Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2017, № 597
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, назорати давлатии фаъолияти тиббию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фармасевтиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад .
2. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ", фармон ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо анҷом медиҳад.
4. Хадамот ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он пешбинишуда, инчунин муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамот метавонанд ҳамчун пойгоҳи таълимию методии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии тиббӣ ва фармасевтӣ истифода шаванд.
2. ВАКОЛАТҲОИ ХАДАМОТ
5. Хадамот дар соҳаи муқарраргардида вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:
- ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ, назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, анҷом медиҳад;
- ҳуқуқи истифодабарандагони хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоиро ба гирифтани кумакҳои тиббию санитарӣ ва иҷтимоӣ дар ҳаҷм ва сифатҳои аз ҷониби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида таъмин менамояд;
- фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд;
- назорати ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии шаҳрвандонро бобати таъмини сифати дахлдори хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои тандурустӣ ва хизматрасонин иҷтимоӣ анҷом дода мешаванд, таъмин менамояд;
- қоидаҳои санҷишҳои нақшавӣ, ғайринақшавӣ, такрорӣ ва иловагиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор", аккредитатсияи муассисаҳои тандурустиро (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ), ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷишӣ, калибровкакунонӣ ва мақомоти сертификатсионӣ, таҳия менамояд ва бо мақсади арзёбии мутобиқати онҳо ба меъёрҳои қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои мазкурро анҷом медиҳад;
- таҳияи стандартҳоро ҷиҳати расонидани кумакҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд;
- экспертизаи хизматрасонии босифати тиббиро ташкил ва амалӣ менамояд;
- дар доираи фаъолияти худ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат ҳамкорӣ менамояд;
- сифати хизматрасониҳоро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки расонидани кумаки тиббию санитариро ба шаҳрвандон амалӣ месозанд, новобаста аз шакли моликият, тобеияти идоравӣ ва самти фаъолият, назорат менамояд;
- сифати хизматрасониҳои ташхисӣ (озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои ташхиси вазифавӣ, томографияи компютерӣ, томографияи магнитии резонансӣ, ташхиси фаросавтӣ, рентгенӣ ва ғайра)-ро назорат менамояд;
- ҷиҳати бартараф намудани номутобиқатиҳо дар фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, ки ҳангоми санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсионӣ ошкор карда шудаанд, тавсия ва амрномаҳо пешниҳод менамояд;
- назорати тафтишотиро ҷиҳати иҷрои тавсияҳо ва амрномаҳои Хадамот аз рӯи натиҷаҳои санҷишҳо ва экспертизаҳои аккредитатсионӣ ҳамоҳанг месозад;
- тайёр намудани хулосаҳои кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуддати амалисозии меъёрҳо ва қоидаҳо дар соҳаи пешниҳод намудани кумакҳои тиббию санитарӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ҳамчунин талаботи стандарҳҳои тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ қабулгардидаро таъмин менамояд;
- ба баррасии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмил додани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббии ба шаҳрвандон расонидашаванда таклифҳо пешниҳод менамояд;
- назоратро аз болои фаъолияти шӯроҳои тиббии муассисаҳои тандурустӣ, комиссияҳои табибӣ ва табибию машваратӣ, комиссияҳо оид ба сифати хизматрасонии тиббӣ ва бехатарии кумаки тиббӣ ва комиссияҳои таҳлили ҳолатҳои марганҷомӣ ба роҳ мемонад;
- феҳристи муассисаҳои аккредитатсияшудаи тандурустиро (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ), ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷишӣ, калибровкакунонӣ ва мақомоти сертификатсионӣ, пеш мебарад;
- шахсони манфиатдор ва исхифодабарандагони эҳтимолии хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ бевосита ё тавассути воситаҳои ахбори омма дар бораи хизматрасониҳои дастрасшудаи хатарноки тиббӣ ва иҷтимоӣ ва маҳсулоти фармасевтӣ хабардор менамояд;
- назорати дурустии таъйин ва пардохти саривақтии кумакпулиҳо ва кумакпулиҳои иҷтимоии унвониро ба оилаҳои камбизоат, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд, инчунин назорати фаъолияти марбутаи комиссияҳои шаҳрию ноҳиявиро анҷом медиҳад;
- назорати фаъолияти муассисаҳои ҳифзи иҷтимоиро, ки ба расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои алоҳидаи аҳолӣ (маъюбон, шахсони яккаю танҳо ва бепарастор) машғуланд, ба роҳ мемонад;
- дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои дигар барномаи рушди системаи давлатии экспертиза, стандартонӣ, сертификаткунониро дар қисмати таъмини давлатии аҳолӣ бо маводи дорувории босифат, ашёи хоми доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои косметикӣ, обҳои маъдании дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдакона амалӣ менамояд;
- назорат ва санҷиши фаъолияти ташкилотҳои фармасевтӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин муомилоти қонунии маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороиширо анҷом медиҳад;
- ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ ва назорати давлатии фаъолияти ташкилотҳои фармасевтӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, оид ба масъалаҳои истеҳсол, тайёркунӣ, содирот, воридот, санҷиши сифат, нигоҳдорӣ, фурӯш ва истифодабарии маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиридоштаро анҷом медиҳад;
- таҳия ва пешбурди феҳристи давлатии маводи доруворӣ, ашёи хоми доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводи санитарию гигиениро амалӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои омодасозӣ, барасмиятдарорӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои рухсатномадиҳии воридот ва содироти маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, ашёи хоми доруворӣ, маводи санитарию гигиенӣ ва воситаҳои ороишӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, обҳои минералии дорои таъсири табобатию пешгиридошта, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;
