Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 маи соли 1998, № 135 "Дар бораи чораҳои баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи чораҳои баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба мақсади баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:

1. Бо сабабҳои баланд шудани нархҳои молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ аз 1 маи соли 1998 пардохти ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 500 рубл дар як моҳ:

барои кӯдакони то синни 8 сола;

нафақахӯрон ва маъюбони бекор;

донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимии

миёнаи махсус ва хонандагони омӯзишгоҳҳои касбӣ

-техникӣ дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки:

ҷубронпулй барои кӯдакони то 8 сола, навтаваллудшуда, ба фарзанди хонда шуда ва ба парасторӣ гирифта шуда дода мешавад, агар даромади умумии миёна ба ҳар аъзои оила дар як моҳ аз як маоши ҳади ақал зиёд набошад;

ба кӯдакони то синни 16 сола, ки барои гум кардани саробон нафақа мегиранд, новобаста ба даромади оила, ҷубронпулй дода мешавад;

ба нафақахӯрон ва маъюбони бекор, ки нафақаашон аз ҳаҷми ақали муайян кардаи нафақаи синусолӣ зиёд набошад, ҷубронпулӣ дода мешавад;

ба донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус (ба истиснои онҳое, ки дар асоси шартнома мехонанд), хонандагони омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ новобаста ба ҳаҷми стипендияҳои ҷубронпулӣ дода мешавад.

3. Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомномаро "Дар бораи тартиби пардохти ҷубронпулӣ бо сабаби афзудани нархи молҳои истеъмолӣ ва хизматрасонӣ", мутобиқи қарори мазкур тасдиқ карда, истифодаи суроғадор ва мақсадноки маблағҳои ҷудошударо таъмин намоянд.

4. Банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 1997 № 141 "Дар бораи чораҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1997 ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди амали Қонуни мазкур" беъэтибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                  Э. Раҳмонов

аз 4 маи соли 1998 № 135

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по повышению социальной зашиты малообеспеченных категорий населения Республики Таджикистан

В целях повышения социальной защиты малообеспеченных категорий населения, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В связи с ростом цен на потребительские товары и услуги производить с 1 мая 1998 года компенсационные выплаты в размере 500 рублов в месяц:

детям в возрасте до 8 лет;

неработающим пенсионерам и инвалидам;

студентам высших и средних специальных учебных заведений и учащимся профессионально-технических училищ.

2. Установить, что:

компенсация на детей до 8 лет, включая рожденных, усыновленных и взятых под опеку, выплачивается, если совокупный доход в среднем на каждого члена семьи не превышает одной минимальной заработной платы в месяц;

детям в возрасте до 16 лет, получающим пенсию по случаю потери кормильца компенсация выплачивается независимо от доходов получаемых семьей;

компенсация неработающим пенсионерам и инвалидам выплачивается, если получаемая пенсия не превышает установленного размера минимальной пенсии по возрасту;

студентам высших и средних специальных учебных заведений(за исключением обучающихся на договорной основе), учащимся профессионально-технических училищ компенсация выплачивается независимо от размера получаемой стипендии.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан, совместно с Министерством социальной защиты населения Республики Таджикистан, Министерством труда и занятости населения Республики Таджикистан и Фондом социальной защиты населения Республики Таджикистан в соответствии с настоящим постановлением утвердить Положение "О порядке компенсационных выплат в связи с ростом цен на потребительские товары и услуги" обеспечив адресность выделяемых средств и их целевое использование.

4. Признать утратившим силу пункт 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 апреля 1997 года № 141 "О мерах по исполнению Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 1997 год и постановления Маджлиси Оли Республики Таджикистан о введении указанного Закона в действие".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан          Э. Рахмонов

от 4 мая 1998 года, № 135

 г. Душанбе