Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2017, № 596
тасдиқ шудааст
Низомномаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2018 № 536)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Агентӣ) мақоми идораи давлатӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва тибқи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистои ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт" таъсис дода шудааст.
2. Агентӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси фазои ҳавоӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба соҳаи авиатсияи гражданӣ, санадҳои байналмилалии ҳуқуқии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нюомномаи мазкур дастури амал қарор медиҳад.
3. Агентӣ фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо, дигар мақомоти идораи давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
2. Вазифаҳли Агентӣ
4. Вазифаҳои Агентӣ иборатанд аз:
- амалӣ намудани сиёсати давлатии ҳавопаймоӣ, ки ба қонеъгардонии талаботи аҳолӣ ва эҳтиёҷоти иқтисод ба ҳамлу нақли ҳавоӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ, инчунии фароҳам овардани шароит барои амнияти парвозҳо;
- таҳияи нақшаю барномаҳои рушди авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии онҳо дар асоси барномаҳои мақсадноки давлатӣ, миллӣ, байналмилалӣ ва соҳавӣ;
- татбиқи сиёсати ҳавопаймоии ҳамоҳангшуда дар фаъолияти байиалмилалӣ ва иқтисодии хориҷӣ, мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
- ташкили истифодаи қисми фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои хатҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии маҳаллӣ, минтақаҳои корҳои ҳавоӣ, фурудгоҳҳои гражданӣ муайян гардидааст;
- таҳия ва ҷорӣ намудани меъёрҳои ягонаи корҳои авиатсионӣ ва ҳамлу нақли ҳавоӣ, стандартҳои коршоямии парвозии ҳавопаймоҳо, система ва воситаҳои таъмини парвозҳо ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
- таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои истифодаи парвози ва техникии ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ, талаботи тахассусӣ нисбати ҳайати авиатсионӣ;
- таъмини барномаҳои давлатӣ оид ба бехатарии парвозҳо ва бехатарии авиатсионӣ;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо вазорату идораҳо, мақомоти дигари идораи давлатӣ, инчунин мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ ва таъмини ҳаракати озоди мусофирон ва борҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он;
- мусоидат дар анҷом додани дигаргуниҳои институтсионалӣ ва сохторӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
- таҳдиди маҷмӯии фаъолият ва дурнамои рушди авиатсияи гражданӣ, таҳияи тавсияҳо ва андешидани тадбирҳо оид ба таъмини фаъолият ва рушди устувори он;
- муқаррар, таъмин ва риояи меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, бехатарии авиатсионӣ;
- мусоидат ба баланд бардоштани самаранокии кор ва рақобатпазирии корхонаҳои авиатсияи гражданӣ дар бозори байналмилалӣ ва дохилии хизматрасониҳои нақлиётӣ;
- мониторинги тарифҳо ва пардохтҳое, ки корхонаҳои авиатсионӣ меситонанд;
- таъмини иҷрои уҳдадориҳое, ки аз созишномаҳо ва шартномаҳои байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои робитаҳои ҳавоӣ, инчунин шартномаҳои байналмилалии дигари марбут ба фаъолияти авиатсияи гражданӣ бармеоянд;
- гузаронидани гуфтушунидҳо бо маъмуриятҳои авиатсионии кишварҳои хориҷа оид ба батанзимдарории парвозҳои тарафайн;
- анҷом додани фаъолияти сертификатсионӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
- таъмини истифодаи авиатсияи гражданӣ, инчунин амалисозии барномаҳои махсус дар ҳолатҳои фавқулодда;
- намояндагӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар Созмони Байналмилалии Авиатсияи Гражданӣ (ИКАО), Кумитаи Байнидавлатии Авиатсионӣ (МАК) ва созмонҳои дигари авиатсияи гражданӣ.
3. Ваколатҳои Агентӣ
5. Агентӣ тибқи вазифаҳои ба зиммаи он гузошташуда ваколатҳои зеринро иҷро менамояд:
- назорати фаъолияти ташкилотҳо оид ба иҷрои шартҳои иҷозатномадиҳӣ ҳангоми анҷом додани фаъолият дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
- таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба тартиби фаъолияти авиатсияи граждан ва пешниҳоди онҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар доираи салоҳияти худ назорати иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла санадҳо оид ба таъмини бехатарии парвозҳо, таҳлили амалияи истифодаи онҳо дар авиатсияи гражданӣ, назорати фаъолияти истифодабарандагони ҳавопаймоҳо, истифодабарандагони фазои ҳавоӣ ва ташкилотҳои дигари дар соҳаи авиатсияи гражданӣ фаъолияткунада;
- иштирок дар таҳия ва амалисозии барномаҳои давлатии миллӣ ва консепсияҳои рушди авиатсияи гражданӣ, ташаккул ва амалисозии барномаҳои байнидавлатӣ ва байнисоҳавӣ;
