ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 июни соли 2017 № 813
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 июли соли 2017 № 430
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1999 "Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 296; с. 2004, № 7, мод. 451; с. 2007, № 5, мод. 352; с. 2008, № 10, мод. 797; с. 2012, № 8, мод. 811; с. 2014, № 3, мод. 140; № 7, қ. 1, мод. 382) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаҳои 1 ва 1(1), қисми дуюми моддаи 27, сархати якуми моддаи 33 ва қисми ҳафтуми моддаи 37 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
2. Дар сархати нуҳуми қисми шашуми моддаи 9 ва қисми ҳафтуми моддаи 39 калимаи "ташкилотҳои" ба калимаи "иттиҳодияҳои" иваз карда шавад.
3. Дар қисми сеюми моддаи 18, қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 19, қисми чоруми моддаи 29 ва қисми шонздаҳуми моддаи 39 калимаи "ҳақ" ба калимаи "ҳуқуқ" иваз карда шавад.
4. Дар қисми дуюми моддаи 4, қисми дуюм ва банди 2) қисми ҳафтуми моддаи 21, қисми дуюми моддаи 22 ва қисми панҷуми моддаи 31 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.
5. Қисми дуюми моддаи 28 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Вакили Маҷлиси намояндагон шахсе интихоб шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад ва забони давлатиро донад.".
6. Қисми шашуми моддаи 29 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Узви Маҷлиси миллӣ шахсе интихоб ё таъин шуда метавонад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта бошад, синни ӯ аз 30 кам набуда, дорои таҳсилоти олӣ бошад ва забони давлатиро донад.".
7. Ба моддаи 33 сархати дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- шахсоне, ки шаҳрвандиашон қатъ гардидааст ё шаҳрвандии давлати дигарро соҳиб шудаанд;".
Моддаи 2. Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 июли соли 2017 № 1452
КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В КОНСТИТУЦИОННЫЙ ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ВЫБОРАХ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 14 июня 2017 года, №813
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 12 июля 2017 года, №430
Статья 1. Внести в конституционный Закон Республики Таджикистан от 10 декабря 1999 года "О выборах Маджлиси Оли Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1999 г., № 12, ст. 296; 2004 г., № 7, ст. 451; 2007 г., № 5, ст. 352; 2008 г., № ю, ст. 797; 2012 г., № 8, ст. 811; 2014 г., № 3, ст. 140; № 7, ч. 1, ст. 382) следующие изменения и дополнение:
1. Часть вторую статьи 28 изложить в следующей редакции:
"Депутатом Маджлиси намояндагон может быть избрано лицо не моложе 30 лет, имеющее только гражданство Республики Таджикистан, высшее образование и владеющее государственным языком.".
2. Часть шестую статьи 29 изложить в следующей редакции:
"Членом Маджлиси милли может быть избрано или назначено лицо не моложе 30 лет, имеющее только гражданство Республики Таджикистан, высшее образование и владеющее государственным языком.".
3. Статью 33 дополнить абзацем вторым следующего содержания:
"- лица, гражданство которых прекращено или они приобрели гражданство другого государства;".
Статья 2. Настоящий конституционный Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 18 июля 2017 года, № 1452