Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 июли соли 2017, № 344
тасдиқ шудааст
ҚОИДАҲОИ ЯГОНА БАРОИ СОМОНАҲОИ РАСМИИ ВАЗОРАТУ ИДОРАҲО, МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА МАҚОМОТИ ХУДИДОРАКУНИИ ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ДАР ШАБАКАИ ИНТЕРНЕТ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(қарори ҳукумати ҶТ аз 27.09.2023 № 475)
1. Қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет (минбаъд - Қоидаҳо) бо мақсади татбиқи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 тасдиқ шудааст ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот" таҳия гардидааст.
2. Қоидаҳои мазкур масъалаҳои ташкилии муҳтаво, услуб ва дизайн, таъминоти барномавӣ, маъмурикунонии сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет ва талаботи техникиро ба онҳо ба танзим медароранд.
3. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- муҳимии иттилоот (ҳуҷҷат) - дараҷаи мутобиқати иттилоот ба лаҳзаи ҳозираи вақт;
- ҳолати муҳимии иттилоот дар системаҳои иттилоотӣ - мутобиқати муҳтавои иттилооти (ҳуҷҷати) ба системаи иттилоотӣ пешниҳодшуда ба версияи охирини он, аз ҷумла бо дарназардошти тағйиру иловаҳое, ки бо тартиби муқарраргардида ворид карда шудаанд;
- бехатарӣ - дараҷаи мувофиқи матлаби пуррагӣ, махсусият, дастрасӣ ва самаранокӣ барои ҳифзи маълумот аз гумшавӣ, таҳриф, вайронкунӣ ва истифодаи беиҷозат;
- браузер - замимаи барномавие, ки ба истифодабарандагон инъикоси матн, графика, видео, мусиқӣ ва дигар иттилооти воқеъ дар сомона, инчунин бо пешниҳодкунандаи иттилоот дар тамос шуданро имконият медиҳад;
- веб (www, World, Wide Web) - низоми дастрасӣ ба захираҳои иттилоотии бо ҳам алоқаманд дар компютерҳои гуногуни ба Интернет пайвастшуда;
- веб-шореҳ ё веб-браузер - барномаест, ки барои роҳнамоӣ ва аз назар гузаронидани захираҳои интернетии гуногун истифода мешавад;
- веб-сомона ё сомонаи интернетӣ (минбаъд - сомона) - маҷмӯи ба ҳамдигар алоқаманди захираҳои иттилоотии онлайние, ки барои азназаргузаронӣ тариқи шабакаи коммуникатсияҳои электронӣ ба воситаи барномаи махсус - веб-шореҳ пешбинӣ гардидааст;
- веб-саҳифа - захираи бузурги матнӣ, ки тавассути Интернет дастрас аст;
- ҳуҷҷат - ашёи моддӣ, ки дар он иттилоот дар намуди матн, сабти овоз ва тасвир ё шакли дигари ихтиёрӣ инъикос гардида, барои нигоҳдорӣ ва истифодаи ҷамъиятӣ муайян шуда, бо маълумоти ҳатмии барои ҳамин шакли ҳуҷҷат муқарраргардида;
- Интернет - шабакаи иттилоотии ҷаҳонии коммуникатсияҳои электронӣ;
- технологияҳои иттилоотӣ - маҷмӯи воситаҳои техникаи ҳисоббарор ва телеиртиботӣ, воситаҳои барномавӣ ва тарзҳои истифодаи онҳо барои ҷустуҷӯ, коркард, нигоҳдорӣ, ирсол ва қабули иттилоот;
- маводи иттилоотӣ - иттилооте (ҳуҷҷате), ки чун қоида маълумоти васеъро оид ба далелҳо, рӯйдодҳо ва равандҳо дар фаъолияти мақомоти давлатӣ дар бар мегирад, ки он ҳамчунин метавонад ҳуҷҷатҳои алоҳидаи аз ҷиҳати муҳтаво алоқаманд ва/ё қисме аз онҳоро фаро гирад;
- хабари иттилоотӣ - иттилооте (ҳуҷҷате), ки маълумоти хабардоркунандаи истифодабаранда дар бораи далелҳои дақиқ, рӯйдодҳо ва равандҳоро дар фаъолияти мақомоти давлатӣ дар бар мегирад;
- контент - захираҳои иттилоотии (мундариҷаи, пуркунии иттилоотии) веб-сомона;
- метадодаҳо - иттилооте, ки ба НТМL-файл барои мукаммал шудани иттилоот дар бораи муҳтаво ва мақсадҳои веб-саҳифаи муайян ниҳода мешавад;
- технологияҳои мултимедиавӣ - технологияҳое, ки имконияти истифодаи овоз ва видеоро таъмин мекунанд;
- НТМL (Нуреr Техt Маrkup Language) - забони нишонагузорӣ, ки барои сохтани веб-саҳифаҳо истифода шуда метавонанд дар браузер инъикос гарданд;
- тафсири хусусияти иттилоотидошта (тафсири иттилоотӣ) - маводи иттилоотие, ки чун қоида хабарро аз якчанд маълумоти иттилооть ё маводи иттилоотӣ дар бар мегирад;
- онлайн - хосияти пайваст ё дар алоқа будан бо шабакаи интернетии барқӣ, шабакаи интернетии электронӣ ё дигар низомҳои дастгирикунандаи пайваст;
- хадамоти онлайнӣ (шабакавӣ) - хизмате, ки дар вақти воқеӣ тавассути шабакаи таҳвили маълумот расонида мешавад;
- захираи онлайнӣ - захирае, ки дастрасӣ ба он таҳти низоми вақти воқеӣ тавассути дастгоҳе (компютер, телефон, смартфон ва ба ҳаминҳо монанд), ки ба шабакаи мубодилаи маълумот пайваст аст, амалӣ карда мешавад. Дар шакли захираҳои онлайнӣ метавонад маълумоти фаврӣ ё нмконияти кор тариқи низоми муколама бо барнома ё истифодабарандаи дигар пешниҳод карда шавад;
- сомонаи расмӣ - маҷмӯи иттилооти расмӣ дар намуди электронӣ ва воситаҳои муколамаи интерактивӣ, ки аз тарафи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба шаҳрвандон дар шабакаи Интернет пешниҳод мешаванд;
- оффлайн - мафҳуми баръакси онлайн, ки маънои дар алоқа қарор надоштанро дорад;
- таъминоти барномавӣ - мафҳуми умумие, ки барномаҳоро барои дастгоҳҳои алоқа (компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, смартфонҳо ва ғайра) дар фарқият аз таркиби дастгоҳии онҳо тавсиф мекунад;
- протокол - шакли тасвири маълумоти таҳвилшаванда ва қоидаҳое, ки тибқи онҳо мубодилаи иттилоот байни ду ё якчанд низомҳо амалӣ мегардад;
- шабакаи таҳвили маълумот - якҷоя кардани ду ё зиёда дастгоҳ (масалан, компютерҳо) барои таҳвили маълумот байни ин дастгоҳҳо;
- смарт-корт - корти пластикӣ бо резпардозанда (микропротсессор)-ҳои дохилӣ. Смарт-кортҳоро метавон барои анҷом додани пардохтҳои электронӣ, барои дастрасӣ ба хадамоти шабакавии онлайнӣ ва дигар хизматрасониҳо истифода бурд;
- низоми идоракунии манбаи маълумот (НИММ) - замимае, ки таҳия, нигаҳдорӣ, таҷдид ва ҷустуҷӯи иттилоотро дар манбаи маълумот таъмин мекунад;
- телекоммуникатсияҳо - маҷмӯи воситаҳои техникӣ, ки барои интиқоли иттилоот дар масофа муайян шудаанд;
- оператори техникию технологӣ - воҳиди ташкилие, ки мустақилона ё якҷоя бо дигар ташкилотҳо шарт ва тартиби коркарди сомонаҳоро муқаррар ва тавассути ҳайати махсусгардонидашудаи кормандон дастгирии техникӣ ва тиҷоратии сатҳи баландро таъмин менамояд;
- фрейм - элементҳои технологие, ки дар забони нишонагузорӣ барои дохил намудани захираҳои иттилоотӣ истифода мешаванд. Фреймҳо тақсим намудани саҳваро ба қисмҳои мустақиле, ки ба ҳар яки онҳо НТМL, ҳуҷҷатро ворид кардан мумкин аст, имконият медиҳанд. Ҳамин тавр, истифодабаранда метавонад якбора якчанд ҳуҷҷатро аз назар гузаронад.
