Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017 № 362 "Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бартанги ноҳияи Рӯшон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бартанги ноҳияи Рӯшон"

Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бартанги ноҳияи Рӯшон" таъсис дода шавад.

2. Ба замимаи 4 "Номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои системаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2011, № 250 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, баъд аз сархати "Муассисаи давлатии "Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди ВМКБ"" сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бартанги ноҳияи Рӯшон"".

3. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бартанги ноҳияи Рӯшон"-ро муайян намояд;

- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бартанги ноҳияи Рӯшон"-ро аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар соли 2017 пешбинишуда амалӣ намояд;

- тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкиливу ҳуқуқии муассисаи давлатии "Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бартанги ноҳияи Рӯшон"-ро ҳал намояд.

4. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи амволи давлатӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ Раҳмон

аз 28 июли соли 2017 № 362

ш.Душанбе