- иштирок дар такмили системаи идоракунӣ ва механизмҳои иқтисодии танзими кори корхонаҳои авиатсионӣ дар шароити муносибатҳои бозорӣ;
- андешидани тадбирҳо оид ба гузаронидани чорабиниҳои зиддиинҳисорӣ дар авиатсияи гражданӣ ва рушди рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои ҳавопаймоӣ дар ҳамбастагӣ бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- асосноккунии эҳтиёҷот ба захираҳои молиявӣ, моддӣ ва меҳнатӣ барои амалисозии барномаҳои мақсадноки байнидавлатии рушди авиатсияи гражданӣ, таъмини фаъолияти устувор ва бехатари соҳа, иҷрои фармоиши давлатии мудофиавӣ ва эҳтиёҷоти дигари давлатӣ;
- иштирок дар танзими давлатии раванди сармоягузорӣ дар авиатсияи гражданӣ ва фароҳам овардани шароит барои ҷалби сармоягузориҳо, аз ҷумла хориҷӣ, ҳамкориҳо оид ба масъалаҳои мазкур бо сохторҳои молиявии байналмилалӣ;
- ташкили экспертизаи барномаҳо ва лоиҳаҳои рушди нақлиёти ҳавоӣ, инчунин иштирок дар ташкил ва гузаронидани экспертизаи барномаҳо ва лоиҳаҳои байнисоҳавии маҷмӯӣ;
- амалӣ намудани сиёсати ягонаи илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ташкили гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, лоиҳавӣ ва илмию техникӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ва таҳияи тавсияҳои созмонҳои соҳавии байналмилалӣ (байнидавлатӣ);
- пешбурди феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои гражданӣ, феҳристи давлатии фурудгоҳҳои гражданӣ, фурудгоҳҳои истифодаи муштарак, феҳристи давлатии истифодабарандагони нақлиёти ҳавоӣ ва феҳристи шаҳодатномаҳои мутахассисони авиатсияи гражданӣ;
- таҳия ва интишори қоидаҳо, низомномаҳо, меъёрҳои техникӣ, стандартҳои соҳавӣ оид ба масъалаҳои иитиқоли мусофирон, бағоҷ, борҳо, почта, иҷрои корҳои авиатсионӣ, истифодаи фазои ҳавоӣ ва хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (аз ҷумла метеорологӣ), истифодаи техникӣ ва таъмири техникаи авиатсионӣ, инчунин талаботи техникӣ ба воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва мавод тибқи тартиби муқарраргардида ва назорати риояи ин талабот дар доираи салоҳияти худ;
- ташкили таъсиси хатҳои нави ҳавоӣ тибқи тартиби муқарраргардида ва иштирок дар ҳамоҳангсозии ташаккули ҷадвали парвозҳои ҳавопаймоҳо дар хатҳои мунтазами дохилӣ ва байналмилалӣ;
- иҷозатномадиҳӣ бо додани иҷозатномаҳои нусхаи муқарраргардида барои фаъолияти зерин:
а) ҳамлу нақли мусофирон тавассути нақлиёти ҳавоӣ;
б) ҳамлу нақли борҳо тавассути нақлиёти ҳавоӣ;
в) фаъолият оид ба хизматрасонии техникии ҳаракати ҳавоӣ;
г) фаъолият оид ба хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо;
д) фаъолият оид ба таъмири ҳавопаймоҳо;
е) фаъолият оид ба истифодаи ҳавопаймоҳо дар соҳаҳои иқтисод;
ж) фаъолияти терминалҳои мусофирон ва борҳо;
- таҳияи қоидаҳои сертификатсия ва аттестатсия;
- сертификатсиякунонӣ бо додани сертификатҳои нусхаи муқарраргардида ба:
а) муассисаҳои авиатсионӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки ҳамлу нақли ҳавоӣ ва корҳои авиатсиониро анҷом медиҳанд ва таъмин менамоянд;
б) шахсони ҳуқуқӣ, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи авиатсиониро анҷом медиҳанд;
в) аэродромҳо ва фурудгоҳҳо;
г) марказҳои омӯзишии авиатсионӣ, ки мутахассисони сатҳи дахлдорро тибқи номгӯйи вазифаҳои ҳайати авиатсионӣ тарбия менамоянд;
д) ҳавопаймоҳо, дастгоҳҳои бесарнишини парвозкунанда, муҳаррикҳои ҳавопаймоҳо, винтҳои ҳавопаймоҳо, таҷҳизоти ҳавопаймо ва заминӣ;
е) иншоот ва шахсони ҳуқуқии дигар, ки фаъолияти онҳо бевосита ба таъмини бехатарии парвозҳо, ҳавопаймоҳо ё бехатарии ҳавопаймоӣ алоқаманд мебошад;
- сертификатсиякунонии таҷҳизот, иншоот, воситаҳо ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёти ҳавоӣ, новобаста аз шакли моликияташон;
- ташкил ва бо тартиби муқарраргардида гузаронидани аттестатсияи кормандон ва ҳайати роҳбарикунандаи соҳаи нақлиёти ҳавоӣ;
- аиҷомдиҳии аттестатсияи ҳайати авиатсионӣ;
- гузаронидани аккредитатсияи намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, ки фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистои ба роҳ мондаанд;
- ташкили таҳияи талаботи сертификатсионӣ ба ҳолати саломатии мутахассисони авиатсионӣ;
- ташаккули бозори хизматрасонии нақлиёти дар нақлиёти ҳавоӣ, таизим ва муайян намудани интиқолдиҳандагони авиатсионӣ тибқи самтҳо;
- ташкил ва дар доираи салоҳияти худ ҳамоҳангсозии иҷрои уҳдадориҳои шартномаҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои байииҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба масъалаҳои фаъолияти авиатсияи гражданӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида намояидагии Ҷумҳурии Тоҷикистои дар созмонҳои байналмилалии авиатсияи гражданӣ;
- назорати кори профилактикӣ оид ба таъмини бехатарии парвозҳои авиатсияи гражданӣ ва ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ;
