Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2022, № 1912 "Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат""

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ РАҚОБАТ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 22 июни соли 2022, № 779

қабул гардидааст

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 15 июли соли 2022, № 308

ҷонибдорӣ гардидааст

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи рақобат" аз 30 майи соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, №5, қ. 1, мод. 274) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 22:

- дар қисми 1:

- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ дар бораи қатъ намудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд бо аризаи даъвогӣ муроҷиат намояд;";

- ба сархати нуздаҳум пас аз калимаҳои "бекор намудани иҷозатномаҳо," калимаҳои "ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ," илова карда шаванд;

- сархати бистум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи бекор намудани иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии ба субъекти хоҷагидор додашуда, ки талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон кардааст, муроҷиат намояд;";

- ба сархати якуми қисми 6 пас аз калимаҳои "қарзи имтиёзнок" калимаҳои "ва грантҳо" илова карда шаванд.

2. Ҷумлаи якуми қисми 2 моддаи 29 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Аз рӯзи ба суд барои баррасӣ ворид гардидани шикоят иҷрои фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ то санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарори суд боздошта мешавад.".

 

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе,

аз 19 июли соли 2022, № 1912

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЯ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЗАЩИТЕ КОНКУРЕНЦИИ"

Принят постановлением

Маджлиси намояндагон МОРТ

от 22 июня 2022 №779

Одобрен постановлением

Маджлиси милли МОРТ

от 15 июля 2022 №308

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 30 мая 2017 года "О защите конкуренции" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2017 г., №5, н.1. ст.274) следующие изменение и дополнение:

1. В статье 22:

- в части 1:

- дополнить абзацем шестым следующего содержания:

"- в порядке, установленном законодательством, обращается в суд с исковым заявлением о прекращении деятельности индивидуального предпринимателя за нарушение требований антимонопольного законодательства Республики Таджикистан;";

- абзац девятнадцатый после слова "лицензий" дополнить словами "разрешительных документов,";

- дополнить абзацем двадцатым следующего содержания:

"- в порядке, установленном законодательством, обращается в суд с исковым заявлением об отмене лицензий и разрешительных документов хозяйствующего субъекта, нарушивший требования антимонопольного законодательства Республики Таджикистан;";

- абзац первый части 6 после слов "льготных кредитов" дополнить словами "и грантов".

2. Первое предложение части 2 статьи 29 изложить в следующей редакции:

"Со дня поступления в суд жалобы для рассмотрения, исполнение распоряжения (решения и предписания) государственного антимонопольного органа приостанавливается до даты вступления в силу решения суда.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                          Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

19 июля 2022 года №1912