- бақайдгирии давлатии дорувории истеҳсоли ватанию хориҷӣ, ашёи хоми доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, ғизои кӯдакона, ҳамчунин аз эътибор соқит намудани шаҳодатномаҳо дар бораи бақайдгирии давлатиро тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ менамояд;
- истеҳсол, фурӯш ва аз муомилот бозпас гирифтани маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои таъсири табобатию пешгирӣ ва маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдакона, ки ба талаботи стандартҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд, манъ менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи фаъолияти фарматсевтиро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод менамояд;
- назорати фаъолияти муассисаҳои соҳаи тандурустиро бо мақсади аттестатсияи онҳо ва аттестатсияи такрорӣ оид ба ҳуқуқи гузаронидани озмоиши клиникии маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ анҷом медиҳад;
- санҷиши назоратии озмоишгоҳҳоро, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияташон, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, анҷом медиҳад;
- аккредитатсияи муассисаҳои фармасевтӣ, корхонаҳо ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти дорои таъиноти табобатию профилактикӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва маводи ороишию гигиенӣ, ки хусусияти табобатию пешгирӣ доранд, ташкилотҳо ва шахсони воқеӣ, аз ҷумла
намояндагиҳои тиббии корхонаҳои истеҳсолкунанда ва шаҳрвандони хориҷиро, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, анҷом медиҳад;
- санҷишҳои назоратӣ дар муассисаҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ, нуқтаҳои фурӯш, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, оид ба иҷрои тартиб ва қоидаҳои нигоҳдорӣ, истифодабарӣ, тақсимот, истеҳсол ва фурӯши маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои таъсири табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро ташкил ва мегузаронад;
- санҷишҳои назоратии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба риояи тартиб ва қоидаҳои воридот ва содирот, нигоҳдорӣ ва тақсимоти ёрии башардӯстонаи маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо; молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиридоштаро мегузаронад;
- назорати давлатии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, оид ба риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва соҳавӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла талабот оид ба бастабандӣ ва тамғагузории маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиридошта анҷом медиҳад;
- назорати давлатии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, оид ба иҷро гардидани амрномаҳои Хадамот доир ба бартараф кардани қонуншиканиҳо ва беҳтар намудани сифат, пешгирӣ намудани истеҳсол ва фурӯши маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии хусусияти табобатию пешгиридошта, ки ба талаботи стандартҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯй нестанд, амалӣ менамояд;
- ҳайат ва низомномаи кумитаҳои фармаконӣ ва фармакологиро тасдиқ менамояд;
- таҳия ва нашри Фармакопеяи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил менамояд;
- озмоиши токлиникӣ ва клиникии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи тиббии дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳоро ташкил менамояд;
- экспертизаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро ташкил ва амалӣ менамояд;
- назорати давлатӣ ва санҷиши истифодаи мақсадноки маводи доруворӣ, ашёи хоми доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳо, молҳои таббии аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ дастрасшударо ташкил менамояд;
- санҷиши фаъолияти базаҳои тадқиқотӣ ҳангоми тадқиқоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, ки хусусияти табобатӣ-пешгирӣ доранд, дар шароити клиникӣ, инчунин гузаронидани озмоишҳои токлиникии маводи нави доруворӣ ва молҳои тиббиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- санҷиши (пешакӣ, минбаъда, интихобӣ, арбитражӣ) сифати маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро амалӣ менамояд;
- назорат, бақайдгирӣ, сертификатсиякунонӣ ва амалҳои дигаре, ки ба муомилоти маводи дорувории нашъадор, маводи дорувории сахттаъсир, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои он, моддаҳои заҳрнок ва реактивҳои ташхисӣ вобаста мебошад, анҷом медиҳад;
- сертификатсиякунонӣ, бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии ғизои мақсаднокро ташкил ва амалӣ менамояд;
- санҷиши назоратии таҳвилгарони хориҷӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунандаро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравишон, аз ҷумла хориҷӣ ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро дар асоси созишнома ва шартномаҳои дутарафа ташкил ва амалӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳангоми воридоту содирот ва пеш аз фурӯш додани сертификати мутобиқат ва хулосаи сифати маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ, воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро медиҳад;
- тартиби гузаронидан ва муҳлати ҳамаи давраҳои озмоишҳои токлиникӣ ва клиникӣ, бақайдгирии давлатӣ, реклама, озмоиши маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, сертификатсия, арзиш ва маблағгузории онҳоро муайян намуда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ назорати риояи онҳоро амалӣ менамояд;
- фаъолияти мақомоти давлатии экспертии машваратиро (шуроҳо, комиссияҳо ва гурӯҳҳоро) дар соҳаҳои муқарраршуда ташкил менамояд;
- кормандони соҳаи тибро дар асоси шартнома бо иттилооти касбии фармасевтӣ таъмин менамояд;
- хориҷ карда шуд
- дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272);
- хориҷ карда шуд
- ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд .
3. ҲУҚУҚҲОИ ХАДАМОТ
6. Хадамот дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда чунин ҳуқуқҳо дорад:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар тамоми муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки бо фаъолияти тиббӣ ва иҷтимоӣ машғуланд, назорати фаъолияти тиббӣ ва иҷтимоиро анҷом диҳад;
- дар доираи ваколати худ барои баррасӣ намудани масъалаҳо шӯроҳоро (комиссияҳо, гурӯҳҳои кориро), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ташкил намояд;
- аз таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ пешниҳод намудани шаҳодатномаи аккредитатсияи муассисаҳои тандурустиро талаб намояд;
- оид ба манъи ба роҳ мондани хизматрасониҳои хатарноки тиббӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, чораҳо андешад;
- оид ба пурра ва ё қисман манъ намудани (боздоштани) равандҳои расонидани кумакҳои тиббӣ, инчунин бозпас хондани иҷозатномаҳо барои фаъолияти тиббӣ чораҳо андешад;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкориҳои байналмилалиро амалӣ намояд;
- муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои иҷро накардани уҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда, ҳамчунин сари вақт иҷро накардани амрномаҳои Хадамот тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ маълумоти заруриро гирад;
- фаъолияти машваратӣ, таълимӣ ва шаклҳои дигари фаъолиятро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, анҷом диҳад;
- дар доираи ваколатҳои Хадамот метавонад семинар, маҷлис ва конференсияҳо гузаронад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ коршиносону машваратчиёни заруриро вобаста ба масъалаҳои дахлдори фаъолияти Хадамот ҷалб намояд;
- дар доираи салоҳияти худ санадҳои идоравиро содир намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бемамоният ва дар ҳар маврид дар тамоми муассиса, ташкилот ва дигар корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин дар ташкилотҳои байналмилалӣ назорати сифат ва амнияти маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ ва маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдакона гузаронад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ намунаҳои маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ ва маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро барои гузаронидани озмоиши сифат аз ҳисоби муассиса, ташкилот ва дигар корхонаҳо ба таври ройгон гирад;
- ҳангоми назорати ташкилотҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва дигар корхонаҳо, маводи дорувории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифтанашуда, агар ин баҳри пешгирии хатар ба саломатии аҳолӣ зарур бошад ва ё агар воситаҳои доруворӣ тибқи нишондодашон фоидаовар нестанд, ё сифати воситаҳои доруворӣ ба талаботи стандарти амалкунанда ҷавобгӯ набошад, ё муҳлати истифодаи воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ гузашта бошад ва ё воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббии қалбакӣ бошанд ва сертификати мутобиқати сифат надошта бошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилот гирад ва бо иштироки комиссияи босалоҳият сӯзонад;
- истеҳсол, ҳамлу нақл ва муомилоти маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии дорои хусусияти табобатию пешгириеро, ки ба қайд гирифта нашудаанд, барои истифода дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст ё дар суратӣ набудани ҳуҷҷатҳои меъёрии мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ тасдиқшуда ва сертификати мутобиқат ба он боздорад ва манъ намояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди мурофиаи парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ анҷом диҳад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, инчунин хадамоти озмоишгоҳҳои соҳаи фармасевтиро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки талаботи қонунгузориро вобаста ба ҳифзи саломатии аҳолӣ риоя намекунанд, боздорад;
- барои қабули қарорҳое, ки ба салоҳияти Хадамот мансубанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ маълумоти заруриро талаб намуда гирад;
- маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро, ки сертификати мутобиқат ё хулосаи ташхис надоранд ва ба талаботи стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд, аз муомилот гирад;
- барои гузаронидани санҷиш нусхаҳои ҳуҷҷатҳои заруриро гирад;
- ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда, ҷиҳати роҳ надодани онҳо ба амалӣ намудани фаъолияти фармасевтӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
- барои рекламаи маводи доруворӣ, маводи ороишӣ, ки хусусияти табобатӣ доранд, хулосаи асоснокро ба мақоми ваколатдор дар соҳаи реклама пешниҳод намояд;
- назорати рекламаи маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдакона доранд, ба амал мебарорад;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои маҳдудкунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирикуниро ҷиҳати роҳ надодан ва ё барҳам додани оқибатҳои вайронкунии талаботи ҳаттии фаъолияти соҳаҳои муқарраргардида аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ намояд;
- ба муассисаю ташкилотҳо, дорухонаҳо ва дигар корхонаҳои табобатию пешгирие, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байналмилалию хориҷӣ, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, ҷиҳати бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва камбудиҳои ҳангоми санҷиш ошкоргардида дастур ва амрнома диҳад;
