Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз 1 июни соли 2017 № 276

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" июни соли 2017, № 276

тасдиқ шудааст

Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

1. Тартиби коргузорӣ ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои пшхсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (миибаъд - Тартиб) қоидаҳои пешбурди коргузорӣ ва баҳисобгирии омориро аз рӯи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ (минбаъд - мақомоту ташкилоти дахлдор), муайян мекунад.

2. Амали Тартиби мазкур ба пешбурди коргузорӣ аз рӯи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки нисбат ба онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари пешниҳод ва баррасӣ пешбннӣ шудааст, татбиқ намегардад.

3. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоту ташкилоти дахлдор дар шакли хаттӣ, электронӣ ё шифоҳӣ пешниҳод карда мешаванд.

4. Муроҷиатҳое, ки ба мақомоту ташкилоти дахлдор ворид мешаванд, бояд дар варақаи бақайдгирин назоратӣ (замимаи № 1) ва дар дафтарҳои баҳисобгирии оморӣ (замимаҳои 2, 3, 4 ва 5) ба таври марказонидашуда ба қайд гирифта шаванд. Муроҷиатҳои шифоҳӣ дар рафти қабули шахсӣ, ки санҷиши иловагиро талаб менамоянд, ҳамчун муроҷиатхои хаттӣ ба қайд гирифта мешаванд. Муроҷиатҳои электронӣ тибқи тартиб ва муҳлатҳои муқарраргардидаи қонун мавриди баррасӣ карор дода мешаванд.

5. Ҳангоми ворид шудани миқдори начандон зиёди муроҷиат (соле то 100 дона) варақаи бақайдгирии назоратӣ тартиб дода нашуда, онҳо танҳо дар дафтарҳо ба қайд гирифта мешаванд. Лифофаҳои онҳо дар мавридҳое нигоҳ дошта мешаванд, ки агар танҳо аз рӯи онҳо суроғаи ирсолкунандаро муқаррар кардан мумкин бошад, ё агар санаи муҳри почта барои тасдиқ намудани вақти фиристодан ва гирифтани муроҷиатнома, иичунин дар дигар мавридҳо зарур шаванд. Дар сурати шахсан қабул кардани шахси воқеӣ ва намояндаи шахси ҳуқуқӣ, муроҷиатҳои хаттию шифоҳии онҳо низ бояд дар дафтарҳои дахлдор ё варақаҳои бақайдгирии назоратӣ ба таври марказонидашуда қайд карда шаванд. Шохиси бақайдгирии муроҷиат дар муҳри бақайдгарӣ нишон дода мсшавад, ки ҷои гузориш ва шакли онро стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Шохиси бақайдгирӣ аз ҳарфи аввали насаби муаллиф ва рақами тартибии муроҷиати воридшуда (масалан, А-117) иборат мебошад. Шохиси бақайдгирӣ бо дигар аломатҳое, ки мураттабсозӣ, ҷустуҷӯ, таҳлил ва беосеб нигоҳ дошта шудани муроҷиатҳои шаҳрвандонро таъмин менамоянд, пурра шуда метавонад.

6. Ба муроҷиатҳои такрории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми ворид шудани онҳо шохиси навбатии бақайдгирӣ дода мешавад ва дар сутуни дахлдори варақаҳои бақайдгирии назоратӣ шохиси бақайдгирии муроҷиати якум нишон дода мешавад. Дар кунҷи рости болои муроҷиати такрорӣ ва варақаҳои бақайдгирии назоратӣ аломати "такроран" гузошта шуда, аз рӯи он тамоми мукотибаи пештара бардошта мсшавад. Муроҷиатҳои ҳамон як шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз рӯи ҳамон як масъала, ки ба суроғаҳои гуногун фиристода шудаанд ва барои дида баромадан ба ҳамон як мақомоту ташкилоти дахлдор ворид шудаанд, дар зери шохиси бақайдгирии муроҷиати якум бо илова кардани рақами тартибӣ бо касра (масалан, А-117/1, А117/2) ба ҳисоб гирифта мешавад.

