ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1997" ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҷори намудани Қонуни мазкур
Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1996 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1997" ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1996 "Дар хусуси ҷори намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1997", сафарбаркунии захираҳои буҷети ба қисми даромади буҷети давлатй, таъмини истифодаи самараноки онҳо ва кам кардани касри буҷет Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1996 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1997" ва Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 1996 дар хусуси ҷорӣ намудани Қонуни мазкур тадбирҳои зарури андешанд.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни иҷрои буҷет андозаи ниҳоии касри буҷетро, ки Қонуни мазкур дар ҳаҷми 5,3 фоизи маҳсулоти умумии дохили муқаррар намудааст, ба инобат гирифта, барои пӯшондани касри зикргардида:
истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва асъориро мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 1997" таъмин намуда, маблағгузории чорабиниҳои дар бучети ҷумҳурӣ пешбинигардидаро қатъиян аз рӯи даромадҳои воқеи анҷом диҳад;
якҷоя бо Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби ситонидани андози фурӯши тамокуи ферментацияшуда, пиллаи хушконидашуда, калобаи пахтагӣ, калобаи пашмин, шикастапораҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, пӯст, пашми ношуста ва маҳсулоти кабелиро ба андозаи 20 фоизи арзиши фурӯши (гумрукии) маҳсулот бо нархҳои биржавии рӯзи фурӯши (содироти) онҳо таҳия карда, ҷиҳати баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
якҷоя бо Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти иловагии аз ҳисоби манбаъҳои беруна, вусьат додани пойгоҳ ва такмили системаи андоз, пӯшонидани касри Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷустуҷӯ намояд;
якҷоя бо Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаъҳои пӯшондани қарзи давлатро аз аҳолӣ аз руи маошҳои пардохтнашуда, нафақа, стипендия ва дигар маблағҳои ба он баробар, инчунин пасандозҳое, ки дар Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфузанд, муайян намуда, то 1 маи соли 1997 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод намояд.
3. Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолӣ ва бо сабаби озод шудани нархи нону орд аз 1 марти соли 1997 ба инҳо моҳе ба андозаи 500 рубл ҷубронпулӣ пардохта шавад:
барои кӯдакони то 8 - сола;
нафақахурон ва маъюбони машғули кор набуда;
донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус ва талабагони мактабҳои омузишгоҳҳои касбии техникӣ.
Муқаррар карда шавад, ки:
ҷубронпулӣ барои кӯдакони то 8-сола, аз ҷумла кӯдакони таввалудшуда, фарзандхондашуда ё ба васоят қабулшуда дар сурате пардохта мешавад, ки агар даромади миёна ба ҳар як аъзои оила аз маоши ҳадди ақал зиёд набошад;
ба кӯдаконе, ки то синни 16-солагӣ дар мавриди маҳрум шудан аз таъминкунандагон нафақапулӣ мегиранд, сарфи назар аз кумакпулиҳои дигари бо қонун муқарраргардидаро гирифтани оила, ҷубронпулӣ дода мешавад;
ҷубронпулӣ ба нафақахӯрону маъюбони машғули корнабуда ба шарте пардохта мешавад, ки нафақаи мегирифтаашон аз маблағи муқарраргардадаи ҷубронпулӣ зиёд набошад;
ҷубронпулӣ ба донишҷуёни мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус ва талабагони омӯзишгоҳҳои касбию техники сарфи назар аз стипендия пардохта мешавад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳои методии ҳисобу китоб ва пардохти ҷубронпулиро мутобиқи қарори мазкур таҳия намуда, онҳоро ба маълумоти иҷрокунандагон расонад.
4. Раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон объектҳои ҷудогонаи иҷтимоию фарҳангӣ ва таъиноти коммуналиеро, ки дар баланси корхонаҳои давлатӣ қарор доранд, бо дарназардошти пешниҳоди онҳо марҳила ба марҳила ба баланси мақомоти марбутаи ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) диҳанд.
5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати пурра ба буҷет бозгардонидани маблағҳое, ки вазорату, идораҳо, корхонаву ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, аз ҳисоби кредитҳои дохилӣ ва хоричӣ гирифта, дар мӯҳлатҳои муқарраргардида барнагардондаанд, тадбирҳои қатъи андешанд. Дар хусуси ҷараёни иҷрои супориши мазкур ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.
6. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар ҷорӣ гардидани андозҳои нав ва боҷҳои гумрукӣ дар хусуси ворид намудани тағьироти дахлдор ба қисми даромаду хароҷоти Буҷети давлатии соли 1997 ба баррасии Ҳукумат таклифҳои дохлдор пешниҳод намояд.
