Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия аз 5 декабри соли 2017 № 568

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 декабри соли 2017, 568

тасдиқ шудааст

Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия (минбаъд - Тартиб) дар асоси моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти калонсолон" таҳия шуда, тартиби амалисозӣ ва расмиёти эътирофи салоҳияти калонсолон ва валидатсия дар соҳаи таҳсилоти калонсолонро муайян менамояд.

2. Таҳсилоти калонсолон бо назардошти таҳсилоти касбӣ ва худомӯзӣ дар раванди таҳсилот барои гирифтани салоҳияти касбӣ ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи калонсолон аз ҷониби муассисаи таҳсилоти калонсолон (минбаъд - муассисаи таълимӣ) муайян ва муқаррар карда мешавад.

3. Таҳсилоти калонсолон бо мақсади мусоидат ба инкишофи шахсияти инсон, такмили муттасили салоҳияти касбӣ, таҳкими нерӯи эҷодӣ ва қонеъгардонии талаботи калонсолон ба дониш, малака ва маҳорат, мутобиқшавӣ ба талаботи бозори меҳнат, инкишофи маънавӣ ва такомули шахсӣ ташкил карда мешавад.

4. Эътирофи салоҳияти касбии бадастовардаи таълимгирандаи калонсол дар доираи таҳсилоти расмӣ тибқи тартиби муқарраргардида бо додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (шаҳодатнома) ва сертификат (барои курсҳои кӯтоҳмуддат) амалӣ карда мешавад.

5. Раванди таълими калонсолон дар асоси таснифоти давлатии касбҳои коргарӣ, вазифаҳои хизматчиён ва дараҷаҳои тарифӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои таълимӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқ шудааст, ба роҳ монда мешавад.

6. Муассисаи таълимӣ танҳо баъд аз гирифтани иҷозатнома барои пешбурди фаъолияти таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба фаъолияти таълимӣ машғул мешавад.

2. ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪ ЛИМ ВА ШАКЛҲОИ ОН ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

7. Ташкили раванди таълим барои калонсолон тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи давлатии "Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон", марказҳои касбомӯзии дар тобеияти вазорату идораҳо фаъолиятдошта, дигар марказҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ амалӣ карда мешавад.

8. Таҳсилоти калонсолон метавонад тавассути иштироки калонсолон дар семинарҳои омӯзишӣ, гирифтани таълим аз омӯзгорони алоҳида, шогирдӣ ва омӯзиш дар истеҳсолот ва худомӯзӣ амалӣ карда шавад.

9. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон фаъолияти худро метавонанд дар доираи фармоиши давлатӣ ройгон ва илова бар фармоиши давлатӣ мувофиқи шартнома пулакӣ амалӣ созанд.

10. Намудҳои муассисаҳои таълимӣ барои калонсолон мутобиқи сатҳ ва самти барномаҳои таьлимии тасдиқшуда муайян карда мешаванд.

11. Таҳсилоти калонсолон аз рӯи барномаҳои асосӣ ва иловагии таълимӣ, барномаҳои асосии таълимоти касбӣ амалӣ карда мешаванд.

12. Барои азхудкунии барномаҳои иловагии таълимӣ калонсолон бе пешниҳоди талабот ба сатҳи таҳсилот роҳ дода мешавад, агар барои амалисозии ин барномаҳои таълимӣ шартҳои дигар пешбинӣ нашуда бошад.

13. Таҳсилоти калонсолон дар доираи таҳсилоти касбӣ, бо додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (шаҳодатнома) ва сертификат ба анҷом расонида мешавад.

14. Таҳсилоти калонсолон таҳсилоти муттасил ва таҳсилоти расмии ба амалия ва назария асосёфтаро фаро мегирад.

15. Таҳсилоти калонсолон ба таври алоҳида, мувофиқи шавқу рағбат, майлу ҳавас, бо назардошти сатҳи таҳсилот, тахассус, собиқаи корӣ, синну сол, вазъи саломатӣ дар шаклҳои гуногуни ташкилӣ, аз қабили машғулият, дарс, лексия, машғулияти алоҳида, конфронс, семинар, хониш, саёҳат, корҳои амалӣ дар озмоишгоҳҳо ва устохонаҳо, дар корхонаҳои кишоварзӣ ва саноатӣ ва дар шаклҳои гуногуни бо нақшаи таълимии муассисаи таҳсилоти калонсолон пешбинишуда ташкил карда мешавад.

16. Шумораи таълимгирандагон дар гурӯҳҳо вобаста ба самт ва имконияти раванди таълим, инчунин тартиби ташкили раванди таълими алоҳида ё гурӯҳӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон аз ҷониби муассисаи таҳсилоти калонсолон муайян карда мешаванд.

17. Муассисаҳои таҳсилоти расмии калонсолон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хатмкунандагони худ аз рӯи натиҷаи таҳсилоти касбӣ ҳуҷҷати намунаи давлатӣ медиҳанд.

3. ТАРТИБИ ЭЪТИРОФИ САЛОҲИЯТИ КАСБИИ БАДАСТОВАРДАИ ТАЪЛИМГИРАНДАИ КАЛОНСОЛ

18. Салоҳияти касбии бадастовардаи таълимгирандагони калонсол дар раванди азхудкунии барномаҳои асосӣ ва иловагии таълимӣ, барномаҳои асосии таълимоти касбӣ аз ҷониби муассисаи таълимӣ бо супурдани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (шаҳодатнома) тасдиқ ва эътироф карда мешавад.

19. Дар муассисаи таълимӣ барои тасдиқ ва эътирофи салоҳияти касбии таълимгирандагон комиссияи имтиҳонотӣ (минбаъд - комиссия) иборат аз панҷ нафар аз ҳисоби омӯзгорон ва мутахассисони соҳибтаҷриба таъсис дода мешавад.

20. Комиссия раванди арзёбии салоҳиятҳои касбии таълимгирандаро мутобиқи усулҳои муқарраргардида баргузор намуда, натиҷаи онро дар протокол дарҷ менамояд, ки ба он раиси комиссия имзо мегузорад.

21. Қарори комиссия оид ба додан ё надодани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ (шаҳодатнома) бо тарафдории аз се ду ҳиссаи аъзои комиссия қабул карда мешавад.

22. Раванди арзёбии салоҳияти касбии таълимгиранда аз қисмҳои назариявӣ ва амалӣ иборат буда, дар қисми назариявӣ тавассути ҷавобҳо ба саволҳои тестӣ ва қисми амалӣ бошад дар ҷойи корӣ барои иҷрои намудҳои мушаххаси фаъолият амалӣ карда мешавад.

23. Пас аз ба итмом расидани раванди таълими таълимгиранда ҳуҷҷатҳо ва қарори комиссия аз ҷониби муассисаи таълимӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бойгонӣ ҷойгир карда мешаванд.

4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

24. Таълимгирандагоне, ки барои эътирофи салоҳияти касбӣ ба муассисаи таълимӣ омадаанд, уҳдадоранд раванди таълимро аз рӯи барномаҳои таълимӣ аз худ намоянд.

25. Муассисаи таълимӣ барои омӯзонидани барномаҳои таълимӣ ба таълимгирандагон уҳдадор буда, барои ба таври дахлдор риоя накардани Тартиби мазкур тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.