- чорабиниҳоро оид ба тайёр намудан, таҷрибаомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон барои Хадамот ва дигар муассисаҳои фармасевтӣ амалӣ намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаҳои зкспертиза, стандарткунонӣ, сертификатсиякунонии маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдакона; инчунин такмили ихтисоси мутахассисон анҷом диҳад;
- фаъолияти намояндагиҳои тиббии ташкилотҳои фармасевтии дохилӣ ва хориҷии ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбударо назорат кунад;
- корҳоро оид ба тарҷума, таҳлиду такмили ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ташкил ва амалӣ намояд;
- гирифтани маълумотро аз муассисаю ташкилотҳои табобатию профилактикӣ, новобаста аз шакли моликияташон, оид ба самаранокӣ ва бехатари (таъсири иловагӣ) маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ташкил намояд;
- иттилооти заруриро оид ба таъсири иловагии маводи доруворӣ дар байни кормандони муассисаю ташкилотҳои фармасевтӣ ва табобатию профилактикӣ, инчунин истеҳсолкунандагон паҳн намояд;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор пешгирӣ ва муборизаро ба муқобили паҳншавии сӯиистеъмоли маводи дорувории нашъадори дорои моддаҳои психотропӣ ва моддаҳои сахттаъсир амалӣ намояд;
- хориҷ карда шуд ;
- барои баррасии масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Хадамот шӯроҳо (комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ташкил намояд;
- хориҷ карда шуд
- қоидаҳои санҷишҳои фарогири нақшавӣ ва ғайринақшавӣ, аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷишӣ, калибровкакунонӣ ва мақомоти сертификатсионӣ), фармасевтӣ, корхона ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти табобатию профилактикӣ, маводи ороишию гигиениро таҳия менамояд ва бо мақсади арзёбии мутобиқати онҳо ба меъёрҳои қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои мазкурро анҷом медиҳад;
- хориҷ карда шуд
- бо тартиби муқаррарнамуда барои ҳалли масъалаҳо дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолияти муассисаҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 16.05.2020 № 272).
- хориҷ карда шуд
4. УҲДАДОРИҲОИ ХАДАМОТ
7. Хадамот дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- дар рафти чорабиниҳои назоратӣ дар байни таҳвилгарони хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фармасевтӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои амалкунандаи соҳавӣ корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом диҳад;
- тартиби гузаронидан ва ба расмият даровардани чорабиниҳои назорати давлатии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо риоя намояд;
- оид ба натиҷаҳои чорабиниҳои назорати давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои вайрон кардани талабот чораҳо андешад;
- назорати иҷрои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ, фармасевтӣ ва иҷтимоӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, амалӣ созад;
- бевосита ё бо супориши роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз муносибати дағалонаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, норозигӣ аз сифати хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фармасевтӣ бармеоянд, тибқи тартиби қонунгузорӣ мавриди баррасӣ карор диҳад.
5. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ
8. Ба Хадамот сардор роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
9. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад,
10. Сардор ду муовин, аз ҷумла муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди сардори Хадамот аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
11. Сохтори дастгоҳи марказии Хадамот мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти он аз сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо иборат мебошад.
12. Сардори Хадамот:
- роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро анҷом дода, кори онро ташкил менамояд;
- уҳдадориҳоро байни муовинони худ ва сардорони воҳидҳои сохторни дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;
- хориҷ карда шуд
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамот ҷудогардида ва дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ мекунад;
- низомномаҳои муассисаю ташкилотҳо ва оинномаҳои корхонаҳои системаи Хадамотро тасдиқ мекунад;
- дар доираи салоҳияти худ фармоиш ва супоришҳоро, ки иҷрои онҳо барои кормандони Хадамот ҳатмӣ мебошад, қабул мекунад;
- дар асоси фонди музди меҳнат ва сохтори таъсиснамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон руйхати вазифаҳои Хадамот ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Хадамотро дар доираи маблағгузории дахлдор, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;
- роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамотро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;
- хориҷ карда шуд
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати таъмини молиявии фаъолияти Хадамот пешниҳодҳо манзур менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамот пешниҳодҳо манзур менамояд;
- истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии Хадамотро таъмин намуда, ба ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва пулӣ имзо мегузорад;
- аз мақомот ва муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилотҳои дигари тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти лозимаро мегирад;
- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро барои Хадамот анҷом медиҳад.
