Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 августи соли 2017 № 916 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, № 591"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, № 591

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:

Дар банди 5 Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2015, № 591 "Дар бораи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро риоя намояд ва риояи онро аз ҷониби аъзои оила ва фарзандон таъмин намояд;".

2. Сархатҳои чорум ва панҷум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- ба муассисаи таълимӣ бо идоракунии воситаи нақлиёти механикӣ рафтани фарзандон роҳ надиҳад;

- автомашинаи хизматии ба ӯ вобастакардашударо барои манфиатҳои шахсии худ ва аъзои оила истифода набарад;".

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон           Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

11 августи соли 2017 № 916