Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017 № 367 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 601"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 601

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 601 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ щудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз банди 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар банди 3 калимаҳои "дар айни замон" хориҷ ва калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

3. Дар банди 4 баъд аз калимаҳои "маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда" калимаҳои "ва дигар маблағҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст," илова карда шаванд.

4. Дар банди 6:

- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- таъмини амнияти фазои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини амнияти зиддитеррористии фазои ҳавоӣ ва дар мавридҳои зарурӣ расонидани кумак ба мақомоти амнияти давлатӣ доир ба тайёр ва гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ;";

- дар сархати ҳафтум калимаҳои "гарнизонҳои ҳарбӣ" ба калимаи "гарнизонҳо" иваз карда шаванд;

- аз сархати нуҳум калимаҳои "хариду фурӯши одамон," хориҷ карда шаванд.

6. Дар банди 7:

...

- дар сархати якум калимаи "омода" ба калимаи "таҳия" иваз карда шавад:

- дар сархати даҳум баъд аз калимаҳои "дар хусуси ҳамоҳангсозии" калимаҳои "фаъолияти сохторҳои қудратӣ" илова карда шуда, калимаҳои "саъю кӯшишҳо" хориҷ карда шаванд;

- дар сархати чордаҳум баъд аз калимаи "фармоишҳои" калимаи "мудофиавии" илова карда шавад;

- дар сархати понздаҳум калимаҳои "гарнизонҳои харбӣ" ба калимаи "гарнизонҳо" иваз карда шаванд:

- дар сархати хаждаҳум калимаҳои "Ҳамкориҳои" ва "ташкилотҳои" мувофиқан ба калимаҳои "ҳамкории" ва "созмонҳои" иваз карда шаванд;

- дар сархати нуздаҳум калимаҳои "тайёрии сафарбаркунӣ" ба калимаҳои "омодагӣ ба сафарбарӣ ва сафарбарӣ, мудофиаи худудӣ" иваз карда шаванд;

- сархати бисту сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- банақшагирӣ ва истифодабарии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд;".

7. Дар банди 8 калимаи "таъмини" ба калимаи "таъминоти" ва калимаҳои "Вазорати рушди иқтисод ва савдои" ба калимаи "Ҳукумати" иваз карда шаванд.

8. Дар банди 10:

- дар сархати дуюм калимаи "сафарбаркунӣ" ба калимаи "сафарбарӣ" иваз карда шавад:

- дар сархати чорум калимаи "захираҳои" ба калимаи "воситаҳои" иваз карда шавад;

- дар сархати панҷум калимаи "таъмини" ба калимаи "таъминоти" ва калимаҳои "Вазорати рушди иқтисод ва савдои" ба калимаи "Ҳукумати" иваз карда шаванд;

- дар сархати ҳаштум калимаҳои "олии омодагии" ба калимаҳои "баланди омодабошии" иваз карда шаванд;

- сархати нуҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"- Вазорати мудофиаро дар созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад ва дар доираи ваколатҳои хеш гуфтушунидҳо мегузаронад;";

- дар сархати даҳум калимаи "ҳудуди" ба калимаи "доираи" иваз карда шавад;

- сархати ёздаҳум хориҷ карда шавад;

- дар сархати чордаҳум калимаи "идорӣ" ба "идоракунанда" иваз карда шуда, баъд аз калимаҳои "мувофиқи қонунгузорӣ" калимаҳои "тартиби пардохти" илова карда шаванд;

- аз сархати понздаҳум калимаҳои ", ё ин ҳуқуқро ба муовини аввали худ вогузор менамояд" хориҷ карда шуда, калимаи "мансаб" ба калимаи "вазифа" иваз карда шавад;

- сархатҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- тақсимот, ҷобаҷогузории аслиҳа, техникаи ҳарбӣ, лавозимоти ҷангиро дар қисмҳои ҳарбӣ ва воҳидҳои сохтории Вазорати мудофиа амалӣ менамояд;

- фаъолияти ташкилоту муассисаҳои Вазорати мудофиаро назорат менамояд;".

- ба сархати сеюм ҷумлаи дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Дар ҳолати набудани вазири мудофиа вазифаҳои вазирро муовини якуми вазир ё бо супориши ӯ яке аз муовинони вазир иҷро мекунад.";

- дар сархати чорум баъд аз калимаи "разведкаи" калимаи "ҳарбии" илова карда шавад.

10. Дар банди 12 калимаҳои "Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "салоҳияти онҳо" мутаносибан ба калимаҳои "Қувваҳои Мусаллаҳ" ва "салоҳияташон" иваз карда шаванд.

11. Банди 14 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"14. Дар Вазорати мудофиа дар ҳайати вазир (раис), муовинони вазир (аз рӯи вазифа) ва кормандони роҳбарикунандаи вазорат ҳайати мушовара таъсис дода мешавад. Аъзои ҳайати мушовара, ба ғайр аз шахсоне, ки аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди вазир аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Қарорҳои ҳайати мушовара бо фармоиши вазири мудофиа татбиқ карда мешаванд.".

12. Банди 15 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"15. Ба ҷадвали воҳидҳои кории Вазорати мудофиа, қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳо хизматчиёни ҳарбӣ, хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ дохил мешаванд. Ба хизматчиёни ҳарбӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ дода шуда, ба нигоҳдорӣ ва гирифта гаштани силоҳи оташфишони табелӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.".

13. Банди 16 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"16. Қабули хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ ба кор, инчунин аз вазифа озод намудани онҳо дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби вазири мудофиа сурат мегирад. Фармоишҳои вазири мудофиа доир ба қисми сафӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа ва Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ бо фармоиши вазири мудофиа аз ҷониби муовини якуми вазири мудофиа ва дар ҳолати набудани ӯ аз ҷониби яке аз муовинони вазири мудофиа имзо карда мешаванд.".

14. Дар банди 17 калимаҳои "коргарону хизматчиён" ба калимаҳои "хизматчиёни давлатии маъмурӣ, ҳайати техникӣ ва хизматрасонӣ" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 июли соли 2017 № 367

ш.Душанбе