Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин" таъсис дода шавад.
2. Ба замимаи 4 "Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, № 250 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, баъд аз сархати "Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб"" сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин"".
3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон ва дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин"-ро муайян намояд;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин"-ро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар соли 2017 пешбинишуда амалӣ намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Яхчипуни ноҳияи Шамсиддин Шоҳин"ро ҳал намояд.
4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи амволи давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 июли соли 2017 № 363
ш.Душанбе