13. Маблағгузории дастгоҳи марказии Хадамот ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
14. Хадамот дар фаъолияти худ ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
15. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳои идоравӣ мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
16. Маҳалли ҷойгиршавии Хадамот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, 5/5.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2017, № 597
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Роҳбарият
Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ
хориҷ карда шуд
Шуъбаи муҳосибот
Шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус
Шуъбаи умумӣ ва назорат
Бахши итхилоот, таҳлил ва омор
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2017, № 597
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии тандурусхгӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Дастгоҳи марказӣ
Сарраёсати Хадамот дар вилояти Суғд
Сарраёсати Хадамот дар вилояти Хатлон
Раёсати Хадамот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Раёсати Хадамот дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон
Замимаи 4
Бо қарори Хукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2017, № 597
тасдиқ шудааст
Номгӯи муассиса ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Муассисаи давлатии "Маркази аккредитатсияи тиббӣ"
хориҷ карда шуд
Корхонаи воҳиди давлатии "Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ"
Корхонаи воҳиди давлатии "Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фармасевтӣ ва тиббӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон"
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2017, № 597
тасдиқ шудааст
Низомномаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, назорати давлатии фаъолияти тиббию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фармасевтӣ ва санитарию эпидемиологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

- назорати давлатии санитарию эпидемиологиро вобаста ба иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи санитарӣ анҷом медиҳад;
- дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба соҳаҳои тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ иштирок менамояд;
- мониторинги иҷтимоию гигиениро мегузаронад;
- дар рафъи эпидемияҳо, садамаҳо, офатҳои табиӣ, фоҷиаҳои экологӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон хатарнок мебошанд, иштирок менамояд;
- талабот ба доруҳои тиббии иммунобиологӣ, тестсистемаҳо, маводи безараркунанда, муҳити ғизодиҳанда, ангезандаҳои химиявӣ, таҷҳизот барои ташхисгоҳҳо, асбобҳо ва ғайраро муайян менамояд;
- ҳифзи маълумоти дорои сирри давлатиро таъмин менамояд;
- пешбурди баҳисобгирӣ ва ба кормандон додани дафтарчаҳои тиббии шахсӣ, тасдиқи дониши ҳадди ақали санитарӣ, иҷозати ба кор шурӯъ намудани онҳо баъд аз гузаштани муоинаҳои пешакӣ ва даврии тиббиро амалӣ менамояд;
- қабул ва таҳлили ҳисоботи фаъолияти марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологиро таъмин намуда, саҳеҳияти нишондиҳандаҳои омориро месанҷад;
- фаъолияти марбут ба истифодабарии барангезандаҳои бемориҳои сироятиро анҷом медиҳад;
- дар соҳаи исгифодабарии манбаъҳои афканишоти иондоркунанда фаъолият менамояд:
- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба вазъи санитарию эпидемиологӣ ва тадбирҳои андешидашаванда ҷиҳати таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ хабардор менамояд;
- санҷиши фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шаҳрвандонро оид ба иҷрои талаботи қонунгузории соҳаи санитарӣ ва қоидаҳои фурӯши маҳсулот тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузорӣ амалӣ менамояд;
- ташкил ва гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологиро амалӣ менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи санитарию эпидемиологӣ медиҳад.
