ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ РАҚОБАТ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1912, аз 15.03.2023 № 1857)
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 феврали соли 2017 № 686
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 майи соли 2017 № 383
ҷонибдорӣ карда шуд.
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ҳимояи рақобатро муайян намуда, муносибатҳоро оид ба ташкил ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди рақобат, фаъолияти самарабахши бозорҳои мол, таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
1. Қонуни мазкур нисбати муносибатҳое татбиқ мегардад, ки ба ҳимояи рақобат, аз ҷумла огоҳкунӣ, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона дар бозорҳои мол ва молиявӣ равона гардидаанд. Дар ин муносибатҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони хориҷӣ, соҳибкорони инфиродӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар ташкилотҳои давлатие, ки ваколатҳои онҳоро амалӣ менамоянд, инчунин фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон иштирок менамоянд.
2. Қонун ба ҳама намуд амалҳо ва созишномаҳои (аҳдҳои) ба рақобат таъсиркунандаи аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва дигар ташкилотҳо содир ё басташуда, инчунин ба аҳдҳо ва муносибатҳои вобаста ба воситаҳои асосии истеҳсолот, дороиҳои ғайримоддӣ ё саҳмияҳо ва ҳиссаҳои субъектҳои хоҷагидор, ҳуқуқҳои вобаста ба ташкилотҳои тиҷоратие, ки фаъолияти худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, татбиқ мегардад.
3. Қонун инчунин нисбат ба созишномаҳои аз ҷониби мақомот ва шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур муқарраргардида, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудаанд ва ҳамчунин нисбат ба амалҳои содиршавандаи онҳо, агар чунин созишномаҳо ва амалхо ба маҳдудияти рақобат дар бозори мол оварда расонанд ё метавонанд биёранд, татбиқ карда мешавад.
4. Қонуни мазкур нисбат ба муносибатҳои вобаста ба истифодаи объектҳое, ки дорои ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мебошанд, паҳн намегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки созишномаҳо (аҳдҳо) ва бақайдгирии истифодабарии онҳо ба маҳдудкунии рақобат нигаронида шуда бошанд.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- бозори мол - соҳаи муомилоти мол ё молҳои боҳамивазшаванда, ки вобаста ба имконияти иқтисодӣ, ҳудудӣ ва технологии харидор барои ба даст даровардани мол муайян карда мешавад;
- бозорҳои танзимшаванда - бозорҳои моле, ки дар онҳо танзими давлатии нархҳо мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешаванд;
- гурӯҳи шахсон - маҷмӯи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба як ё якчанд аломат ва шартҳои дахлдори пешбининамудаи Қонуни мазкур мувофиқат мекунад;
- ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ - аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдоре, ки вазифаҳои мақомоти зикргардидаро амалӣ месозанд, додани имтиёзҳои инфиродӣ ва (ё) бартарият ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор, ки ба онҳо шароити муфиди фаъолиятро дар бозорҳои мол ва молиявӣ (кор, хизматрасонӣ) таъмин менамоянд;
- истеъмолкунанда - шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки мол (кор, хизматрасонӣ)-ро ба даст меорад;
- мутамарказияти (консентратсияи) иқтисодӣ - ахдҳо ва дигар амалҳо, аз ҷумла таъсис ва азнавташкилдиҳии (якҷояшавӣ, муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавии) субъектҳои хоҷагидор, аҳдҳо вобаста ба саҳмияҳо, ҳиссаҳо ва моликияти субъектҳои хоҷагидор, ки ҳуқуқи амали онҳо ба вазъи рақобат таъсир мерасонад;
- мол - объекти ҳуқуқҳои гражданӣ (кор, хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасонии молиявӣ), ки барои фурӯш, мубодила ё навъи дигари ба муомилоти гражданӣ баровардани он пешбинӣ шудааст;
- молҳои боҳамивазшаванда - гурӯҳи молҳое, ки аз рӯи таъйинот, тарзи истифодабарӣ, тавсифоти сифатӣ ва техникӣ, нарх ва дигар хусусиятҳояшон тавре қиёспазиранд, ки харидор воқеан метавонад як молро дар ҷараёни истеъмол (аз ҷумла ҳангоми истеҳсол) ба моли дигар иваз кунад;
- мавқеи ҳукмфармоӣ - мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) дар бозори моле, ки ивазкунанда ва ё молҳои боҳамивазшаванда (минбаъд - моли муайян) надоранд, ҳамчунин ба вай (онҳо) имконият медиҳанд ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонанд ё ворид шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонанд;
- муқоисаи номуносиб - муқоиса ё мулоҳизае, ки рақиби алоҳида ё рақибонро дар маҷмӯъ, инчунин молҳои истеҳсолшаванда ё фурӯхташавандаро нисбати моли субъектҳои хоҷагидори дигар бадном мекунад;
- мониторинги бозорҳои мол ва молиявӣ - гузаронидани таҳлили иқтисодӣ дар бозори моли муайян (кор, хизматрасонӣ), ошкор кардан ва пешгирӣ намудани зуҳуроти ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар натиҷаи суиистифода намудани мавқеи ҳукмфармоӣ ё инҳисорӣ ба амал меоянд, ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишудаи соҳаи инҳисории табиӣ;
- нархи баланди инҳисории мол - нархи моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол, агар ин нарх аз маблағи хароҷоти истеҳсол ва фурӯши аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокгардидаи мол ва даромад, инчунин аз нархи дар шароити рақобат дар бозори моли муқоисашаванда муқаррарнамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорони (фурӯшандаҳои) мол ба як гурӯҳи шахсон шомил нестанд ва дар бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, хеле баланд бошад.
- нархи пасти инҳисории мол - нархи моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол, ки агар аз маблағи хароҷоти аз нигоҳи иқтисодӣ асоснокгардида ва даромади он ҳангоми истеҳсол ва фурӯши чунин мол камтар аст ё нархи моли дар бозори мол муқаррарнамудаи субъекти хоҷагидори мавқеи ҳукмфармоидошта, ки аз нархи дар шароити рақобат дар чунин бозори моли муқоисашаванда муайяннамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорони (фурӯшандаҳои) мол ба як гурӯҳи шахсон шомил намебошанд ва дар чунин бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, пасттар мебошад;
- нархи баланди беасоси хизматрасонии молиявӣ ва нархи пасти беасоси хизматрасонии молиявӣ - нархи хизматрасонии молиявии муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо, ки аз нархи дар шароити рақобат амалкунанда дар бозори хизматрасонии молиявӣ фарқият дошта, барои ба бозор ворид гардидани дигар ташкилотҳои молиявӣ маҳдудият эҷод менамояд ва (ё) ба ҳолати рақобат дар бозори мол таъсири манфӣ мерасонад;
- нархи рақобатноки хизматрасонии молиявӣ - нархе, ки тибқи он дар шароити рақобат мумкин аст хизматрасонии молиявӣ расонида шавад;
- нишонаҳои рақобати бевиҷдонона - кам гардидани шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол ба як гурӯҳи шахсон шомил нестанд, баланд ва (ё) паст гардидани нархи моле, ки бо тағйироти дахлдори дигар шароити умумии муомилоти мол дар бозори мол алоқаманд нест, даст кашидани субъектҳои хоҷагидори ба як гурӯҳи шахсон шомил набуда аз фаъолияти мустақилона дар бозори мол, муайян намудани шартҳои умумии муомилоти мол дар бозорҳои мол бо роҳи ноилшавӣ ба созиши байни субъектҳои хоҷагидор ё тибқи дастури барои иҷро ҳатмии дигар шахсон ва ё дар натиҷаи мувофиқаи (аҳди) амалҳои худ дар бозори мол аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори ба як гурӯҳи шахсон шомилнабуда, дигар ҳолатҳое, ки ба субъекти хоҷагидор ва ё якчанд субъекти хоҷагидор имконияти таъсиррасонии яктарафаро ба шароитҳои умумии муомилоти мол дар бозори мол муҳайё месозанд;
- рақобат - мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки дар он амали мустақилонаи ҳар яки онҳо, имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароитҳои умумии муомилоти мол дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ)-и дахлдор самаранок маҳдуд менамояд;
- рақобати бевиҷдонона - ҳама гуна амали субъектҳои хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба дигар субъектҳои хоҷагидор - рақибон зарар расонидааст ё метавонад расонад ва ё ба обрӯи кории онҳо зиён расонидааст ё метавонад расонад;
- субъектҳои хоҷагидор - шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ, иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратие, ки фаъолияти онҳо барои ба даст овардани фоида равона шудааст, инчунин шаҳрвандоне, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд;
- созишнома - созиши миёни субъектҳои хоҷагидор, ки дар шакли хаттӣ дар як ё якчанд ҳуҷҷатҳо инъикос ёфтааст, инчунин созише, ки дар шакли шифоҳӣ ба маҳдудкунии рақобат равона гардидаанд;
