Тартиби аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият аз 21 ноябри соли 2017 № 533

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 21 ноябри соли 2017, № 533

тасдиқ шудааст

Тартиби аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби аз Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ (минбаъд - Феҳристи ягонаи давлатӣ) хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият (минбаъд - kiТартиб) мутобиқи моддаи 20(2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" таҳия гардида, хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филилал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолиятро (минбаъд - субъекти хоҷагидорӣ) аз Феҳристи ягонаи давлатӣ бо қарори мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ танзим менамояд.

2. СУБЪЕКТҲОИ БЕФАЪОЛИЯТ

2. Субъектҳои хоҷагидоре, ки дар давоми дувоздаҳ моҳи охир то қабули қарори дахлдор аз тарафи мақоми анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ ҳисобот ва эъломияҳои андозро ба мақомоти андоз пешниҳод накардаанд, фаъолияти иқтисодии хориҷиро (воридот ё содирот) анҷом надодаанд ва ягон амалиёти бонкӣ нагузаронидаанд, минбаъд бо мақсадҳои Тартиби мазкур субъектони бефаъолият ҳисобида мешаванд.

3. ХОРИҶ НАМУДАНИ СУБЪЕКТИ БЕФАЪОЛИЯТ АЗ ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТӢ

3. Агар субъекти хоҷагидор дар давоми дувоздаҳ моҳи охир ягон амалиёти дар банди 2 Тартиби мазкур овардашударо иҷро нанамоянд, ба суроғаи он аз ҷониби мақомоти андози дахлдор огоҳиномаи хаттӣ оид ба зарурати идома додани фаъолият ва (ё) ба таври дахлдор қатъ намудани фаъолияти он ирсол карда мешавад. Дар ҳолати аз ҷониби субъект иҷро накардани талаботи огоҳинома ва дар муҳлати як моҳи тақвимӣ пешниҳод накардани маълумот оид ба давом додани фаъолият, субъект бо риояи Тартиби мазкур аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ карда мешавад.

4. Субъектони бефаъолият бо назардошти маълумоти мақомоти ҳудудии андоз ва хулосаи комиссияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумитаи андоз) дар асоси қарори раиси Кумитаи андоз (ё муовини ваколатдори ӯ) аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ карда мешаванд.

5. Мақомоти ҳудудии андоз ҳар се моҳ дар асоси маълумоти низоми иттилоотии андоз ва ҳолатҳои дигари мушаххас, таҳлили асоснок гузаронида, субъектҳои хоҷагидореро, ки тибқи банди 2 Тартиби мазкур субъектони бефаъолият ба ҳисоб мераванд, муайян намуда, ба суроғаи онҳо огоҳинома ирсол менамояд. Баъд аз анҷом ёфтани муҳлати огоҳинома ва иҷро нагардидани талаботҳои он, дар хусуси ҳамчун субъекти бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ намудани онҳо ба Кумитаи андоз маълумот пешниҳод менамоянд.

6. Ҳангоми таҳияи маълумоти зикргардида аз ҷониби мақомоти ҳудудии андоз ҳолатҳои дар тавозуни субъектҳо мавҷуд будани молу мулки ғайриманқул, воситаҳои асосӣ, қарздории субъект аз ҳисоби андозҳо, ҳолати суратҳисобҳои бонкии онҳо ва ҳолатҳои дигар таҳлил карда мешаванд. Ба маълумоти мақомоти ҳудудии андоз огоҳиномаи ба субъект ирсол шуда, санади муқоисавӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои андоз ва маълумотномаи ташкилоти қарзии хизматрасон дар хусуси аз ҷониби субъекти мазкур анҷом надодани амалиёт бо суратҳисоби бонкӣ ва (ё) баста шудани суратҳисоб замима карда мешаванд.

7. Маълумоти мақомоти ҳудудии андоз бо имзои сардори мақомоти ҳудудии андоз, инчунин сардори шуъбаи (бахши) хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, нозири мутасаддии қабули ҳисоботи андозсупоранда ва муҳри нозирот тасдиқ карда мешавад,

8. Бо мақсади баррасии масъалаҳои вобаста ба хориҷ намудани субъектони бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, дар Кумитаи андоз комиссия таъсис дода шуда, назорати фаъолияти он аз тарафи роҳбарияти Кумитаи андоз амалӣ карда мешавад.

9. Маълумоти мақомоти ҳудудии андоз оид ба хориҷ намудани субъекти бефаъолият аз тарафи комиссия баррасӣ карда мешавад.

