Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи табдил додани Мактаби байналхалқӣ дар шаҳри Душанбе ба Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 58 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Мактаби байналхалқӣ дар шаҳри Душанбе бо нигоҳ доштани иншооту таҷҳизоти мавҷуда ва воҳидҳои кории амалкунанда ба Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе" табдил дода шавад.
2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии муассисаи мазкурро ҳал намоянд.
3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида қабул ва супоридани молу мулки дар банди 1 қарор зикргардидаи муассисаро таъмин намоянд.
4. Ба Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 593 "Дар бораи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Номгӯи муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатие, ки фаъолияташонро дар соҳаи маориф дар асоси созишномаҳои дуҷониба бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, № 145 "Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудаанд, сархати нав бо мазмунн зайл илова карда шавад:
"- Муассисаи давлатии таълимии "Мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе".".
5. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 1997, № 335 "Дар бораи ташкили мактаби байналхалқӣ дар шаҳри Душанбе" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 25 январи соли 2017 № 35
ш.Душанбе