- назорати иҷрои талаботи санадҳои меъёрӣ дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар гузаронидани чорабиниҳо оид ба танзими ҳолатҳои бӯҳронии вобаста ба забт ё рабудани ҳавопаймо ё амалҳои террористии ба вайрон кардани шартҳои бехатарии авиатсионӣ равонагардида якҷо бо мақомоти давлатии дигар иштирок намудан;
- ташкил ва таъмини корҳои ҷустуҷӯӣ ва садамавию наҷотдиҳӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор;
- ташкили комиссия оид ба таҳқиқоти ҳодисаҳои ҳавоӣ бо ҳавонаймоҳои ба феҳристи давлатии ҳавопаймоҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, иичунин ҳавопаймоҳои давлатҳои хориҷӣ дар ҳолатҳои шабеҳ, агар ҳодиса дар доираи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рух дода бошад;
- ба ҳисобгирии ҳодисаҳои ҳавоӣ ва фавқулодда бо ҳавопаймоҳои авиатсияи гражданӣ, таҳлили ҳолати бехатарии парвозҳо, таҳияи тавсияҳо ва чорабиниҳо доир ба таъмини бехатарии парвозҳо ва назорати иҷроиши онҳо, хабардор намудани мақомот ва ташкилотҳои дахлдори давлатӣ аз ҳолати бехатарӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
- ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо доир ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, таъмини интиқоли мутахассисон, воситаҳои техникӣ ва захираҳои моддии барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва аиҷомдиҳии чорабиниҳои таҳияи (эвакуатсионӣ) зарур;
- таҳияи хатҳои ҳавоӣ, хатҳои ҳавоии дохилӣ ва самтҳои ростшавии онҳо, минтақаҳо ва ноҳияҳои идораи ҳаракати ҳавоӣ, минтақаҳои манъ ва минтақаҳои маҳдудкунии истифодаи фазои ҳавоӣ, самтҳои доимии парвозҳои берун аз хат, қоидаҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ (тартиби банақшагирӣ, ҳамоҳангсозӣ ва хизматрасонии бевоситаи ҳаракати ҳавоӣ);
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани низоми фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва фурудгоҳҳои барои парвозҳои байналмилалӣ бозбуда;
- додани иҷозат барои интиқоли борҳои хатарнок ва муқаррар намудани қоидаҳои интиқоли ҳавоии онҳо;
- мусоидат барои таъсис ва фаъолияти, гурӯҳҳои молиявию саноатӣ ва сохторҳои трансмиллӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ;
- якҷо бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки химатрасонии ҳамлу нақли ҳавоӣ, ҳуҷҷатҳои танзими фаъолият ҳангоми барасмиятдарории мусофирон, бағоҷ ва борҳоро танзим менамоянд;
- ташкил, ҳамоҳангсозӣ ва назорати иҷрои чорабиниҳо дар авиатсияи гражданӣ, ки ба амалисозии вазифаҳои мудофиаи гражданӣ, омодагии сафарбарӣ, таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва тиҷоратӣ ва дигар иттилооти хизматӣ равона гардидааст;
- ҷамъбаст ва таҳлили иттилооти давлатии оморӣ дар авиатсияи гражданӣ;
- амалӣ намудани тадбирҳо оид ба пешбурд ва нигоҳдории махзани маълумоти соҳа, ташкили таъминоти иттилоотии авиатсияи гражданӣ.
4. Ҳуқуқҳои Агентӣ
6. Агентӣ ҳуқуқ дорад:
- барои истифодаи қисми фазои ҳавоии барои авиатсияи гражданӣ ҷудогардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои тамоми навъҳои фаъолият дар авиатсияи гражданӣ, ки ба бехатарии парвозҳо таҳдид мекунанд, иҷозат диҳад (манъ кунад);
- барои сохтмони (таҷдиди) объектҳое, ки истифода ё баландии онҳо бо истифодаи фазои ҳавоӣ вобаста аст ё ба бехатарии парвозҳо таҳдид мекунанд, розигӣ диҳад;
- назорати коршоямии воситаҳои техникӣ ва муҳлатҳои муқарраргардидаи истифодаи таҷҳизоти заминии таъмини парвозҳо, кори мақомоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ва истифодаи фазои ҳавоиро анҷом диҳад;
- тибқи тартиби муқарраргардида дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии соҳа ва дархостҳои ҷамъбастии маблағгузори хароҷотро аз буҷети давлатӣ пешниҳод намояд;
- дар ҳалли масъалаҳои маблағгузории авиатсияи гражданӣ, барномаҳои мақсадноки байнидавлатӣ ва давлатии рушди он иштирок намояд;
- модификатсияҳои ҳавопаймоҳои гражданиро тасдиқ намояд ва санҷиши ҳатмии онҳоро гузаронад;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои анҷомдиҳии фаъолият дар авиатсияи гражданӣ иҷозатнома диҳад, амали онҳоро дар ҳолати ошкор гардидани камбудиҳо боздорад ё бекор кунад, тибқи тартиби муқарраргардида доир ба андозаҳои пардохтҳо ва боҷҳое, ки аз интиқолдиҳандагони хориҷии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифодабаранда ситонида мешаванд, пешниҳодҳо ворид намояд;
- фаъолияти сертификатсиониро анҷом диҳад, шаклҳои ҳуҷҷатҳои сертификатсиониро, ки тибқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ таҳия гардидаанд, таҳия ва ҷорӣ намояд;
- фаъолияти ташкилотҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳои гражданиро тасдиқ ва назорат намояд, иттилоот оид ба нигоҳдории ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро назорат кунад, доир ба дастгирӣ намудани ҳолати қобили парвоз будан дастур интишор намояд;
- сертификатҳои ҳолати қобили парвоз будани ҳавопаймоҳои гражданиро баррасӣ намояд, амали шаҳодатномаҳои истифодабарандагон, сертификатҳоро боздорад, додани онҳоро рад намояд, онҳоро бекор кунад (мусодира намояд);
