Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 аз 29 июни соли 2017 № 322

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" июни соли 2017, № 322

тасдиқ шудааст

Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 (минбаъд - Барномаи мазкур) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, меъёрҳо ва стандартҳои асосии байналмилалии адолат нисбати кӯдакон ва тавсияҳои дахлдор дар соҳаи адолати судӣ нисбати кӯдакон, ки аз ҷониби мақомоти қарордодаш Созмони Милали Муттаҳид ва Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, равона карда шудааст.

2. Ҳадафи Барномаи мазкур ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани қонунгузорӣ ва амалия дар соҳаи адолати судӣ нисбати кӯдакон буда, барои таъсис додани низом барои кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ замима мегузорад. Барномаи мазкур муносибати муносибро нисбат ба кӯдакон, ки дар он ҳуқуқ ва шаъну эътибори онҳо эҳтиром карда мешавад, таъмин сохта, нисбати эҳтиёҷоти ҳар як кӯдак дар алоҳидагӣ самаранок эътино намуда, барои коҳиш додани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ ва такроран содир намудани он дар байни кӯдакон мусоидат мекунад.

3. Барномаи мазкур нисбати кӯдакони зерин равона шудааст:

- кӯдакони ба синни ҷавобгарии ҷиноятӣ расидае, ки ҳуқуқвайронкунӣ содир намудаанд;

- кӯдакони ба синни ҷавобгарии ҷиноятӣ нарасидае, ки кирдори ҷиноятиро содир намудаанд;

- кӯдакони шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ.

2. ИТТИЛООТИ МУХТАСАР ВА ДАСТОВАРДҲО

4. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии шартномаҳои асосии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон буда, меъёру принсипҳои онҳо қисми таркибии қонунгузории ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Дар асоси шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин тавсияҳои мақомоти гуногуни Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба қонунгузории кишвар тағйирот ворид гардида, қонунҳои нав қабул мешаванд.

5. Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак мебошад. Соли 2010 дар натиҷаи гузориши даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак тавсияҳои ниҳоӣ пешниҳод шуданд, ки онҳо ба масъалаҳои адолати судӣ нисбати кӯдакон низ дахл доранд. Ҳамчунин дар натиҷаи баррасии гузоришҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва дигар сохторҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид тавсияҳои дахлдор оид ба масъалаҳои адолати судӣ нисбати кӯдакон пешниҳод гардидаанд.

6. Тавсияҳои ниҳоии Шӯрои Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак нуқтаи ибтидоӣ барои воридсозии меъёрҳои стандартҳои байналмилалӣ дар қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

7. Моҳи сентябри соли 2001 Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шуд.

8. Бо мақсади амалигардонии муқаррароти Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи кӯдак, меъёрҳо ва стандартҳои асосии байналмилалӣ вобаста ба адолати судӣ нисбати кӯдакон Нақшаи амали миллӣ оид ба ислоҳот дар самти адолат нисбати ноболиғон барои солҳои 2010-2015 тасдиқ ва амалӣ карда шуд.

9. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдак соли 2016 мансаби муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

10. Бо мақсади такмили қонунгузории танзимкунандаи низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон ба кодексҳои оила, ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Инчунин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила", "Дар бораи маориф", "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак" ва "Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон" қабул гардида, дар онҳо муқаррароти дахлдор дар соҳаи адолати судӣ нисбати кӯдакон мутобиқи меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ карда шуданд.

11. Дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикргардида кафолатҳои муҳими зерин оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон пешбинӣ карда шудаанд:

- ҳангоми пурсиши кӯдакон иштироки ҳатмии адвокат, намояндаи қонунӣ, омӯзгор ва ё равоншинос ҳатмӣ мебошад;

- пурсиши гумонбаршуда, айбдоршавандаи ноболиғ наметавонад дар як рӯз бетанаффус зиёда аз 2 соат ва дар маҷмӯъ бештар аз 4 соат давом ёбад;

- ҳангоми қабули кӯдак ба ҳар ҷое, ки аз ҷомеа дар алоҳидагӣ нигоҳ дошта мешавад, муоинаи тиббии кӯдак гузаронида мешавад;

- синну соли ҳадди ақал барои таъқиби ҷиноятӣ аз 14-солагӣ муайян карда шудааст;

- муҳлати ниҳоии тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати кӯдак то 6 моҳ муқаррар карда шудааст;

- муҳлати ниҳоии аз озодӣ маҳрум намудани кӯдак то 12 сол муқаррар шудааст.