2. ТАЛАБОТИ УМУМӢ
4. Ҳангоми таҳияи сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет талаботи зерин бояд ба инобат гирифта шаванд:
- афзалияти ҳамгироии захираҳои иттилоотии сомонаҳо дар Интернет Портали Давлатӣ (htpp://www.hukumat.tj), ки онро ҳамчун инфрасохтори ягонаи шабакавии иттилоотию коммуникатсионӣ ҷиҳати пешниҳоди дастрасӣ ба иттилоот ва паҳнкунии иттилоот бояд донист;
- зарурати ба инфрасохтори сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дохил намудани механизмҳои дастгирии муколамаи доимӣ ва ҳамкорӣ бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯи масъалаҳои ниҳоят муҳим ва масоили рушди иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва давлат;
- таркиби талаботи воқеӣ ва минбаъдаи шахсони воқеӣ (аз рӯи гурӯҳи аҳолӣ) ва ҳуқуқӣ (аз рӯи намуди фаъолият) ба захираҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳои сомонаҳои расмӣ;
- зарурати таъмини фасеҳӣ ва фаврият дар танзим ва навкунии инфрасохтори сомонаҳои расмӣ барои ҳалли вазифаҳои ҷорӣ ва минбаъдаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- зарурати ба қисми ба ҳамагон дастраси инфрасохтори сомонаи расмӣ ворид намудани нишондиҳандаҳои самаранокии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- зарурати дар саҳифаи аввали сомонаи расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойгир намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи солҳои 2016-2020;
- зарурати дар саҳифаи аввали сомонаҳои расмии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷойгир намудани барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо.
5. Суроғаҳои сомонаҳои расмӣ:
- суроғаҳои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҳатман бояд дар минтақаи домени .tj ба қайд гирифта ва воқеан дар сервери (хостинги) дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ҷойгир карда шаванд. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ин бора мақоми ваколатдорро оид ба назорати иҷрои Қоидаҳои мазкур хаттӣ хабардор менамояд. Вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонад иловатан дар доменҳои дигари ба ҳама дастраси сатҳи болоӣ (.com, .org, .net, .info ва ғайра) суроғаҳо дошта бошад;
- сомонаи расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд тавассути Интернет Портали Давлатӣ (htpp://www.hukumat.tj) дастрас бошанд;
- бо мақсади ҳамгироӣ ба захираҳои ҷаҳонии иттилоотӣ, суроғаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд дар ҳар як аз се забон (забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) муайян карда шавад. Масалан, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон - www.vkh.tj, www.mid.tj, www.mfa.tj. Ғайр аз ин, веб-сомонаҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд суроғаҳои иловагӣ бо дигар забонҳо дошта бошанд;
- суроғаҳои сомонаҳои пайрав бояд ҳамчун доменҳои сатҳи поёнӣ ба сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дастрас бошанд;
- суроғаҳои сомонаҳои раёсат ё шуъбаҳои алоҳида дар дастгоҳи марказии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд ҳамчун ҷузъи алоҳидаи сомонаи расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дастрас бошанд;
- ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд суроғаи доимӣ барои қисмҳои алоҳидаи сомонаи расмӣ, ба мисли "Навигарӣ", "Форум", "Вазифаи холӣ" ва "Ҳуҷҷатҳо" дошта бошанд;
- воҳидҳои минтақавии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд суроғаҳои минтақавӣ ва соҳавиро ҳамчун домени сатҳи поёнӣ аз суроғаи минтақа, вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дошта бошанд;
- бо мақсади истиснои киберсквоттинг (истифодаи номҳои шабеҳ ба мақсадҳои дигар аз ҷониби шахсони сеюм) тавсия дода мешавад, ки номҳои шабеҳи сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба қайд гирифта шаванд.
6. Дастгирии забонии сомонаи расмӣ:
- сомонаи расмӣ бояд се шакли забонӣ: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ҳамчунин метавонад дигар забонҳоро дошта бошад. Шаклҳои сомона ба забонҳои гуногун бояд ба шакли сомона ба забони тоҷикӣ мувофиқат намоянд. Тарҷумаи маводи матнӣ ба забони дигар аз ҷониби соҳиби сомона таъмин карда мешавад;
- барои ҳар кадом шакли сомона бояд саҳифаҳои қолабии инфиродӣ таҳия кард, ки услуби умумии порталро нигаҳ дорад. Ҳамаи ҷузъиёти графикӣ дар қолабҳо ба забони дахлдор анҷом дода мешаванд, сохтори меню ва ҷузъҳои дигари навигатсионӣ бошанд, бояд ба сохтори ҳамон шакл мувофиқат кунад. Майдонҳои хизматӣ ва ҷузъиёти матнии интерфейсҳо ҳам бояд дорои тарҷумаи айнан бошанд;
- истифодабаранда бояд имконият дошта бошад, ки ҳар лаҳза ҳангоми азназаргузаронии сомонаи расмӣ тавонад аз як шакл ба дигараш гузарад. Агар саҳифаи азназаргузаронидашаванда ҳангоми гузариш ба забони дигар ҳаммаънои худро надошта бошад, он гоҳ бояд гузариш ба саҳифаи аввали сомона бо забони интихобшуда сурат гирад.
7. Модули ҷустуҷӯ ва гирифтани иттилоот:
- иттилооти дар сомонаи расмӣ пешниҳодшуда бояд пурра, дақиқ ва мубрам бошад. Барои ташкили он одатан якчанд методҳо истифода бурда мешаванд: эълон дар бораи таҷдид, ҷустуҷӯи пурраи матн, дастабандиҳои силсиламаротиб (иерархӣ);
- ҷустуҷӯ бояд бо истифодаи шохиси пурраи матни сомона, ки таҷдиди он ба таври автоматӣ мутобиқи ҷадвал аз ҷониби маъмури сомона муқаррар мегардад, амалӣ карда шавад. Ҳангоми ҷустуҷӯ бояд таҳлили морфологии калимаҳои аз ҷониби истифодабаранда воридшавандаи забони тоҷикӣ (русӣ, англисӣ) ва ҷустуҷӯи ҳамаи шаклҳои он калимаҳо анҷом дода шавад. Низом бояд имконияти ҷустуҷӯи васеъро бо иҷрои муносибати мантиқии байни калимаҳо (ВА, Ё, НЕ) таъмин намояд. Ғайр аз ҷустуҷӯи умумӣ, дар сомона бояд интерфейсҳои маҳдуди ҷустуҷӯӣ дастрас бошанд, ки ҷиҳати ҷустуҷӯи иттилооти барои қисмҳои мушаххаси сомона махсусгардонидашуда пешбинӣ шудаанд.
8. Модули ҳамкории шаҳрвандону ташкилотҳо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо маҷмӯи хизматрасониҳо таъмин карда шуда, ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо имконият медиҳад, ки тавассути Интернет маълумот ё иҷозати заруриро (пурра ё қисман) дархост кунанд ва гиранд. Сомона метавонад имконияти ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот фиристодани шакли пешбинишудаи ҳисоботдиҳиро (андоз, омор) низ пешниҳод намояд. Ғайр аз интерфейси мувофиқ, ки ба шаҳрвандон ва намояндагони ташкилотҳо бо сатҳи гуногуни истифодабарии дастгоҳи алоқа (компютер, телефони мобилӣ, смартфон ва ғайра) имконият медиҳад ба осонӣ маълумоти худро омода ва ирсол намоянд, низом бояд ҳифзи зарурии махфияти иттилоотро таъмин намояд. Ҳамчунин, модули "Пурсишҳо" зарур мебошад, ки барои омӯхтани пешниҳодҳои истифодабарандагони сомона дар бораи афзалияти ягон масъалаи ҳалталаб, дар бораи усулу роҳҳои ҳалли он истифода бурда мешаванд.
9. Аз тарафи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузаронидани чорабиниҳо барои шаҳрвандон ва ташкилотҳо:
- қисми махсуси ("майдончаи савдо") сомонаи расмӣ ҳангоми зарурат метавонад иттилоотро дар бораи тендерҳо байни ташкилотҳо ва корхонаҳо ҷиҳати анҷом додани ин ё он кор барои эҳтиёҷоти давлатӣ пешниҳод намояд;
- дар сомона эълон дар бораи тендер, шартҳои иштирок дар он ва маҷмӯи шаклҳои махсус, ки бояд довталаб онро пур кунад, интишор карда мешаванд. Таъминоти барномавии портал барои ҷамъоварии дархост ва натиҷабарорӣ кумак мерасонад.
10. Сомонаҳои расмӣ дар платформаи техникию технологии операторе, ки ба молики иттилоот риояи пурраи талаботи бо Қоидаҳои мазкур муқарраргардидаро кафолат медиҳад, ҷойгир карда мешаванд.
11. Дастрасӣ ба иттилооти дар сомонаи расмӣ ҷойгиршуда озод ва ройгон таъмин карда мешавад.
