Низомномаи мудофиаи ҳудудӣ аз 21 декабри соли 2017 № 970

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо фармони Презеденти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "21" декабри соли 2017, № 970

тасдиқ шудааст

Бо фармони Презеденти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "21" декабри соли 2017, № 970

тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ МУДОФИАИ ҲУДУДӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи мудофиаи ҳудудӣ бо мақсади амалисозии моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мудофиа" таҳия гардида, меъёрҳои ташкилию ҳуқуқии соҳаи мудофиаи ҳудудиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян, принсипҳои асосӣ ва ваколату уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ва шахсони мансабдори Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҳамин соҳа муқаррар менамояд.

2. Дар Низомномаи мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- мудофиаи ҳудудӣ - маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии ҳарбӣ ва махсус оид ба ҳифзи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нақшаи мудофиаи ҳудудӣ - нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда, ки барои ба амал баровардани тадбирҳои мудофиаи ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзи истиқлолият ва тамомияти арзӣ ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигоҳдории реҷаи вазъияти ҳарбӣ нигаронида шудаанд;

- мақоми ваколатдор дар соҳаи мудофиаи ҳудудӣ - мақоми давлатие, ки сиёсати давлатиро дар соҳаи мудофиаи ҳудудӣ амалӣ менамояд;

- мақомоти идоракунии мудофиаи ҳудудӣ сохторҳои ташкилию штатие, ки дар заминаи мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳарбӣ ва маҳаллӣ барои ташкили мудофиаи ҳудудӣ, роҳбарӣ, густариш ва пешбурди он ташкил карда мешаванд;

- нуқтаҳои идоракунии ситоди минтақаи (ноҳияи) мудофиаи ҳудудӣ - макони ҷиҳозонидае, ки аз он ҷо ҳайати роҳбарикунанда ва шахсони мансабдори мақомоти идоракунии мудофиаи ҳудудӣ қувваҳои зертобеъро идора мекунанд;

- воситаҳои идоракунӣ - васоити алоқаи радио ва ноқилӣ, воситаҳои интиқоли маълумот, ки барои идоракунии қувваҳои мудофиаи ҳудудӣ пешбинӣ шудаанд;

...

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от 21 декабря 2017 года, №970

Утверждено

указом Президента

Республики Таджикистан

от 21 декабря 2017 года, №970

ПОЛОЖЕНИЕ О ТЕРРИТОРИАЛЬНОЙ ОБОРОНЕ

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Положение о территориальной обороне разработано в целях реализации статьи 23 Закона Республики Таджикистан "Об обороне" и определяет организационно - правовые нормы в области территориальной обороны в Республике Таджикистан, устанавливает основные принципы, полномочия и обязанности государственных органов, организаций, независимо от их организационно - правовой формы и должностных лиц Республики Таджикистан в этой области.

2. В настоящем Положение используются следующие основные понятия:

- территориальная оборона - комплекс общегосударственных военных и специальных мероприятий по защите суверенитета, территориальной целостности и конституционного строя Республики Таджикистан;

- план территориальной обороны - план мероприятий, утвержденный Президентом Республики Таджикистан план мероприятий, направленный на реализацию мер по территориальной обороне Республики Таджикистан по защите суверенитета, территориальной целостности и конституционного строя Республики Таджикистан для поддержания режима военного положения;

- уполномоченный орган в области территориальной обороны - государственный орган, осуществляющий государственную политику в области территориальной обороны;

- органы управления территориальной обороной - организационно - штатные структуры, создаваемые на базе органов государственного, военного и местного управления для организации территориальной обороны, руководства, её развёртывания и ведения;

- пункты управления штабом зоны (района) территориальной обороны - оборудованное место, с которого руководящий состав и должностные лица органов управления территориальной обороны осуществляют управление подчиненными силами;

- средства управления - средства проводной и радиосвязи, средства передачи информации, предназначенные для управления силами территориальной обороны;

...