Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" сентябри соли 2017 № 443
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "29" сентябри соли 2017 № 443
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ АМАЛӢ НАМУДАНИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2018-2022
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои итгилоотӣкоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 (минбаъд - Барнома) бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо технологияҳои иттилоотӣкоммуникатсионӣ таҳия гардидааст, ки амалишавии он барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи маорифи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.
2. Барнома аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос гирифта, ҳадаф, афзалият ва тадбирҳои рушди технологияҳои иттилоотӣкоммуникатсиониро дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муайян менамояд.
3. Барнома самтҳои афзалиятноки рушдро дар амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ инъикос намуда, мутобиқи мақсадҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин соҳа равона карда шудааст.
2. ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ТАЪМИНОТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО КОМПЮТЕР ВА ТАҶҲИЗОТИ ИТТИЛООТӢ-КОММУНИКАТСИОНӢ
4. Дар ҷаҳони муосири бо суръат тараққиёбанда фаъолият ва рушди соҳаи маорифро бе истифодаи воситаҳо ва технологияҳои муосири иттилоотӣ -коммуникатсионӣ тасаввур кардан имконнопазир аст. Чунонки тадқиқоти сершумор нишон медиҳанд, зиёд гардидани ҳаҷми итгилооте, ки дар соҳаи маориф истифода бурда мешавад, бояд ба манбаи ягонаи иттилоотӣ асос ёфта, ба таври замонавӣ коркард карда шаванд. Дар ин шароит соҳаи маориф бе истифодабарии воситаю усулҳои муосири коркард, интиқол ва пешниҳоди иттилооти электронӣ самаранок буда наметавонад.
5. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба истифодаёарии технологияҳои иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ба баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ташкили махзани рақамии ягонаи маводи таълимии электронӣ, рушди заминаҳои муосири моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба воситаи мунтазам аз нав таҷҳизонидани онҳо бо техникаву технологияҳои ҳозиразамон ва ташкили торнамои (портали) ягонаи итгилоотии соҳам маорифи ҷумҳурӣ равона гардидааст.
6. Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 сентябри соли 2010, №416 тасдиқ шуда, дар доираи амалишавии он як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла доир ба таҳкими заминаҳои моддӣ-техникӣ, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи крмпютерӣ, ташкили шабакаҳои иттилоотӣ ва пайвастшавии онҳо ба шабакаи Интернет амалӣ гардид.
...