Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" ноябри соли 2017, № 544
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРӢ БО КАБИНЕТҲОИ ФАННӢ ВА ОЗМОИШГОҲҲОИ МУҶАҲҲАЗИ ТАЪЛИМӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2020
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат шуморида, барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони сазовори халқу давлат пайваста кӯшишу талош менамояд. Тоҷикистон дар давоми солҳои охир ба марҳилаи нави рушди устувори иқтисодӣ ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ, бахусус дар соҳаи маориф, ки ҳамчун омили муҳимтарини инкишофи миллат ва таҳкими асосҳои давлатдорӣ муайян шудааст, ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
2. Дар марҳилаи кунунии раванди ислоҳоти соҳаи маориф ба мукаммалгардонии он қабули як силсила санадҳои муҳими давлатӣ бо мақсади танзими раванди идоракунӣ ва навгонии муттасил мусоидат хоҳад кард, ки ин низоми таълими моро ба меъёрҳои ҷаҳонии таълим ва аз худ намудани илмҳои муосир наздик месозад.
3. Навсозӣ ва рушди иқтисодиёти кишварро бе ноилшавии пешравиҳо дар илму маориф таъмин кардан ғайриимкон аст. Ҷавҳари сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф масъалаҳои дар низоми таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил медиҳад. Сатҳи тараққиёти ин ё он давлат, пеш аз ҳама аз фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста буда, заминагузори он соҳаи маориф ҳисоб меёбад.
4. Ҳадафи асосии қабули Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020 (минбаъд - Барнома) чунин аст:
- донистан ва пешниҳод намудани маълумоти фарогир оид ба олами органикӣ ва ғайриорганикӣ бо истифода аз асбобҳои айёнӣ;
- маълумоти муосир оид ба сохти олами зинда, системаи офтобӣ бо ёрии асбобҳои айёнӣ;
- донистан ва пайдо кардани тасаввурот оид ба олами атроф, сохти илмҳои табиатшиносӣ бо роҳи технологияҳои иттилоотӣ ва озмоишгоҳҳои таълимӣ;
- мушкилоти умдаи инсоният дар шароити ҷаҳонишавӣ;
- алоқамандии инсон ва системаи экологӣ дар миқёси масъалаҳои ҷаҳонишавии инсоният;
- мавқеи илмҳои табиатшиносӣ дар ҷамъияти инсонӣ;
- тарбияи эстетикӣ ва маънавии хонандагон.
5. Қабул ва амалӣ гаштани Барнома, ки асоси онро ташаккули тафаккури техникию табиии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташкил менамоянд, ба тараққиёти илму техника мусоидат хоҳад кард.
6. Барнома муҳимтарин ҷанбаҳои такмил ва омӯзиши фанҳои табиӣриёзиро дар марҳилаи кунунии инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ фаро гирифта, ҳадаф, вазифа ва амалӣ гардонидани онро дар ҷараёни босифати таълим, таҳкими пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, инчунин кафолатҳои иҷтимоиро барои омӯзгорон ва кормандони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф муайян менамояд.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ БАРНОМА
7. Мақсади Барнома аз таҷҳизонидани кабинетҳои таълимӣ ва озмоишгоҳҳо бо ҳама таҷҳизоти зарурӣ, беҳбудӣ бахшидан ба ҷараёни омӯзиши фанҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.
8. Вазифаҳои Барнома:
- амалӣ намудани сиёсати давлат дар самти таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ва зерсохторҳои онҳо бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз нав ҷорӣ кардани муттасилии таълими фанҳои табиатшиносӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва дар оянда дар ҳама зинаҳои таҳсилот;
- амалигардонии нақшаи чорабиниҳои Барнома дар ҳамкорӣ бо раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин вазорату идораҳо ва мақомоте, ки дар Барнома зикр гардидаанд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти марбута оид ба амалигардонии чорабиниҳои Барнома;
- таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, воситаҳои техникӣ ва асбобҳои аёнии муосир;
- такмил ва омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ, суруд ва мусиқӣ, муҳайё намудани шароит ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ;
- таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо таҷҳизоти нави техникӣ, асбобҳои барқӣ, реактивҳо ва дигар лавозимоти лабораторӣ ҷиҳати гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ тибқи барномаи таълимӣ;
- тарғибу ташвиқи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ тавассути воситаҳои ахбори омма;
- истифодаи технологияҳои муосир дар таълими фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ;
- баланд бардоштани сифати омӯзиши фанҳои табиӣ-риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
- ташкил ва гузаронидани семинарҳои методӣ ва дастурдиҳӣ дар муасисаҳои таҳсилоти умумӣ оид ба масъалаҳои амалигардонии самтҳои Барнома;
- таҷҳизонидани кабинетҳои технологияи меҳнат барои духтарону писарон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо мақсади омӯзиши қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ.