- созишномаи (амали мувофиқашудаи) субъектҳои хоҷагидор, ки рақобатро маҳдуд менамояд - амали субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол, ки натиҷаи иқтисодии онҳо танҳо дар он сурат барои ҳар яке аз чунин субъектҳои хоҷагидор фоидаовар мегардад, агар дигар субъектҳои хоҷагидор ба таври мушобеҳ ё бо усули барои ҳар яке аз чунин субъектҳои хоҷагидор пешакӣ маълум амал кунанд ва агар чунин амал боиси иҷозат надодан, маҳдуд сохтан ё барҳам додани рақобат дар бозори мол гардидааст ё метавонад гардад;
- созишномаҳои уфуқӣ (картел) - амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои ҳоҷагидори бо ҳам рақобаткунанда (рақобаткунандагони эҳтимолӣ) ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки ба фаъолияти мунтазами бозор таъсири манфӣ расонида ва ба маҳдудияти бозори мол равона карда шудаанд;
- созишномаҳои амудӣ - созиши байни субъектҳои хоҷагидоре, ки яке аз онҳо харидори мол ё харидори эҳтимолии мол ва дигаре таҳвилгар ё фурӯшандаи эҳтимолии мол мебошанд;
- таҳлили иқтисодӣ - муайян намудани ҳолати рақобат, ошкор кардани субъектҳои хоҷагидори дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро соҳиббуда бо мақсади таҳияи чораҳое, ки ба ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ равона карда мешаванд;
- фаъолияти инҳисорӣ - суиистифода кардани субъекти хоҷагидор (субъекти бозор), гурӯҳи шахсон аз мавқеи ҳукмфармоӣ, созиш ё иҷрои амалҳои мувофиқашудаи худ, ки бо қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд;
- хизматрасонии молиявӣ - хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ, дар бозори коғазҳои қиматнок, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, лизингӣ, клирингӣ, ломбард, инчунин хизматрасониҳое, ки бо ҷалб намудан ва (ё) ҷойгиркунии маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд;
- ташкилотҳои молиявӣ - шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ, лизингӣ, клирингӣ, ломбард, хизматрасонӣ дар бозори коғазҳои қиматнок, инчунин хизматрасониҳои вобаста бо ҷалб намудан ва (ё) ҷойгиркунии маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ менамоянд;
- ба даст овардани саҳмия ва ҳиссаи сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор - харид ё ба даст овардани имкониятҳои амалисозии ҳуқуқи овоз ба воситаи саҳмияҳо ва ҳиссаҳои субъектҳои хоҷагидор дар асоси шартномаҳои ба боварӣ асосёфтаи идоракунии молик, шартномаҳои фаъолияти якҷоя ва дигар аҳдҳо;
- шартҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ) - шартҳои ворид шудан ба бозори мол, иваз кардан, истеъмол намудан, ба даст овардан, истеҳсол, фурӯш ва интиқоли моле, ки як ё якчанд субъектҳои хоҷагидорро дар муқоиса бо як ё якчанд субъектҳои хоҷагидори дигар дар мавқеи нобаробар мегузоранд;
- шахсони бонуфуз - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, қобилияти ба субъектҳои хоҷагидор, инчунин ба бозори мол таъсир расониданро доранд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодӣ - мувофиқаи амалҳои субъектҳои хоҷагидор аз тарафи шахси сеюм, ки ба ягон гурӯҳи шахсони ҳамин гуна субъектҳои хоҷагидор дохил намебошад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
БОБИ 2. ФАЪОЛИЯТИ ИНҲИСОРӢ ВА РАҚОБАТИ БЕВИҶДОНОНА
Моддаи 4. Мавқеи ҳукмфармоӣ
1. Мавқеи махсуси субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ва ё якчанд субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) дар бозори моли муайян (кор, хизматрасонӣ) дар ҳолате мавқеи ҳукмфармоӣ ҳисобида мешавад, ки ба чунин субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳҳои шахсон) имконият медиҳад ба шарту шароити умумии муомилоти мол дар бозори моли муайян таъсири ҳалкунанда расонад ё ворид шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозори мол мушкил гардонад.
2. Мавқеи субъекти хоҷагидор дар ҳолате мавқеи ҳукмфармоӣ шуморида мешавад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз зиёд мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки субъекти хоҷагидор сарфи назар аз баланд будани андозаи нишондода мавқеи ҳукмфармо надоштани худро дар бозор исбот карда тавонад.
3. Мавқеи субъекти хоҷагидор дар ҳолатҳое низ ҳукмфармо эътироф мегардад, ки ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз сию панҷ фоиз камро ташкил диҳад, агар ин аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз рӯи ҳиссаи бетағйири субъекти хоҷагидор дар бозор нисбат ба андозаи нисбии ҳиссаи дар бозор ба рақибон тааллуқдошта ва (ё) имконияти ба ин бозор ворид гардидани рақибони нав ё дигар меъёрҳои тавсифкунандаи бозори мол, муқаррар гардида бошанд. Мавқеи субъекти хоҷагидор дар ҳолате ҳукмфармо эътироф намегардад, агар ҳиссаи он дар бозори моли муайян аз понздаҳ фоиз зиёд набошад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 4 ва 6 моддаи мазкур.
4. Мавқеи ҳар кадоме аз якчанд субъектҳои хоҷагидор (ба истиснои ташкилотҳои молиявӣ) ҳукмфармо эътироф мегардад, агар субъектҳои хоҷагидор расман исбот накарда бошанд, ки мавқеи онҳо ҳукмфармо намебошад ва нисбати онҳо шартҳои зайл иҷро мегарданд:
- маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз се субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар бозори мазкур аз панҷоҳ фоиз зиёдтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъектҳои хоҷагидори зикршуда аз панҷ фоиз камтар бошад, меъёри мазкур татбиқ намегардад;
- маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз панҷ субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар бозори мазкур аз ҳафтод фоиз зиёдтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъектҳои хоҷагидори зикршуда аз панҷ фоиз камтар бошад, меъёри мазкур татбиқ намегардад;
- андозаи нисбии ҳиссаи чунин субъектҳои хоҷагидор устувор аст, ё ба ҳамин бозори мол дастрасии рақибони нав маҳдуд мебошад;
- моли аз ҷониби чунин субъектҳои хоҷагидор фурӯхташаванда (харидашаванда) наметавонад дар раванди истеъмол (аз ҷумла истеҳсолот) ба моли дигар иваз карда шавад, болоравии нархи мол боиси чунин тағйироти дахлдор дар пастравии талаботи хоси мол шуда наметавонад.
5. Тартиби эътироф намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори хизматрасонии молиявӣ фаъолият менамоянд, аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия ва Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
6. Мавқеи ташкилотҳои молиявӣ дар ҳолате ҳукмфармо ҳисобида мешаванд, агар:
- маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз ду ташкилоти молиявӣ, ки ба онҳо ҳиссаи бештар дар бозори дахлдори хизматрасонии молиявӣ тааллуқ дорад, аз панҷоҳ фоиз ва аз он зиёдро ташкил диҳад;
- маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз се ташкилоти молиявӣ, ки ба онҳо ҳиссаи бештар дар бозори дахлдори хизматрасонии молиявӣ тааллуқ дорад, ҳафтод фоиз ва аз он зиёдро ташкил диҳад.
7. Мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор дар асоси таҳлил ва арзёбии бозори моли муайян аз ҷониби мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ муқаррар карда мешавад. Ҳангоми гузаронидани таҳлил маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои молиявӣ, иттиҳодияҳои ташкилотҳои молиявӣ, маълумоти маркетингӣ, тадқиқоти сотсиологӣ, пурсиши интихобӣ ва саволномаи субъектҳои бозор, шаҳрвандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, маълумоти тадқиқоти мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, коршиносон, инчунин дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода карда мешавад.
8. Мавқеи субъекти хоҷагидор - субъекти монополияи табиӣ дар бозори мол, ки дар ҳолати инҳисории табиӣ қарор дорад, ҳукмфармо мебошад.
Моддаи 5. Намудҳои фаъолияти инҳисории маҳдудкардашуда
Ба намудҳои фаъолияти инҳисории маҳдудкардашуда дохил мешаванд:
- созишномаҳои зиддирақобатии субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол;
- амалҳои мувофиқашудаи зиддирақобатии субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол;
- суиистифодаи субъектҳои хоҷагидор аз мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори мол.
Моддаи 6. Намудҳои созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидор
Ба созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидор дохил мешаванд:
- созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобаткунанда ва ё рақобаткунандагони эҳтимолӣ дар як бозори мол (созишномаҳои уфуқӣ - картел);
- созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобат надоштае, ки яке аз онҳо харидори мол ё харидори эҳтимолии мол ва дигар бошад, молро пешниҳод мекунад ё таҳвилгари эҳтимолӣ ва ё фурӯшандаи эҳтимолии мол маҳсуб меёбад (созишномаҳои амудӣ).