3. ҲУҚУҚҲОИ ХАДАМОТ
6. Хадамот дар соҳаи фаъолияти муқарраршуда чунин ҳуқуқҳо дорад:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар тамоми муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки бо фаъолияти тиббӣ ва иҷтимоӣ машғуланд, назорати фаъолияти тиббӣ ва иҷтимоиро анҷом диҳад;
- дар доираи ваколати худ барои баррасӣ намудани масъалаҳо шӯроҳоро (комиссияҳо, гурӯҳҳои кориро), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ташкил намояд;
- аз таъминкунандагони хизматрасониҳои тиббӣ пешниҳод намудани шаҳодатномаи аккредитатсияи муассисаҳои тандурустиро талаб намояд;
- оид ба манъи ба роҳ мондани хизматрасониҳои хатарноки тиббӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, чораҳо андешад;
- оид ба пурра ва ё қисман манъ намудани (боздоштани) равандҳои расонидани кумакҳои тиббӣ, инчунин бозпас хондани иҷозатномаҳо барои фаъолияти тиббӣ чораҳо андешад;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳамкориҳои байналмилалиро амалӣ намояд;
- муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои иҷро накардани уҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда, ҳамчунин сари вақт иҷро накардани амрномаҳои Хадамот тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ маълумоти заруриро гирад;
- фаъолияти машваратӣ, таълимӣ ва шаклҳои дигари фаъолиятро, ки қонунгузорӣ пешбинӣ намудааст, анҷом диҳад;
- дар доираи ваколатҳои Хадамот метавонад семинар, маҷлис ва конференсияҳо гузаронад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ коршиносону машваратчиёни заруриро вобаста ба масъалаҳои дахлдори фаъолияти Хадамот ҷалб намояд;
- дар доираи салоҳияти худ санадҳои идоравиро содир намояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бемамоният ва дар ҳар маврид дар тамоми муассиса, ташкилот ва дигар корхонаҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин дар ташкилотҳои байналмилалӣ назорати сифат ва амнияти маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ ва маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдакона гузаронад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ намунаҳои маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ ва маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро барои гузаронидани озмоиши сифат аз ҳисоби муассиса, ташкилот ва дигар корхонаҳо ба таври ройгон гирад;
- ҳангоми назорати ташкилотҳои фармасевтӣ, табобатию профилактикӣ ва дигар корхонаҳо, маводи дорувории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирифтанашуда, агар ин баҳри пешгирии хатар ба саломатии аҳолӣ зарур бошад ва ё агар воситаҳои доруворӣ тибқи нишондодашон фоидаовар нестанд, ё сифати воситаҳои доруворӣ ба талаботи стандарти амалкунанда ҷавобгӯ набошад, ё муҳлати истифодаи воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ гузашта бошад ва ё воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббии қалбакӣ бошанд ва сертификати мутобиқати сифат надошта бошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муомилот гирад ва бо иштироки комиссияи босалоҳият сӯзонад;
- истеҳсол, ҳамлу нақл ва муомилоти маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишии дорои хусусияти табобатию пешгириеро, ки ба қайд гирифта нашудаанд, барои истифода дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода нашудааст ё дар суратӣ набудани ҳуҷҷатҳои меъёрии мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ тасдиқшуда ва сертификати мутобиқат ба он боздорад ва манъ намояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбурди мурофиаи парвандаҳоро оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ анҷом диҳад;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиеро, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, инчунин хадамоти озмоишгоҳҳои соҳаи фармасевтиро, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, ки талаботи қонунгузориро вобаста ба ҳифзи саломатии аҳолӣ риоя намекунанд, боздорад;
- барои қабули қарорҳое, ки ба салоҳияти Хадамот мансубанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ маълумоти заруриро талаб намуда гирад;
- маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдаконаро, ки сертификати мутобиқат ё хулосаи ташхис надоранд ва ба талаботи стандартҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат намекунанд, аз муомилот гирад;
- барои гузаронидани санҷиш нусхаҳои ҳуҷҷатҳои заруриро гирад;
- ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ошкор намудани ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда, ҷиҳати роҳ надодани онҳо ба амалӣ намудани фаъолияти фармасевтӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
- барои рекламаи маводи доруворӣ, маводи ороишӣ, ки хусусияти табобатӣ доранд, хулосаи асоснокро ба мақоми ваколатдор дар соҳаи реклама пешниҳод намояд;
- назорати рекламаи маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдакона доранд, ба амал мебарорад;
- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо чораҳои маҳдудкунӣ, огоҳкунӣ ва пешгирикуниро ҷиҳати роҳ надодан ва ё барҳам додани оқибатҳои вайронкунии талаботи ҳаттии фаъолияти соҳаҳои муқарраргардида аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қабул ва татбиқ намояд;
- ба муассисаю ташкилотҳо, дорухонаҳо ва дигар корхонаҳои табобатию пешгирие, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравиашон, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байналмилалию хориҷӣ, ки ба фаъолияти фармасевтӣ машғуланд, ҷиҳати бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ва камбудиҳои ҳангоми санҷиш ошкоргардида дастур ва амрнома диҳад;