- бо мақомоти давлатии ваколатдори давлатҳои дигар квотаҳои анҷомдиҳии ҳамлу нақли байналмилалӣ тавассути нақлиёти ҳавоӣ ва шартҳои иҷрои онҳоро мувофиқа намояд;
- ҳавопаймоиро ба сифати интиқолдиҳандагони ҳавоӣ дар самтҳои муқарраршуда барои иҷрои шартҳои созишномаҳои байниҳукуматӣ таъин ва озод намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои парвозҳои мунтазам ва чартерӣ иҷозат диҳад;
- ҳолати қобили кор будани ҳайати авиатсиониро тибқи талаботи тахассусии дар авиатсияи гражданӣ амалкунанда арзёбӣ намояд, инчунин
шаҳодатномаҳои ҳайати авиатсиониро, ки дигар давлатҳо додаанд, баррасӣ ва эътироф намояд;
- санҷишҳои фаъолияти корхонаҳои авиатсиониро оид ба мутобиқат ба шартҳои бехатарии парвозҳои ҳавопаймоҳо, инчунин бехатарии авиатсионӣ анҷом диҳад, тибқи тартиби муқарраргардида санҷишҳои фаъолияти корхонаҳои (ширкатҳои) авиатсияи гражданиро оид ба риояи Қонунгузорӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, талаботи техникии бехатарӣ ва меъёрҳои экологӣ таъин намояд ва гузаронад, ҷиҳати рафъи камбудиҳои ошкоргардида тадбирҳо андешад;
- санҷишҳои нозиротии ҳавопаймоҳои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷиро, ки ба фурудгоҳҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвозҳоро амалӣ менамояид, амалӣ намояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки иҷрояшон барои ҳама иштироккунандагони ҳамкорӣ дар соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад, таҳия намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои тасдиқ пешииҳод намояд;
- санадҳои меъёрии роҳбарони корхонаҳои ҳавопаймоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба меъёрҳои қонунгузории амалкунанда дар соҳаи авиатсияи гражданӣ мутобиқ нестанд ва ба бехатарни парвозҳо таъсир мерасонанд, бекор кунад ё дар хусуси бекор кардани онҳо ба мақомоти салоҳиятдор муроҷиат намояд;
- аз корхонаҳои авиатсионӣ ва ташкилотҳои авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодабарандагони дигари фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Агентӣ гузошташуда зарурро гирад;
- доир ба саҳомикунонӣ ва хусусигардонии корхонаҳо ва иншоотҳои авиатсияи гражданӣ, ки моликияти давлатӣ мебошанд, таклифҳо пешниҳод намояд;
- нашрияҳо таъсис диҳад, фаъолияти нашриётиро анҷом диҳад;
- конференсияҳо, машваратҳо ва семинарҳо гузаронад, доир ба масъалаҳои такмил ва рушди авиатсияи гражданӣ намоишгоҳҳо ташкил намояд;
- оид ба лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии дигари мансуб ба манфиатҳои соҳаи нақлиёти ҳавоӣ хулоса диҳад;
- Агентӣ метавонад ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад.
5. Ташкили фаъолият
7. Ба Агентӣ директор роҳбарӣ мекунад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Дирсктори Агентӣ роҳбарии соҳаи фаъолияти ба зиммаи ӯ гузошташударо дар асоси яккасардорӣ анҷом медиҳад ва барои иҷрои вазифаю функсияҳои ба зиммаи Агентӣ вогузошта масъулияти шахсӣ дорад.
Директори Агентӣ муовин дорад, ки бо пешниҳоди ӯ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Воҳидҳои сохтории Агентӣ аз раёсатҳо ва шуьбаҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти Агентӣ иборат мебошанд.
8. Директори Агентӣ вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
- роҳбарии умумии фаъолияти Агентиро амалӣ намуда, кори онро ташкил менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ва шартномаҳои байналмилалиро дар соҳаи авиатсияи гражданӣ ба имзо мерасонад;
- низомномаҳои раёсатҳо ва шуъбаҳои Агентиро тасдиқ менамояд;
- нақшаи корӣ ва дурнамои нишондиҳандаҳои фаъолияти воҳидҳои сохтори Агентиро тасдиқ менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар бобати таъмиии маблағгузории фаъолияти Агентӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии корхонаҳо ва муассисаҳои давлатии дар сохтори Агентӣ қарордоштаро пешниҳод менамояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси озмун мутахассисони дорои таҳсилоти асосии авиатсиониро ба Агентӣ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намуда, дастурамалҳои вазифавии онҳоро тасдиқ менамояд;
- уҳдадориҳо, доираи ваколатҳоро муайян менамояд ва дараҷаи масъулияти роҳбарони раёсатҳо ва шуъбаҳои Агентиро муқаррар мекунад;
- фармоишҳо ва дастурҳо интишор менамояд, ки иҷрои он аз ҷониби кормандоии Агентӣ, инчунин ҳамаи субъектҳои авиатсияи граждаиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ мебошад;
- тибқи тартиби муқарраргадида кормандони шоистаи хизматнишондодаро ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
- ваколатҳои дигарро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
9. Низомнома, сохтор, нақшаи идоракунӣ ва шумораи ниҳоии кормандон Агентӣ, инчунин тартиби ҷойгиркунӣ ва маблағгузории Агентиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва тасдиқ менамояд.