Моддаи 7. Созишномаҳои (амалҳои мувофиқашудаи) субъектҳои хоҷагидоре, ки рақобатро маҳдуд мекунанд
1. Бастани шартномаҳо, дигар ахдҳо, созишномаҳо ё анҷом додани амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори як мол (молҳои боҳамивазшаванда) амал менамоянд, ҳамчун картел эътироф гардида, манъ карда мешаванд, агар онҳо боиси натиҷаҳои зерин гарданд ё гардида метавонанд:
- муқаррар намудани (дастгирии) нархҳо (тарифҳо), тахфиф, изофапулӣ (иловапулӣ), нархҳои иловашуда, хароҷот, фоида ё амалҳои дигар;
- баланд бардоштан, паст кардан ё дастгирии нарх дар музоядаҳо ва савдо;
- муштаракона ворид гардидан ба бозор, баромадан аз бозор, тақсими бозор тибқи аломатҳои ҳудудӣ, аз рӯи ҳаҷми фурӯш ё харид, аз рӯи навъҳои молҳои фурӯхташаванда ё вобаста ба доираи фурӯшандаҳо ё харидорон (фармоишгарон);
- маҳдуд сохтани ҳуқуқи ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектҳои хоҷагидор ба сифати фурӯшандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони) он;
- маҳдуд сохтани истифодаи иттилоот ё аз иттилоот дар бораи вазъи бозор маҳрум намудани субъектҳои хоҷагидор;
- рад намудани бастани шартнома бо фурӯшандагон ё харидорони (фармоишгарони) муайян;
- ба зиммаи тарафҳои шартнома вогузоштани шарте, ки барояшон судманд нест ва ба мавзӯи шартнома алоқаманд намебошад (талаби беасос супурдани воситаҳои молиявӣ, молу мулки дигар, ҳуқуқҳои молу мулкӣ, ризоияти бастани шартнома танҳо бо шарти ба он ворид кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки тарафҳои шартнома ба онҳо ҳавасманд нестанд ва амалҳои дигар);
- барои харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва тарзи дигар беасос мебошанд;
- коҳиш ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷот ё фармоишот, ҳангоми мавҷудияти имконияти истеҳсоли безарари онҳо вуҷуд дорад;
- муҳайё сохтани шароит барои узвият (иштирок) дар иттиҳодияҳои касбӣ ва дигар иттиҳодияҳо, ки ба роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат оварда мерасонад ё метавонад оварда расонад.
2. Амали субъектҳои хоҷагидор дар он сурат мувофиқашуда эътироф мегардад, ки он бо амали дигар субъектҳои хоҷагидор алоқаманд бошад ва ба тағйирёбии шароити умумии муомилоти мол, ки ба андозаи баробар ба субъектҳои хоҷагидор дар бозори моли дахлдор таъсир мерасонад, вобаста набошад.
3. Ба субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозори як мол амал мекунанд, бастани созишномаҳо ё анҷом додани амалҳои мувофиқашуда, ки дар натиҷаи он ҳолатҳои роҳ надодан, маҳдуд сохтан, бартараф намудани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои дигар субъектҳои хоҷагидор ҷой доранд ё ҷой дошта метавонанд, манъ аст.
4. Ба субъектҳои хоҷагидори дар бозори моли дахлдор байни худ рақобат надошта, ки мол (молҳои ҳамдигарро ивазкунанда) мегиранд (харидорони имконпазир) ва мол фароҳам меоваранд (фурӯшандагони имконпазир), бастани созишномаҳои амудӣ ё анҷом додани амали мувофиқашуда (ба истиснои созишномаҳои амудие, ки тибқи муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур ҷоиз эътироф шудаанд) манъ аст, агар:
- чунин созишномаҳо ё амалҳои мувофиқашуда ба роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат оварда расонанд;
- чунин созишномаҳо ба муқаррар кардани нархи фурӯши такрории мол таъсир расонанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки фурӯшанда ба харидор нархи ниҳоии фурӯши такрории молро муайян мекунад;
- созишномаҳое, ки харидорро барои нафурӯхтани моли субъекти хоҷагидоре, ки рақиби фурӯшанда мебошад, уҳдадор менамоянд.
5. Маҳдудияти мазкур ба шартномаҳо оид ба фурӯши моли дорои тамғаи молӣ ё дигар воситаҳои фардикунонии фурӯшанда ва истеҳсолкунанда паҳн намегардад.
6. Ба субъектҳои хоҷагидори дар бозорҳои моли дахлдор байни худ рақобат надоштае, ки мол (молҳои ҳамдигарро ивазкунанда) мегиранд (харидорони имконпазир) ва мол фароҳам меоваранд (фурӯшандагони имконпазир), бастани созишномаҳо ё анҷом додани амали мувофиқашуда манъ аст, агар дар натиҷаи бастани чунин созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашуда ҳолатҳои роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат ҷой дошта бошанд ё ҷой дошта тавонанд.
7. Ба иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор амалӣ гардонидани ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкории шахсони ҳуқуқӣ, ки дар натиҷа рақобат маҳдуд мегардад ё метавонад маҳдуд гардад, манъ аст.
8. Вайрон кардани талаботи зикршуда барои бо даъвои мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ ва бо тартиби судӣ барҳам додани иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо), субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро ҳамоҳанг месозанд, асос шуда метавонанд.
Моддаи 8. Имконпазирии созишномаҳои амудӣ
1. Созишномаҳои амудӣ дар ҳолатҳои зерин ҷоиз эътироф мешаванд, агар:
- созишномаҳои амудӣ дар шакли хаттӣ (ба истиснои шартномаҳои амудии байни ташкилотҳои молиявӣ), ҳамчун шартномаҳои консессияи тиҷоратӣ баста шуда бошанд;
- созишномаҳои амудии байни субъектҳои хоҷагидор (ба истиснои шартномаҳои амудии байни ташкилотҳои молиявӣ), ки ҳиссаи ҳар яке аз онҳо дар дилхоҳ бозори мол, нисбати онҳое, ки шартнома баста мешавад, на зиёда аз панҷ фоиз бошад.
2. Субъектҳои хоҷагидор пеш аз бастани созишномаҳои амудие, ки тибқи Қонуни мазкур ҷоиз эътироф гардидаанд, уҳдадоранд ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ оид ба санҷиши мутобиқатии лоиҳаи созишномаи басташаванда ба талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Моддаи 9. Суиистифодаи субъекти хоҷагидор
Амали (беамалии) субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), ки натиҷаи он боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат ва (ё) халалдор намудани манфиати дигар субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) гардидаанд ё мегарданд, манъ аст, аз ҷумла:
- аз муомилот гирифтани молҳо, ки мақсад ва натиҷааш ташкил ё дастгирӣ намудани камчинӣ дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;
- ба зиммаи тарафҳои шартнома вогузоштани талаботи барояшон муфиднабуда ё ба мавзӯи шартнома дахл надошта (талаби беасоси додани воситаҳои молиявӣ, молу мулки дигар, ҳуқуқи молумулкӣ, қувваи корӣ, ризоияти бастани шартнома танҳо бо шарти ба он ворид кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки тарафҳои шартнома, аз ҷумла истеъмолкунанда, ба онҳо ҳавасманд нест ва талаботи дигар);
- ба шартнома ворид намудани шартҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ), ки тарафҳои шартномаро нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;
- мамониат кардан ба субъектҳои хоҷагидори дигар ҳангоми ворид шудан ба бозор (баромадан аз бозор);
- вайрон кардани тартиби нархгузорӣ, ки бо санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст;
- муқаррар ва дастгирӣ кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисорӣ;
- ба харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва тарзи дигар беасос мебошанд;
- фароҳам овардани шароити табъизӣ (дискриминатсионӣ);
- беасос кам ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо истеъмолкунандагон талабот доранд ва ё онҳоро фармудаанд, агар имконияти безарар истеҳсол кардани онҳо мавҷуд бошад;
- беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (фармоишдиҳандагони) алоҳида, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад;
- бе огоҳкунии пешакии (пешниҳоди иттилооти) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҷорӣ намудани нархҳо (тарифҳо) ва даровардани тағйироти дахлдор ба онҳо.
Моддаи 10. Нархи баланди инҳисории мол
1. Нархи муқаррарнамудаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори моли муайян дар ҳолате нархи баланди инҳисории мол ҳисобида мешавад, ки дар шароити рақобат дар бозори мол ва муомилоти мол бо чунин нишонаҳо ташаккул ёфтааст:
1) баланд бардоштани нархи қаблан муқарраргардидаи мол (кор, хизматрасонӣ);
2) хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол бетағйир мондааст ва ё тағйироти онҳо ба тағйирёбии нархи мол мутобиқат намекунад;
3) шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла вобаста ба чораҳои танзими давлатӣ, бо назардошти андозбандӣ, танзими тарифӣ (нарх) бетағйир мондаанд ва ё тағйирёбии онҳо ба тағйирёбии нархи мол номутаносиб мебошанд;
4) нигоҳ доштан ва ё паст накардани нархҳои қаблан муқаррарнамудаи мол, агар дар баробари ин, дар маҷмӯъ шартҳои зерин татбиқ карда шаванд:
- хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ) ба таври назаррас кам шуда бошад;
- шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла вобаста ба чораҳои танзими давлатӣ, бо назардошти андозбандӣ, танзими тарифӣ (нарх) имконияти тағйирёбии нархи молро бо тамоюли коҳишёбии он таъмин намоянд.
2. Нархи моле (кор, хизматрасонӣ), ки субъекти монополияи табиӣ дар ҳудудҳои тарифӣ ба чунин мол муайяннамудаи мақомоти танзимкунандаи монополияи табиӣ муқаррар кардааст, ҳамчун нархи баланди инҳисорӣ эътироф намегардад.