- чорабиниҳоро оид ба тайёр намудан, таҷрибаомӯзӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон барои Хадамот ва дигар муассисаҳои фармасевтӣ амалӣ намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаҳои зкспертиза, стандарткунонӣ, сертификатсиякунонии маводи доруворӣ, маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, молҳои тиббӣ, маводи дорои таъйиноти санитарию гигиенӣ, иловаҳои фаъоли биологӣ ва воситаҳои ороишӣ, обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ, маводи безараркунанда, реагентҳои ташхисӣ ва ғизои кӯдакона; инчунин такмили ихтисоси мутахассисон анҷом диҳад;
- фаъолияти намояндагиҳои тиббии ташкилотҳои фармасевтии дохилӣ ва хориҷии ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбударо назорат кунад;
- корҳоро оид ба тарҷума, таҳлиду такмили ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ташкил ва амалӣ намояд;
- гирифтани маълумотро аз муассисаю ташкилотҳои табобатию профилактикӣ, новобаста аз шакли моликияташон, оид ба самаранокӣ ва бехатари (таъсири иловагӣ) маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ташкил намояд;
- иттилооти заруриро оид ба таъсири иловагии маводи доруворӣ дар байни кормандони муассисаю ташкилотҳои фармасевтӣ ва табобатию профилактикӣ, инчунин истеҳсолкунандагон паҳн намояд;
- дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор пешгирӣ ва муборизаро ба муқобили паҳншавии сӯиистеъмоли маводи дорувории нашъадори дорои моддаҳои психотропӣ ва моддаҳои сахттаъсир амалӣ намояд;
- маълумоти оморӣ, пешниҳодҳо, хулосаҳо ва дигар маводи зурурии соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолиро аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои тиббӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, инчунин аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти тибби хусусӣ машғуланд, дархост намояд;
- барои баррасии масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Хадамот шӯроҳо (комиссияҳо, гурӯҳҳои корӣ), аз ҷумла бо иштироки намояндагони дигар мақомоти идоракунии давлатӣ ташкил намояд;
- дар хусуси бекор намудани қарорҳои роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ба мақомоти дахлдор пешниҳод манзур намояд;
- аз вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи маблағгузорӣ дар самти таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии ҷумҳурӣ дар доираи муассисаҳое, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро таъмин менамоянд, дархост намуда, маълумот намуда ва гирад;
- назорати иҷрои таҳияи меъёри шартномаҳои байналмилалӣ, барномаю нақшаҳои бо тартиби муқарраргардида тасдиқшударо дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ амалӣ намояд;
- мониторинги иҷрои барномаҳои тасдиқшударо дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии ҷумҳурӣ гузаронад;
- қоидаҳои санҷишҳои фарогири нақшавӣ ва ғайринақшавӣ, аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ (муассисаҳои табобатию пешгирӣ ва шифоию осоишгоҳӣ, ҳуҷраҳои косметологӣ ва рентгенӣ, озмоишгоҳҳои клиникӣ ва тиббию биологӣ, ба истиснои озмоишгоҳҳои санҷишӣ, калибровкакунонӣ ва мақомоти сертификатсионӣ), фармасевтӣ, корхона ва нуқтаҳои савдои маҳсулоти табобатию профилактикӣ, маводи ороишию гигиениро таҳия менамояд ва бо мақсади арзёбии мутобиқати онҳо ба меъёрҳои қабулгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷишҳои мазкурро анҷом медиҳад;
- фаъолияти муассиса ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ санҷад;
- дар таҳияи стандартҳои давлатӣ, низомномаҳо, тавсияҳои методӣ, меъёру қоидаҳои санитарӣ, фармонҳои дастурию методӣ, маводи аёнӣ ва дигари иттилоотӣ оид ба омӯзишу тарбияи гигиении аҳолӣ, барномаҳои мақсадноки давлатию минтақавӣ, инчунин илмӣ, илмию техникӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар иштирок намояд;
- иҷрои низомномаҳо, стандартҳо, меъёрҳо ва маҳакҳоро дар ҳама гуна муассисаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ амалӣ намояд;
- шартҳои шартномаҳои дуҷонибаро бо муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳои дигаре, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансубанду дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ ба сифати воҳидҳои хоҷагии ҷиҳати болоравии ҳаҷм ва сифати хизматрасониҳои тиббӣ мусоидаткунанда фаъолият мекунанд, муайян намояд;
- ҳисоботҳои роҳбарони муассиса, ташкилот ва корхонаҳои дигарро оид ба ҷараёни иҷрои шартномаҳои бо Хадамот басташуда ва амалисозии барномаю нақшаҳои тасдиқгардида дар шӯрои ҷумҳуриявии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам шунавад;
- ба мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили сиёсати молиявӣ, оморӣ қарздиҳӣ, андоз, илмӣ-техникӣ ва сиёсати дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ пешниҳодҳо манзур намояд ва дар муҳокимаи ин масъалаҳо иштирок намояд;
- бо тартиби муқаррарнамуда барои ҳалли масъалаҳо дар соҳаи муқаррарнамудаи фаъолияти муассисаҳои илмӣ, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
- далелҳои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият ошкор ва бартараф кунад, инчунин чораҳои маҳдудкунанда, огоҳкунанда ва пешгирикунандаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба роҳ надодан ва рафъи оқибатҳои аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя нагардидани талаботи ҳатмии таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ равона гардиданд, андешад.