10. Кормандони Агентӣ уҳдадоранд сатҳи тахассусии худро, ки барои иҷрои самараноки уҳдадориҳои вазифавии худ зарур аст, нигоҳ доранд.
11. Мутахассисони Агентӣ аз ҳама имтиёзҳое, ки дар авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, баҳраманд мебошанд.
12. Мутахассисони Агентӣ бо мақсади гузаронидани назорат ва мониторинг ҳуқуқ доранд, ки ба ҳудуди корхонаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси корти идентификатсионии намунаи байналмилалӣ ворид гарданд.
13. Барои назорати парвозҳои истифодабарандагон ва иҷрои талаботи қоидаҳои парвоз ва ҳуҷҷатҳои дигари танзимкунандан кори
парвоз, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистои амал мекунанд, мутахассисони Агентӣ ҳуқуқ доранд ба супоришҳои парвозҳо бо риояи талаботи муқарраргардида ворид карда шаванд.
14. Дар Агентӣ комиссияи олии тахассусӣ таъсис дода шуда, он тибқи низомномае, ки директори Агентӣ тасдиқ менамояд, амал мекунад.
15. Мутахассисони Агентӣ ҳуқуқ доранд, ки шаҳодатнома ва либоси махсус дошта бошанд, ки намуна ва муҳлати додани онҳо аз ҷониби директори Агентӣ тасдиқ карда мешавад.
16. Агентӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз молу мулк ва биноҳои хизматии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он вобастакардашуда истифода мебарад.
17. Агентӣ баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии муҳосибавӣ, инчунии ҳисоботи омориро тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш мебарад.
18. Директори Агентӣ комиссияи таҳқиқоти ҳодисаҳо ва воқеаҳои авиатсиониро роҳбарӣ менамояд.
19. Агентӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистои ва номи худ, инчунин штампҳо, бланкҳо ва суратҳисоб дар низоми хазинадорӣ мебошад.
20. Суроғаи ҳуқуқии Агентӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Айнӣ, 14.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" декабри соли 2017, № 596
тасдиқ шудааст
Сохтори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Роҳбарият
2. Раёсати назорат
3. Раёсати танзим ва стандартҳо
4. Шуъбаи кадрҳо ва ҳуқуқ
5. Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ
6. Шуъбаи молия ва иқтисод
7. Шуъбаи коргузорӣ
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 ноябри соли 2018, № 536
тасдиқ шудааст
Номгӯи корхона ва дигар ташкилотҳои системаи Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷикаэронавигатсия"
2. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе"
3. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд"
4. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб"
5. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар"
6. Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр"
ПОЛОЖЕНИЕ об Агентстве гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан
(в редакции постановления Правительства РТ от 02.11.2018Г.№536)
1. Общие положения
1. Агентство гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Агентство) является органом государственного управления в области гражданской авиаций Республики Таджикистан и образовано в соответствии с Воздушным кодексом Республики Таджикистан и Законом Республики Таджикистан "О транспорте".
2. Агентство в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами, законами Республики Таджикистан, Воздушным кодексом, нормативными правовыми актами, относящимися к сфере гражданской авиации, международно-правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.
3. Агентство осуществляет свою деятельность во взаимодействии с министерствами, ведомствами и другими органами государственного управления в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
2. Задачи Агентства
4. Основными задачами Агентства являются:
- реализация государственной авиационной политики, направленной га удовлетворение спроса населения и потребностей экономики в авиационных перевозках и других видах услуг, а также создания условий для безопасности полетов;
- разработка планов и программ развития гражданской авиации Республики Таджикистан и их реализация на основе государственных, национальных, межгосударственных и отраслевых целевых программ; реализация скоординированной авиационной политики в международной и внешнеэкономической деятельности, содействие международному и региональному сотрудничеству в области гражданской авиации;
- организация использования части воздушного пространства Республики Таджикистан, определенной в установленном порядке для воздушных трасс, местных воздушных линий, районов авиационных работ, гражданских аэродромов и аэропортов;
- разработка м внедрение единых норм по авиационным работам и перевозкам, стандартов летной годности воздушных судов, систем и средств обеспечения полетов и обслуживания воздушного движения;
- разработка стандартов и норм летной и технической эксплуатации гражданских воздушных судов, квалификационных требований к авиационному персоналу;
- обеспечение государственных программ по безопасности полетов и авиационной безопасности;
- координация совместной с министерствами, ведомствами, другими органами государственного управления, а также местными органами государственной власти деятельности по реализации государственной политики и обеспечению свободного перемещения пассажиров и грузов воздушным транспортом по территории Республики Таджикистан и за её пределами;
- содействие в проведении институциональных и структурных преобразований в области гражданской авиации;
- комплексный анализ деятельности и прогноз развития гражданской авиации, выработка рекомендаций и реализация мер по обеспечению её устойчивого функционирования и развития;
- установление, обеспечение и следование нормам по безопасности и защиты потребителя, охране окружающей среды и природных ресурсов, авиационной безопасности;
- содействие повышению эффективности работы и конкурентоспособности предприятий гражданской авиации на международном и внутреннем рынке транспортных услуг;
- мониторинг тарифов и сборов, взимаемых авиапредприятиями;
- обеспечение выполнения обязательств, вытекающих из межправительственных соглашений и договоров по вопросам воздушных сообщений, а также других международных договоров, относящихся к деятельности гражданской авиации;
- проведение переговоров с авиационными властями зарубежных стран по регулированию двусторонних полетов;
- осуществление сертификационной деятельности и лицензирования в области гражданской авиации;
- обеспечение использования гражданской авиации, а также реализация специальных программ в чрезвычайных ситуациях;
- представление Республики Таджикистан и защита государственных интересов в Международной организации гражданской авиации (ИКАО), Межгосударственном авиационном комитете (МАК) и других международных организациях гражданской авиации.