Моддаи 11. Нархи пасти инҳисории мол
1. Нархи аз ҷониби субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори моли муайян дар ҳолате нархи пасти инҳисории мол муқарраршуда ҳисобида мешавад, ки дар шароити рақобат дар бозори мол ва муомилоти мол, бо чунин нишонаҳо ташаккул ёфтааст:
- муқаррар намудани нархи паст аз нархи қаблан муқарраргардидаи мол (кор, хизматрасонӣ);
- агар хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол зиёд гардида бошад;
- шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла чораҳои танзими давлатӣ, бо назардошти андозбандӣ, танзими тарифӣ (нарх) боиси тағйирёбии номутаносиби нарх гардида бошанд.
2. Нархи мол дар ҳолатҳои зерин нархи пасти инҳисорӣ эътироф карда намешавад, агар:
- он аз ҷониби субъекти монополияи табиӣ дар доираи тарифи ба чунин мол муайяннамуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда бошад;
- он аз нархе, ки дар шароити рақобат дар бозори муқоисашавандаи мол ташаккул ёфтааст, паст набошад;
- нархе, ки муқаррар намудани он боиси маҳдудкунии рақобат ва кам гардидани шумораи фурӯшандаҳо ва ё харидорони моли ба як гурӯҳи шахсони субъектҳои хоҷагидор дар бозори моли муайян дохил набуда, гардидааст ва ё гардида метавонад.
Моддаи 12. Гурӯҳи шахсон
1. Гурӯҳи шахсон дар ҳолате маҷмӯи шахсони воқеӣ ва (ё) шахсони ҳуқуқие эътироф мешаванд, ки онҳо ба як ё якчанд аломатҳои зерин мутобиқ бошанд:
- шахс ё якчанд шахс якҷоя дар натиҷаи созиш (амали мувофиқашуда) ҳуқуқ доранд, мустақим ва ғайримустақим (аз ҷумла дар асоси шартномаҳои хариду фурӯш, идоракунии ба боварӣ асосёфта, фаъолияти якҷоя, супориш ё бастани дигар аҳдҳо) зиёда аз панҷоҳ фоизи шумораи умумии овозҳоро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳои овозҳо мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи) шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намоянд. Ҳамзамон, овозҳои шахси ҳуқуқӣ, имконияти ихтиёрдории воқеии ӯ ба воситаи шахсони сеюм, ки нисбати онҳо шахси якум ҳамаи он ҳуқуқу салоҳияти дар боло номбаршударо дорад, ихтиёрдории ғайримустақим ҳисобида мешавад;
- шахс ё якчанд шахс дар асоси шартнома ё бо роҳи дигар имконият пайдо мекунанд, ки қарори қабулшавандаи шахси дигар ё шахсонро, аз ҷумла шартҳои аз тарафи дигар шахс ё шахсон амалӣ гардидани фаъолияти соҳибкориро муайян намоянд, ё ин ки салоҳияти дигари мақомоти иҷроияи дигар шахс ё шахсонро ба ҷо оваранд;
- шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ дорад мақомоти иҷроияи ягона ё зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ, ё бо пешниҳоди ӯ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои сарпарастон), ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии шахси ҳуқуқиро таъйин намояд;
- шахси воқеӣ метавонад салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи шахси ҳуқуқиро иҷро намояд;
- худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсонеро, ки ҳамон шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шӯрои директорон (шӯрои сарпарастон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил диҳанд. Мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқӣ инчунин мақомоте мебошад, ки бо пешниҳоди ҳамон шахсони ҳуқуқӣ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои сарпарастон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ интихоб мешавад;
- худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсони ҳуқуқӣ метавонанд мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд сармояи оинномавии (шариконаи) ҳар кадом аз ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намоянд;
- шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд ва сармояи оинномавии (шариконаи) шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ҳуқуқи ихтиёрдорӣ доранд ва худи ҳамон шахсони воқеӣ ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳоро ҳамон як шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шӯрои директорон (шӯрои сарпарастон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии дигар шахси ҳуқуқиро ташкил диҳанд.
2. Дар Қонуни мазкур гурӯҳи шахсон ҳамчун субъекти ягонаи хоҷагидор ҳисобида мешаванд.
Моддаи 13. Шахсони бонуфуз
1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҳолате шахсони бонуфуз ҳисобида мешаванд, ки ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидори дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ) фаъолиятдошта, метавонанд таъсир расонанд.
2. Ба шахсони бонуфузи шахси воқеӣ, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд, инҳо дохил шуда метавонанд:
- шахсоне, ки ба гурӯҳи ба шахси воқеӣ тааллуқдошта дохил мешаванд;
- шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳайати он шахси воқеии мазкур ҳуқуқ дорад ба зиёда аз бист фоизи маҷмӯи умумии овозҳо, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд ва сармояи оинномавии (шариконаи) ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намояд.
3. Ба шахсони бонуфузи шахси ҳуқуқӣ инҳо дохил шуда метавонанд:
- узви шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ, узви мақомоти иҷроияи дастаҷамъии он, инчунин шахсе, ки салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи онро амалӣ мегардонад;
- шахсоне, ки ба гурӯҳи ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқдошта дохил мешаванд;
- шахсоне, ки ҳуқуқи дар маҷмӯъ зиёда аз бист фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд ва сармояи оинномавии (шариконаи) ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ кунанд. Агар шахси ҳуқуқӣ иштирокчии иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ бошад, ба қатори шахсони бонуфузи вай, аъзои шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ, инчунин шахсоне, ки салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи иштирокчиёни гурӯҳи саноатию молиявиро амалӣ мегардонанд, дохил мешаванд.
4. Дар Қонуни мазкур шахсони бонуфуз ҳамчун субъекти ягонаи хоҷагидор ҳисобида мешаванд.
Моддаи 14. Санад ва амалҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба маҳдудкунии рақобат равона гардидаанд
1. Ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот қабул намудани санад ё ба анҷом расонидани амалҳое, ки мустақилияти субъектҳои хоҷагидорро маҳдуд месозанд, шароити табъизӣ ё баръакс, имконияти мусоидро барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори алоҳида фароҳам меоранд, манъ аст, агар натиҷаи ин санад ва амалиёт боиси роҳ надодан, бартараф намудан ва маҳдудшавии рақобат, халалдор намудани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ё шаҳрвандон гардидааст ё метавонад гардад. Аз ҷумла, амалҳои зерин манъ карда мешаванд:
- беасос ҷорӣ намудани маҳдудкунӣ ба таъсиси субъектҳои хоҷагидори нав дар ягон соҳаи фаъолият, инчунин манъ кардан ё маҳдудкунӣ ба иҷро гардидани намудҳои алоҳидаи фаъолият ё истеҳсоли намудҳои муайяни молҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- манъ ё маҳдудкунии интиқоли озоди мол аз як минтақа ба минтақаи дигар ё маҳдуд намудани ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор барои хариду фурӯши молҳо;
- ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур дар бораи дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (фармоишдиҳандагон) таҳвил намудани молҳо (кор, хизматрасонӣ) ё бастани шартномаҳо бе назардошти афзалиятҳое, ки бо қонунгузорӣ ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;
- беасос ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзҳое, ки онҳоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати афзалиятнок мегузорад;
- муқаррар кардани маҳдудият барои харидорони молҳо (кор, хизматрасонӣ) вобаста ба интихоби субъектҳои хоҷагидоре, ки молро истеҳсол (иҷро, пешниҳод) мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои ҷойгиркунии молҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
2. Санадҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳӣ бо тартиби муқарраргардида (дар ҳолатҳое, ки дар қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд), инчунин додани имтиёз ба субъектҳои хоҷагидори алоҳида дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ мувофиқа шавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
3. Муттаҳидшавии шахсони ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ бо мақсади инҳисор намудани истеҳсолот ё фурӯши молҳо, ба зиммаи мақомоти давлатии дахлдор гузоштани ваколатҳое, ки амалисозии онҳо боиси маҳдудкунии рақобат мегардад ва якҷоя кардани вазифаҳои мақомоти идоракунӣ бо вазифаҳои субъектҳои хоҷагидор, инчунин ба зиммаи субъектҳои хоҷагидор вогузоштани вазифа ва ҳуқуқҳои мақомоти назорати давлатӣ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
4. Дар ҳама гуна шакл бастани созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашудаи мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикршуда байни худ ё байни онҳо ва субъектҳои хоҷагидор, ки дар натиҷаи он роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат ё халалдор кардани манфиатҳои субъектҳои хоҷагидор ҷой дорад, ё ҷой дошта метавонад, манъ аст. Аз ҷумла, бастани созишнома ё анҷом додани амали мувофиқашуда, ки боиси натиҷаҳои зерин гардидааст ё мегардад, манъ аст:
- баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нархҳо (тарифҳо);
- беасос муайян намудани сатҳи тағйирёбандаи гуногуни нархҳо барои харидорони мухталифе, ки ҳамон як молро ба даст меоранд;
- тақсим кардани бозор аз рӯи принсипи ҳудудӣ, ҳаҷми фурӯш ё харид, номгӯи молҳои фурӯш ва ё аз рӯи доираи фурӯшандагон ё харидорон (фармоишгарон);
- маҳдуд сохтани дастрасӣ ба бозор ё аз он дур сохтани субъектҳои хоҷагидор.