12. Сомонаҳои расмӣ бояд барои дастрасӣ аз дастгоҳҳои мобилӣ (телефони мобилӣ, смартфон ва ғайра), инчунин барои дастрасии шахсони имконияташон маҳдуд бо роҳи пешниҳоди низоми овоздоркунии муҳтавои иттилоотӣ мутобиқ карда шаванд.
13. Сомонаҳои расмӣ бояд имконияти обунаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро ба иттилоот аз қисми навигариҳо, рӯйдодҳо ва эълонҳо таъмин намоянд.
14. Тавассути сомонаҳои расмӣ вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот метавонанд хизматрасониҳои пардохтшавандаи давлатиро пешниҳод намоянд.
3.ТАЛАБОТ НИСБАТИ МУҲТАВО, УСЛУБ ВА ДИЗАЙНИ СОМОНАҲОИ РАСМӢ
§1. Муҳтавои сомонаҳои расмӣ
15. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот иттилоотро дар сомонаҳои расмӣ бо риояи талаботи зерин ҷойгир мекунанд;
- хабардор намудани аҳли ҷомеа дар бораи имконияти шиносоӣ дар шабакаи Интернет бо фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- ҷойгир намудани иттилооти муҳим бо нишон додани санаи ҳар як ҳолати нашри ҳуҷҷат ва санаи навсозии иттилоот;
- пешниҳоди имконият барои қабули муроҷиатҳо ва фиристодан ё ҷойгир намудани иттилооти дархостшуда дар шабакаи Интернет;
- пешниҳоди имконияти фиристодани муроҷиатномаҳо ба суроғаи роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо риояи тартиби пешниҳоди арзу шикоятҳо, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд;
- кафолат додани саҳеҳӣ, пуррагӣ ва нав будани иттилооти дар сомонаи расмии худ ҷойгиршаванда;
- андешидани тадбирҳои таъҷилӣ оид ба бартарафсозии норасоиҳои техникие, ки фаъолияти сомонаи расмии худ ва дастрасиро ба он мушкил менамоянд.
16. Ҳангоми ташкили хизматрасониҳои интерактивӣ (конференсияҳо, форумҳо, муҳокимаҳо, машваратҳо, хизматрасониҳои онлайнӣ), ки гуфтугӯи байни намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва истифодабарандагон (байни гурӯҳҳои истифодабарандагон, байни истифодабарандагон)-ро дар назар дорад, дар сомонаҳои расмӣ бояд ҳатман маълумот ҷиҳати ба истифодабарандагон фаҳмондани тартиби идоракунии хабарҳо дар сохтори чунин робита ҷойгир карда шавад.
17. Статуси иттилооти (ҳуҷҷат, мавод) дар сомонаи расмӣ ҷойгиршуда ва масъулияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои муҳтавои он дар матни махсус (эзоҳ, истинод ба манбаъ), ки дар қисми дахлдори сомонаи расмӣ ё ин ки дар саҳифаи нашри махсус ҷойгиршуда нишон дода мешавад.
18. Ҳуҷҷате (маводе), ки дар сомонаи расмӣ ҷойгир карда шудааст, бояд дар бар гирад:
- санаи нашр (таҷдиди охирин, дақиқ кардан);
- маълумот дар бораи манбаи иттилоот (зерсохтори масъул);
- тавзеҳот, қайдҳо, шарҳҳо (ҳангоми зарурат).
19. Маводи дар сомонаи расмӣ ҷойгиршаванда бояд иттилооти расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бошад. Ҳангоми нашри маълумот аз манбаи беруна, онҳо бояд дорои қайди кӯтоҳ ва истинод ба сарчашма бошанд.
20. Дар сомонаи расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вобаста ба хусусиятҳои фаъолияти он иттилооти зерин ҷойгир карда мешавад:
а) номи пурраи расмӣ ё номи ихтисоршудаи вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
б) сохтори вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, маълумот дар бораи вазифаҳо ва функсияҳои воҳидҳои сохтории он, суроғаҳои почта, рақамҳои телефон ва дигар маълумоти зарурии вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шумораи кормандон, маълумот дар бораи ташкилотҳои тобеи онҳо (бо нишон додани ва/ё истинод ба сомонаи расмии онҳо), рақами телефонҳои хадамоти маълумотдиҳии вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
в) низомномаи вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (бо шумули низомнома дар бораи воҳидҳои сохторӣ);
г) маълумот дар бораи роҳбарияти вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва низоми қабули шаҳрвандон, маълумоти зарурӣ дар бораи тартиби пешниҳоди муроҷиатҳо;
ғ) иттилооти пурра дар бораи макони ҷойгиршавӣ, тартиби кор;
д) намунаи муроҷиатҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муқаррар гардида, аз тарафи онҳо барои баррасӣ қабул мешаванд, инчунин дастурамалҳо оид ба пур кардани онҳо;
е) маълумот дар бораи шахсони ҳуқуқие, ки ба онҳо тибқи тартиби муқаррагардида қисме аз функсияҳои вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот супорида шудааст (номи ташкилот, суроғаи почтавӣ ва ҳуқуқӣ, рақами телефон ва факс, суроғаи почтаи электронӣ);
ё) номгӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси онҳо фаъолияти вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот роҳандозӣ мешавад, санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул гардидаанд, аз ҷумла маълумот дар бораи нашри расмии онҳо;
ж) маълумот дар бораи беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
з) блоги иттилоотӣ оид ба рафти иҷрои вазифаҳое, ки аз паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд;
и) саволу ҷавоб (мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон);
й) пурсиш - муҳокимаи масъалаҳои муҳим (форум), лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин таъмини имконияти гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, консепсияҳо, стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дар баробари барои мувофиқа ирсол намудани лоиҳаҳо
й) рӯйдод ва навигариҳо (хабарҳо дар бораи фаъолияти вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот) ;
к) маърӯзаҳои таҳлилӣ ва мақолаҳои иттилоотӣ дар бораи фаъолияти вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот - маълумот дар бораи вазъи корҳо дар самти фаъолият (соҳаҳои хоҷагии халқи воҳиди маъмурию ҳудудӣ) ё дар соҳаи пешбурд (сиёсат ва самтҳои асосии рушд, маълумоти оморӣ, таърих ва дастовардҳои соҳа (воҳиди маъмурию ҳудудӣ) ва ғайра);
қ) маълумот дар бораи қабули шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ, рӯйхати вазифаҳои холии хизмати давлатии мавҷуда, талаботи тахассусӣ ба номзадҳо барои ишғол намудани вазифаҳои холии хизмати давлатӣ, сохти анкетаи иштирокчӣ ва муҳлати ниҳоии пешниҳоди он дар низоми онлайн;
л) маълумот дар бораи чорабиниҳои расмии дорои аҳамияти ниҳоят муҳими ҷамъиятӣ, ки вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ташкил мекунанд (маҷлис, вохӯрӣ, конференсияи матбуотӣ: маҷлисҳои мушовара ва дигар), инчунин дар бораи қарорҳои дар ин чорабиниҳои расмӣ қабулгардида;
м) маълумот дар бораи ташрифи расмӣ ва сафарҳои кории роҳбарон ва ҳайатҳои расмии вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунш шаҳрак ва деҳот, матни изҳорот ва баромадҳои роҳбарияти онҳо оид ба ин ё он муносибат;
н) маълумот дар бораи барнома ва лоиҳаҳо, аз ҷумла, оид ба ёрии техникие, ки фармоишгар ё иҷрокунадаи онҳо вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошанд (номгӯй, мақсад ва вазифаҳои асосӣ, фармоишдиҳандагон ва иҷрочиёни асосии барнома, муҳлат ва натиҷаи пешбинишавандаи татбиқ, ҳаҷм ва манбаи маблағгузорӣ);
о) маълумот дар бораи банақшагирӣ ва иҷрои буҷет аз тарафи вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
п) маълумот дар бораи натиҷаи санҷишҳои аз тарафи вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузаронидашуда ва санҷишҳои дар вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот гузаронидашуда, бо риояи муқаррароти қонунгузорӣ дар бораи сирри давлатӣ;
р) омори расмӣ ва нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ин соҳа;
с) хизматрасониҳои давлатии ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидашаванда, аз ҷумла дар низоми онлайн - номгӯи хизматрасониҳо, намунаи муроҷиат ва дигар ҳуҷҷатҳои бо қонунгузорӣ муқарраргардидае, ки аз тарафи вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои баррасӣ қабул карда мешаванд, инчунин дастурамалҳо оид ба пур кардани онҳо;
т) тавсифи системаҳои иттилоотии истифодаи умум, махзани маълумот, феҳристҳои дар вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амал мекунанд, инчунин рӯйхати захираҳо;
у) маълумот дар бораи хатарҳо ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки одамон, маълумот дар бораи ҳолати муҳити зист, расонидани зарар ба муҳити зист ва таъсири хатарноки экологӣ дар доираи ваколати вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
ӯ) номгӯи созмонҳои байналмилалие, ки вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар кори онҳо ширкат меварзад, инчунин маълумот дар бораи шартномаву созишномаҳои байналмилалие, ки дар татбиқи онҳо иштирок менамояд;
ф) тасвирҳои ҷадвалӣ ва силсилаи суратҳо (маводи видеоӣ ва тасвирӣ дар бораи ҷаласаҳо, вохӯриҳо);
х) ҷустуҷӯ аз рӯи қисмҳо;
ҳ) майдончаи тиҷоратӣ - иттилоот дар бораи гузаронидани тендерҳо барои хариди мол ва хизматрасониҳои ниёзи давлат, шартҳои иштирок дар он ва маҷмӯи шаклҳои махсусе, ки номзад бояд пур кунад;
ч) омори таҳлилии сомона;
ҷ) дигар иттилооти фоиданок.
