ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 октябри соли 2017 № 920
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 октябри соли 2017 № 920
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2017 № 486
ҷонибдорӣ карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2017 № 486
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 521; с. 2014, №7, қ.2, мод.411) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
...
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 октябри соли 2017 № 920
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 декабри соли 2017 № 486
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013 "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 521; с. 2014, №7, қ.2, мод.411) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 8:
- қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"5. Аудити ҳатмии ҳарсола на дертар аз 30 июни соли баъд аз соли ҳисоботӣ гузаронида мешавад.".
- қисми 5 қисми 6 ҳисобида шавад.
3. Дар моддаи 10:
- ба қисми 1 сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- ҳангоми барӯйхатгирии дороию ӯҳдадориҳои фармоишгари аудит иштирок намоянд;";
- ба қисми 2 сархатҳои сеюм ва чорум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:
"- баҳисобгирии шартномаҳои басташуда оид ба хизматрасонии аудитиро амалӣ намоянд;
- хизматрасонии босифати аудиторӣ ва касбиро иҷро намоянд;".
4. Ба моддаи 24 қисми 7 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"7. Ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ барои додани хулосаи носаҳеҳ ва ё бардурӯғ масъул мебошанд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
2 январи соли 2018 № 1503