3. ВАЗЪИ ТАҶҲИЗОНИДАНИ КАБИНЕТҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА ОЗМОИШГОҲҲО ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
9. Соҳаи маориф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун омили муҳимтарини инкишофи миллат ва таҳкими давлат арзёбӣ гардида, яке аз соҳаҳои афзалиятнок маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, таълиму тарбияи насли наврас ҳамчун рукни асосии ғояи давлатдорӣ маҳсуб меёбад.
10. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушди устувори иқтисодӣ қарор дошта, тӯли солҳои замони истиқлолият дар соҳаҳои гуногун, бахусус дар соҳаи маориф ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар марҳилаи муосири инкишофи ҷомеа ислоҳоти соҳаи маориф идома дорад.
11. Солҳои охир бо мақсади ҷорӣ намудани навгонии муттасил ва идоракунӣ вобаста ба ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ ва аз худ намудани илми муосир як силсила санадҳои муҳими давлатӣ қабул гардидаанд. Асоси сиёсати давлатро дар соҳаи маориф масъалаҳои ба раванди таҳсилот ворид намудани меъёрҳои ҷаҳонӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил медиҳад, зеро пешрафти ҳар як давлат, дар навбати аввал аз фаъолияти самараноки кадрҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт вобаста аст.
12. Ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ будани он, зарурати дар таҳрири нав омода намудани Барномаи мазкур ба миён омадааст.
13. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ заминаҳои воқеӣ ба вуҷуд омадаанд. Дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, умумии асосӣ, миёна ва олии касбӣ ба роҳ монда шудааст.
14. Дар соли таҳсили 2015-2016 дар ҷумҳурӣ 3846 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият карда, дар онҳо 1784437 нафар хонанда таҳсил мекарданд, ки ба таълиму тарбияи онҳо 110317 нафар омӯзгор машғул буд.
15. Тибқи ҳисоботи омории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таҳсили 2015-2016 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз рӯи ихтисос 6713 нафар омӯзгори фанни математика, 1554 нафар омӯзгори фанҳои математика-информатика, 2174 нафар омӯзгори фанҳои математика - физика, 1284 нафар омӯзгори фанни информатика, 2037 нафар омӯзгори фанни физика, 1282 нафар омӯзгори фанни химия, 2743 нафар омӯзгори фанни биология, 2810 нафар омӯзгори фанни география ва 446 нафар омӯзгори фанҳои биология-экология кору фаъолият менамуданд.
16. Мутобиқи нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷиистон барои солҳои 2015-2020 барои омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дар синфҳои I-III 1 соат, дар синфи IV 2 соат, дар синфҳои VIX 28 соат ва дар синфҳои X-XI 17 соат дар як ҳафта ҷудо карда шудааст.
17. Дар нақшаи таълимии мазкур омӯзиши фанҳо аз рӯи равияҳо ва зерравияҳои соҳавӣ пешбинӣ шудааст, ки баъди хатми таҳсилоти умумии асосӣ амалӣ карда мешавад. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гурӯҳбандӣ ба равияҳо аз синфи X иҷозат дода мешавад. Ҳангоми гурӯҳбандӣ ба равияҳо сатҳи дониш, малака, истеъдод ва ҳолати равонии хонанда бояд ба инобат гирифта шавад. Гурӯҳбандии синфҳо ба равияҳо ба миқдори синф ва шумораи хонандагон вобаста аст.
18. Дар муассисаҳои таълимии намуди гимназия, литсей ва хусусию ғайридавлатӣ, ки заминаҳои хуби таълимӣ, моддию техникӣ ва кадрӣ доранд, хонандагон аз синфҳои V ва VII ба равияҳо гурӯҳбандӣ карда мешаванд.