7. Сархатҳои дуюм ва сеюми банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 1996 № 53 "Дар хусуси чораҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 феврали соли 1996 № 417 "Дар бораи зиёд кардани музди меҳнати ҳадди ақал, нафақа, ёрдампулӣ, стипендия ва дар бораи чораҳои иловагии ҳифзи иҷтимоии табақаҳои камбизоати аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" беэътибор дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 апрели соли 1997 № 141
ш. Душанбе
п.3 утратил силу в редакции Постановления Правительства РТ от 4.05.1998г. №135
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О мерах по исполнению Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 1997 год" и постановления Маджлиси Оли Республики Таджикистан о введение указанного Закона в действие
Во исполнение Закона Республики Таджикистан от 12 декабря 1996 года "О Государственном бюджете Республики Таджикистан" на 1997 год и Постановления Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 12 декабря 1996 года "О введении в действие Закона Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 1997 год" в целях мобилизации в доход государственного бюджета ресурсов, обеспечения эффективности их использования и сокращения дефицита бюджета, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Министерствам, государственным комитетам, ведомствам, предприятиям, учреждениям, организациям, председателям областей, городов и районов принять необходимые меры по обеспечению выполнения Закона Республики Таджикистан от 12 декабря 1996 года "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 1997 год" и Постановления Маджлиси Оли Республики Таджикистан от 12 декабря 1996 года о введении в действие указанного Закона.
2. Министерству финансов Республики Таджикистан в процессе исполнения бюджета исходить из установленного Законом предельного размера дефицита бюджета в 5,3 процента от валового внутреннего продукта и для покрытия указанного дефицита:
обеспечить целевое использование бюджетных и валютных средств в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О Государственном бюджете Республики Таджикистан на 1997 год", финансирование мероприятий, предусмотренных республиканским бюджетом, производить строго по фактически поступившим доходам;
совместное Министерством экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан и Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан разработать и представить порядок взимания налога с продаж на табак ферментированный, высушенные коконы, хлопковую пряжу, шелковую пряжу, лом черных и цветных металлов, кожсырье, немытую шерсть и кабельную продукцию по ставке 20 процентов от реализационной (таможенной) стоимости этих товаров по мировым ценам на день продажи (вывоза);
совместно с Министерством экономики и внешних экономических связей Республики Таджикистан, Национальным Банком Республики Таджикистан, Налоговым комитетом при Правительстве Республики Таджикистан изыскать дополнительные возможности покрытия дефицита Государственного бюджета Республики Таджикистан за счет внешних источников, расширения базы и совершенствования системы налогообложения;
совместно с Сберегательным банком Республики Таджикистан определить источники и механизм погашения задолженности государства населению по невыплаченной заработной плате, пенсиям, стипендиям и другим приравненным к ним выплатам, также вкладам, находящимся в Сберегательном банке Республики Таджикистан и до 1 мая 1997 года представить предложения в Правительство Республики Таджикистан.
3. В целях социальной поддержки малообеспеченных слоев населения республики и в связи с либерализацией цен на хлеб и муку производить с 1 марта 1997 года выплаты компенсаций в размере 500 рублей в месяц: детям в возрасте до 8 лет;
неработающим пенсионерам и инвалидам;
студентам высших и средних специальных учебных заведений и -учащимся профеесионально-технических училищ.
Установить, что:
компенсация на детей до 8 лет, включая рожденных, усыновленных и взятых под опеку, выплачивается, если средний доход на каждого члена семьи не превышает одной минимальной заработной платы в месяц;
детям в возрасте до 16 лет, получающим пенсию по случаю потери кормильца, компенсация выплачивается независимо от факта получения семьей других установленных законом пособий;
компенсация неработающим пенсионерам и инвалидам выплачивается, если получаемая пенсия не превышает установленную сумму компенсационных выплат;
компенсация студентам высших и средних специальных учебных заведений, учащимся профессионально-технических училищ выплачивается независимо от размера получаемой стипендии.
Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Министерством социальной защиты населения Республики Таджикистан и Министерством труда и занятости населения Республики Таджикистан разработать и довести до исполнителей методические указания по начислению и выплате компенсаций в соответствии с настоящим постановлением.
4. Председателям областей, городов и районов по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан и Государственным комитетом Республики Таджикистан по управлению государственным имуществом осуществить поэтапную передачу объектов социально-культурного и коммунального назначения, находящихся на балансе государственных предприятий, с учетом их предложений, на баланс соответствующих органов исполнительной власти на местах (хукуматов).
5. Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству внутренних дел Республики Таджикистан, Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Прокуратурой Республики Таджикистан принять меры по обеспечению полного возврата средств министерствами, ведомствами, предприятиями и организациями, независимо от форм собственности, полученных за счет внутренних и внешних кредитов и невозвращенных ими в установленные сроки. О ходе выполнения данного поручения ежеквартально информировать Правительство Республики Таджикистан.
6. Министерству финансов Республики Таджикистан в связи с введением новых налогов и таможенных пошлин представить на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан соответствующих изменениях в доходах и расходах Государственного бюджета на 1997 год.
7. Признать утратившими силу абзацы второй и третий пункта 3 постановления Правительства Республики Таджикистан от 18 февраля 1996 года № 53 "О мерах по реализации Указа Президента Республики Таджикистан от 15 февраля 1996 года № 417 "Об увеличении минимальной заработной платы, оплаты труда работников бюджетных учреждений и организаций, пособий, стипендий о дополнительных мерах по социальной защите малообеспеченных слоев населения Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Э. Рахмонов
от I апреля 1997 года, №141
ш. Душанбе