Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2017 № 421 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, № 588"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, № 588

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷу.мҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015, № 588 "Дар бораи Тартиби нндексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

- банди 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"15. Сармояи шартии нафақавии дар натиҷаи конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахси суғурташуда муайяншуда аз соли 2014 сар карда, ҳар сол бо тартиби пешбининамудаи мисоли шартии индексатсияи сармояи шартии нафақавии шахси суғурташудаи Тартиби мазкур индексатсия карда мешавад.";

- банди 16 хориҷ карда шуда, бандхои 17, 18 ва 19 мутаносибан бандҳои 16, 17 ва 18 ҳисобида шаванд;

- мисоли шартии индексатсияи сармояи шартии нафақавии шахси суғурташуда, ки ба Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ замима шудааст, дар таҳрири нав баён карда шавад (замима мегардад).

2. Қарори мазкур аз 1 январи соли 2017 мавриди амал қарор дода шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

аз 29 августи соли 2017 № 421

ш.Душанбе

Замима