Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017 № 361 "Дар бораи муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фарҳанг" ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар заминаи муассисаи давлатии "Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ - Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон" бо истифодаи молу мулк ва воҳидҳои корӣ муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон" таъсис дода шавад.

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон"-ро ҳал намояд.

3. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории муассисаи давлатии "Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон"-ро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи муассисаву ташкилотҳои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои кории онҳо амалӣ намояд.

4. Дар замимаи 4 "Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, калимаҳои "Қасри фарҳанг ва санъати ҷумҳуриявӣ - Маркази ҷумҳуриявии эстетикии кӯдакон ва ҷавонон" ба калимаҳои "Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 июли соли 2017 № 361

ш.Душанбе