Моддаи 15. Бозорҳои танзимшаванда
1. Бо мақсади ҳимояи рақобат ва пешгирии инҳисоркунонии бозори мол, танзими давлатии бозори мол амалӣ карда мешавад. Ба низом даровардани нархгузорӣ дар бозори моли муайян (кор, хизматрасонӣ) бо роҳи танзими давлатии зиддиинҳисорӣ сурат мегирад.
2. Дар сурати афзоиш ва ё болоравии беасоси нархҳои молу маҳсулоти муайян дар бозори мол, нисбати онҳо танзими зиддиинҳисорӣ ва назорати давлатӣ татбиқ мегардад.
3. Назорати давлатӣ оид ба тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба молу маҳсулоти муайян аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.
4. Дар ҳолати болоравии беасоси нархҳо ва камчинии молу маҳсулот, мудохилаи молӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.
5. Номгӯи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор доранд, бо пешниҳоди мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
6. Ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ) тибқи Қоидаҳои намунавии ҳисобкунии арзиши аслии мол (кор, хизматрасонӣ), ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегарданд, амалӣ карда мешавад ().
Моддаи 16. Намудҳои рақобати бевиҷдонона
1. Ба рақобати бевиҷдонона инҳо дохил мешаванд:
- паҳн намудани маълумоти бардуруғ, носаҳеҳ ё таҳрифшуда, ки боиси расонидани зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегардад ё обрӯи кориашонро паст мегардонад;
- ба иштибоҳ гузоштани истеъмолкунандагон оид ба хусусият, тарз, ҷои истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолӣ, сифатӣ ва миқдори мол ё истеҳсолкунандагони он, аз ҷумла рекламаи мол (кор, хизматрасонӣ), ки ба талаботи сифат ҷавобгӯ намебошад:
- муқоисаи номуносиби молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи субъекти хоҷагидор аз ҷониби худи ӯ бо молҳои субъектҳои дигари хоҷагидор (аз ҷумла дар ҷараёни фаъолияти рекламавӣ);
- гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ё хизматӣ, ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда;
- истифодаи худсаронаи тамғаҳои мол, тамғаи хизматрасонӣ, тамғаҳои моли маъруфшуда, ном ё нишонгузории фирмавӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди зоҳирии моли дигар субъекти хоҷагидор, ки метавонанд рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон маҳрум созанд ва ё манфиати онҳоро халалдор созанд;
- реклама, фурӯш, мубодила ва дигар намуди гардиши мол бо роҳи истифодаи тамғаҳои мол, тамғаи кор, хизматрасонӣ, ном ё нишонгузории фирмавӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намудҳои моли субъектҳои хоҷагидор амалӣ гарданд;
- дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, додани имтиёзҳои гуногуни моддӣ ба кормандони субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда бо мақсади ба тарафи худ ҷалб намудани онҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ;
- амале, ки воқеан метавонад дастрас будани бозорро хеле маҳдуд созад.
2. Рақобати бевиҷдонона, ки вобаста ба соҳиб шудан ва истифода бурдани ҳуқуқҳои истисноӣ ба воситаҳои инфиродикунонии шахсони ҳуқуқӣ, инфиродикунонии мол, истифодаи тамғаҳои молии маъруфшуда, корҳои иҷрошаванда ё хизматрасонӣ алоқаманд аст, манъ аст.
3. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ санадҳоро вобаста ба вайрон кардани муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур дар хусуси инфиродикунонии маҳсулот, тамғаи мол, истифодабарии тамғаи моли маъруфшуда, кор ва хизматрасониҳои иҷрошаванда ва пеш аз муҳлат қатъ намудани амали бақайдгирии объекти ҳуқуқҳои истисноӣ, ё оид ба беэътибор эътироф намудани бақайдгирии ин объект ба мақомоти дахлдори давлатӣ ирсол менамояд.
Моддаи 17. Талаботи зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани озмун барои ҷойгиркунии фармоишҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ
1. Ҳангоми гузаронидани озмун барои ҷойгиркунии фармоишҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ ба амалҳои зерин иҷозат дода намешаванд:
- фароҳам овардани шароити афзалиятноки иштирок дар озмун, аз ҷумла дастрас намудани иттилооти махфӣ, кам кардани маблағи пардохт барои иштирокчиёни алоҳидаи озмун;
- дар озмун иштироки созмондиҳандагон (фармоишгарон) ва кормандони созмондиҳандагони озмунҳо ё шахсоне, ки бо корманди созмондиҳандаи озмун шомили як гурӯҳи шахсон мебошанд, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки дар онҳо корманд - созмондиҳандаи озмун ҳуқуқ дорад беш аз бист фоизи шумораи умумии овозҳои дар саҳмияҳои овоздиҳӣ ба даст овардаро, ё ин ки сармояи оинномавии (шариконаи) шахси ҳуқуқиро ихтиёрдорӣ намояд;
- аз ҷониби созмондиҳандаи озмун амалӣ кардани ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокдорони он, ки дар натиҷа маҳдудияти рақобат байни иштироккунандагони озмун ё махдуд сохтани манфиати иштироккунандагони он ҷой доранд, ё ҷой дошта метавонанд;
- баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нарх дар музоядаҳо ва савдо;
- вайрон намудани тартиби муайян кардани ғолиб (ғолибон);
- беасос маҳдуд сохтани дастрасии имконияти иштирок дар озмун.
2. Гузаронидани озмун ва музоядаҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои кор, хизматрасониҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ, бо мақсади пешгирии амалҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида, дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешаванд.
3. Вайронкунии талаботи муқаррарнамудаи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур барои аз ҷониби суд беэътибор донистани озмун ва музояда, аз ҷумла бо даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос шуда метавонад.
Моддаи 18. Расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ
1. Ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, ба истиснои ёрии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади огоҳкунӣ, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъи фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона танҳо бо иҷозати пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дода мешавад.
2. Шахсе, ки хоҳиш дорад ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ расонад, ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар хусуси додани иҷозат барои расонидани ёрӣ дархост фиристода, тамоми иттилооти заруриро, ки Тартиб ва Номгӯи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, ба он замима мекунад.
3. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҷиҳати қонеъ гардонидани дархост оид ба ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ қарори дахлдорро вобаста ба намудҳои зерини ёрӣ қабул менамояд:
- бо мақсади гузаронидани тадқиқоти бунёдии илмӣ, ки мустақиман ба истеҳсоли маҳсулоти нав ё беҳтар намудани сифати он ё равандҳои мавҷудаи технологӣ нигаронида нашуда бошад;
- бо мақсади ҳифзи муҳити зист;
- барои рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси фарҳангӣ;
- барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;
- барои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустии аҳолӣ;
- барои ҳифзи меҳнат;
- ба субъектҳои хурду миёнаи соҳибкорӣ.
4. Қарор дар хусуси қонеъ нагардонидани дархост дар ҳолате қабул карда мешавад, агар ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ ба шартҳои пешбининамудаи қисми 3 моддаи мазкур мутобиқ набошад.
5. Додани (ҷудо, тақсим намудан) маблағҳои давлатӣ ё маҳаллӣ (захираҳо, имтиёзҳои инфиродӣ ва (ё) афзалият) ба шахси алоҳида вобаста ба натиҷаҳои савдо (озмун) ва (ё) мутобиқи дигар расмиёти пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб намеравад.
6. Додани (ҷудо, тақсим намудан) маблағҳои давлатӣ ё маҳаллӣ (захираҳо, молу мулк) ба шахсони алоҳида бо мақсади рафъи оқибатҳои офати табиӣ, садама, фалокат ва ҳолатҳои фавқулода, оқибати амалиёти низомӣ ва амалиёти зиддитеррористӣ аз ҳисоби фондҳои эҳтиётии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба ҳисоб намеравад.
7. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ оид ба дархости иҷозат барои расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ дар давоми ду моҳ аз рӯзи гирифтани маълумоти зарурӣ қарори дахлдор қабул мекунад.
8. Дар мавриди гузаронидани омӯзиши иловагӣ мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дархосткунандаро огоҳ намуда, дар давоми як моҳ аз рӯзи гирифтани маълумоти зарурӣ оид ба дархост қарор қабул менамояд.
9. Қарор оид ба қонеъгардонии дархост ҷиҳати расонидани ёрии давлатӣ ё маҳаллӣ метавонад дорои дастуре бошад, ки дар он барои гирандаи дастур талаботи зарурӣ оид ба мутобиқ намудани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ бо шартҳои қисми 3 моддаи мазкур муқаррар гардидааст. Риояи дастур ҳангоми расонидани ёрӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 19. Назорати давлатии расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ва истифодаи он
1. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ назоратро аз рӯи риояи мақсад ва шартҳои расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, ки дар дархост оид ба иҷозати расонидани чунин ёрӣ зикр гардидааст, амалӣ менамояд.
