Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017 № 443 "Дар бораи Барномаи давлатии амали намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии амали намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", бо мақсади рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣкоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалишавии Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).

2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод намоянд.

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати рафти иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣкоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022-ро таъмин намуда, аз натиҷаи амалигардии он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ахбор пешниҳод намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 сентябри соли 2017 № 443

ш.Душанбе