21. Нисбати маълумоти дар зербанда қ) банди 20 Қоидаҳои мазкур дар сомонаи расмӣ бояд дар низоми онлайн имконияти ирсол ва тасдиқи қабул кардани саволномаи иштирокчии озмуни номзадҳо барои ишғол намудани вазифаҳои холии давлатӣ таъмин гардад.
22. Маълумоти дар зербанда л) банди 20 Қоидаҳои мазкур муайяншуда на дертар аз 6 соат пас аз анҷом ёфтани чорабинӣ дар сомона нашр мешавад, дар ҳолати дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва таъсири калон доштани мавзӯъҳо, дар сомонаҳои расмӣ пешакӣ огоҳинома дар бораи рӯйдодҳо нашр карда мешаванд.
23. Номгӯи маълумоте, ки дар банди 20 Қоидаҳо мазкур муайян шудааст, ҳуқуқи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро барои муқаррар намудани таркиби иттилооти иловагӣ барои ҷойгир кардан дар сомонаи расмӣ маҳдуд намесозад.
24. Дар сомонаи расмӣ ба ҷойгир кардани иттилооте, ки дастрасӣ ба он бо қонунгузорӣ маҳдуд шудааст, инчунин иттилооти дорои хусусияти рекламавӣ (ба истиснои рекламаи иҷтимоӣ) роҳ дода намешавад.
25. Иттилооте, ки дар сомонаи расмӣ ҷойгир мегардад, ҳатман бояд таҳрири адабӣ ва мутобиқи низомномаи дохилӣ оид ба тартиби нашр ва навкунии маводи иттилоотӣ дар сомонаи расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқа карда шавад.
§2. Талабот ба сифати мавода иттилоотӣ
26. Маводи дар шабакаи Интернет ҷойгиршаванда бояд:
- версия барои чоп кардан дошта бошад;
- ба талаботи пешниҳодшаванда нисбат ба иттилооте, ки оид ба фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нашр мешавад, мутобиқат намоянд;
- сана дошта бошад ва мунтазам нав карда шавад. Зуддии азнавкунӣ аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муқаррар карда мешавад;
- ба таври дақиқ ҳолати кунуниро инъикос намуда, саҳеҳ бошад.
Дар сурати муайян кардани хатоӣ ва носаҳеҳӣ дар маълумот кормандони масъул барои нашр кардани маводи ислоҳшуда ва иловатан хабардоркунии истифодабарандагон оид ба воқеияти ислоҳ чораҳо андешанд. Ҳуҷҷати нав (ислоҳшуда) ҳатман дорои тафсир мебошад;
- хатоҳо (грамматикӣ, имлоӣ, китобатӣ, услубӣ, маъноӣ) надошта бошад;
- бо забони давлатӣ ва забонҳои русиву англисӣ пешниҳод карда шавад;
- ба мутобиқати шакл ва муҳтаво ҷавобгӯй бошанд. Маводи марбут ба мазмуни як намуди иттилоот наметавонад ба дигар намуд шомил гардад ва бояд дар қисмати дахлдор ҷойгир карда шавад;
- фаврӣ бошад. Мавод бояд дар шабакаи Интернет мутобиқи муҳлатҳои нашри муқарраргардида ҷойгир карда шавад;
- шакли мавод ва нишонии ҷузъӣ мутобиқат намояд;
- дар сомонаи расмӣ дар шакле ҷойгир карда шавад, ки имконияти ҷустуҷӯ ва нусхабардории қисми матнро ба воситаи веб-шореҳ ("шакли бузурги матнӣ") таъмин намояд.
27. Иттилооти дар сомонаи расмӣ ҷойгиршаванда бояд шаффофияти фаъолияти вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти шаҳрак ва деҳотро таъмин намояд.
§3. Талабот ба тарҳ ва ороиши сомонаҳои расмӣ
28. Тарҳи графикӣ, мафҳуми биноӣ (визуалӣ) ва ороиши адабии сомонаи расмӣ бояд мақсади сомонаи расмӣ, тааллуқдоштаи онро ба фазои давлатӣ инъикос намоянд ва ба вазъи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мувофиқат кунанд.
29. Ороиши сомонаи расмӣ бояд таъмин намояд:
- ҷойгиркунии муносиби намудҳои гуногуни иттилоот;
- дастрасии самараноки истифодабарандагон бо сатҳи гуногуни маълумот ва омодагии техникӣ ба муҳтавои қисм ва сарлавҳаҳои сомонаи расмӣ;
- мувофиқат ба мантиқи дарк ва ҷустуҷӯи иттилоот;
- инъикоси мантиқии иттилоот ва сохти сомонаи расмӣ барои барномаҳои гуногуни азназаргузаронӣ ва тасвиргарҳо бо имкониятҳои гуногун.
30. Саҳифаи асосии сомонаи расмӣ бояд одӣ ва фаҳмо бошад ва инъикоси иттилоотӣ аз ҳама бештар фаврӣ ва навигатсияро дар сохти захираҳои иттилоотӣ ва хизматрасониҳо таъмин намояд. Ба истифодабаранда бояд иттилооти возеҳ дар бораи сохти сомонаи расмӣ ва ҷойгиршавии саҳифаи инъикосшаванда дар ин сохтор пешниҳод карда шавад.
31. Саҳифаи асосӣ дар хати амудӣ ба се қисм ҷудо гардида, дар он ҷойгир мешаванд:
а) дар қисми болоӣ:
- рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар кунҷи чап мутобиқи қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2007, № 499 "Дар хусуси тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва аз 14 марти соли 2007, № 500 "Дар хусуси тасдиқи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон";
- номи сомонаи расмӣ - ном дар марказ ҷойгир карда мешавад;
- иқтибос аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- блоки навигатсионӣ бо тугмачаҳо: "Забонҳо" - интихоби шакли забонӣ, "Саҳифаи асосӣ" - гузариш ба саҳифаи асосӣ, "Харита" гузариш ба харитаи сомонаи расмӣ, "Тамосҳо" - гузариш ба саҳифаи маълумоти тамосҳои муфид, "Зерсохторҳо" - гузариш ба саҳифаи зерсохторҳои соҳавӣ, "Воситаи ҷустуҷӯ" - аз рост, ҷустуҷӯи иттилоотро дар сомонаи расмӣ таъмин менамояд;
б) дар қисми мобайнӣ:
- менюи навигатсионӣ;
- блоки навигариҳо, рӯйдодҳо, эълонҳо;
в) дар қисми поёнӣ: иттилооти иловагӣ - омори дастрасӣ, истинодҳои муфид (баннерҳо), қайду шартҳо дар бораи ҳифзи маълумоти шахсии истифодабарандагон, дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф;
г) қисмҳои болозикр бо иттилооти барои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот махсус илова шуда метавонад.
32. Ба истифодабаранда кафолат дода мешавад:
- якмаъно муайян намудани суроғаи шабакавии (URL) сомонаи расмии сервер ҳамчун саҳифаи асосӣ;
- дар ҳар як саҳифаи сомонаи расмӣ нишон дода шудани қисми болоии саҳифаи асосӣ;
- таъмини гузариш ба саҳифаи асосӣ бо ёрии пахши тугмачаи логотип/нишони давлатӣ дар сомонаи расмӣ;
- гузариш ба қисми шабеҳи сомонаи расмӣ тавассути интихоби тафсири забонӣ аз қисми ихтиёрин сомонаи расмӣ;
- дастрасии менюи навигатсионӣ дар ҳар як саҳифаи сомонаи расмӣ.
33. Дар сохтори сомонаи расмӣ истифодаи фреймҳое, ки имконияти дар сервер дақиқ муайян намудани саҳифаҳои дохилӣ дар сомонаи расмӣ, инчунин истифодаи усулҳои дизайнерии ба дақиқ муайян намудани амалҳои истифодабаранда халал мерасонанд, манъ аст.
34. Вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот муаллифи ҷузъҳои муҳтавои сомонаи расмӣ ё дорои иҷозати муаллиф барои нашри муҳтавои мазкур мебошад ё онҳоро дар асоси иҷозатномаҳои озод тибқи таҷрибаи байналмилалӣ истифода мебарад. Истифодаи маводи аз дигар тараф гарифташуда бе истинод ба ҳуқуқҳои муаллиф манъ аст.
35. Талабот ба саҳифабандии саҳифаҳо:
- иттилооти матнии асосӣ дар шакли матнии HTML ё ХHTML ҷойгир карда мешавад;
- матн дар сатҳи тазодӣ мувофиқан ба ранги пасманзари истифодашаванда нигошта мешавад;
- ҳангоми коркарди сомонаҳои расмӣ истифодаи код барои нигоштани маводи иттилоотӣ ва ҳуруфчинии ҳуруфҳои зерин иҷозат дода мешавад: Palatino Linotype, Times new Roman, Arial, Helvetica, Sans-Serif (MS Sans Serif), Courier (Courier New), Tahoma, Verdana ва дигар ҳуруфҳои дахлдор, аз ҷумла истифодаашон озод ва ройгон;
- истифодаи курсив дар сарлавҳаҳо манъ аст;
- хаткашии зери матн манъ аст, зеро он метавонад ҳамчун истинод қабул гардад;
- маводи матнӣ, асосан, бевосита дар сомонаи расмӣ оварда мешаванд. Дар ҳолати маводи матнии калонҳаҷм, онҳо метавонанд дар форматҳои DOCX, ODT (таҳриршаванда), PDF (таҳриршаванда), ё дигар замима шаванд;
- ҳангоми ҷойгиркунии ҷадвалҳо, асосан, бевосита сомонаи расмӣ истифода бурда мешавад. Дар ҳолати ҷадвалҳои калонҳаҷм, онҳо метавонанд дар форматҳои CSV, XLS, ODS (таҳриршаванда) ё дигар замима шаванд;
- маводи графикӣ дар форматҳои GIF, PPG (JPEG), PNG ё дигар оварда мешаванд;
- маводи видеоӣ дар форматҳои MPEG, MPEG4, МР4, AVI, FLV ё дигар оварда мешаванд;
- маводи аудиоӣ дар форматаҳои МРЗ, WAV ё дигар оварда мешаванд;
- ҳангоми ҷойгиркунш маводи дар "Macromedia Flash" коркардшуда форматҳои SWF, FLV ё дигар истифода мешаванд;
- ҳангоми ҷойгиркунии бойгониҳо форматхои RAR ё ZIP ё дигар истифода мешаванд;
- параметрҳои хаттии тасвир (баландь ва бар, характеристикаҳои мавқеь) ҳатман дар HTML-коди саҳифа нишон дода мешаванд ва набояд 500x350 пиксел зиёд бошанд;
- дар баробари маводb графикӣ ҳатман матни алтернативӣ ҳамроҳ карда мешавад. Матнҳои алтернативӣ бояд фаҳмо ва якмаъно, аммо на бештар аз 100 аломат бошанд;
- ба маводи графикӣ, ки дар як вақт истинод мебошанд, ҳатман матни алтернативӣ ҳамроҳ карда мешаванд;
- матни алтернативӣ, ки хусусиятҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тавсиф мекунанд, барои логотипи асосии сомонаи расмӣ ҳатмӣ мебошанд;
- иттилоот бояд чунин инъикос шавад, ки новобаста аз имкониятҳои муқарраршуда дар тасвиргари (саҳифабандии "резинӣ") истифодабаранда қисми иттилоотӣ дар равзанаи браузер ҷойгир гардад.
36. Ҳамаи қисмҳои сомонаи расмӣ дар панели суроғавӣ бояд суроғаи дақиқ дошта бошанд. Суроға барои бойгонӣ ва системаҳои ҷустуҷӯӣ бояд доимӣ ва ғайридинамикӣ бошад. Ҳангоми истифода дар маводи оффлайни доимӣ будан ва ба осонӣ хонда шудани суроға бояд ба назар гирифта шавад.
37. Итгилоот дар сомонаи расмӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷойгир карда мешавад. Тарҷумаи иттилоот бояд бо забонҳои русӣ ва англисӣ ҳатмӣ ва дигар забонҳои гардиши байналмилалӣ дошта ихтиёрӣ таъмин карда шавад.
38. Ҷустуҷӯ бояд дар тамоми муҳтавои сомонаи расмӣ новобаста аз морфология таъмин карда шавад. Барои оғози ҷустуҷӯ муштарии сомонаи расмӣ бояд маҳаки (на кам аз чор аломатҳои ҳарфию рақамии) ҷустуҷӯро нишон диҳад. Натиҷаи ҷустуҷӯ дар шакли рӯйхати сарлавҳаи саҳифаҳое дода мешаванд, ки дар онҳо калимаҳои ба маҳаки ҷустуҷӯ ҷавобгуй мавҷуд мебошанд. Сарлавҳаҳои саҳифаҳо истинод ба ин саҳифаҳо мебошанд.
39. Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии инфрасохтори сомонаи расмӣ ва ба он додани интерактивии бештар ва серамалн барои истифода иҷозат дода мешавад:
- стандарти НТМL, аз ҷумла НТМL 5 барои пешниҳоди муҳтаво;
- JavaScript, барои афзудани фаъолияти дутарафа ва серамалӣ;
- CSS, барои тавсифи пешниҳоди сомонаи расмӣ.
40. Ҳамаи саҳифаҳо бояд дорои теги (нишонаи номӣ, унсури забони нишонагузории матни бузург) "title"-и ба забони саҳифа пуркардашуда бошанд. Бо мақсади баланд бардоштани нуфузи сомонаи расмӣ дар низомҳои ҷустуҷӯӣ тавсия дода мешавад, ки имконияти дастрасӣ ба тег барои таҳрир аз низоми идоракунии муҳтаво таъмин карда шавад.
41. Метадодаҳои пуркардашуда ҳатман ба коди НТМL-и ҳар як қисми сомонаи расмӣ ворид карда мешаванд.
42. Маҷмӯи стандартии метадодаҳо ақаллан инҳоро дар бар мегирад:
- сарлавҳа (сарлавҳаи саҳифа, номи саҳифа, қисм, рубрикаи сомонаи расмӣ);
- муаллиф (таҳиягари муҳтаво, саҳифа, сомонаи расмӣ);
- калимаҳои калидӣ (соҳаи майлу рағбат) саҳифа/сомонаи расмӣ);
- тавсиф (тавсифи матнӣ, шарҳи мухтасар ба саҳифа/муҳтаво);
- сана (санаи ташкилкунии саҳифа, санаи навкунии охирин);
- муҳаррир (субъект, ташкилот), ки масъули ҷойгиркунӣ (таҳрир, дастгирӣ) мебошад;
- навъи захираҳо (навъи пуркунии иттилоотӣ - навигариҳо, тафсир ва ғайра);
- формат (формати маълумот барои муайян намудани таъминоти барномавӣ ва таҷҳизотии барои нишон додани саҳифа/сомонаи расмӣ зарур);
- суроғаи шабакави (URL);
- забон;
- алоқаи захираи додашуда бо дигар захираҳо;
- огоҳонидан (шартҳои ҳуқуқӣ) дар бораи ҳуқуқҳои муаллиф.
43. Зерранги сомонаи расмӣ набояд дорои тасвир ё тарҳҳои рангае бошад, ки кушодани саҳифа ё имконияти хонданро мушкил менамоянд.
44. Харитаи сомонаи расмӣ бояд сохти иерархиро ифода намояд.
4. ТАЛАБОТ НИСБАТИ ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВИИ СОМОНАИ РАСМӢ
45. Сомона бояд дорои ду низом бошад - низоми идоракунии веб-сомона (сохтор, дизайн, навигатсия) ва низоми идоракунии контент (нашр ва ислоҳи иттилоот, навкунии динамикии истинодҳо дар қисмҳо).
46. Ҳамаи иттилооти сомона бояд дар махзани маълумот, ки дар он тамоми контент, қолибҳои саҳифаҳо ва иттилооти хизматӣ нигоҳ дошта мешаванд, ҷойгир карда шавад. Ин нигоҳдорӣ ва дигаргунсозӣ, инчунин ҷустуҷӯ ва пешниҳоди маводро бароҳат месозад.
47. Дар ҳолате, агар тавассути сомона ҳаҷми калони дархостҳое, ки коркарди якчанд хизматчиён ё шуъбаҳо ва назорати иҷроро талаб мекунанд, ё агар сомона дар шабакаи Интернет якчанд муассисаи давлатиро муаррифӣ менамояд, сервери якҷоякунии замимаҳо ё "пули" ("шлюзи") коммуникатсионии байни бисёр манбаъҳои иттилоотро истифода бурдан зарур аст.