10. Комиссия оид ба хориҷ намудани субъектони бефаъолият бо фармоиши раиси Кумитаи андоз дар ҳайати муовини раис (ба ҳайси раиси комиссия) ва аъзои комиссия иборат аз нуҳ нафар, аз ҷумла котиби масъули комиссия (бо ҳуқуқи овоз додан) таъсис дода мешавад.

11. Комиссия дар се моҳ як маротиба аз рӯи маълумоти мақомоти дахлдори андоз, инчунин дар мавридҳои зарурӣ дар муҳлати дигар ҷаласа доир менамояд. Ҷаласаи комиссия ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар кори он на кам аз се ду қисми аъзои он иштирок дошта бошанд.

12. Аз рӯи натиҷаҳои баррасӣ комиссия оид ба хориҷ намудани субъектони бефаъолият яке аз хулосаҳои зеринро қабул менамояд:

- дар бораи эътироф намудани субъекти хоҷагидор ҳамчун субъекти бефаъолият;

- дар бораи эътироф гардидани субъект ҳамчун субъекти фаъолияткунанда;

- дар бораи ба мақомоти дахлдори андоз баргардонидани мавод оид ба субъектони бефаъолият ҷиҳати такроран мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор додан.

13. Хулосаи комиссия оид ба хориҷ намудани субъекти бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ ба роҳбарияти Кумитаи андоз пешниҳод карда мешавад.

14. Раиси Кумитаи андоз (ё муовини ваколатдори ӯ) хулосаи комиссияро дар хусуси аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ намудани субъектони бефаъолият бо қарори худ тасдиқ менамояд.

15. Баъд аз қабули қарори раиси Кумитаи андоз (ё муовини ваколатдори ӯ) ва тасдиқ гардидани рӯйхати субъектони бефаъолият рӯйхати онҳо дар матбуоти даврӣ нашр карда мешавад. Аз лаҳзаи нашри эълон дар давоми ду моҳ арзу дархост ва шикоятҳо нисбати субъектони бефаъолият эътирофшуда дар шакли хаттии асоснок аз ҷониби комиссияи Кумитаи андоз қабул карда мешаванд.

16. Мутобиқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" аз рӯзи нашри эълон дар рӯзнома субъектони бефаъолият дар ҷараёни барҳамдиҳӣ қарордошта ҳисобида мешаванд.

17. Пас аз қабули қарор дар хусуси аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ намудани субъекти бефаъолият дар давоми як моҳ шахси ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва филиалу намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷии бефаъолият огоҳ карда мешаванд.

18. Баъди гузаштани ду моҳ пас аз нашри эълон ва дар сурати ворид нагардидани арзу дархост ва шикоятҳо, субъектони бефаъолият тибқи қарори мақомоти анҷомдиҳандаи бақайдгирии давлатӣ аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ карда мешаванд. Хориҷ намудани субъектони бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли мутамарказ амалӣ карда мешавад.

19. Ҳангоми тибқи Тартиби мазкур дар асоси қарори раиси Кумитаи андоз хориҷ намудани субъекти бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ, аз муассис (муассисон) ва мақомоти ваколатдори чунин субъект - шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқии хориҷӣ ва филиал (намояндагии) он ё мақомоти судӣ қабули қарорҳои дахлдор ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ" вобаста ба барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ ва қатъи фаъолияти соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ пешбинишуда талаб карда намешавад.

20. Дар ҳолати ворид гардидани арзу дархост ё шикояти асоснок, тибқи хулосаи комиссия ва қарори раиси Кумитаи андоз (ё муовини ваколатдори ӯ) бефаъолият эътироф намудани субъект метавонад рад ва ё бекор карда шуда, он фаъолияткунанда эътироф карда шавад. Инчунин дар доираи муҳлати даъво оид ба масъалаҳои андозбандӣ, ошкор гардидани қонунвайронкунӣ ё ҳолатҳои пинҳонкунии андозҳо, мумкин аст бефаъолият эътироф намудани субъект бекор карда шуда, он амалкунанда ҳисобида шавад.

21. Иҷрои уҳдадориҳои субъектони бефаъолият дар назди шахсони сеюм, ки тибқи бандҳои 18 ва 20 Тартиби мазкур ҳалли худро наёфтаанд, тибқи муқаррароти қонунгузории амалкунанда танзим карда мешавад.

22. Дар сурати доштани қарзҳои адозӣ, субъекти бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ хориҷ карда намешавад.

4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

23. Баҳсҳои бамиёномада оид ба хориҷ намудани шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ, филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷии бефаъолият аз Феҳристи ягонаи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

24. Шахсони воқеӣ (соҳибкорони инфиродӣ) шахсони ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ барои худро ҳамчун субъекти бефаъолият вонамуд кардан мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.