12. Аз соли 2010 оғоз намуда, омӯзонидани кормандон яке аз самтҳои муҳими фаъолият мебошад, ки аз ҷониби ҳамаи вазорату идораҳо амалӣ гашта, баҳри баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ оид ба ҳуқуқ ва манфиатҳои кӯдакон байни судяҳо) кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, прокурорҳо ва мақомоти дахлдор равона карда шудааст.

13. Муносибат ва ғамхорӣ дар ҳамаи муассисаҳои шакли пӯшида ва нимпӯшида дар натиҷаи гузаронидани мониторингҳои мустақил, навсозӣ ва барқароркунӣ, тайёр намудани кадрҳо, омӯзонидани кормандони иҷтимоӣ, равоншиносон ва гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунанда барои кӯдакон беҳтар гардидааст.

3. МУШКИЛИҲО

14. Новобаста аз дастовардҳо дар соҳаи адолати судӣ нисбати кӯдакон баъзе аз бандҳои Нақшаи амали миллӣ оид ба ислоҳот дар самти адолат нисбати ноболиғон барои солҳои 2010-2015 ба таври дахлдор иҷро нагардиданд. Яке аз сабабҳои иҷро нагардидани бандҳои алоҳидаи Нақшаи мазкур мавҷуд набудани механизми самараноки ҳамоҳангсозӣ мебошад.

15. Мушкилиҳои дигар низ ҷой доранд:

- кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда (гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда) тибқи қонунгузории ҷумҳурӣ ҳуқуқи дастрасӣ ба ёрии ҳуқуқии ройгонро доранд. Аммо дар амалия барои таъмини ёрии ҳуқуқии саривақтӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ мушкилиҳо ҷой доранд;

- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешниҳоди хизматрасонӣ вобаста ба дастгирии иҷтимоӣ барои кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда ва дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбати кӯдакон ба таври фаъол ҷалб карда нашудааст;

- вобаста ба ташкили таъмини ҳимояи кӯдакони шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ маълумоти оморӣ вуҷуд надорад, дар ҳоле ки ин гуруҳи кӯдакон ба ёрӣ ва дастгирии дахлдор на камтар аз кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда эҳтиёҷ доранд.

4. ҲАДАФҲО ВА ВАЗИФАҲО

16. Дар асоси меъёрҳои қонунгузорӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои асосии Барномаи мазкур аз инҳо иборат мебошад:

- таҳкими ҳамоҳангсозӣ ва мониторинг дар низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон;

- коҳиш додани шумораи содиршавии ҷиноятҳои такрории кӯдакон бо роҳи вокуниши самаранок ба талаботи ҳар як кӯдак дар алоҳидагӣ;

- таъсис додани низоми нисбати кӯдакон некхоҳонаи адолати судӣ, ки ҳуқуқи онҳоро дар қонунгузорӣ ва амалия ҳифз намояд;

- таҳияи барномаҳои самаранок оид ба офиятбахшӣ ва ҳамгироии кӯдакон ба ҷомеа.

17. Барномаи мазкур барои расидан ба ҳадафҳои асосӣ иҷрои вазифаҳои зерияро пешбинӣ менамояд:

- дар сатҳи вазорату идораҳои дахлдор беҳтар намудани ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон;

- ташкили низоми некхоҳонаи адолати судӣ нисбати кӯдакон, инчунин таъмини муносибати сазовор нисбати кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда, эҳтироми ҳуқуқ ва шаъну эътибори онҳо;

- рушди хизматрасонӣ вобаста ба таъминоти иҷтимоӣ ва офиятбахшӣ дар муассисаҳои шакли пӯшида ва нимпӯшида бо мақсади дастгирии самаранок ва мусоидат барои ҳамгироии бомуваффақияти кӯдакон ба ҷомеа баъди баромадан аз муассиса;

- рушд ва таъмини хизматрасонии иҷтимоӣ ва равонии кӯдаконе, ки шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ мебошанд.