3. Полномочия Агентства
5. Агентство в соответствии с возложенными на него задачами осуществляет следующие полномочия:
- контроль за деятельностью организаций по выполнению лицензионных условий при осуществлении деятельности в области гражданской авиации;
- разработка проектов нормативных-правовых актов, определяющих порядок функционирования гражданской авиации и внесение их в установленном порядке на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан;
- контроль в пределах своей компетенции исполнения нормативных правовых актов, в том числе актов по обеспечению безопасности полетов, анализ практики их применения в гражданской авиации, осуществление надзора за деятельностью эксплуатантов воздушных судов, пользователей воздушного пространства и других организаций, осуществляющих деятельность в области гражданской авиации;
- участие в разработке и реализации государственных национальных программ и концепций развития гражданской авиации, в формировании и реализации межгосударственных и межотраслевых программ;
- участие в совершенствовании системы управления и экономических механизмов регулирования работы авиапредприятий в условиях рыночных отношений;
- применение мер по проведению антимонопольных мероприятий в гражданской авиации и развитию добросовестной конкуренции на рынке авиационных услуг совместно с Антимонопольной службой при Правительстве Республики Таджикистан;
- обоснование потребности в финансовых, материальных и трудовых ресурсах для реализации межгосударственных целевых программ развития гражданской авиации, обеспечения устойчивого и безопасного функционирования отрасли, выполнения государственного оборонного заказа и других государственных нужд;
- участие в государственном регулировании инвестиционного процесса в гражданской авиации и создании условий для привлечения инвестиций, в том числе иностранных, взаимодействие по этим вопросам с международными финансовыми институтами;
- организация экспертизы программ и проектов развития воздушного транспорта, а также участие в организации и проведении экспертизы комплексных межотраслевых программ и проектов;
- осуществление единой научно-технической политики в гражданской авиации, проведение научно-исследовательских, проектных и научно-технических разработок в гражданской авиации, разработка рекомендаций международных (межгосударственных) отраслевых организаций;
- ведение государственного реестра гражданских воздушных судов, государственного реестра гражданских аэродромов, аэродромов совместного использования, государственного реестра эксплуатантов воздушного транспорта и реестра свидетельства специалистов гражданской авиации;
- разработка и издание в установленном порядке, правил, положений, технических норм, отраслевых стандартов по вопросам перевозок пассажиров, багажа, грузов, почты, выполнения авиационных работ, использования воздушного пространства и обслуживания воздушного движения (в том числе метеорологического), технической эксплуатации и ремонта авиационной техники, а также технических требований к транспортным средствам, оборудованию и материалам, контроль в пределах своей компетенции за соблюдением этих требований;
- организация в установленном порядке открытия новых воздушных линий и участие в координации формирования расписания движения воздушных судов на регулярных внутренних и международных воздушных линиях;
- лицензирование с выдачей лицензии установленного образца на:
а) перевозки воздушным транспортом пассажиров;
б) перевозки воздушным транспортом грузов;
в) деятельность по техническому обслуживанию воздушного движения;
г) деятельность по техническому обслуживанию воздушных судов;
д) деятельность по ремонту воздушных судов;
е) деятельность по применению авиации в отраслях экономики;
ж) деятельность пассажирских и грузовых терминалов;
- разработка правил сертификации и аттестации;
- сертификация с выдачей сертификатов установленного образца:
а) авиационных предприятий и индивидуальных предпринимателей, осуществляющих и обеспечивающих воздушные перевозки и авиационные работы;
б) юридических лиц, осуществляющих техническое обслуживание и ремонт авиационной техники;
в)аэродромов и аэропортов;
г) авиационных учебных центров, осуществляющих подготовку специалистов соответствующего уровня, согласно перечням должностей авиационного персонала;
д) воздушных судов, беспилотных летательных аппаратов, авиационных двигателей, воздушных винтов, бортового и наземного оборудования;
е) других объектов и юридических лиц, деятельность которых непосредственно связана с обеспечением безопасности полётов, воздушных судов или авиационной безопасности;
- сертификация оборудования, объектов, средств и услуг воздушного транспорта;
- организация и проведение в установленном порядке атестации работников и руководящего состава в области воздушного транспорта;
- осуществление аттестации авиационного персонала;
- проведение аккредитации представительств иностранных авиакомпаний, осуществляющих свою деятельность в Республике Таджикистан;
- организация разработки сертификационных требований к состоянию здоровья авиационных специалистов;
- содействие в формировании рынка транспортных услуг на воздушном транспорте, регулирование и назначения авиационных перевозчиков по направлениям;
- организация и координация в рамках своей компетенции выполнения обязательств международных договоров и межправительственных соглашений Республики Таджикистан, касающихся вопросов деятельности гражданской авиации, представление в установленном порядке интересов Республики Таджикистан в международных организациях гражданской авиации;
- контроль за профилактической работой по обеспечению безопасности полетов гражданских воздушных судов и организацией воздушного движения в органах обслуживания воздушного движения;
- контроль выполнения требований нормативных актов в гражданской авиации Республики Таджикистан;
- участие совместно с другими государственными органами в проведении мероприятий по урегулированию кризисных ситуаций, связанных с захватом или угоном воздушного судна, или террористическими актами, направленными на нарушение условий авиационной безопасности;
- участие в организации и обеспечении поисковых и аварийно-спасательных работ при взаимодействии с соответствующими министерствами и ведомствами;
- создание комиссии по расследованию авиационных происшествий с воздушными судами, внесенными в государственный реестр гражданских воздушных судов Республики Таджикистан, а также воздушных судов иностранных государств в аналогичной ситуации, если происшествие произошло в пределах территории Республики Таджикистан;