19. Таҳлили вазъи омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ (физика, химия, биология, экология, математика, география, технологияи иттилоотӣ) дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чунин мушкилотро, аз қабили ҳолати номувофиқу ҷавобгӯ набудани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои таълимии фанҳои мазкур, китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва маводи дидактикиро дар таълими фанҳои мазкур муайян намуд.
20. Бояд зикр кард, ки болоравии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, пеш аз ҳама ба ташкил кардан ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои фанҳои физика, химия, математика, биология, экология, география, технологияи иттилоотӣ ва ғайра вобастагӣ дорад.
21. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ вазъи таҷҳизонидани кабинетҳои фанни физика, химия, география, биология, экология ва дигар фанҳои таълимӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест.
22. Дар 25 соли охир ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ реактивҳои химиявӣ, ашёи озмоишгоҳҳо ва маводи намоишдиҳӣ қариб ворид нагардидаанд. То ҳол, дар ҷумҳурӣ маркази фурӯши ашё барои озмоишгоҳҳо, таҷҳизоти намоишдиҳӣ ва реактивҳои химиявӣ вуҷуд надорад. Бинобар ин, фанҳои мазкур дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ танҳо аз ҷиҳати назариявӣ таълим дода шуда, ҳалли масъалаҳои таҷрибавӣ танҳо дар ҳолатҳои алоҳида мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд. Аз ин лиҳоз, бе таҳкими заминаи моддӣ-техникии кабинетҳои фаннии фанҳои табиатшиносӣ ва ба роҳ мондани корҳои озмоишӣ (амалигардонии назария дар амал) сатҳи дониши хонандагонро боло бурдан имконнопазир аст.
23. Таҳлили вазъи таълими фанҳои табиатшиносӣ (физика, химия, биология, экология, математика, география, технологияи иттилоотӣ) дар марҳилаи аввали амалишавии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2011-2015 нишон дод, ки гарчанде корҳои зиёде дар ин самт иҷро гардида бошанд ҳам, вале рафти иҷрои Барномаи мазкур дар бархе аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ташвишовар боқӣ мондааст. Ҷиҳати харидорӣ, ташкилу таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағи зарурӣ ҷудо намегардид, ки дар самти иҷрои Барномаи мазкур монеаи ҷиддӣ эҷод намуд.
24. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи ташкил ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимии вилоят тибқи нишондоди Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2011-2015 амалӣ нагардид. Аз ин лиҳоз, аз 292 кабинете, ки тибқи нақшаи марҳилаи аввали амалигардонии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ бояд дар зарфи панҷ сол дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилоят ташкил мегардид, ҳамагӣ 62 кабинет, ки 21,2 фоизи иҷрои Барнома аст, ташкил шуд. Ҷиҳати муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ, хариди таҷҳизот ва маводи лозима дар муассисаҳои таълимии вилоят маблағи ҷудогардида нокифоя буд.
25. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Хатлон тибқи нақшаи амалигардонии Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2011-2015 бояд 2721 кабинети таълимӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (физика, химия, биология, география, математика, технологияи информатсионӣ ва экология) ташкил мегардид. Дар зарфи панҷ сол дар муассисаҳои таълимии вилоят 2003 кабинети таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки 73,6 фоизи нақшаро ташкил дод. Барои бапуррагӣ иҷро намудани нақшаи Барномаи мазкур бе назардошти муассисаҳои таълимии навтаъсис боз 718 кабинет ташкил намудан зарур аст.
26. Ҳамчунин дар вилояти Суғд аз 797 кабинети тибқи нақшаи Барнома (солҳои 2011-2015) пешбинишуда 341 кабинет дар зарфи панҷ сол ташкил гардид, ки 42,7 фоизи иҷрои нақшаро ташкил додааст.
27. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе нақшаи иҷрои Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2011-2015 ба 64,3 фоиз расид, ки аз 216 кабинети дар нақша буда ҳамагӣ 139 кабинет ташкил гардид.
28. Ҳамагӣ, аз 4641 кабинети тибқи нақшаи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2011-2015 пешбинишуда дар маҷмӯъ 2908 кабинет дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки 62,6 фоизи иҷрои Барномаи мазкурро ташкил дод.
29. Аз таҳлилҳои гузаронида бармеояд, ки Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2011-2015 дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ мувофиқи мақсад иҷро нагардид. Тибқи маълумоти дурнамои оморӣ дар панҷ соли оянда муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти зиёдшавии хонандагон (3 фоиз ҳар сол) ба 4334 адад мерасад, ки муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ дар онҳо дар оянда бояд ба нақша гирифта шавад. Аз ин лиҳоз, дар Барномаи нав нақшаи дар се соли оянда ташкил ва муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннии фанҳои табиӣриёзӣ дар назар дошта шудааст.