7. Миқдори нусхаҳои варақаҳои бақайдгирии назоратӣ оморӣ дар асоси зарурати таъмин намудани баҳисобгирӣ, кори маълумотгирӣ, назорати иҷрои супориш аз рӯи муроҷиат ва таҳлили онҳо муайян карда мешаванд. Картотекаҳо мувофиқи насаб ё номи шахси ҳуқуқӣ ки аз онҳо муроҷиат ворид шудаанд, бо пайдарҳамии ҳуруфи алифбо метавонанд тартиб дода шаванд.

8. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба мақомоту ташкилотҳои дахлдор аз ҷойҳои гуногун фиристода шуда, маълум кардани натиҷаҳои дида баромадани муроҷиатро талаб мекунанд, таҳти назорати махсус гирифта мешаванд. Дар ин маврид дар ҳамаи нусхаҳои варақаҳои бақайдгирии назоратӣ ва муроҷиатҳо дар ҷои муқарраркардаи стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳри "Назорат" ё аломати "Н" гузошта мешавад. Муроҷиатҳое, ки ба онҳо ҷавоби пешакӣ дода мешавад, аз назорат гирифта намешаванд. Назорат танҳо баъди баррасии он ва андешидани ҳамаи чораҳо аз рӯи ҳалли муроҷиат ба анҷом мерасад. Дар бораи аз назорат бардоштани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоту ташкилотҳои дахлдор, ки барои сари вақт ва дуруст дида баромадани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ масъуланд, қарор кабул карда мешавад.

9. Ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори ваколатдори мақомоту ташкилотҳои дахлдор ҷавоб медиҳанд. Ҷавоб метавонад дар шакли хаттӣ, элсктронӣ, тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) ва ё дар шакли шифоҳӣ дода шавад. Дар сурати додани ҷавоби шифоҳӣ ва электронӣ ба варақаҳои бақайдгирии назорати қайди дахлдор гузошта мешавад. Шохиси ҷавоб аз шохиси бақайдгирӣ ва рақами парванда (аз рӯи феҳрист) иборат буда, ба он мукотиба аз рӯи ҳамин масъала дӯхта мешавад. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамон вақт ҳалшуда ҳисоб меёбанд, ки агар ҳамаи масъалаҳои дар онҳо ба миён гузошташуда баррасӣ шуда, аз рӯи онҳо чораҳои зарурӣ дида шудаанд ва мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба онҳо ҷавобҳои пурра дода шуда бошанд. Мазмуни мухтасари ҷавоб аз рӯи муроҷиат, инчунин сана ва рақами он дар дафтар ва варақаҳои бақайдгирии назоратӣ навишта мешаванд. Муроҷиатҳои баррасишуда якҷоя бо мукотибаи ба онҳо тааллуқдошта аз рӯи тартиби муқарраршуда дар бойгонии мақомоту ташкилотҳои дахлдор нигоҳ дошта мешаванд.

10. Роҳбарон ва ё бо супориши онҳо шахсони дигари мансабдори мақомоту ташкилотҳои дахлдор муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва мулоҳизаҳои амалии дар онҳо баёнёфтаро ба мақсади сари вақт ошкор ва бартараф намудани вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои бо қонун муҳофизатшавандаи шаҳрвандон, инчунин такмил додани кори мақомоту ташкилоти дахлдор, мунтазам таҳлил ва ҷамъбаст менамоянд. Маводро барои таҳлил ва ҷамъбаст шахсони мансабдори пешбарандаи коргузорӣ аз рӯи муроҷиатҳои шахсони воқсӣ ва ҳуқуқӣ тайёр мекунанд ва онҳоро дар шакли маълумотномаҳои таҳлилӣ ба расмият дароварда, ба роҳбарони мақомоту ташкилотҳои дахлдор ҳар сол то 10 январ пешниҳод менамоянд. Шаклҳои ҳисоботи оморӣ ва дастурамал оид ба тартиби ҷамъоварӣ дар барномаи корҳои оморӣ, ки ҳар сол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, пешбинӣ карда мешаванд. Маълумотномаҳои таҳлилӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба омор таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон псшниҳод карда мешаванд.

11. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва:ҳуқуқӣ бояд баъди ҳалли онҳо ба шахсони мансабдоре, ки аз рӯи онҳо коргузориро пеш мебаранд, бо

ҳамаи маводи ба онҳо тааллуқдошта ва нусхаи варақаи бақайдгирии назоратӣ барои ба таври мутамарказ тартиб додани парванда ва картотека баргардонида шаванд. Тартиб додан ва дар пешбурди иҷрокунанда нигоҳ доштани парвандаҳо манъ аст. Ҳар як муроҷиат баъди ҳалли ниҳоӣ ва иҷрои он бояд навиштаҷоти "ба парванда" дошта, он аз тарафи шахси мансабдори ин қарорро қабулкарда шахсан имзо карда шавад. Муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, нусхаҳои ҷавобҳои вобаста ба халли онҳо, инчунин ҳуҷҷатҳо оид ба қабули шахсии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (намояндагони онҳо) мувофиқи феҳристи тасдиқшудаи парвандаҳои мақомоту ташкилоти дахлдор дар парванда ба тартиб андохта мешаванд. Ҳуҷҷатҳо дар ин парвандаҳо аз рӯи тартиби хронологӣ ё алифбоӣ ҷойгир карда мешаванд. Ҳар як муроҷиат ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳалли он дар парванда гурӯҳи мустақилро ташкил менамоянд. Дар мавриди гирифтани муроҷиати такрорӣ ё пайдо шудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, онҳо ба ҳамин гурӯҳи ҳуҷҷатҳо дӯхта мешаванд. Ҳангоми ба тартиб андохтани парвандаҳо дурустии дар парванда ҷой додани ҳуҷҷатҳо, пуррагии (комилӣ) онҳо тафтиш карда мешавад. Муроҷиатҳои ҳалнашудаи шаҳрвандон, инчунин ҳуҷҷатҳои нодуруст ба тартиб андохташударо ба парванда дӯхтан манъ аст. Муқоваи парванда бояд мувофиқи стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шавад. Баъди ҳаллу фасл шудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дӯхтани мавод аз руйи онҳо бо ду тарз амалӣ карда мешавад:

- дӯхтани маводи мазкур ба феҳристи парвандаҳо;

- ҷамъ овардани ҳар як мавод дар ҷузгирӣ алоҳида.

12. Мақомоту ташкилотҳои дахлдор муроҷиатҳоро нигоҳ дошта, онҳоро ҳамчун маълумотнома ё бо дигар мақсадҳо истифода мебаранд. Масъулият барои нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба зиммаи роҳбарони мақомоту ташкилотҳои дахлдор ва шахсони мансабдори бо ҳамин категорияи ҳуҷҷатҳо коркунанда вогузор карда мешавад. Муҳлати нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мувофиқи тартиби муқарраршудаи рӯйхатҳои тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳое, ки дар фаъолияти мақомоту ташкилотҳои дахлдор ба вуҷуд меояд, муайян карда мешавад. Чун қоида, муҳлати панҷсолаи нигоҳ доштани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз тарафи комиссияи экспертию санҷишӣ муайян карда мешавад, яъне пас аз гузаштани муҳлати панҷсолаи нигоҳ доштани муроҷиатҳо ҳуҷҷатҳо аз нав баррасӣ шуда, муҳлати ниҳоии нигоҳдории онҳо муайян карда мешавад ё қарор дар бораи несткунии онҳо бароварда мешавад.

13. Парвандаҳое, ки доимӣ, инчунин дарозмуддат (зиёда аз 10 сол) нигоҳ дошта мешаванд, ба бойгонии мақомоту ташкилотҳои дахлдор баъди як соли анҷом ёфтани коргузории онҳо супорида мешаванд. Парвандаҳое, ки муваққатан (то 10 сол) нигоҳ дошта мешаванд, бо салоҳдиди роҳбари мақомоту ташкилоти дахлдор ба бойгонӣ супорида мешаванд.

14. Назорати сари вақт баррасӣ ва ҳал намудани муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоту ташкилотҳои дахлдор ба зиммаи роҳбари онҳо гузошта мешавад, ки онҳо вазифадоранд сари вақт, дуруст ва пурра дида баромадани муроҷиатҳо, иҷро намудани қарорҳоеро, ки аз рӯи онҳо қабул карда шудаанд, таъмин намоянд.

Замимаҳои 1-5