- учет авиационных и чрезвычайных происшествий с гражданскими воздушными судами, анализ состояния безопасности полетов, разработка рекомендаций и мероприятий по обеспечению безопасности полетов и контроль за их выполнением, информирование в установленном порядке о состоянии безопасности заинтересованных государственных органов и организаций;
- организация и проведение мероприятий по предотвращению и ликвидации чрезвычайных ситуаций, обеспечение доставки специалистов, технических средств и материальных ресурсов, необходимых для ликвидации чрезвычайных ситуаций и осуществления эвакуационных мероприятий;
- разработка воздушных трасс, внутренних воздушных линий и маршрутов их спрямления, зоны и районы управления воздушным движением, запретные зоны и зоны ограничения использования воздушного пространства, постоянные маршруты внетрассовых полетов, правила обслуживания воздушного движения (порядок планирования, координация и непосредственного обслуживания воздушного движения);
- установление режима международных аэродромов и аэродромов, открытых для международных полетов, в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан;
- выдача разрешения на перевозку опасных грузов и установление правил их перевозки воздушным транспортом;
- разработка совместно с другими министерствами и ведомствами Республики Таджикистан нормативных-правовых актов, регулирующих обслуживание авиаперевозок, документов по координации деятельности при оформлении пассажиров, багажа и грузов;
- организация, координация и контроль выполнения в гражданской авиации мероприятий, направленных на реализацию задач гражданской обороны, мобилизационной подготовки, обеспечение защиты государственной и коммерческой тайны и другой служебной информации;
- обобщение и анализ государственной статистической информации в гражданской авиации;
- осуществление мер по ведению и хранению банков данных по отрасли, организация информационного обеспечения гражданской авиации.
4. Права Агентства
6. Агентство имеет право:
- выдавать разрешения (запреты) на использование выделенной для гражданской авиации части воздушного пространства Республики Таджикистан, а также на все виды деятельности в гражданской авиации, представляющие угрозу безопасности полетов;
- давать согласие на строительство (реконструкцию) объектов, эксплуатация или высота которых связана с использованием воздушного пространства или представляет угрозу для безопасности полетов;
- осуществлять контроль и надзор за годностью технических средств и установленными сроками эксплуатации наземного оборудования обеспечения полетов, работой органов обслуживания воздушного движения и использованием воздушного пространства;
- представлять в установленном порядке прогнозы социально-экономического развития отрасли и сводные заявки на финансирование из государственного бюджета расходов;
- принимать участие в решении вопросов финансирования гражданской авиации, межгосударственных и государственных целевых программ его развития;
- утверждать модификации гражданских воздушных судов и производить их обязательную проверку;
- выдавать в установленном порядке юридическим и физическим лицам лицензии на осуществление деятельности в гражданской авиации, приостанавливать действие или аннулировать их в случае выявления нарушений, вносить в установленном порядке предложения о размерах платы и сборов, взимаемых с иностранных перевозчиков, пользующихся воздушным пространством Республики Таджикистан;
- осуществлять сертификационную деятельность, разрабатывать и вводить в действие формы сертификационных документов, разработанных соответствии с международными нормами и стандартами;
- утверждать и контролировать деятельность организаций по техническому обслуживанию гражданских воздушных судок, контролировать информацию о сохранении летной годности гражданских воздушных судов, издавать директивы по поддержанию летной годности;
- рассматривать, выдавать, возобновлять силу сертификатов летной годности гражданских воздушных судов, приостанавливать действие, отказывать в выдаче и аннулировать (производить изъятие) свидетельств эксплуатантов, сертификатов;
- согласовывать с полномочными государственными органами других государств и утверждать квоты на осуществление международных перевозок воздушным транспортом и условия их выполнения;
- назначать и отстранять авиапредприятия в качестве авиаперевозчиков на установленных маршрутах для выполнения условий межправительственных соглашений;
- выдавать в установленном порядке разрешения на выполнение регулярных и чартерных рейсов;
- производить оценку годности авиационного персонала квалификационным требованиям, действующим в гражданской авиации, а также рассматривать и признавать свидетельства авиационного персонала, выданные иными государствами;
- осуществлять проверки деятельности авиапредприятий на соответствие условиям безопасности полетов, эксплуатации воздушных судов, а также авиационной безопасности, назначать и проводить в установленном порядке проверки деятельности авиапредприятий (компаний) гражданской авиации по соблюдению законодательства в сфере гражданской авиации, технических требований безопасности и экологических норм, принимать меры по устранению выявленных нарушений;
- осуществлять инспекционные проверки иностранных авиакомпаний, которые выполняют полеты в аэропорты Республики Таджикистан;
- разрабатывать нормативные правовые акты, обязательные для исполнения всеми участниками взаимоотношений в области гражданской авиации Республики Таджикистан и представлять в установленном порядке на утверждение;
- отменять либо ходатайствовать об отмене в компетентные органы государства нормативных актов руководителей авиапредприятий Республики Таджикистан, не соответствующих нормам действующего законодательства в сфере гражданской авиации и влияющих на безопасность полетов;
- получать от авиапредприятий и организаций гражданской авиации Республики Таджикистан и других эксплуатантов - пользователей воздушного пространства Республики Таджикистан информацию, необходимую для выполнения возложенных на Агентство задач;
- представлять предложения об акционировании и приватизации предприятий и объектов гражданской авиации, находящихся в государственной собственности;
- учреждать печатные издания и организовывать издательскую деятельность;
- проводить конференции, совещания и семинары, организовывать выставки по проблемам совершенствования и развития гражданской авиации;
- давать заключения по проектам, законодательных и иных нормативных актов, затрагивающих интересы отрасли воздушного транспорта.