48. Ҳангоми барои сомона коркард намудани таъминоти барномавӣ ба тавари васеъ стандартҳои расмӣ ва кушодаи аз ҳама беш дар Интернет паҳнгардида ва дар таҷрибаи сохтани системаҳои иттилоотии ташкилотҳо/корхонаҳо мақбули умумбударо истифода кардан зарур аст. Афзалият бояд ба ҳалли меъморӣ ва маҳсулоти барномавие, ки аллакай коршоямии худро ҳангоми халли масъалаҳои мазкур исбот кардаанд, дода шавад:
- истифодаи веб-шореҳ ба сифати миёнаравӣ (интерфейси) асосии дастрасӣ ба маълумот аз системаҳои иттилоотии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот. Дигар миёнаравҳо барои истифода иҷозат дода мешаванд, аммо танҳо ба сифати илова ба технологияҳои ба веб-шореҳҳо асосёфта;
- бо метадодаҳо таъмин намудани ҳамаи захираҳои иттилоотии давлатии дар шабакаи Интернет пешниҳодгардида;
- рушд ва қабули стандарти метадодаҳо (стандарти метадодаҳои давлатӣ), ки нашр ва ҷустуҷӯи иттилоотро осон мегардонанд;
- рушд ва муоширати номгӯи категорияҳои иттилооти давлатӣ (Government Category List);
- таъмини ҳатмии иҷрои талаботи стандарт барои тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.
49. Ҳангоми лоиҳакашӣ ва татбиқи қарордод бояд эҳтимолияти шиддатнокии истифодаи он аз тарафи ҳамаи категорияҳои истифодабарандагон ва захираҳои дастгоҳиву барномавии зарурӣ арзёбӣ карда шаванд. Ҳамзамон, қарордод бояд чунин тарҳрезӣ шавад, ки ба таъминоти дастгоҳӣ ва барномавии базавӣ дар давраи ибтидоии истифода талаботи аз ҳад зиёд гузошта нашавад, аммо ба қадри эҳтиёҷот зиёд шудани маҳсулнокиро тавассути иловакунии одии захираҳои ҳисоббарор иҷозат диҳад. Тағйирёбии начандон калон дар сохтори сомона бояд азнавсозии куллии худи системаро талаб накунад. Осонии истифодабарӣ ба операторон кифоя аст, ки дорои малакаи одитарини кор бо муҳаррири матнӣ бошанд, дастгирии низом аз тарафи таҳиякунандагон ва дастрасии таҳиякунандагон дар "оффлайн".
50. Иловаи имкониятҳои нави функсионалӣ, чун қоида, набояд боиси тағйирот дар қисми қаблан коркардшуда ва истифодашаванда гардад. Фаъолияти мутақобила бо системаҳои иттилоотии беруна, ҳангоми зарурат, бояд дар асоси истифодаи стандартҳои қобили кабули умум ва кушодаи ирсол ва тарҳрезии иттилоот роҳандозӣ шавад. Мавҷудияти имконияти ирсоли маълумот тавассути дастгоҳи мобилӣ бояд аз системаҳои омилӣ вобаста набошад.
51. Бояд консепсияи таъмини ҳифзи қарордод аз дастрасии беиҷозат таҳия карда шавад. Он бояд дар ҳамроҳ истифода бурдани маҳсулоти барномавии базавии боэътимод бо имконияти пайваст намудани таъминоти барномавии зарурии иловагии махсус ва воситаҳои дастгоҳии ба меъёр ва талаботи муқарраргардида дар ин соҳа мутобиқаткунанда асос ёбад.
52. Таъминоти барномавии базавӣ бояд ба қадри кофӣ паҳн ва дар лоиҳаҳои монанд санҷидашуда ва бо дастгирии зарурии серверӣ таъмин гардида бошад. Бояд системаи тайёр кардани мутахассисон оид ба истифодаи он мавҷуд бошад.
53. Ғайр аз низоми идоракунии сомона (сохт, дизайн, навигатсия) низоми идоракунии муҳтаво (нашр ва ислоҳи иттилоот, навкунии динамикии истинод дар қисмҳо) зарур аст. Низоми идоракунии муҳтаво бояд ба хизматчиёне, ки мутахассиси технологияҳои иттилоотӣ намебошанд, имконият диҳад, ки ҳуҷҷатҳоро зуд ва босифат нашр кунанд, инчунин муҳиммияти онҳоро дастгирӣ намоянд.
54. Бояд веб-саҳифаҳое пешбинӣ гарданд, ки:
а) барои инъикоси маълумоти системавии гуногун дар ҳолатҳои садамавӣ муқаррар шудаанд:
- URL-и нодуруст воридкардашуда (404 Not found);
- кӯшиши дастрасии беиҷозат (403 Forbidden b 401 Not authorized);
- хатои сервер (500 Internal Server Error);
б) дар бар гиранд:
- элементҳои идентификатсияи корпоративӣ;
- сарлавҳаи хабар;
- матни тавзеҳотӣ;
- истинод (тугмача, элементи графикӣ) барои бозгашт ба низоми одии азназаргузаронӣ ё маҷмӯи истинодҳо барои интихоби ин ё он амал ҷавобан ба хабар.
55. Қисми интерактив ба муштариён имконият медиҳад, ки хабарҳои навро ҷойгир кунанд, ба хабарҳои мавҷуда ҷавоб диҳанд, посух ё хабарҳои дигаронро хонанд. Алоқамандии байни хабару ҷавобҳо дар онҳо бояд дар намуди сохтори дарахтмонанди иерархӣ инъикос шаванд. Истифодабаранда бояд имконияти аз назар гузаронидани дарахти пурра кушодаи хабарҳо бо сарлавҳа ва худи хабарҳоро аз рӯи сарлавҳа, маҳкам ва кушодани навдаҳои алоҳидаи муҳокимаро дошта бошад. Хабарҳои решагии форум бояд бо салоҳдиди истифодабаранда ба навъҳо ҷудо карда шаванд.
56. Ҳангоми илова намудани хабар ё ҷавоб истифодабаранда бояд маълумоти зеринро нишон диҳад:
- номи муаллиф;
- суроғаи почтаи электронӣ;
- сарлавҳаи (мавзӯи) хабар;
- матни хабар (дар майдони бисёрсатр ворид мегардад, тег ва аломатҳои махсус дар матни хабар бояд филтратсия шаванд).
57. Ҳангоми илова намудани хабарҳо дар махзани маълумот бояд суроғаи IP-и фиристанда ба қайд гирифта шавад, ки онро танҳо маъмурони системаҳо дида метавонанд. Барои истифодабарандагони ваколатдор дар майдонҳои намуна бояд ба таври автоматӣ ном ва суроғаи электронӣ монда шаванд.
58. Ҳангоми илова намудани хабарҳо бояд поло (филтр) барои роҳ надодани истифодаи ибораҳои қабеҳ мавҷуд бошад. Ҳангоми дар матн зоҳир шудани лексикаи ғайримеъёрӣ ба истифодабаранда бояд раддия барои нашр бо тавсияи бозгашт ба таҳрири хабар дода шавад.
59. Маъмур бояд дорои имконияти аз назар гузаронидани дарахти муҳокима ва иҷрои амалҳои зерин бошад:
- азназаргузаронии ҳамаи майдонҳои хабарҳо (ҳамчунин суроғаҳои IP-и ирсолкунандагон);
- нест кардани хабарҳои беадабона;
- роҳ надодани ирсоли хабарҳои истифодабарандагон бо номи муайян, ки аз суроғаҳои IP -и муайян, бо нишон додани суроғаҳои почтавии муайян ирсол гардидаанд.
60. Дар таъмини барномавии сомонаи расмӣ системаи пешбурди рӯйхатҳои ирсолро пешбинӣ намудан зарур аст. Ин имконият медиҳад, ки иттилооти матнӣ (инчунин иттилооти ихтиёрии дигар ба намуда замима) тавассути почтаи электронӣ паҳн карда шавад.
61. Сомона (портал) бояд ба истифодабарандагон тарзи робитаро бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тавассути имкониятҳои почтаи электронӣ таъмин намояд. Тавсия мегардад, ки қисми "тамос" таъсис дода, таҷдид карда шавад, ки дар он иттилоот оид ба ташкилот барои тамос ҷойгир карда мешавад. Ҳангоми фиристодани почтаи электронӣ дар охири хабар бояд насаб, ном ва номи падар, вазифа, номи ташкилот, телефонҳо барои тамос, суроғаи электронӣ ва вебсуроғаи вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот нишон дода шаванд.