30. Барои бапуррагӣ иҷро намудани нақшаи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ барои солҳои 2011-2015 зарурияти такмили Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар марҳилаи нав ба миён омадааст.
31. Мавриди зикр аст, ки кабинетҳои фаннии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бояд ба ташаккулёбии фарҳанги шахсии хонандагон, баланд бардоштани сатҳи сифати дониш ва самаранокии хизматрасонии иттилоотии раванди таълиму тарбия мусоидат намояд. Муҷаҳхазгардонӣ ва ороиши кабинетҳо бояд ба талаботи зебоипарастӣ, беҳдоштӣ, таълимию тадқиқотии раванди таълим ҷавобгӯ буда, тибқи талабот истифода бурда шаванд.
32. Ҳамзамон, қобили зикр аст, ки барои тарбияи эстетикӣ ва фарҳангии хонандагон фанни суруд ва мусиқӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин лиҳоз, масъалаи таъмини кабинетҳои фанҳои суруд бо асбобҳои мусиқӣ ба Барномаи нав ворид гардидааст.
33. Муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои таълимӣ бояд ҷавобгӯи талаботи эстетикии биноҳои таълимӣ бошад ва онҳо тибқи тартиби муқарраргардида таҷҳизонида шаванд. Бинобар ин, дар марҳилаи дуюми Барнома ба ороиш ва ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад (замимаи 3) .
4. САМТҲОИ АСОСИИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА
34. Амалигардонии Барномаи мазкур бо роҳҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
- ташкил ва ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимии фанҳои табиатшиносӣ, суруд ва мусиқӣ ва дигар фанҳои таълимӣ (замимаҳои 1-9);
- фароҳам овардани шароит барои хонандагони болаёқат бо дарназардошти хусусиятҳои фардии онҳо;
- такмил ва таҷҳизонидани синфхонаҳои бахшҳои экологии марказҳои корҳои тарбиявии беруназмактабӣ.
5. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМА
35. Барнома аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин маблағгузорӣ мешавад:
- буҷети давлатӣ;
- маблағҳои ғайрибуҷетӣ;
- маблағҳои махсус;
- маблағҳои хайриявӣ.
36. Маблағгузории Барнома дар доираи маблағҳои ҳамасола барои соҳаи маориф ҷудошаванда амалӣ карда мешавад. Масъулин, аз ҷумла мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола тибқи талаботи Барномаи мазкур ҷудо намудани маблағҳои заруриро ба нақша мегиранд. Маблағи амалигардонии бандҳои нақшаи чорабиниҳои Барнома аз ҳисоби маблағҳои буҷети мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аз ҳисоби маблағҳои мақомоти ҷумҳуриявӣ, ғайрибуҷавӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ пардохт карда мешавад.
37. Роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо мақсади ҷалби маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ барои ороиш ва таҷҳизонидани кабинету озмоишгоҳҳо бояд лоиҳаҳои худро ба тендерҳои созмонҳои байналмилалӣ пешниҳод намоянд.
6. НАТИҶАҲОИ АМАЛИГАРДОНИИ БАРНОМА
38. Амалигардонии Барномаи мазкур ба ҳалли масъалаҳои зерин мусоидат менамояд:
- иҷрои муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин сохта, ба ташаккули шахсияти дорои тафаккури нав, рушди бемайлони ҷомеаи солим мусоидат намуда, заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва техникии насли наврасро такмил медиҳад.
- ба такмили роҳу усулҳои таълим таъсир расонида, сатҳи дониши хонандагонро боло мебарад;
- ҳамгироии таълиму тарбия, ҳифзи муҳити зист ва интихоби касбу ҳунарро таъмин менамояд;
- тавассути таҳсилоти босифат тафаккури эҷодӣ ва маҳорати баланди касбии кадрҳоро батадриҷ беҳтар мегардонад;
- талаботи шахсияти инсонро ба интихоби таҳсилоти касбӣ, иловагӣ, бозомӯзӣ, омӯзишии техника ва технологияи иттилоотии муосир қонеъ мегардонад.
Замимаҳои 2-9