5. ПРИНСИПҲО ВА АМАЛҲО

18. Принсипҳои асосии Барномаи мазкур инҳо мебошанд:

- чораҳои дорои хислати пешгирикунанда ҳамчун усули асосӣ дар низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон;

- офиятбахшӣ ва ҳамгироӣ ҳамчун ҳадафи аввалиндараҷаи ҳамаи чораҳои ҷавобӣ нисбати кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда;

- таъмини чораҳои алтернативии таъсиррасонӣ нисбати кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда бо мақсади раҳоии онҳо аз низоми расмии адолати судии ҷиноятӣ;

- пеш ва баъд аз мурофиаи судӣ аз озодӣ маҳрум намудани кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда ҳамчун чораи истисноӣ ва ба муҳлати кӯтоҳтарини ҷоиз.

19. Барномаи мазкур раванди рушди низоми адолати судӣ нисбати кӯдаконро дар бар гирифта, ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад ва ба амалӣ намудани ислоҳот дар асоси нақшаи амалҳо оид ба иҷрои Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон барои солҳои 2017-2021 мутобиқи замима (минбаъд - Нақшаи амалҳо) равона гардидааст.

20. Дар давраи амалигардии Нақшаи амалҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, инчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамкорӣ менамоянд.

6. НАТИҶАҲОИ ДАРНАЗАРДОШТАШУДА

21. Амалӣ гардидани Барномаи мазкур барои таъсиси низоми маҷмӯии адолати судӣ нисбати кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалҳои зерин имконият медиҳад:

- мутобиқ намудани қонунгузории соҳаи адолати судӣ нисбати кӯдакон ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ;

- омӯзонидани кормандони мақомот ва муассисаҳои давлатӣ вобаста ба риояи ҳуқуқҳои кӯдакон;

- ислоҳоти муассиоаҳои махсусгардонидашудаи шакли пӯшида ва нимпӯшида бо мақсади ба меъёрҳо ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани муносибат ва ғамхорӣ нисбати кӯдакон;

- беҳтаргардонии иттилоотонии аҳолӣ вобаста ба масъалаҳои адолати судӣ нисбати кӯдакон;

- таъсис додани низоми некхоҳонаи адолати судӣ нисбати кӯдакон.

22. Амалишавии Барномаи мазкур бояд барои гузариш аз рушди низоми адлияи ноболиғон ба рушди низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон, ки такмили пешгирии ҳуқуқвайронкунии кӯдакон, ҳимояи самаранок дар амалӣ гардидани адолати судӣ нисбати кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ, офиятбахшии иҷтимоии онҳо, бо дарназардошти ҷинс, хусусиятҳои инкишофи ақлонӣ, ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, инчунин ҳамгироии кӯдаконро ба ҷомеа пас аз адои ҷазо дар намуди маҳрумӣ аз озодӣ пешбинӣ мекунад, замина гузорад.

7. ЗАМИНАҲОИ МУСОИД ВА ТАВАККАЛИ АМАЛИГАРДИИ БАРНОМАИ МАЗКУР

23. Яке аз заминаҳои муҳими бомуваффақият амалӣ гардидани Барномаи мазкур такмил додани қонунгузорӣ дар соҳаи адолати судӣ нисбати кӯдакон, инчунин механизми самараноки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ байни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар амалишавии минбаъдаи он мебошад. Рушди иқтидори давлат, ҷомеаи шаҳрвандӣ, истифодаи васеи амалияи байналмилалӣ ва усулҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакони ҳуқуқвайронкунанда, шоҳид ё ҷабрдидаи ҷиноят ва зӯроварӣ омилҳои мусбат барои амалигардии Барномаи мазкур мебошанд.

24. Дар баробари омилҳои мусбат омилҳое мавҷуданд, ки метавонанд барои амалӣ гардидани Барномаи мазкур монеъ шаванд, аз ҷумла норасоии воситаҳои молиявӣ, иқтидори нокифояи кадрӣ ва ғайра.

25. Низоми мониторинг ва арзёбии амалигардии Барномаи мазкур дар марҳилаи иҷрои он яке аз ҷузъҳои калидӣ мебошад, зеро бо ду роҳи алтернативӣ - давлатӣ (расмӣ) ва ғайридавлатӣ (ҷомеаи шаҳрвандӣ) гузаронидани мониторинг ва баҳодиҳии Барномаи мазкур ба нақша гирифта шудааст.

26. Дар асоси натиҷаҳои мониторинг марҳила ба марҳила самаранокии амалигардии Нақшаи амалҳо, бартарӣ ва норасоиҳо дар фаъолияти иҷрокунандагон ва ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ арзёбӣ мегардад.

Замима