62. Хабарҳои содираи почтаи электронии ба дигар мақомот ирсолшаванда, бояд дорои иттилооти зерин бошанд: насаб, ном, номи падари ирсолкунанда, номи ташкилот, телефони тамос ва факс бо код, (рақами иловашаванда), суроғаи почтавӣ, суроғаи почтаи электронӣ ва сомонаи расмӣ.
63. Ҳангоми ирсоли мактубҳо дар дохили вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд функсияи тасдиқи қабули хабар дохил карда шавад.
64. Таҳлили миқдори муштариёни сомона бо истифода аз як ё якчанд системаҳои мустақили ҷамъоварии омор амалӣ карда мешавад, ки ба тарафҳои сеюм тааллуқ дорад ва аз ҷониби соҳиби сомона муайян мегарданд. Пайвастшавӣ ба системаи омор бо роҳи ҷойгиркунии элементи код ва графикии ("ҳисобкунаки") система дар ҳама (ҳамчунин барномавӣ ҳосилшаванда) саҳифаҳои сомона амалӣ карда мешавад.
65. Бақайдгирии сомонаи расмӣ дар системаҳои оморӣ дар марҳалаи корбарии санҷишӣ анҷом дода мешавад.
66. Омор бояд:
а) маълумотро ҷамъоварӣ ва рейтннги миқдори муштариёни сомонаи вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳотро муайян намояд дар давоми:
- рӯз;
- моҳ;
- семоҳа;
- сол;
б) маълумоти зеринро дар бораи муштариён инъикос намояд:
- миқдори умумии муштариён;
- миқдори муштариён аз минтақаҳо;
- вақти ташриф;
- вақти дар сомона гузаронидашуда;
- давомоти саҳифаҳо;
- аз кадом сомонаҳо гузашта шуд ва ғайра.
5. МАЪМУРИКУНОНИИ СОМОНАИ РАСМӢ
67. Дар ҷараёни маъмурикунонии сомонаи расмӣ субъектҳои зерин ширкат меварзанд:
- маъмури муҳтавои иттилоотӣ;
- таъминкунандагони иттилоот;
- оператори техникию технологӣ.
68. Маъмури муҳтавои иттилоотӣ корманд ё воҳиди сохтории вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад, ки бо санади меъёрии дахлдори роҳбари мақомоти мазкур таъин карда шудааст ё, аз рӯи зарурат, бо мақсади мувофиқа ва иҷрои корҳои бо иттилоот пур кардани сомонаи расмӣ таъсис дода шудааст. Маъмури муҳтавои иттилоотӣ, чун қоида, корманди хадамоти матбуоти (шуъбаи робита бо ҷомеа ё дигар воҳиди сохтории дахлдори) вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад. Бо фармоиши (қарори) роҳбари вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот функсияҳои маъмури муҳтавои иттилоотии сомонаи расмӣ метавонанд ба зиммаи муассисаҳо ва ташкилоти зертобеъ вогузор карда шаванд.
69. Бо мақсади батартибандозии фаъолияти маъмури муҳтавои иттилоотӣ (масъул барои ташаккул, ҷойгиркунӣ, инчунин навкунии иттилооти дар сомонаи расмӣ буда) низомномаи дастгирии иттилоотии сомонаи расмӣ таҳия карда мешавад, ки он аз тарафи роҳбари вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
70. Маъмури муҳтавои иттилоотӣ функсияҳои зеринро иҷро менамояд:
- таҳияи барномаҳо оид ба пешбурди сомонаи расмӣ;
- банақшагирии корҳо оид ба дастгирии иттилоотии сомонаи расмӣ;
- ҷамъоварӣ, коркард ва омода намудани мавод барои ҷойгиркунӣ дар сомонаи расмӣ;
- ҷойгиркунии мавод дар сомонаи расмӣ ва гирифтани онҳо;
- ҳамкорӣ бо таъминкунадагони иттилоот;
- идора намудани навгардониҳо дар сомонаи расмӣ;
- коркарди дархостҳои истифодабарандагон тавассути почтаи электронӣ, инчунин дархостҳое, ки дар натиҷаи аз тарафи истифодабарандагон дар сомонаи расмӣ пур кардани намунаҳои интерактивӣ гирифта шудаанд;
- дар маводи иттилоотӣ таъмин намудани риояи қоидаҳои грамматика, санҷиши мувофиқи мақсад будани нашр, риояи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, сирри давлатӣ.
71. Дастраскунандагони иттилоот (хизматчиён, воҳидҳои сохторӣ) омодасозӣ ва супоридани итилооти саҳеҳ ва навкардашударо дар доираи фаъолияти худ барои ҷойгиркунӣ дар сомонаи расмӣ таъмин менамоянд.
72. Оператори техникию технологӣ бо мақсади таъмини кори зарурии сомонаи расмӣ таъин карда мешавад ва корҳои зеринро иҷро менамояд:
- коркард ва рушди шакли намунавӣ (қолибӣ), аз ҷумла, тарҳи графикии (дизайни) сомонаи расмӣ тибқи Қоидаҳои мазкур;
- таҳияи барномаи комплексии идоракунии муҳтавои иттилоотии сомонаи расмӣ тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ ва Қоидаҳои мазкур;
- санҷиши риояи иҷрои талаботи идоракунӣ ва хусусиятҳои техникии сомонаи расмӣ, аз ҷумла талаботи техникӣ ба сервер, талабот ба дизайни техникӣ ва дастгирии техникӣ;
- идоракунии хизматрасониҳои интерактивӣ;
- санҷиш ва арзёбии самаранокии кори сомонаи расмӣ;
- арзёбии сифати хизматрасониҳо оид ба хизматрасонии сомонаи расмӣ, санҷиши кори иҷрокунандагон;
- дастгирии техникию технологӣ ва маъмурикунонии системавии сомонаи расмӣ;
- таҳияи маҷмӯи тадбирҳои барномавию техникии таъмини амнияти иттилоотӣ ва кори устувори сомонаи расмӣ;
- тибқи талабот ба тавсифҳои функсионалӣ ва меъёрҳои амнияти иттилоотӣ муайян ва нав кардани талаботи техникӣ ба қисми функсионалии сомонаи расмӣ;
- таъмини нусхабардории захиравии (back-up) модулҳои иттилоотию барномавии сомонаи расмӣ бо истифодаи таҷҳизоти махсуси техникию технологӣ ва комплексҳои барномавӣ.
73. Оператори техникию технологии сомонаи расмӣ ҷавобгӯй аст барои:
- гузаронидани сертификатсия ва аттестатсияи воситаҳои техникӣ ва барномавӣ ҷиҳати амнияти иттилоотӣ дар мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани аттестатсияи кормандони техникии хизматрасон ҷиҳати амнияти иттилоотӣ дар мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқа намудани нақшаи ташкили алоқа, инчунин нақшаи нусхабардории захиравии маълумот (back-up) ҷиҳати амнияти иттилоот дар мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- тағйирдиҳии таркиби сомонаи расмӣ;
- таъмини амнияти версияи ҷории сомонаи расмӣ;
- бардоштани нусхаҳои захиравӣ ва бойгонисозии иттилоот;
- ҳолати дизайни техникӣ ва риояи талаботи хусусиятҳои техникӣ;
- дақиқ иҷро гардидани сенарияҳои хизматрасониҳои интерактивӣ;
- тартиби коркарди дархостҳои истифодабарандагон тавассути почтаи электронӣ, инчунин дархостҳое, ки ҳангоми пур кардани намунаҳои интерактивӣ аз тарафи истифодабарандагон фиристода шудаанд;
- сифати дастрасии истифодабарандагон дар реҷаи гуногуни пайвасгшавӣ ва бо барномаҳои гуногуни азназаргузаронӣ;
- мувофиқати сенарияҳо ба сервер;
- мувофиқати истинодҳо;
- бойгонисозии маълумот оид ба омори истифода ва хабарҳо оид ба хатоиҳо;
- коркарди ҷараёни дархостҳои иттилоотӣ дар соатҳои авҷи сарборӣ.
74. Тақсимоти уҳдадориҳои вазифавӣ байни мутахассисони воҳиди сохтории масъули маъмурикунии техникию технологии сомонаи расмӣ бо низомномаи воҳиди сохтории мазкур муайян карда мешавад.
75. Ҳангоми дар кори сомонаи расмӣ ба вуқӯъ пайвастани ҳолати ғайриодӣ (носозии барнома ё таҷҳизот, вайрон шудани каналҳо, дастрасии беиҷозат ба махзани маълумот, зараррасонӣ ба массиви маълумот ва ғайра) фавран роҳбарияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот хабардор карда шуда, ҷиҳати барқарор намудани реҷаи муътадили кори инфрасохтори иттилоотии вазорату идора, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот тадбирҳо андешида мешаванд.
