Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 ноябри соли 2017 № 533 "Дар бораи тартиби аз Фаҳристи Ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тартиби аз Фаҳристи Ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият

Мутобиқи моддаи 20(2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби аз Феҳристи ягонаи давлатиии шахсони ҳуқукӣ ва соҳибкорони инфиродӣ хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ вазифадор карда шавад, ки тибқи Тартиби мазкур аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолиятро амалӣ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

аз 21 ноябри соли 2017 № 533

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Порядке исключения бездействующего юридического лица, индивидуального предпринимателя, филиала и представительства иностранного юридического лица из Единого государственного реестра юридических лиц и индивидуальных предпринимателей

В соответствии со статьей 20(2) Закона Республики Таджикистан "О государственной регистрации юридических лиц и индивидуальных предпринимателей" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок исключения бездействующего юридического лица, индивидуального предпринимателя, филиала и представительства иностранного юридического лица из Единого государственного реестра юридических лиц и индивидуальных предпринимателей (прилагается).

2. Обязать Налоговый комитет при Правительстве Республики Таджикистан как орган, осуществляющий государственную регистрацию, осуществлять исключение бездействующего юридического лица, индивидуального предпринимателя, филиала и представительства иностранного юридического лица из Единого государственного реестра юридических лиц и индивидуальных предпринимателей согласно настоящему Порядку.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 21 ноября 2017 года, №533