4. УҲДАДОРИҲОИ ХАДАМОТ
7. Хадамот дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:
- дар рафти чорабиниҳои назоратӣ дар байни таҳвилгарони хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фармасевтӣ оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои амалкунандаи соҳавӣ корҳои фаҳмондадиҳиро анҷом диҳад;
- тартиби гузаронидан ва ба расмият даровардани чорабиниҳои назорати давлатии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо риоя намояд;
- оид ба натиҷаҳои чорабиниҳои назорати давлатӣ ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои вайрон кардани талабот чораҳо андешад;
- назорати иҷрои муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муассисаҳои табобатию пешгирӣ, фармасевтӣ ва иҷтимоӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, амалӣ созад;
- бевосита ё бо супориши роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз муносибати дағалонаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, норозигӣ аз сифати хизматрасониҳои тиббӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фармасевтӣ бармеоянд, тибқи тартиби қонунгузорӣ мавриди баррасӣ карор диҳад.
5. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ХАДАМОТ
8. Ба Хадамот сардор роҳбарӣ мекунад, ки бо пешниҳоди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
9. Сардор барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Хадамот гузошташуда ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муқарраргардидаи фаъолият масъулияти шахсӣ дорад,
10. Сардор ду муовин, аз ҷумла муовини якум дорад, ки бо пешниҳоди сардори Хадамот аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
11. Сохтори дастгоҳи марказии Хадамот мувофиқи самтҳои асосии фаъолияти он аз сарраёсатҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо ва бахшҳо иборат мебошад.
12. Сардори Хадамот:
- роҳбарии умумии фаъолияти Хадамотро анҷом дода, кори онро ташкил менамояд;
- уҳдадориҳоро байни муовинони худ ва сардорони воҳидҳои сохторни дастгоҳи марказӣ тақсим мекунад;
- бо пешниҳоди сардори Хадамот яке аз сардорони сарраёсатҳо аз ҷониби вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешавад;
- низомномаҳои воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, мақомоти дар нақшаи идоракунии Хадамот ҷудогардида ва дастурамалҳои мансабии кормандонро тасдиқ мекунад;
- низомномаҳои муассисаю ташкилотҳо ва оинномаҳои корхонаҳои системаи Хадамотро тасдиқ мекунад;
- дар доираи салоҳияти худ фармоиш ва супоришҳоро, ки иҷрои онҳо барои кормандони Хадамот ҳатмӣ мебошад, қабул мекунад;
- дар асоси фонди музди меҳнат ва сохтори таъсиснамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон руйхати вазифаҳои Хадамот ва сметаи хароҷоти нигоҳдории Хадамотро дар доираи маблағгузории дахлдор, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва дигар манбаъҳои маблағгузорӣ пешбинӣ гардидааст, тасдиқ мекунад;
- роҳбарон ва кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва нақшаи идоракунии Хадамотро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;
- роҳбарони марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии мақомоти иҷроияи давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар мувофиқа бо раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳоро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;
- ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати таъмини молиявии фаъолияти Хадамот пешниҳодҳо манзур менамояд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Хадамот пешниҳодҳо манзур менамояд;
- истифодаи мақсадноки воситаҳои пулии Хадамотро таъмин намуда, ба ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва пулӣ имзо мегузорад;
- аз мақомот ва муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилотҳои дигари тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти лозимаро мегирад;
- тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатҳои дигарро барои Хадамот анҷом медиҳад.
13. Маблағгузории дастгоҳи марказии Хадамот ва мақомоти дар нақшаи идоракунии он пешбинишуда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
14. Хадамот дар фаъолияти худ ба вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
15. Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ, русӣ, муҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳои идоравӣ мебошад ва аз суратҳисоби ягонаи сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад.
16. Маҳалли ҷойгиршавии Хадамот: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Алишер Навоӣ, 5/5.
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2017, № 597
тасдиқ шудааст
Сохтори дастгоҳи марказии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Роҳбарият
Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ
Сарраёсати назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ
Шуъбаи муҳосибот
Шуъбаи ҳуқуқ, кадрҳо ва корҳои махсус
Шуъбаи умумӣ ва назорат
Бахши итхилоот, таҳлил ва омор
Замимаи 3
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2017, № 597
тасдиқ шудааст
Нақшаи идоракунии Хадамоти назорати давлатии тандурусхгӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Дастгоҳи марказӣ
Сарраёсати Хадамот дар вилояти Суғд
Сарраёсати Хадамот дар вилояти Хатлон
Раёсати Хадамот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Раёсати Хадамот дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон
Замимаи 4
Бо қарори Хукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2017, № 597
тасдиқ шудааст
Номгӯи муассиса ва ташкилотҳои системаи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Муассисаи давлатии "Маркази аккредитатсияи тиббӣ"
Муассисаи давлатии "Озмоишгоҳи санитарию эпидемиологӣ"
Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон
Маркази вилоятии назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд
Маркази шаҳрии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе
Марказҳои ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияҳои шаҳри Душанбе
Марказҳои шаҳрию ноҳиявии назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