Агентство может иметь иные права, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан.
5. Организация работы
7. Агентство возглавляет директор, назначаемый на должность и освобождаемый от должности Правительством Республики Таджикистан.
Директор Агентства осуществляет руководство порученной ему сферой деятельности и несет персональную ответственность за выполнение возложенных на Агентство функций и задач.
Директор Агентства имеет заместителя, назначаемого на должность и освобождаемого от должности Правительство Республики Таджикистан по его представлению.
Структурные подразделения Агентства состоят из управлений и отделов по основным направлениям деятельности Агентства.
8. Директор Агентства выполняет следующие задачи:
- осуществляет общее руководство деятельностью Агентства и организует его работу;
- от имени Правительства Республики Таджикистан в установленном порядке подписывает межправительственные соглашения о воздушном сообщении и международные договоры в области гражданской авиации;
- утверждает положения об управлениях и отделах Агентства;
- утверждает план работ и прогнозные показатели деятельности структурных подразделений Агенства;
- вносит в Министерство финансов Республики Таджикистан предложения по формированию республиканского бюджета в части финансового обеспечения деятельности Агентства;
- представляет в Правительство Республики Таджикистан в установленном порядке предложения о создании, реорганизации и ликвидации государственных предприятий и учреждений, находящихся в системе Агентства;
- назначает на должность на конкурсном основе специалистов с базовым авиационным образованием и освобождает от должности, в установленном порядке, сотрудников Агентства, утверждает их должностные инструкции;
- определяет обязанности, круг полномочий и устанавливает степень ответственности руководителей управлении и отделов Агентства;
- издает распоряжения и указания, подлежащие обязательному исполнению работниками Агентства, а также всеми субъектами гражданской авиации Республики Таджикистан;
- представляет в установленном порядке особо отличившихся работников к награждению государственными наградами Республики Таджикистан;
- осуществляет другие полномочия в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
9. Положение, структура, схема управления и предельная численность Агентства, а также порядок размещения и финансирования Агентства устанавливаются и утверждаются Правительством Республики Таджикистан.
10. Работники Агентства обязаны поддерживать уровень своей квалификации, необходимый для эффективного исполнения своих должностных обязанностей.
11. На специалистов Агентства распространяются вес льготы, действующие в гражданской авиации Республики Таджикистан.
12. Специалисты Агентства в целях проведения надзора и мониторинга имеют право входить на территорию авиапредприятий Республики Таджикистан на основании идентификационной карты международного образца.
13. Для осуществления контроля за безопасностью полётов эксплуатантов и выполнения требований, действующих в Республике Таджикистан, правил полётов и других актов, регламентирующих лётную работу, специалисты Агентства имеют право включаться в полётные задания с соблюдением установленных требований.
14. В Агентстве создается высшая квалификационная комиссия, действующая, в соответствии с положением, утверждаемым директором Агентства.
15. Специалисты Агентства имеют право владеть удостоверением и специальной одеждой, образцы и сроки выдачи которых утверждаются директором Агентства.
16. Агентство в установленном порядке пользуется закрепленным за ним имуществом и служебными помещениями в Республике Таджикистан.
17. Агентство ведет бухгалтерский учет и отчетность, а также статистическую отчетность в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
18. Директор Агентства руководит комиссией по расследованию авиационных происшествий и инцидентов.
19. Агентство является юридическим лицом, имеет печать с изображением Государственного герба Республики Таджикистан и со своим наименованием, а также штампы, фирменные бланки и счета в системе казначейства.
21. Юридический адрес Агентства: Республики Таджикистан, город Душанбе проспект Айни, 14.
Приложение 2
Утверждена
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от 29 декабря 2017 года, №596
Структура Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан
1. Руководство
2. Управление по надзору
3. Управление регулирования и стандартов
4. Отдел кадров и права
5. Отдел международных связей
6. Отдел финансов и экономики
7. Отдел делопроизводства
ПЕРЕЧЕНЬ предприятий и другие организаций системы Агентства гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан
1. Государственное унитарное предприятие "Таджикаэронавигация"
2. Открытое акционерное общество "Международный аэропорт Душанбе"
3. Открытое акционерное общество "Международный аэропорт Худжанд"
4. Открытое акционерное общество "Международный аэропорт Куляб"
5. Открытое акционерное общество "Международный аэропорт Бохтар"
6. Открытое акционерное общество "Таджик Эйр"