2. Тартиби расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ, баррасии дархост оид ба ёрирасонӣ, амалисозии назорати истифодаи он, бекор кардани қарори қонеъгардонии дархост оид ба расонидани ёрӣ, инчунин баргардонидани он тибқи Низомномае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад, муқаррар карда мешавад.
3. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад, дар ҳолатҳои зерин қарори қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллиро бекор кунад, ё ҷиҳати баргардонидани он амрнома диҳад, агар:
- қарор оид ба қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба иттилооти нодурусте асос ёбад, ки барои қабули қарор аҳамият дошта бошад;
- аз ҷониби дархосткунанда вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллие, ки бо моддаи мазкур пешбинӣ шудааст;
- ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба мақсад ва шартҳои пешбинишудаи дархост оид ба иҷозати расонидани ёрӣ номутобиқатӣ дошта бошад;
- ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ тартиби муқаррарнамудаи моддаи 18 Қонуни мазкур вайрон шуда бошад.
Моддаи 20. Ваколатҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ва истифодаи он
Санадҳои (қарор, амрнома, фармоиш, дастури хаттӣ) мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳои давлатие, ки ваколатҳои онҳоро амалӣ менамоянд, инчунин ташкилотҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба субъектҳои алоҳидаи хоҷагидор афзалият ва (ё) имтиёз медиҳанд, бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.
БОБИ 3. МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ
Моддаи 21. Вазифаҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
1. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои татбиқи сиёсати зиддиинҳисорӣ дар соҳаи рушди бозорҳо ва рақобати фаъолияти соҳибкорӣ масъул буда, вазифаҳои асосии зеринро амалӣ менамояд:
- мусоидат ба рақобати солим;
- огоҳкунӣ, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;
- мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар асоси рушди рақобат ва соҳибкорӣ;
- назорати давлатӣ оид ба риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андешидани чораҳо оид ба ғайриинҳисорӣ кардани истеҳсол ва муомилоти мол;
- назорати риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо;
- назорати хариди саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овозҳо дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, ки метавонад ба мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол гарданд ё ба маҳдудияти рақобат оварда расонанд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои такмили қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд, оид ба лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти бозор ва рушди рақобат хулоса медиҳад;
- додани тавсияҳо ба мақомоти давлатӣ оид ба гузаронидани тадбирҳо барои рушди бозорҳои мол ва рақобат мусоидаткунанда;
- бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар таҳия ва татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кори комиссияҳои байниидоравӣ дар самти татбиқи барномаҳо, лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ.
2. Вазифаҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ва сохтори он бо Низомномае, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад ва бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 22. Ваколатҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
1. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- назорати давлатии риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони хориҷӣ, соҳибкорони инфиродӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳои давлатие, ки ваколатҳои онҳоро амалӣ менамоянд, инчунин ташкилотҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои молиявӣ амалӣ намояд;
- қарор (фармоиш) дар бораи эътироф намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидорро қабул намуда, тартиби ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозорҳои мол ва молиявӣ мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, муайян ва назорат намояд;
- дар баррасии парвандаҳои марбут ба истифода ва (ё) вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суд иштирок намояд;
- ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд;
- дар воситаҳои ахбори омма қарор ва амрномаи мақомоти давлатии зиддиинҳисориро нашр намояд;
- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ дар бораи қатъ намудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд ();
- ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба гузаронидани чорабиниҳое, ки ба рушди рақобат дар бозорҳои мол равона гардидаанд, тавсияҳо диҳад;
- бо мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва тибқи тартиби муқарраргардида бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ дар доираи ваколати худ мубодилаи иттилоотӣ анҷом диҳад;
- мониторинги бозори молро гузаронида, вазъи рақобатро дар бозорҳои мол таҳлил ва арзёбӣ намояд;
- назорати давлатиро аз рӯи тартиби дурустии ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо дар бозори танзимшаванда амалӣ намояд;
- санҷиши риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ гузаронида, аз онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати зарурӣ, иттилоот ва тавзеҳотро дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ гирад;
- бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда Тавсияҳои методӣ оид ба муайян кардани навъи шартномаҳо, Тартиби муайянсозии нархҳои (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоиашонро, ки дар бозори молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, Низомнома дар бораи тартиби танзими нарх ба маҳсулот ва молҳои тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор доминантҳо ва инҳисорон, Қоидаҳои тартиби гузаронидани санҷиши риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикршуда анҷом дода мешавад, Низомномаи тартиби ба мақомоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод намудани дархосту огоҳинома тибқи талаботи моддаҳои 25 ва 26 Қонуни мазкур, Қоидаҳои муайян намудани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор, Тартиби муайян намудани нархҳои баланди инҳисорӣ ва пасти инҳисорӣ дар бозорҳои хизматрасонии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намояд;
- Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳоро ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- назорати давлатии зиддиинҳисориро аз рӯи муносибатҳои вобаста ба фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ амалӣ намояд;
- нархҳои (тарифҳои) хизматрасонии пулакии мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва субъектҳои хоҷагидори ба доираи идоракунии онҳо дохилбударо мувофиқа намояд;
- бо мақсади огоҳкунӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани инҳисорикунонӣ, маҳдудсозӣ ва ҷорӣ намудани рақобат ҳангоми хусусигардонии корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ иштирок намояд;
- нархҳои (тарифҳои) хизматрасонии субъектҳои хоҷагидорро, ки дар бозорҳои моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо ва инҳисориро ишғол мекунанд, танзим ва мувофиқа намояд;
- бо тартиби муқарраргардида дар хусуси вуҷуд доштан ё надоштани маҳдудияти рақобат дар бозори мол ҳангоми татбиқ, тағйир додан ва қатъ гардидани амали тарифи гумрукӣ ва дар бораи ҷорӣ кардани чораҳои ғайритарифӣ хулоса диҳад;
- оид ба ҷарима намудани субъектҳои хоҷагидор, таъйин намудани ҷазои маъмурӣ ба роҳбарони онҳо, шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои вайрон кардани тартиботи муқарраргардидаи нархгузорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи монополияҳои табиӣ қарор қабул кунад;
- ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба муқаррар ё бекор намудани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, квотаҳо, тағйир додани тарифҳои гумрукӣ ва дигар намуди ёрии давлатӣ таклифҳо пешниҳод намояд ();
- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи бекор намудани иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии ба субъекти хоҷагидор додашуда, ки талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст, муроҷиат намояд ();
- масъалаҳои татбиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳад;
- дар ҳолате, ки мақомоти давлатӣ вазифаҳои назоратӣ ва санҷиширо дар бозорҳои мол амалӣ кунанд, мақомоти зиддиинҳисорӣ дар хусуси ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани санадҳо ва амали чунин мақомот пешниҳод ирсол намояд;
- бо мақсади огоҳкунӣ, пешгирии рақобати бевиҷдонона ва таъмини рақобат ҳангоми хусусигардонии корхона ва ташкилотҳои давлатӣ иштирок намояд;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
2. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади амалӣ намудани сиёсати зиддиинҳисорӣ ва таъмини ҳимояи рақобат, санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар шакли фармоиш (қарор, амрнома), барои нҷрои ҳатмӣ қабул менамояд.
3. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар сурати аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур парвандаҳои маъмуриро оғоз ва баррасӣ менамояд ва аз рӯи натиҷаи онҳо қарор қабул намуда, ба онҳо барои иҷрои ҳатмӣ амрномаҳои зайл медиҳад:
- дар бораи қатъ намудани амали мувофиқашуда ва (ё) қатъ намудани иштирок дар созишномаи маҳдудкунандаи рақобат ва қатъ кардани суиистифодабарии субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозор, инчунин иҷрои амале, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;
- дар бораи қатъ намудани вайрон кардани қоидаҳои ғайритабъизии дастрасӣ ба молҳо (кор, хизматрасонӣ);
- дар бораи анҷом додани амал оид ба таъмини рақобат ҳангоми назорати давлатӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;
- дар бораи қатъ кардани рақобати бевиҷдонона;
- дар бораи роҳ надодан ба амале, ки ба вайрон кардани рақобат ва қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд;
- дар бораи барқарор кардани вазъе, ки то вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буд;
- дар бораи иҷрои амале, ки ба таъмини рақобат ҳангоми анҷом додани назорате, ки ба расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ нигаронида шудааст;
- дар бораи бастани шартномаҳо;
- дар хусуси тағйир додани шартҳои шартномаҳо ё бекор кардани онҳо;
- дар бораи дигар кардан ё махдуд намудани истифодаи номи фирмавӣ;
- дар бораи иҷрои талаботи иқтисодӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва дигар талаботе, ки ба рафъ ва огоҳонии минбаъд ба миён наомадани шароитҳои табъизӣ нигаронида шудааст;
- дар бораи иҷрои амале, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;
- дар бораи қатъ намудани вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафъи оқибатҳои он.
4. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони мансабдори онҳо амрномаҳоро вобаста ба масъалаҳои зерин медиҳад, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад:
- дар бораи бекор кардан ё тағйир додани санадҳои қабулнамудаашон, ки ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамоянд;
- дар бораи бекор кардан ё тағйир додани шартномаҳое, ки ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд;
- дар бораи беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки пурра ё қисман ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамоянд;
- дар бораи беэътибор донистани шартномаҳо, ки пурра ё қисман ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамоянд;
- дар бораи ҳатман бастани шартнома;
- дар бораи барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ нисбати шахсоне, ки ба вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ роҳ додааст;
- дар бораи беэътибор донистани савдоҳо (озмунҳо);
- дар бораи азнавташкилдиҳии маҷбурии шахсони ҳуқуқӣ (дар шакли тақсимкунӣ, ҷудокунӣ), ки қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд;
- дар бораи қатъ намудани дигар вайронкуниҳои қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
5. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми ошкор намудани далелҳои вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бораи ба Буҷети давлатӣ гузаронидани даромаде, ки дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст оварда шудааст, қарор қабул менамояд ё амрнома медиҳад.
6. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади мусоидат ба рушди бозорҳои мол ва рақобат, дастгирии соҳибкорӣ ва ғайриинҳисорӣ намудан ба мақомоти дахлдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба масъалаҳои зерин тавсияҳо медиҳад:
- додани қарзи имтиёзнок ва грантҳо ба субъектҳои хоҷагидоре, ки маротибаи аввал ба бозори моли муайян дохил мешаванд ();
- ташкил ва инкишофи сохторҳои ба ҳам монанд дар соҳаҳои истеҳсолот ва муомилот, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ;
- маблағгузории чорабиниҳо оид ба зиёд кардани истеҳсоли мол бо мақсади бартараф намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидори алоҳида;
- ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳо бо сармоягузории хориҷӣ.
7. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар амалӣ гардондани барномаҳои ғайриинҳисорикунонӣ, инкишофи рақобат ва дастгирии соҳибкорӣ иштирок менамояд.
Моддаи 23. Ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот
1. Кормандони ваколатдори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ бо мақсади иҷро намудани вазифаҳои ба зиммаашон гузошташуда, дар асоси гузаронидани мониторинги бозор, шикояти воридшуда ва (ё) ҳангоми гумонбарии асоснок оид ба вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои шиносшавӣ бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо пешниҳоди қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ доранд, ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ба бинои субъектҳои хоҷагидор ворид шаванд.
2. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар доираи ваколати худ ба кормандони мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои иҷрои вазифаҳои хизматиашон ёрӣ мерасонанд.
3. Субъектҳои хоҷагидоре, ки ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори моли муайян ворид карда шудаанд, уҳдадоранд ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳисобот ва маълумоти зеринро пешниҳод намоянд:
- ҳисоботи молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ аз рӯи натиҷаҳои солона то 1 майи соли оянда;
- ҳар семоҳа маълумот аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақомоти зиддиинҳисорӣ оид ба навъи маҳсулоти инҳисорӣ аз рӯи ҳаҷми истеҳсол, фурӯш, нарх ва дараҷаи даромаднокии молҳои инҳисорӣ баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ дар муҳлати то санаи 15 моҳи оянда.
4. Субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (шахсони мансабдори онҳо), шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ уҳдадоранд бо талаби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуҷҷатҳои саҳеҳ ва дигар иттилоотеро, ки барои фаъолияти мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ заруранд, инчунин пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, маълумоти ҳангоми таҳлили (мониторинги) бозор, санҷиш (тафтиш) талаб кардашуда ва ё дар муҳлати муқарраргардида пешниҳод нагардидаро пешниҳод намоянд.
5. Маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ, хизматӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда, инчунин маълумоте, ки кормандони мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми амалисозии ваколати худ ба даст овардаанд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур бояд ошкор карда нашаванд.
БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ АЗ РӯИ МУТАМАРКАЗИЯТИ (КОНСЕНТРАТСИЯИ) ИҚТИСОДӢ
Моддаи 24. Намудҳои назорати давлатӣ аз рӯи мутамарказияти (консентратсияи) иқтисодӣ
1. Бо мақсади роҳ надодан ба маҳдудкунӣ, вайронкунӣ ва бартараф намудани рақобат, қатъ кардани созишнома ё амалҳои вобаста ба дороиҳо, саҳмияҳо ва ҳиссаҳое, ки дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо мебошанд, воситаҳои асосии истеҳсолот ё дороиҳои ғайримоддии субъектҳои хоҷагидор, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта, инчунин шахсони хориҷӣ ё ташкилотҳои хориҷие, ки дар давоми сол воридоти молро ба андозаи зиёда аз дусад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд, таҳти назорати давлатии зиддиинҳисорӣ қарор дода мешаванд.
2. Аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти ҳимоя ва рушди рақобат, назорати давлатӣ аз рӯи амалҳои зерин татбиқ карда мешавад:
- таъсис, азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавии) шахсони ҳуқуқӣ, субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо;
- ба даст овардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овози субъекти хоҷагидор;
- ба даст овардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои субъекти хоҷагидор;
- аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ба соҳибмулкӣ гирифтан, истифода намудан ва ё ихтиёрдорӣ намудани воситаҳои асосии истеҳсолот ва ё дороиҳои ғайримоддии дигар субъекти хоҷагидор;
- аз ҷониби шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад шароити амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро дар ҳудуди давлат ва берун аз он иҷро кунад.
Моддаи 25. Назорати давлатии таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо
1. Бо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалҳои зерин анҷом дода мешаванд:
- таъсис ва азнавташкилдиҳии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор;
- таъсис ва азнавташкилдиҳии субъектҳои хоҷагидор, агар андозаи арзиши сармояи оинномавии онҳо аз панҷоҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;
- муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ё ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқӣ ба дигар шахси ҳуқуқӣ, агар арзиши умумии тавозунии дороиҳои онҳо (дороиҳои гурӯҳи шахсони онҳо) мувофиқи тавозуни охирин аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;
- таъсиси шахси ҳуқуқӣ ҳангоми пардохти сармояи оинномавии (шариконаи) он бо саҳмияҳо ва ҳиссаҳо ё молумулки дигар шахси ҳуқуқӣ;
- ба даст овардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор;
- барҳамдиҳӣ ва тақсимкунии (ҷудокунии) шахси ҳуқуқӣ, ки арзиши дороиҳояш аз бисту панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст, агар ин боиси ташкил шудани шахси ҳуқуқие гардад, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро дорад.
2. Дар ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, шахс ё мақомоти манфиатдор ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ғайр аз ҳуҷҷатҳое, ки ба мақомоти бақайдгиранда пешниҳод мекунанд, дархост дар бораи додани розигӣ ба таъсис ва азнавташкилдиҳии он, маълумот дар бораи фаъолияти асосӣ, маҷмӯи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дар бозорҳои дахлдори мол пешниҳод менамоянд.
3. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад, иттилооти дигари барои иҷрои ваколаташ заруриро аз субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо талаб намояд.
4. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ на дертар аз даҳ рӯзи қабули ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба аризадиҳанда дар бораи қарори қабулгардида хаттӣ хабар медиҳад.
5. Дар ҳолатҳое, ки таъсиси (ҳамроҳшавии, муттаҳидшавии) шахсони ҳуқуқӣ, субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо ба маҳдудкунии рақобат оварда расонанд, муассисони субъектҳои хоҷагидор, шахс ё мақомоте, ки дар бораи ҳамроҳшавӣ, муттаҳидшавӣ қарор қабул кардаанд, уҳдадоранд бо қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҷиҳати барқарор намудани шароити зарурии рақобат чораҳо андешанд.
6. Иҷро накардани талаботи қонунии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои беэътибор донистани бақайдгирии давлатӣ бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос мешавад.
7. Дар ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, бақайдгирии давлатии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор, инчунин аз Феҳристи ягонаи давлатӣ баровардани онҳо аз тарафи мақомоти давлатии бақайдгиранда, танҳо бо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ анҷом дода мешавад.
8. Бақайдгирии давлатии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, ки таъсис ва азнавташкилдиҳии онҳо бе розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ сурат гирифтааст, бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.
Моддаи 26. Назорати давлатии риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми хариди саҳмияҳо ва ҳиссаҳо дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор ва дигар мавридҳо
1. Бо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалҳои зерин сурат мегиранд:
- аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) харид кардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъекти хоҷагидор, ки дар натиҷа чунин шахс (гурӯҳи шахсон) ҳуқуқи ихтиёрдории бештар аз бист фоизи саҳмияҳо ва ҳиссаҳои харидоришударо пайдо мекунад. Талаботи мазкур ба муассисони субъекти хоҷагидор ҳангоми таъсиси он татбиқ намегардад;
- аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) соҳиб шудан ба воситаҳои асосии истеҳсолот ё дороиҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори дигар ё мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, агар арзиши тавозунии молу мулки ташкилдиҳандаи мавзӯи аҳд аз даҳ фоизи арзиши тавозуни воситаҳои асосии истеҳсолот ва дороиҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори ҷудокунандаи молу мулк зиёд бошад;
- аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад, шароити амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро иҷро кунад.
