Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017 № 579 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 "Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)" тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар банди 2 боби 19:

- аз сархати якум аломат ва калимаҳои ", ташкилотҳои суғуртавӣ" хориҷ карда шаванд;

- сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Бонки миллии Тоҷикистон - барои аудити ташкилотҳои қарзӣ, ташкилотҳои қарзии исломӣ ва ташкилотҳои суғуртавӣ.";

- дар банди 5 калимаҳои "бонкӣ, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ташкилоти амонатии хурд ва ташкилотҳои қарзии хурд" ба калимаҳои "қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ" иваз карда шаванд.

2. Дар банди 3 боби 54 калимаҳои "Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Бонки миллии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

3. Боби 56 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Боби 56. Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои қарзии исломӣ

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда:

- фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ;

- фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкии исломӣ.

2. Дар иҷозатнома амалиёти бонкӣ ва ё амалиёти бонкии исломӣ ва навъҳои фаъолияте, ки барои анҷом додани онҳо ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои карзии исломӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, инчунин асъоре, ки ин амалиёт ва навъҳои фаъолият бо он анҷом дода мешаванд, нишон дода мешаванд.

3. Мақоми иҷозатномадиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.

4. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ, аз ҷумла амалиёти бонкии исломӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкӣ, фаъолияти бонкии исломӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ба танзим дароварда мешавад.

5. Барои додани иҷозатномаи фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва бонкии исломӣ тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкӣ", "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ" ва "Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд" хироҷ пардохта мешавад.".

4. Боби 56(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Боби 56(1). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолияти оператори низоми пардохтӣ

1.Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти оператори низоми пардохтӣ.

2. Дар иҷозатнома фаъолияте, ки барои анҷом додани онҳо операторҳои низоми пардохтӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ ҳуқуқ доранд, нишон дода мешаванд.

4. Иҷозатномадиҳии фаъолияти оператори низоми пардохтӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ ба танзим дароварда мешавад.

5. Барои додани иҷозатномаи фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба андозаи панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо хироҷ пардохта мешавад.".

5. Боби 56(2) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Боби 56(2). Хусусиятҳои иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор

1. Фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор.

2. Дар иҷозатнома амалиёт бо асъоре, ки барои анҷом додани онҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор ҳуқуқ доранд, нишон дода мешаванд.

4. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор ба танзим дароварда мешавад.

5. Барои додани иҷозатномаи фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор хироҷ пардохта мешавад.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 19 декабри соли 2017 № 579

ш.Душанбе