Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2017 № 346 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 537"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 537

 

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Оинномаи Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, № 537 "Масъалаҳои Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

1. Дар банди 4:

- сархатҳо бо аломати дефис "-" ҷудо карда шаванд;

- дар сархати дуюм калимаи "Ленин" ба калимаи "Рӯдакӣ" иваз карда шавад;

- дар сархати шашум калимаи "Қайроққум" ба калимаи "Гулистон" ва калимаи "Ленин" ба калимаи "Истиқлол" иваз карда шаванд;

- дар сархати ҳафтум калимаи "Ленин" ба калимаи "Исмоили Сомонӣ" иваз карда шавад;

- дар сархати дувоздаҳум калимаи "Чкалов" ба калимаи "Бӯстон" иваз карда шавад;

- сархати сездаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- филиали Гулистон - НБО Қайроққум, 735750, ш. Гулистон, к. Истиқлол, 114".

2. Аз банди 5 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

3. Дар банди 21 рақам ва калимаҳои "318 235 460 (сесаду ҳаждаҳ миллиону дусаду сиву панҷ ҳазору чорсаду шаст)" ба рақам ва калимаҳои "356 995 971 (сесаду панҷоҳу шаш миллиону нуҳсаду наваду панҷ ҳазору нуҳсаду ҳафтоду як)" иваз карда шаванд.

4. Дар банди 26 рақам ва калимаи "10 (даҳ)" ба рақам ва калимаҳои "11,2 (ёздаҳ сомонию бист дирам)" иваз карда шавад.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 26 июли соли 2017 № 346

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года, №537

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Устав Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик", утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 31 октября 2008 года, №537 "Вопросы Открытой акционерной холдинговой компании "Барки Точик", следующие изменения:

1. В пункте 4:

- выделить абзацы знаком дефис "-";

- во втором абзаце слово "Ленина" заменить словом "Рудаки";

- в шестом абзаце слово "Кайраккумский" заменить словом "Гулистонский", слово "Кайраккум" словом "Гулистон" и слово "Ленина" словом "Рудаки";

- в седьмом абзаце слово "Ленина" заменить словом "Исмоили Сомони";

- двенадцатый и тринадцатый абзацы изложить в следующей редакции:

"- Бустонский филиал - Бустонские городские электрические сети, 735730, г. Бустон, ул. Опланчука, 1А;

- Гулистонский филиал - Кайраккумская ГЭС, 735750, г. Гулистон, ул. Истиклол, 114".

2. В пункте 21 цифру и слова "318 235 460 (триста восемнадцать миллионов двести тридцать пять тысяч четыреста шестьдесят)" заменить цифрой и словами "356 995 971 (триста пятьдесят шесть миллионов девятьсот девяносто пять тысяч девятьсот семьдесят один)".

3. В пункте 26 цифру и слово "10 (десять)" заменить цифрой и словами "11,2 (одиннадцать сомони и двадцать дирам)".

Председатель

Правительства Pecпублики Таджикистан   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 26 июля 2017 года, №346