Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи давлатии амали намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", бо мақсади рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣкоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалишавии Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1 ва 2).
2. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишудаи буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, чораҳои зарурӣ андешида, аз натиҷааш ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа ҳисобот пешниҳод намоянд.
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати рафти иҷрои Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣкоммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022-ро таъмин намуда, аз натиҷаи амалигардии он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ахбор пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 сентябри соли 2017 № 443
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Государственной программе внедрения информационно-коммуникационных технологий в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан на 2018-2022 годы
В соответствии со статьей 17 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и статьей 32 Закона Республики Таджикистан "Об образовании", в целях развития сферы образования Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу внедрения информационно-коммуникационных технологий в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан та 2018 - 2022 годы и План мероприятий по реализации Государственной программы внедрения информационно-коммуникационных технологий в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан на 2018- 2022 годы (приложения 1 и 2).
2. Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения принять необходимые меры по реализации настоящей Программы в рамках предусмотренной государственным бюджетом средств и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан и о результатах ежеквартально представлять отчет в Министерство образования и науки Республики Таджикистан.
3. Министерству образования и науки Республики Таджикистан обеспечить контроль над ходом выполнения Государственной программы внедрения информационно - коммуникационных технологий в общеобразовательных учреждениях Республики Таджикистан на 2018 - 2022 годы и ежегодно представлять информацию о результатах её реализации в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 29 сентября 2017 года, №443