76. Ҳалли стандартӣ нисбати сомонаи расмӣ ҳатман тадбирҳо ва шартҳо барои ҳифзи сомонаи расмӣ, тартиби таъмини омори шабакавӣ ва иттилоот дар бораи боэътимодӣ ва устувории кори сомонаи расмӣ, инчунин тартиби ташкил ва нигоҳдории нусхаҳои захиравиро бояд таъмин кунад.
6. ТАЛАБОТИ ТЕХНИКӢ
§1. Талаботи мутобиқат
77. Бо мақсади таъмини сифати баланди сомонаҳои расмӣ, аз ҷумла имконияти азназаргузаронии муносиби иттилоот бо ёрии браузерҳо ва мутобиқат бо платформаҳои гуногуни технологӣ, сомонаи расмӣ бояд мувофиқи тавсияҳои World Wide Web (W3C) Консортсиуми ҷаҳонm таҳия карда шавад.
78. Барои таъмини дастрасии одамон бо имкониятҳои маҳдуд ба сомонаи расмӣ тавсияҳои WAI (Web Accessibility Initiative - Ташаббуси дастрасӣ ба Интернет)-ро истифода бурдан зарур аст.
79. Сомонаи расмӣ бояд мутобиқи тавсияҳои W3C санҷида шавад.
80. Сомонаҳои расмӣ бояд азназаргузаронии муносибро дар браузерҳои гуногун (Internet Explorer, Mozilla Firefox, Google Chrome, Opera) таъмин намоянд.
81. Ҳангоми таҳияи сомонаҳои расмӣ тавсия дода мешавад, ки стандартҳои миллии зерин ба инобат гирифта шаванд:
- SM ISO 13407:2006 "Раванди тарҳи ба инсон нигаронидашуда барои системаҳои интерактивӣ";
- SM ISO/TR 18529: 2006 "Эргономика. Эргономикаи ҳамгироии инсон - система. Тавсифи раванди давраи зиндагии ба инсон нигаронидашуда";
- Регламенти техникӣ "Таъминоти барномавии равандҳои давраи зиндагӣ" ҶТ 38370656-002:2006.
§2. Талабот ба боэътимодӣ ва маҳсулнокии сомонаи расмӣ
82. Нишондиҳандаҳои зерини боэътимодӣ ва маҳсулнокии сомонаи расмӣ муайян карда мешаванд:
- фаъолноки 24 соат дар як шабонарӯз, 7 рӯз дар як ҳафта. Вақти боздошти фаъолияти сомонаи расмӣ бо мақсади таъмини корҳои техникии банақшагирифташуда бояд аз 3 соат дар як моҳ зиёд набошад;
- суръати кушодашавии саҳифа (вакти вокуниш) ҳангоми зуддии азназаргузаронии миёнаи ҳаррӯзаи сомонаи расмӣ дар асоси параметрҳои таъминоти барномавӣ ва таҷҳизоти сервери мушаххас муайян карда мешавад, аммо набояд аз 5 сония зиёд бошад, ҳамзамон, вақти тавсияшаванда 0,6-0,8 сонияро (аз ҳисоби шумораи муштариёни сомонаи расмӣ дар давоми моҳ, рӯз ва яквақта) ташкил медиҳад;
- ислоҳи автоматии хатоӣ "404 - хуҷҷат ёфт нашуд". Саҳифаи мазкур бояд дорои элементҳои маълумотии зерин бошад: хабар дар бораи хато ва истинод ба харитаи сомонаи расмӣ, ҳифозат ҳангоми нодуруст пур кардани ҳошияҳо дар НТМL - шаклҳо. Дар сурати нодуруст пур кардан бояд паём бо зикри хатоӣ дар пур кардани ҳошия, инчунин панеле, ки маълумоти дурустро нишон медиҳад, пайдо шавад;
- ҳимоя аз хатоҳои қасдан ҳангоми пур кардани маълумот аз тарафи истифодабаранда дар ҳошияҳои НТМL - шаклҳо. НТМLшаклҳо бояд ба иҷрои баъзе аз скриптҳои ба он дохил кардашуда роҳ надиҳанд.
§3. Низоми идоракунии пуркунии иттилоотии сомонаи расмӣ
83. Низоми идоракунии пуркунии иттилоотӣ бояд таъмин намояд:
- имконияти аз тарафи шахсони ваколатдор ворид, таҳрир, тоза кардани матн ва иттилооти графикӣ;
- қобилияти тағйир додани менюи сомонаи расмӣ, аз ҷумла бахшҳо ва зербахшҳои на кам аз се сатҳи дохилшавӣ;
- муайян намудани намунаи сохти сомонаи расмӣ барои ҳар як бахш;
- дастгирӣ дар на камтар аз се тафсири забонӣ;
қобилияти муайян намудани гурӯҳҳои гуногуни истифодабарандагони сомонаи расмии бо ҳуқуқи (ихтиёрӣ додашудаи) гуногун барои эҷод кардан, тағйир додан, нест кардан, ҷойгир намудани пуркунии иттилоотии сомонаи расмӣ, сохтор ва элементҳои функсионалии он;
- қобилияти назорат ва дар феҳристҳои системавӣ (логҳо) сабт намудани ҳама амалҳое, ки аз тарафи ҳар як истифодабарандаи системаи идоракунии муҳтаво иҷро гардидаанд;
- имконияти бойгоникунонии пурра (back-up) ҳамчун ҷузъи пуркунии иттилоотии сомонаи расмӣ, ҳамчунин ҷузъи таъминоти барномавӣ, мавҷудияти тартиби барқарорсозӣ;
- истифодаи системаи муайянсозии моно ё дуомилии истифодабарандагон, ки ҳуқуқи дар сомонаи расмӣ идора кардани мазмуни иттилоот ва маълумоти дигарро доранд;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои маъмури муҳтавои иттилоотӣ.
84. Тағйири форматонии HTML тағйири намуди берунии унсурҳои иттилоотӣ бо истифода аз HTML ва сабкҳои (қолибҳои) барои стандартҳои дар сомонаи расмии - CSS-ро дар бар мегарад. Онҳо танҳо он тавсифоти унсурҳои иттилоотӣ, ки тағйироташон пешбинӣ шудааст, тағйир дода метавонанд.
85. Бояд имконияти иҷрои ҳаракатҳои зерини унсурҳои хар як иттилооти алоҳида таъмин карда шавад:
- тағйир додани тавсифот;
- тағйир дар матни пурраи HTML;
- алоқамандӣ бо дигар унсурҳои иттилоот: намудхои унсурҳои иттилоотӣ, файлҳо барои боргирӣ, дигар захираҳои интернетӣ, саҳифаҳои дохилии сомонаи расмӣ;
- тағйир додани шаблон (қолиби) сохти сомонаи расмӣ.
86. Маълумот дар система метавонад бо ду тарз нигоҳ дошта шавад: бо системаи файлии веб - сервер дар намуди файлҳои алоҳида ё махзани маълумоти релятсионӣ. Барои дар файлҳо нигоҳ доштани иттилооти ба таркибҳо ҷудошуда истифодаи формати ХМL (дар ҳолатҳои истисноӣ, истифодаи формати HTML иҷозат дода мешавад) тавсия мегардад.
87. Ҳангоми коркарди захираҳои давлатӣ бояд дастури истифодабаранда таъмин карда шавад.
88. Дастури истифодабаранда, ки аз тарафи оператори техникию технологӣ таҳия карда мешавад, бояд имкониятҳои системаи идоракунӣ ва мазмуни мушаххаси сомонаи расмиро тасвир намояд. Он бояд қисмҳои зеринро дар бар гирад;
- омода кардани параметрҳои сомонаи расмӣ;
- амалиёти "Content Management Information System ";
- тарҳи сервер.
89. Дастури истифодабаранда бояд дар шакли электронӣ дастрас бошад.
90. Таҳия, нигоҳдорӣ ва идоракунии сомонаи расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бояд ба қонунгузорӣ ва стандартҳои миллӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёбад.
91. Амният ва ҳифзи иттилоот ин маҷмӯи тадбирҳои ташкилӣ ва технологӣ, омӯзиш, назорати дастрасӣ, ҳифзи воқеӣ мебошад, ки барои таъмини муттасилӣ ва дурустии иттилоот, ҳифзи маълумоти инфиродӣ равона шудааст. Таъмини амният ва ҳифзи маълумоти шахсӣ аз тарафи кормандони соҳибихтисос, бо дарназардошти натиҷаҳои экспертизаи амнияти иттилоотӣ, инчунин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
92. Агар қарори (фармоиши) роҳбари вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба таъсис ва дастгирии сомонаи расмӣ ба дигар ташкилотҳо тааллуқ дошта бошад, ин ташкилотҳо бояд сатҳи амнияти дар ин ҳуҷҷат муайяншударо таъмин намоянд.