Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси корхонаи воҳиди давлатии "Маъдан"
Мутобиқи моддаи 125 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи корхонаҳои давлатӣ" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Корхонаи воҳиди давлатии "Маъдан" дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии корхонаи воҳиди давлатии "Маъдан"-ро ҳал намояд.
3. Ба номгӯи корхона ва муассисаҳои системаи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 147 "Дар бораи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархати чилу панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Корхонаи вохиди давлатии "Маъдан"".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 29 сентябри соли 2017 № 463
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О создании государственного унитарного предприятия "Маъдан"
В соответствии со статьей 125 Гражданского кодекса Республики Таджикистан, статьей 5 Закона Республики Таджикистан "О государственных предприятиях", статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Образовать государственное унитарное предприятие "Маъдан" при Министерстве промышленности и новых технологий Республики Таджикистан.
2. Министерству промышленности и новых технологий Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые вопросы государственного унитарного предприятия "Маъдан".
3. Дополнить перечень предприятий и учреждений системы Министерства промышленности и новых технологий Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, №147 "О Министерстве промышленности и новых технологий Республики Таджикистан", сорок пятым абзацем следующего содержания:
"Государственное унитарное предприятие "Маъдан"".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 29 сентября 2017 года, № 463