2. Розигии пешакӣ барои амалисозии аҳдҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур нишон дода шудаанд, дар мавридҳое талаб карда мешавад, агар арзиши умумии тавозунии дороиҳои шахсони дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда аз дусад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад ва яке аз онҳо субъекти хоҷагидоре бошад, ки ба Феҳристи субъектҳои хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо ворид гардидааст ва ё харидор гурӯҳи шахсоне мебошад, ки фаъолияти ҳамин субъекти хоҷагидорро назорат мекунад.
3. Барои бастани аҳдҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, шахс (гурӯҳи шахсон) уҳдадор аст, ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар бораи додани розигӣ барои бастани онҳо дархост пешниҳод намояд ва барои қабул кардани қарор мувофиқи номгӯи иттилооте, ки мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ тасдиқ мекунад, маълумоти зарурӣ пешниҳод намояд.
4. Назорати давлатӣ барои бастани аҳдҳое, ки дар моддаи мазкур нишон дода шудаанд, аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар асоси моддаи 25 Қонуни мазкур амалӣ карда мешавад.
5. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад дархостро рад намояд, агар қонеъ гардидани он боиси мустаҳкам гардидани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё маҳдудкунии рақобат гардад ва инчунин дар ҳолатҳои пешниҳод намудани маълумоти носаҳеҳ, ки барои қабул намудани қарор аҳамият дорад.
6. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои қонеъ намудани дархост дар ҳолати иҷро намудани талаботе, ки ба таъмини рақобат равона шудааст, ҳуқуқ дорад. Талаботи нишондодашуда, инчунин муҳлати иҷрои он бояд дар қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар бораи розигӣ барои иҷрои амале, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, дарҷ карда шавад.
7. Мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аз рӯи аризаи шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ баъди ба итмом расидани иҷрои аҳдҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур нишон дода шудаанд, дар давоми понздаҳ рӯз огоҳ карда мешавад, агар арзиши умумии тавозунии дороиҳои шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр шудааст, аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад.
8. Дар ҳолати иштироки шахси воқеӣ дар кори мақомоти иҷроия, шӯрои директорони (шӯрои нозирони) ду ва ё зиёда субъектҳои хоҷагидор, ки арзиши умумии тавозунии дороиҳояшон аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд бошад ва ё субъектҳои хоҷагидор, ки ба рӯйхати гурӯҳи молҳои якхела ё ба рӯйхати гурӯҳи молҳои дараҷаи мухталифи ҷараёни истеҳсолу фурӯши якхела дохиланд, бояд шахси мазкур мақомоти давлатии зиддиинҳисориро пас аз понздаҳ рӯзи дохилшавӣ (интихобшавӣ) ба мақомоти мазкур ё шӯро огоҳ намояд. Дар ҳолати огоҳкунии мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аризадиҳанда якҷоя бо ариза маълумотеро пешниҳод мекунад, ки дар қисми 4 моддаи мазкур пешбинӣ гардидааст.
9. Агар мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пас аз омӯзиши пешакии иттилоот ба хулоса ояд, ки бастани аҳдҳое, ки дар бораи онҳо ӯро огоҳ намудаанд, метавонад ба вуҷудоӣ ё ба пурзӯршавии мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ё маҳдудкунии рақобат оварда расонад, вай дар бораи санҷиши иловагии мутобиқатии созиши мазкур ба талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад. Қарори мазкур ба аризадиҳанда дар муддати даҳ рӯзи аз санаи аризаи огоҳкуниро гирифтани мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ирсол карда мешавад.
10. Қарори ниҳоӣ аз тарафи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар муддати даҳ рӯз қабул гардида, дар ин хусус ба аризадиҳанда ба таври хаттӣ хабар дода мешавад.
11. Агар аризадиҳанда оид ба дархости худ (ариза дар бораи огоҳкунӣ) аз мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар муҳлати сӣ рӯзи баъди дархостро гирифтани мақомоти мазкур (моддаҳои 25 ва 26 Қонуни мазкур) ҷавоб нагирад ё бо қарори қабулкардаи ин мақомот розӣ набошад, ҳуқуқ дорад, барои ҳимояи ҳуқуқҳояш дар давоми шаш моҳ ба суд муроҷиат намояд.
12. Агар амалҳои дар қисмҳои 7 ва 8 моддаи мазкур пешбинишуда боиси бавуҷудоӣ ё пурзӯршавии мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор ё маҳдудкунии рақобат гарданд, шахсони иҷрокунандаи ин амалҳо уҳдадоранд, бо талаби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар муҳлатҳои аз тарафи онҳо муқарраргардида барои барқарор намудани шароити зарурии рақобат чораҳо андешанд.
13. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 7 ва 8 моддаи мазкур шахсон ҳуқуқ доранд, то қабули чунин қарорҳо розигии пешакии мақомоти давлатии зиддиинҳисориро, ки барои баррасии аризаҳои дахлдор дар бораи ба иҷро расонидани амалҳои мазкур бо тартиби муқарраргардида уҳдадоранд, дархост намоянд.
14. Аҳдҳои мухолифи бо тартиби муқаррарнамудаи моддаи мазкур баимзорасида, ки ба бавуҷудоӣ ё пурзӯршавии мавқеи ҳукмфармоӣ, маҳдудкунии рақобат оварда мерасонанд, дар сурати аз тарафи иштирокчии созиш иҷро накардани талаботи мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ оид ба муҳлатҳои аз тарафи он муқарраргашта барқарор намудани шартҳои зарурии рақобат, бо тартиби судӣ ва бо даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.
15. Иҷро накардани қарорҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ, ки тибқи муқаррароти Қонуни мазкур қабул шудаанд, барои беэътибор эътироф шудани аҳди дахлдор бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ асос шуда метавонад.
16. Амали қарори мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ барои розигӣ ҷиҳати иҷрои аҳдҳои дар моддаи мазкур зикршуда дар ҳолате қатъ мегардад, ки чунин аҳдҳо дар муддати шаш моҳ аз рӯзи қабул гардидани қарори зикршуда ба имзо нарасида бошанд.
Моддаи 27. Азнавташкилдиҳии (тақсимкунӣ ё ҷудокунии) субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд
1. Дар ҳолатҳое, ки субъектҳои хоҷагидори машғули фаъолияти соҳибкорӣ мавқеи ҳукмфармоиро соҳиб мебошанд ва мунтазам талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд, мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳуқуқ дорад, бо мақсади маҳдуд сохтани фаъолияти инҳисорӣ дар бораи азнавташкилдиҳии (тақсимкунии, ҷудокунии) онҳо дар доираи воҳидҳои сохториашон, агар ин барои инкишофи рақобат мусоидат намояд, ба суд муроҷиат кунад.
2. Аз ҷониби субъекти хоҷагидор содир намудани беш аз ду далели вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати се сол, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ошкор карда шудааст, мунтазам вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
3. Азнавташкилдиҳии (тақсимкунии, ҷудокунии) шахсони ҳуқуқӣ, субъектҳои хоҷагидор ҳангоми мавҷудияти шартҳои зерин амалӣ мегардад:
- имконияти мустақилии ташкилӣ ва ҳудудии воҳидҳои сохтории он;
- байни воҳидҳои сохтории он мавҷуд набудани робитаи мутақобилии технологӣ, аз ҷумла, агар ҳаҷми маҳсулоти (кор, хизматрасонии) воҳиди сохторӣ, ки ҳамин шахси ҳуқуқӣ истеъмол мекунад, аз сӣ фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи (кор, хизматрасонии) воҳиди сохтории мазкур зиёд набошад;
- дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ имконияти мустақилона фаъолият доштани шахси ҳуқуқӣ дар бозори моли муайян.
БОБИ 5. ИҶРОИ ФАРМОИШИ (ҚАРОР ВА АМРНОМАИ) МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ ВА ТАРТИБИ ШИКОЯТ НИСБАТИ ОН
Моддаи 28. Иҷрои ҳатмии фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо), шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфироди уҳдадоранд, мувофиқи фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба амали ғайриқонунӣ хотима диҳанд, мавқеи аввалро барқарор намоянд, шартномаро бекор намоянд ё ба он тағйирот ворид намоянд, бо дигар субъектҳои хоҷагидор шартнома банданд, санади ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқро бекор кунанд, фоидаи дар натиҷаи ҳуқуқвайронкуниҳо ба даст омадаро ба буҷет ворид кунанд ва дигар амалҳоеро, ки дар фармоиши (қарор ва амрнома) зикр ёфтаанд, иҷро намоянд.
Моддаи 29. Тартиби шикоят кардан нисбати фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
1. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо), субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо) ва шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд, нисбати фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба суд шикоят намоянд.
2. Аз рӯзи ба суд барои баррасӣ ворид гардидани шикоят иҷрои фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ то санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд боздошта мешавад. Нисбати фармоиши (қарор ва амрнома) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ дар давоми сӣ рӯз аз лаҳзаи қабул шудани санад, шикоят кардан мумкин аст, ба истиснои талаботе, ки ба он муҳлати пешниҳоди даъво татбиқ намегардад ().
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 346; с. 2008, №10, мод. 811; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1007; с. 2015, №3, мод. 217) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
30 майи соли 2017 № 1417
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ РАҚОБАТ
(Қонуни ҶТ аз 19.07.2022 № 1912)