии иҷтимоии онҳо бо ҷомеа арзёбӣ карда мешаванд. Амалишавии чорабиниҳои барнома ба инҳо имконият медиҳад:

- заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурдиҳӣ дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ташаккул ёбад;

- ҷиҳати ташаккули ҷабҳаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон заминаҳои мусоид фароҳам оварда шаванд;

- ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва адои хизмати самараноки ҳарбӣ дар назди Ватан-модар тарбия ёбанд;

- ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, тамаддунофарӣ, фарҳангдӯстӣ ва аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ дар байни ҷавонон, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа васеъ таблиғ гарданд;

- дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва фаъолгардонии ҷамъиятии ҷавонон имкониятҳои зарурӣ ташаккул дода шаванд;

- ташаббусҳои ҷавонон дар самти амалишавии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дастгирӣ ёбанд;

- сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон коҳиш ёбад;

- дастовардҳои истиқлолият, масъалаҳои бунёди ҷомеаи пешрафта ва мутамаддини шаҳрвандӣ байни ҷавонону наврасон тарғибу ташвиқ карда шаванд;

- ҷавонон ба меҳнат ва ҳифзи Ватан омода гашта, инчунин ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ҳалли масъалаҳои соҳаи маориф, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва нашъамандӣ, мукаммалгардонии ҳифозати шаҳрвандӣ ва маъмурӣ мусоидат карда шавад;

- ҷавонон, ихтиёриён ва афсарону сарбозон вобаста ба фаъолнокӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ ҳавасманд гардонида шаванд;

- имкониятҳо дар самти рушди ҷомеаи шаҳрвандии демократӣ ва фаъолгардонии ҷамъиятии ҷавонон ташаккул ёбад;

- ташаббусҳои ҷавонон оид ба амалишавии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон ҳамаҷониба дастгирӣ карда шаванд;

- фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон дастгирӣ ёбанд;

- фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ тақвият ёбад;

- эҳсоси ватандӯстӣ, ифтихори милливу хештаншиносӣ, ташаккули тафаккури баланди садоқат ба Ватан ва ифтихори миллӣ дар байни ҷавонон боло равад;

- эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои маънавӣ, забони модарӣ, таъриху фарҳанги қадим ва рамзҳои давлатӣ зиёд гардад;

- ҷиҳати хубтару беҳтар бо истифода аз усулҳои муосири таъсиррасонӣ таблиғи ғояҳои ватандӯстиву ифтихори миллӣ аз ҷониби тамоми мақомоти давлатӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд;

- тадбирҳои воқеӣ ҷиҳати пешгирии фаъолияти қувваҳои ифротгароӣ, ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷавонон оид ба ҳифзи Ватану миллат андешида ва густариш дода шаванд;

- роҳу усулҳои муосиру таъсирбахш ва самаранок дар байни ҷавонон ва ҷалби ихтиёриён ба хизмати ҳарбӣ таҳия ва амалӣ карда шаванд;

- масъалаи ҷалби ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва сари вақт иҷро гардидани нақшаи даъвати баҳориву тирамоҳӣ ба сатҳи сифатан нав барояд;

- асосҳои илмию назариявӣ, методию амалӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва кадрии сиёсати давлатии ҷавонон дар кори тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар ҷомеа тавсеа ва мустаҳкам гардад;

- фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти ватандӯстии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллӣ ҷоннок ва густариш ёбад;

- масъулияти тамоми масъулини мақомоти давлатӣ вобаста ба масъалаи тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон дучанд гардад;

- иштироки фаъоли насли ҷавон дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таъмин ва ба ин васила имконоти амалии ҷавонон тавассути пешоҳангии фармоиши иҷтимоии давлатӣ васеъ гардад;

- бо истифода аз роҳу усулҳои муосири муқовиматнокӣ поймолшавии ҳуқуқ ва манфиатҳои ҷавонони осебпазир пешгирӣ карда шаванд;

- механизми муосири муқовиматнокӣ ба таассуб, тундгароӣ, терроризму экстремизм дар байни ҷавонон таҳия ва амалӣ гарданд;

- ҷалби ҳавасмандсозии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳияи филмҳо ва барномаҳои театрии дорои мавзӯи ватандӯстона таъмин карда шаванд;

- имкониятҳо ва амалисозии босамари барномаи ихтиёриёни ҷавонон дар самти ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудани ҷавонон ва ҳавасмандгардонии сарбозони ихтиёрӣ таҳким ёбад;

- донишу маърифати ҷавонон дар самти фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ баланд бардошта шавад;

- барномаҳои гуногуни фарҳангӣ, ахлоқӣ, худшиносӣ, фароғатӣ ва бадеӣ дар байни ҷавонон дар шакли озмуну фестивалҳо таҳия ва амалӣ гарданд;

- ҷавонон дар рӯҳияи эҳтиром ва пос доштани фарҳанги миллии либоспушӣ ва эмин будан аз бегонапарастию худсириштӣ тарбия ёбанд;

- шаклу усулҳои наву самарабахши тарбияи ватанпарастӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон ташаккул ёбад.

Замима